Дата: 2016-02-18
На?ша:
Вазифаи психологияи мактаб муайян намудани хусусият?ои ташаккули к?дак шакл гирифтан ва ташаккул ёфтани дониш, ма?орат, малака муайян намудани хусусият?ои психики к?дак дохил мешавад.
Аз ин р? фаъолияти ташхиси кори коррексион? (исло?и р???) ки ба муайян намудани сабаб?ои психолог? ин ё он муаммо мушкили дар тарбияву таълими хонандагони ало?ида, хусусият?ои ташаккули шав?у ?авас ва ?обилият?ои он?о равона шудааст. Яке аз вазифа?ои му?ими хадамоти психолог? ба шумор меравад. Ба а?идаи олим М.К. Гурейвич ташхиси психолог? дар ?амъ намудани ахбор оидихусусият?ои индивидуали психики к?дакон ифода меёбад.
?амин тари? ахбороти дар нати?аи ташхис ба даст оварда шуда барои он зарур аст, ки:
Дар ташхис ма?орати ?удо намудани муаммои психолог?, дуруст гузоштани савол, ба даст овардани ахбори зарури аз волидон, муаллимон ва хонандагон, та?лил намудан, хулосаи дуруст баровардан ни?оят зарур аст.
Чунин зина?ои ба амалбарории фаъолияти ташхиси кори корексион? мав?уд аст:
Тарс, изтироб дар к?дакон ва ташхису исло?кунии он?о
Тарс-дар шуури одам инъикоси таъсирбахши эмотсионалии Тадќиќод?ои мушаххас ба ?аёт ва оромии ? мебошад; изтироб-э?соси тезутунди эмотсионалии та?дид?ои дар пешистода аст.
Дар фар?ият аз тарс, изтироб на ?ама ва?т ?амчун ?иссиёти манф? дарк карда мешавад, чунки ? метавонад дар шакли ?ая?он?ои хурсанд? ва интизории ба?ая?оноваранда ву?уд дошта бошад. К?даки аз ?и?ати эмотсионал? носозгор дар ало?дманд? бо сохти психологии шахсият, та?рибаи ?аёт?, муносибат бо калонсолон ва ?амсолон метавонад ?ам изтироб ва ?ам тарсро аз cap гузаронад. ?олат?ои бенизом, безобитагии номуайян, изтироб ва тарс аз объект?о ва фикр?ои муайян ?исси тарсро ба ву?уд меоваранд.
Ибтидои муттахидкунанда барои тарс ва изтироб ?исси безобитаг? аст. Ин ?иссиёт дар он ифода меёбад, ки к?дак ?ангоми шунидани савол худро гум мекунад, барои ?авоб сухан?ои мувофик, намеёбад, бо овози ларзон сухан мегуяд ва аксар ва?т тамоман хомуш менишинад. Ботин сард, бадан «вазнин», дил танг мегардад. Кафи дастон тар шуда, харакат?ои зиёдатй пайдо мешаванд ё баръакс, бехаракат, шах шуда меистад. Ин холат аз шиддатнокии аз хад зиёди функсия?ои психофизикии организм ша?одат медихад. Тарсро ба синнусол? ва невроз? ?удо мекунанд.
Тарси синнусол? дар к?дакони аз ?и?ати эмотсионал? ?ассос ?амчун инъикоси хусусият?ои инкишофи психики ва шахсии он?о дида мешавад. Он дар зери таъсири омил?ои зерин ба вучуд меояд: мавчуд будани тарс дар волидайн, изтиробнокй дар муносибат бо кудак, микдори зиёди манъкунихо аз тарафи волидайн, тахдид?ои сершумори дар амал татбикнашудаи ?амаи калонсолон дар оила, Муиосибат?ои ихтилофнок дар байни волидайн ва ?.
Тарси невроз? бо шиддатнокии баланди эмотсионалй тавсиф дода мешавад: таъсиррасонии номусоид ба ташаккули характер ва шахсият; алокдмандй бо дигар вайроншави?ои асабй ва хиссиёт?ои азсаргузаронидашуда; гурехтан аз объекти тарс, инчунин ?амаи чиз?ои нав ва номаълум; андаке мушкилй дар бартарафкунии тарс. Он?о метавонанд нати?аи аз cap гузаронидани хиссиёт?ои давомдор ва халнопазир бошанд.
Бештар к?даконе метарсанд, ки хассосанд, дар муносибат бо волидайн душвории эмотсионалиро аз cap мегузаронанд. Аз cap гузаронидани эмотсияхо дар оила ва низоъхо дар он?о тасаввуротро оиди худ вайрон кардааст. Чунин к?дакон ба калонсолон ?амчун сарчашмаи бехатар?, обру ва му?аббат умед намебанданд.
Мав?еи ичтимоии мактаббача, ки ба души ? ?исси масъулиятшинос?, ?арз, ??дадори?оро бор мекунад, метавонад зохиршавии тарсро барангезад. Кудак аз кдфомонй ба дарс, нодуруст и?ро кардани ягон кор, махкумшав? ва чазогирй метарсад.
?исми хонандагони синф?ои якум, ки бо сабаб?ои гуногун сарбории таълимиро аз хуД карда наметавонанд, баъди фосилаи муайяни ва?т ба сафи сустхон?о дохил мешаванд ва ин дар навбати худ ба зухуроти невроз ва тарс бурда мерасонад. Мав?уд набудани та?рибаи муайяни муошират бо калонсолон ва ?амсолон, тарс аз сазовор нашудан ба умед?ои калонсолон, тарс аз муаллим кудакро ба тарс аз хато кардан, бефаросат? ва масхарашуда будан гирифтор мекунад. Чунин к?дакон метарсанд, ки дар назди тахтаи синф ба даре ?авоб диханд ва ё хангоми дарстайёркунй хатое содир кунанд. Волидайн вазифаи хонагиро тафтиш карда, одатан ба хатогихо бисер ?идд? муносибат мекунанд.
Мактаббача?ои хурдсол ба?огузориро на тан?о ?амчун ба?о ба нати?аи мушаххаси фаъолият, балки ба таври субъектив? ?амчун ба?о ба шахсияти худ дарк мекунанд.
?амин тари?., ?исми зиёди тарси мактаббача?ои хурдсол мутаалли?; ба ?удуди фаъолияти таълим? аст. Он?о к?дакро аз ?аловати психологи ва хуши?ои хониш махрум намуда, ба инкишофёбии невроз?ои к?дакона мусоидат мекунанд.
Тарси мактаббача?ои хурдсолро бо ёрии методи ?умла?ои нотамом ва тасвири тарс ошкор кардан мумкин аст.
Методи ?умла?ои нотамом. Ин метод барои ташхиси тарс дар со?а?ои гуногуни муошират ва фаъолияти мактаббача истифода бзурда мешавад. Ба к?дак пурра кардани ?умла?о пешни?од карда мешавад:
Ва?те ки ман дар бораи мактаб фикр мекунам
Ва?те ки ман ба мактаб меравам...
Ва?те ки занги мактаб садо медихад....
Ва?те ки ман муаллимро мебинам....
Ва?те ки мо кори санчишй менависем....
Ва?те ки ман дар назди тахтаи синф ?авоб меди?ам
Ва?те ки ман ба?ои ду мегирам.........
Дар ?авоб?о ?иссиёт?ои эмотсионалии кудак инъикос меёбанд.
Ом?зиши расм?о имконият меди?ад, ки шав?у ?авас ва маш?улияти к?дакон, хусусият?ои мизо?, ?иссиётхо ва олами ботинии он?о хубтар фа?мида шаванд. Кашидани расм оиди мавз?и муайян, ки дар як ?афта ду маротиба гузаронида мешавад, ?имату арзиши махсус дорад. Ин ?о метавонанд мавзуъ?ои бо навбат чо ба ?о кардашуда дохил шаванд: «Ч? чизи да?шатоварро хоб мебинам ё рузона аз чй метарсам», «Бо ман чй чизи аз ?ама бад ё аз ?ама хуб руй дода буд», «Кй шудан мехо?ам» ва монанди инхо.
Мавз?и «Ч? чизи да?шатоварро хоб мебинам ё р?зона аз чй метарсам» имконият медихад, ки тарси равшан ифодаёфтаи интихобкардаи худи кудак инъикос карда шавад. Расм хатм? нест, вале агар он бошад, пас кудак тавонистааст дар шуури худ монеаи тарсро бартараф созад. Тасвири графики тарс шиддатнокиро аз окибат?ои изтиробнокй дар баву?удории он паст мекунад. Дар расмхо тарс аллакай ?амчун як чизи руйдода ба вучуд оварда шудааст. Хдмаи ин садодихии аффектив?-осебдихандаи тарсро дар психикаи кудак паст мекунад.
Мавз?и «Аз ?ама бад ё аз ?ама хуб» ба кудак имконият медихад, ки ходисаи бо бачахо руйдодаро интихоб намояд. Аксарияти бачахо лахза?ои хурсандибахши хаёти худро тасвир мекунанд, аммо хастанд бачахое, ки ходиса?ои нохушро акс менамоянд ва ин ?амчун асос барои сухбати пешакии психотерапевтй бо он?о хизмат мекунад. «
Мавз?и «Кй шудан мехо?ам» ?исми хотимавии тасвиркуни аз р?и мавз?ъ аст, ки ба он ?араёни некбинона дохил мекунад ва барои баландшавии боварии к?дакон ба ?увваи худ мусоидат менамояд.
Давраи навбатии расмкаш? метавонад бартарафкунандаи максадноки ?амаи тарс?ое бошад, ки к?дак мубталои он?о аст. Барои ин дар су?бати инфирод? ошкор кардан лозим аст, ки оё к?дак аз ро?зан?о, беморшав?, мурдан, марги волидайн, ?азо, ка?рамон?ои афсонав?, дермон? ба мактаб, торик?, ?айвонот, офат?ои табий, баландй, чукурй, об, оташ, сухтор, чанг, духтур, хун, сузандору, дард, садо?ои якбора ва ?. метарсад ё не.
Давомнокии чунин машгулият?ои махсус ташкилшуда аз 30 дакика зиёд нест. Чун коида, дар як машгулият якчанд тарс тасвир карда мешавад, лекин метавонад як тарс ?ам тасвир ёбад.
Кудакро дар хал кардани масъала шитобонидан лозим нест, чунки фикр оиди тарзи ифоданамоии тарс, вохурй, алока, муносибатро ба он дар назар дорад ва ин худ аз худ хассосии дарки онро сует мекунад. Дар машгулияти дигар ба кудак тасвири тарс аз нав пешниход карда мешавад, аммо тарзе ки худи у дар он нотарс намояд. Микдори умумии манну лиятхо дар алокамандй аз мивдори тарсхо ва нати?аи бартараф кардани он?о аз 5 то 10 тагйир дода мешавад. Дар тасвири тарс аз руи акс мивдори ками машгулиятхо талаб карда мешавад ва дар он на ?амаи к?дакон, балки
к?даконе иштирок мекунанд, ки гирифтору мубталои хисси тарс шудаанд. Баъди якчанд руз, пас аз баохиррасии тасвири такрории тарсхо мухокимаи инфиродии расмхо гузаронида мешавад.
Изтироби мактабй- дар ќиёс шакли махини зохиршавии номусоидии эмотсионалии кудак аст. Вай дар хаячрн, ташвиши баланд дар вазъият?ои таълимй, дар синф, дар интизор шудани муносибати бад нисбати худ аз тарафи муаллимон ё ?амсолон ифода меёбад. Кудак доимо номувофикии шахсй, нуксонро хис карда, ба дурустии рафтор ва карор?ои худ боварй надорад. Изтиробнокй ва дар ин шумор изтироби мактабй яке аз нишона?ои невроз аст ва кор оиди бартарафкунии он бошад, дар доираи пешгирии психологии невроз сурат мегирад.
Дарачаи баланди изтироби мактабй ва пастшавии худбаходихй ба давраи аввали дохилшавй ба мактаб, махсусан мох?ои аввалини тахсил хос аст. Аммо баъди давраи мутобикшавй (аз 1 то 3 мох) ин холат тагйир меёбад: худ?искунии эмотсионал? ва худбаходи?? ба эътидол меоянд. Махз баъд аз ин к?дакони изтироби мактабии давомдор доштаро ?удо кардан мумкин аст. Ин ?удокуниро бо ёрии тести махсуси изтиробнокй (Ф. Темил, М. Дорки, В. Алин), ки барои бача?ои синни томактабй ва хурди мактабй пешбинй шудааст, и?ро кардан мумкин аст. Аммо «Тести изтироби мактабй» (Филипс) ?ам нисбати бача?ои синни хурди мактабй ва ?ам наврасон истифода мешавад.
Савол?о барои муста?камкунии дарс:
1. Психологияи коррексион? чист?
2. Вазифа?ои психолог аз ч? иборат аст?
3. Предмети фанни машварати психолог? шар? ди?ед?
4. Хадамот ва машварати психологи дар мактаб кай пайдо шудааст?
5. Дарачаи баланди изтироби мактаби чист?
Просмотр: 2303
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved