|
youtaj

Хусусияти хоси дини ислом ҳамчун институти иҷтимоӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2015-10-30

Ислом байни динҳои ҷаҳонӣ: яҳудӣ, насронӣ, буддоӣ нисбатан ҷавон буда, дар масоҳати хеле васеи ҷуғрофӣ паҳн гардидааст. Дар дунёи имрӯза зиёда аз 1,4 миллиард одамон ба ин дин эътиқод менамоянд. Ҷомеашиносӣ асосан динро чун институти иҷтимоӣ, сохтор, вазифаҳои онро дар ҷомеа баррасӣ менамояд. Ислом яке аз динҳои монотеистии ҷаҳонист, ки асри VII дар Ҳиҷоз – Арабистони Ғарбӣ пайдо шудааст ва асосгузори он Муҳаммад пайғамбар ба ҳисоб меравад. Сабаби иҷтимоии пайдоиши вай барқарор ёфтани ҷамъияти синфӣ дар Арабистон мебошад. Азбаски дар исломи ибтидоӣ ғояҳои бародарӣ, баробарӣ, адолатпарварӣ васеъ тарғиб карда, зулму тааддӣ, риёкорӣ, ришвахӯрӣ танқид мешуданд, мардум онро ба зудӣ қабул карданд.
Манбаи асосии омӯзиши таълимоти ислом Қуръон аст. Баъди хилофати араб ва инкишофи сохти ҷамъиятӣ барои идораи ҷомеа ғайр аз Қуръон сунна (ҳадис) раҳнамоӣ менамуданд. Дар давоми асрҳои VIII–X фиқҳу илоҳиёт ва фалсафаи ислом ба вуҷуд омаданд.
Тақвими мусулмонӣ аз соли 622 милодӣ, аз замони ҳиҷрати пайғамбари Оллоҳ Муҳаммад аз зодгоҳаш – Макка ба Ясриб (дертар Мадина) оғоз меёбад. Оид ба таърихи пайдоиш, мазмуну моҳияти дини ислом муаррихон, диншиносон, файласуфҳо асарҳои зиёд эҷод намудаанд, ки донишҷӯ онҳоро дастрас ва мутоила карда метавонад. Ислом чун дин – низоми аҳком, таълимот, ойин ва расму одатҳои муайянро фаро мегирад. Аҳкоми муҳимтарини вай усули тавҳид мебошад, ки нисбат ба дигар динҳои монотеистӣ босуботтар риоя шудааст. Ислом расму ойин ва ахлоқи ба аҳкоми худ мувофиқро эҷод кардааст. Рӯза, намоз, закот, ҳаҷ, фитри рӯза, иди қурбон, иди мавлуд аз ҷумлаи маросимҳои муҳимтарини ислом мебошанд.
Инкишофи феодализм дар хилофат, тезутунд шудани зиддиятҳои иҷтимоию сиёсӣ ва синфӣ ҷунбишҳои гуногуни динию мазҳабиро ба вуҷуд оварданд. Дар натиҷа ислом ҳанӯз дар ибтидои пайдоиши худ ба ду равия: сунна ва шиа тақсим шуд. Дар навбати худ онҳо низ ба мазҳабу фирқаҳои гуногун ҷудо гаштанд. Чунончӣ, ҳанӯз асри VIII дар дохили сунна ду ҷараён – асҳоби раъй ва асҳоби ҳадис пайдо шуд, ки дар заминаи онҳо мазҳабҳои ҳанафия, моликия, шофеия, ҳанбалия ташаккул ёфтанд. Равияи шиа ҳам ба чунин фирқаҳо, монанди хориҷия, кайсония, зайдия, имомия, исмоилия, алавия, алиилоҳиён ва ғайра тақсим шуда буд.
Моҳияти иҷтимоии ислом дар шариати он хуб зоҳир шудааст. Шариат маҷмӯи қоидаю қонунҳои дин, меъёрҳои  ахлоқ, ҳуқуқию сиёсист, ҷиноист, ки барои ҳамаи мусулмонон воҷиб аст. Манбаи асосии шариат Қуръон, суннат, қиёс, иҷмоъ, фатво ва адам мебошанд. Аҳкоми шариатро маъмулан ба ду гурӯҳ – ахлоқи дин ва ҳуқуқ ҷудо мекунанд. Асоси ҳуқуқии шариат муносибатҳои оилавию сиёсӣ ва шаръӣ аст, ки ба он ҳуқуқи молумулкӣ, меросӣ, амонату замонат, кафолат ва ҷиноию шаҳрвандӣ, истифодаи замин ва ғайра дохил  мешаванд.

Дидан карданд: 3314

Мавзӯъҳои монанд:

Тарзи таҳлил ва тафсири ахбору иттилооти бадастомада

Усул ва равишҳои ҷамъоварии ахбори иҷтимоӣ

Барномаи тадқиқоти иҷтимоӣ

Тадқиқоти иҷтимоӣ ва шаклҳои он

Тадқиқоти мушаххаси иҷтимоӣ

Ташкилотҳои байналхалқии исломӣ

Хусусияти хоси дини ислом ҳамчун институти иҷтимоӣ

Ташаккули дин ҳамчун институти иҷтимоӣ

Симои иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии корманд

Инсон ҳамчун омили субъективии рушди иқтисодиёт

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: