|

Мақсад, ҷараён ва вазифаҳои этикаи омўзгорӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-02-24

Нақша:

  • Моҳияти ҷараёни педагогӣ. Мафҳум дар бораи ҷараёни педагогӣ.
  • Вазифаҳои ҷараёни педагогӣ. Мафҳуми субъект ва объекти фаъолияти педагогӣ. Тарбиятгар ва тарбиягиранда чун субъект ва объекти ҷараёни педагогӣ.
  • Сарчашмаҳо ва қувваҳои пешбарандаи ҷараёни педагогӣ.
  • Қонуниятҳо ва принсипҳои раванди педагогӣ.
  • Хусусиятҳо ва ба ҳам алоқамандии шаклҳо, методҳои таълим ва тарбия.
  • Тавсифи марҳалаҳои асосии технологияи ҷараёни педагогӣ.

 Муассисаҳое, ки дар онҳо тарбиядиҳандагон ва тарбиятгирандагон муташаккилона ҳамкорӣ  менамоянд, монанди мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, литсейҳо, омўзишгоҳҳо, коллеҷҳо, донишгоҳҳо ва ғайраҳоро системаҳои педагогӣ меноманд.
Раванди ба амал ҷорӣ намудани мақсадҳои таълиму тарбияро дар системаҳои педагогӣро  ҷараёни педагогӣ меноманд.
Синоними истилоҳи ҷараёни педагогӣ-раванди таълиму тарбия-маҷмўи машғулиятҳои дарсӣ, корҳои берун аз синфӣ, беруназмактабие, ки коллективҳои педагогӣ ва хонандагон мегузаронанд.
Пешравии ҷараёни педагогӣ, муваффақиятҳо, комёбиҳои он ба муносибатҳо ва ҳамкории тарбиятгар, тарбиятгиранда вобаста аст. Ба эътибор гирифтан зарур аст, ки объекти тарбия дар як вақт субъекти тарбия ҳам мебошад. Миёни объект ва субъекти тарбия алоқаҳои гуногун ба вуқўъ меоянд:
1. Алоқамандии ахборотӣ (бо ҳам ахборотдиҳии тарбиятгар ва тарбиятгиранда).
2. Амалиёти якҷоя (ҳамкорӣ).
3.Муносибатҳои коммуникативӣ.
4.Идоракунӣ ва худидоракунӣ. Аз ин ҳамкориҳо муваффақияти ҷараёни педагогӣ вобаста аст.
Ҳар як амалиёт, чӣ тавре, ки маълум аст, мақсад, воситаҳо ва натиҷа дорад. Аз ин ҷо, қисмҳои таркибии фаъолияти педагогӣ ва худи раванди педагогиро равшан намудан мумкин аст:  ба монанди мақсади он, шаклҳо, методҳои таълиму тарбия ва ғайра. Раванди таълим ва тарбия минбаъд ба худтарбиякунӣ ва худомўзӣ табдил меёбад.
2) Вазифаҳои ҷараёни педагогӣ. Мафҳуми субъект ва объекти фаъолияти педагогӣ. Тарбиятгар ва тарбиягиранда чун субъект ва объекти ҷараёни педагогӣ.
Ҷараёни таълим ва тарбия баробари бо ҳам алоқаманд ва вобаста буданш инчунин аломатҳои ба худ хос доранд, маълум аст, ки раванди  таълим вазифаи тарбиявиро ҳам дорад, ҷараёни тарбияро бошад бе таълими тарбиягирандагон тасаввур карда номумкин аст.. Дар ҷараёни педагогӣ, яъне дар раванди таълим ва тарбия се вазифаи асосиро  иҷро менамоянд: маълумотдиҳӣ, тарбиявӣ, инкишоф додан.
Раванди таълим дар  ҳалли вазифаи маълумотдиҳӣ мавқеи ҳалкунанда дорад, ҷараёни тарбия дар ҳалли вазифаҳои тарбиявӣ мақоми асосӣ дорад. Ҳар ду ҷараён якҷоя вазифаи инкишофдиҳиро ба амал мебароранд. Бояд қайд кард, ки ҳар кадом хислатҳои ба худ хосро доранд. Дар мазмуни таълим-ташаккули ақидаҳо, донишҳои илмӣ, мафҳумҳо, қонунҳо, назарияҳо, маҳорат ва малакаҳои махсуси илмӣ бартарӣ доранд. Дар мазмуни тарбия бештар ташаккули ақидаю эътиқодҳо, рафтору интизом, муносибатҳо аҳамияти  ҷамъиятию иҷтимоӣ дошта  дида мешавад. Ҳамин тавр, ҳар ду раванд дар як вақт ба шуур, ба муносибатҳо, ирода ва эҳсос, фаъолият таъсир расонида инкишофи умумиро таъмин менамоянд.

  • Сарчашмаҳо ва қувваҳои пешбарандаи ҷараёни педагогӣ. Яклухтии ҷараёни педагогӣ ҳамчун компоненти асосии баҳампайвастагӣ ва баҳамтаъсирии он.

Манбаи  пешбарандаи дохилии раванди педагогӣ зиддиятҳои миёни талаботҳои гузошташаванда ва имкониятҳои ҳақиқии (реалии) тарбиягиранда дар иҷрои он ба ҳисоб меравад. Ин зиддият манбаи инкишофи раванди педагогӣ мегардад, лекин ба шарте, ки талаботҳои гузошта шуда ба имкониятҳои тарбиягиранда мувофиқ бошад ва баръакс дар ҳолате, ки талаботҳо ба имкониятҳои тарбиягиранда номувофиқ, самаранокии пешрафти раванди педагогиро таъмин намекунанд. Аз ин рў, вазифаи омўзгорон аз он иборат аст, ки коллективҳои хонандагон ва омўзгоронро омўхта пешомадҳои наздик, миёна ва дурро ба нақша гиранд. Раванди педагогӣ (таълиму тарбия) ҳодисаи мустақил буда, дорои қонуниятҳои ба худ хос мебошад.
4. Қонуниятҳо ва принсипҳои раванди педагогӣ.
Раванди педагогӣ қонуниятҳои худро дорад, ки ягонагии онро ифода менамояд:
1. Ҷараёни педагогӣ, мақсад, вазифаҳо, мазмун, шаклҳо ва методҳои он ба талаботҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ҷамъият вобаста аст.
2. Вазифаҳо, мазмун ва шаклҳои ҷараёни педагогӣ, на фақат аз талаботҳои ҷамъиятӣ аз он ҷумла аз имкониятҳои ҷамъият, аз вазъияте, ки дар он ба амал бароварда мешавад, вобаста аст.
3. Дар ҷараёни педагогӣ, раванди таълим, маълумот, тарбия ва тараққиёт бо ҳам алоқаманд мебошад, аз он ҷумла бо ҳам алоқамандии ҷараёни тарбия ва худтарбиякунӣ, ҷараёни роҳбарии педагогӣ ва худфаъолиятии тарбиятгарандагон дида мешавад.
4. Мақоми муайянкунандаи фаъолият ва муносибат дар тарбия ва таълим.
5. Бо ҳам алоқамандии мақсаду вазифаҳо, мазмун, шаклҳо ва методҳо дар раванди педагогӣ.
6. Бо ҳам алоқамандии коллектив ва шахсият дар раванди педагогӣ.
Дар ҷараёни педагогӣ, шаклҳои таълим дарсҳо, семинарҳо, корҳои лабораторӣ, амалӣ, супоришҳои таълимию меҳнатӣ бошад, дар ҷараёни тарбия тадбирҳои тарбиявии  коллективӣ, иҷрои супоришҳо, намудҳои гуногуни меҳнати муфид, таъсиррасонии фардии тарбиявиро истифода мебаранд.
Дар ҷараёни таълим мақоми асосӣ ба омўзгор тааллуқ дорад, ў дар кори  худ  ба коллективи хонандагон такя мекунад, онҳоро ба ҳамкорӣ, масъулият, интизом даъват менамояд. Ҳангоми хуб ташкил  намудани тарбия, коллектив ва фаъолони он аҳамияти калон доранд.
Ҷараёни таълим дар синф, кабинету лабаратория ва дар асоси нақшаю барномаи таълимӣ мегузарад. Ҷараёни тарбия дар рафти фаъолиятҳои гуногун гузаронида мешаванд, масалан, дар рафти  дарс, дар мавриди  фаъолияти  ҷамъиятӣ, меҳнатӣ, варзишӣ, маданӣ ва ғайра. Дар ҷараёни тарбия таъсири муҳит, воситаҳои ахбори оммавӣ ва ғайра аҳамият дорад         Бо ҳам алоқамандии методҳои таълим ва тарбияро ба назар гирифта, дар адабиётҳои педагогӣ (Масалан:  Бабанский Ю.К.,  Сластенин В.А и др. Педагогика - М.: Просвеғение, 1988. с. 32-33) гуруҳҳои зерини методҳои педагогиро пешниҳод менамоянд:
I. Методҳои ташаккули шуури шахсият (ташаккули мафҳумҳо, қонунҳо, ақидаҳо, эътиқод) Ба инҳо методҳои баёни даҳонакӣ лексияҳо, нақл, сўҳбат, мубоҳиса ва ғайра дохил мешаванд.
II. Методҳои ташкили фаъолият, муносибат ва ташаккули таҷрибаи рафтори ҷамъиятӣ мебошанд.
Ба гурўҳи мазкур методҳои ташкили фаъолияти таълимӣ, таълимӣ-амалӣ, меҳнатӣ, эҷодӣ, бадеӣ, бозиҳо, методҳои иҷро кардани корҳои амалӣ, методҳои машқ, омўзонидани меъёрҳои рафтор, интизом, рафтори маданӣ мансуб аст.
III. Методҳои  ҳавасмандкунии фаъолият ва рафтор.
Методҳои ҳавасмандкунӣ, ҷазодиҳӣ, истифодабарии ақидаҳои ҷамъиятӣ, ибрат ва ғайра дар бар мегирад.
IV. Методҳои назорат, худназораткунӣ, худбаҳодиҳии фаъолият ва рафтор. Ба ин гурўҳи методҳо дар таълим методҳои вазорати даҳонакӣ, хаттӣ ва лабораторӣ: дар тарбия методҳои мушоҳида, баҳодиҳӣ (санҷиш), худбаҳодиҳии рафтору интизом дохил мешаванд.
Умуман, аз далелҳои болоӣ маълум мешавад, ки методҳои таълим ва тарбия бо ҳам алоқаманд буда, ҳамдигарро пурра мекунанд ва ба як мақсад нигаронида шудаанд.
Марҳалаҳои асосии технологияи раванди педагогӣ чунин ҷараёнҳоро дар бар мегиранд. Марҳалаи аввалин омода намудани ҷараёни педагогӣ, дуюм ҷорӣ намудани раванди педагогӣ, сеюм марҳалаи таҳлили натиҷаҳои раванди педагогӣ.
I. Марҳалаи тайёрӣ - омодагӣ.
а) Омўхтани мақсад ва вазифаҳои ҷамъиятӣ.
б) Муайян намудани мақсадҳои педагогӣ.
в) Ташхиси ҳолати системаҳое, ки дар он ҷараёни педагогӣ            мегузарад.
г) Бо назардошти хусусиятҳои система муайян кардани      мақсад ва вазифаҳо.
д) Бунёди шароитҳои зарурии дохилимактабӣ.
е) Интихоби варианти оптималии мазмун, методҳо ва         шаклҳои ҷараёни педагогӣ.
II. Марҳалаи ташкил ва ҷорӣ  намудани ҷараёни педагогӣ.              
а) Фаъолияти омўзгор-фаъолияти тарбиягиранда.
б) Гузориши мақсад ва вазифаҳо-қабул  кардани      вазифаҳо.
в) Ҳавасманд намудани фаъолият-сармашқи фаъолиятро қабул ва амалӣ  гардонидан (мотивасияи фаъолият).
г) Ташкили омилҳои педагогӣ ва фаъолияти тарбиягирандаҳо ба фаъолият шурўъ кардан.
III. Марҳалаи таҳлили натиҷаҳои ҷараёни педагогӣ.
а) Таҳлил ва худтаҳлил намудани дастовардҳои таълим,      тарбия ва инкишоф.
б) Муайян намудани камбудиҳое, ки дар ҷараёни педагогӣ рух додаанд.
в) Таҳлил ва худтаҳлил намудани сабабҳои ин камбудиҳо.
д) Ба нақша гирифтани таҷрибаҳое, ки  тарбиядиҳандаҳо   дар оянда ин сабабҳоро бартараф менамоянд.

Дидан карданд: 4098

Мавзӯъҳои монанд:

Имкониятҳо барои инкишоф додани туризми иҷтимоӣ дар шароити ҳозира

МАВҚЕЪИ ҲАМКОРИИ ОМЎЗГОР БО ВОЛИДАЙН ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ

Ахлоқи омўзгор дар фаъолияти меҳнатӣ

МЕТОДҲОИ НАЗАРИЯВӢ ВА МУАММОҲОИ ОМЎЗГОРИ ОЯНДА ДАР ХУДОМЎЗӢ ВА ХУДТАРБИЯКУНӢ

СИФАТҲОИ КАСБИИ ШАХСИЯТИ ОМЎЗГОР.
ОМЎЗГОР ДАР ОЛАМИ КАСБҲО

Мақсад, ҷараён ва вазифаҳои этикаи омўзгорӣ

ЭТИКАИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ ВА МУОШИРАТИ КАСБӢ

ЭТИКАИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ

МУАММОИ ТАРБИЯИ АХЛОҚӢ ВА ХУДСОЗИИ ОМЎЗГОР

ОДОБИ МУОШИРАТ ДАР АХЛОҚИ КАСБӢ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: