|

Назарияи қишрбандӣ ва таҳарруки иҷтимоӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2015-10-30

Дар ҷомеашиносӣ нисбат ба назарияи марксистии синфҳо чун пояи сохтори иҷтимоии ҷомеа таълимоти дигари муқобил, яъне қишрбандии (стратификатсия) иҷтимоӣ вуҷуд дорад.
Тибқи ин назария мафҳуми синфҳоро фақат дар омӯзиши ҷомеаҳои гузашта истифода бурдан мумкин аст. Дар ҷомеаи баъдииндустриалӣ бошад, он мувофиқ намеояд. Аз ин рӯ, синф ба мафҳуми «страта» – қишр ё гурӯҳи иҷтимоӣ бояд иваз карда шавад, мувофиқан ба ҷои назарияи марксистии синфҳо назарияи қишрбандии иҷтимоӣ бояд истифода гардад. Заминаи назарияи қишрбандии иҷтимоиро қишр ё гурӯҳҳои иҷтимоӣ ташкил ме диҳанд, зеро дар ҷомеаи муосир фақат фаъолияти онҳо, воқеан, ба назар мерасад. Мувофиқи ин назария иттиҳоди одамон ва гурӯҳҳо дар заминаи аломатҳои мақоми иҷтимоӣ: ҳокимият, сармоядорӣ, касбу кор, дараҷаи маълумотнокӣ ва ғайра ба вуҷуд меоянд. Барои муайян кардани табақаҳои иҷтимоӣ меъёрҳои гуногунро истифода кардаанд. Масалан, ҷомеашиноси Олмон Р. Дарендорф ақида дорад, ки обрӯ пояи қишрбандии иҷтимоиро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, вай ҷомеаро ба ду гурӯҳ: идоракунандагон ва идорашавандагон тақсим менамояд. Олими амрикоӣ Л. Уорнер бошад, 4 омил: тахассус, даромад, маълумотнокӣ ва мансубияти этникиро нишон медиҳад. Б. Барбер бошад, чунин қишр, табақаҳои иҷтимоиро аз рӯи шаш аломат ҷудо кардааст: а) касб,  нуфуз, ҳокимият ва қудрат;  б) даромад ва боигарӣ; в) маълумот  ва дониш;  г) чандомади дин ва ойин; ғ) вазъи иҷтимоии хешовандон; д) мансубияти этникӣ.
Ҷомеашиноси фронсавӣ А. Турэн гумон дорад, ки дар замони муосир тақсимшавии иҷтимоии одамон ба имкониятҳои бархурдории онҳо аз манбаъҳои иттилоот вобастагӣ дорад.
Таълимоти қишрбандӣ заминаи назарияи таҳарруки иҷтимоиро ташкил медиҳад. Мафҳуми таҳарруки иҷтимоиро ба илм олими  рус П. А. Сорокин ворид кардааст. Зери мафҳуми «таҳарруки иҷтимоӣ» ӯ ҳар як тағйиротеро, ки дар сохтори иҷтимоии ҷомеа ба вуҷуд меоянд, ифода намудааст. Ин тағйирот дар ду самт: а) амудӣ – аз боло ба поён; б) уфуқӣ – ҳаракат дар дохили як гурӯҳи иҷтимоӣ сурат мегирад.
Ҷомеашиносони фронсавӣ П. Берту ва Р. Бурдон нуқтаи назари баҳсталаби таҳарруки иҷтимоиро, ки ба баромади иҷтимоии шахс  вобастааст, пешниҳод менамоянд. Ҷомеа ин организм, низоми мунтазам ҳаракаткунанда мебошад. Аз ин рӯ, ба якдигар мувофиқ наомадани мақоми гуногуни ҷамъиятии аъзоёни оила имкон дорад.
Мақоми иҷтимоии насли наврасро ба мақоми иҷтимоии волидон вобаста намудан дуруст нест. Дар ҷамъияти демократӣ, озод, ҳуқуқбунёд ва дорои иқтисодиёти бозор одамон, хоса ҷавонон, дар ҷомеа мақоми иҷтимоиашонро, сарфи назар аз мансубияти оила тағйир дода метавонанд.

Дидан карданд: 1542

Мавзӯъҳои монанд:

Тарзи таҳлил ва тафсири ахбору иттилооти бадастомада

Усул ва равишҳои ҷамъоварии ахбори иҷтимоӣ

Барномаи тадқиқоти иҷтимоӣ

Тадқиқоти иҷтимоӣ ва шаклҳои он

Тадқиқоти мушаххаси иҷтимоӣ

Ташкилотҳои байналхалқии исломӣ

Хусусияти хоси дини ислом ҳамчун институти иҷтимоӣ

Ташаккули дин ҳамчун институти иҷтимоӣ

Симои иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии корманд

Инсон ҳамчун омили субъективии рушди иқтисодиёт

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: