|
youtaj

Шеърҳо аз Лоиқи Шералӣ, Ворисон

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Сино Эгамбердиев

Санаи дохилгардида: 2013-01-29

Ояд аз шеъру сухан бӯи Ватан,
Бинам аз рӯи сухан рӯи Ватан.
Ҳар кӣ нируманд бошад дар ҳунар
Такя дорад гар ба нируи Ватан.
Шоирӣ аслан ватандорӣ бувад,
На суханбофӣ ба ҳар кӯи Ватан.
Шоирӣ он аст, ки бо савқи шеър
Беватанро оварад сӯи Ватан.

Шеър аз меҳри Ватан сар мезанад,
Дар фазои ҷовидон пар мезанад.
Бо фалакпаймо ба кайҳон мепарад,
Сикка бар моҳу ба ахтар мезанад.

Мисли Айнӣ баҳри мардум хешро
Гаҳ ба зиндон, гаҳ ба минбар мезанад.
Мисли Турсунзода бо пайғоми сулҳ
Қитъа-қитъа ҳалқа бар дар мезанад.

Қасди шоир аз сухан одамгарист,
Бехудиҳояш ҳама шӯроварист.
Гетиро хуршед агар равшан кунад,
Синаҳоро – кори шеъру шоирист.
Дар ғами дунё дили худ мехурад
Дар ҷаҳон то ҷабру зулми барбарист,
Алғараз, бо як сари шӯридааш
Бо тамоми халқи олам ҳамсарист,

Кист мегӯяд, ки мо як беғамем?
Мо дар ин дунё фидои одамем,
Хуни инсон ҳар куҷо дарё шавад,
Мо чу дарёи баҳорон медамем.
Шоирони хуб андар зери хок,
Мурдаю зинда агарчи мо камем,
То бувад олам ба роҳи Инқилоб,
Аскарони Инқилоби оламем!

Мо ҳам аз мардони меҳнатзодаем,
Сина бар амри Ватан бикшодаем.
Баҳри ҷуброни ҳама қарзи замон
Ҷумла дар поси замон истодаем.
Гар ҳама дороии мо як дил аст,
Дил ба рӯи дасти даврон додаем.
Ҳам ба азму ҳам ба назму ҳам ба разм
Пайрави Айниву Турсунзодаем!

[1981]

Лоиқи Шералӣ

Дидан карданд: 3752

Мавзӯъҳои монанд:

Ифтихор

ҚИЁМАТ

МАНУ ТУ

Шеърҳо аз Мӯмин Қаноат, Ману шабҳои бехобӣ

Шеърҳо аз Мӯмин Қаноат, Бузургӣ ва хоксорӣ

Шеърҳо аз Лоиқи Шералӣ, Ворисон

Шеърҳо аз Лоиқи Шералӣ, ДАР ҚАТОРИ ҚУЛЛАҲОИ ТОҶИКИСТОН

Шеърҳо аз Лоиқи Шералӣ, Ситораҳо

Шеърҳо аз Лоиқи Шералӣ, Ишқи Ман аз Лоиқ Шералӣ

Шеърҳо аз Лоиқи Шералӣ, Пазмонӣ

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: Назиров кароматулло
Санаи дохилгардида: 2013-02-11

Ае модар туро ед кардам дар танхои чашм мепушам садои хандахояд ба гуш мерасад вакте чашм мекушоям,ин садо хомуш мегардад.Зеро ин садо тасаввур аз хотирам буд.Туро ед кардам модар,чи гуна суханхое бароят бигуям то ту дар наздам хозир шави ва туро огуш гирам сарамро болои китфонат гузораму рохат кунам.Ох модар чашмонам аз еди ту хамеша нам хастанд.Чи кадар вазмин,чи кадар мушкил ин дури аз ту.Туро ед кардам Модар.Бие модар даст бар сарам биг3ору дили чун мавчхои даре пурталотумгаштаамро ором намо

Каментарй дохил кард: хикматулло.hrahimzoda@mail.ru
Санаи дохилгардида: 2018-03-28

салом алек манда кори курси дар мавзуи Идоракуни сармояи гардон дар корхонаи тичорати. ба ман лозим аст

Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: