|

Қарз ва сарчашмаҳои ташаккули он (СИЁСАТИ ПУЛӢ ВА ҚАРЗИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-10-30

Қарз (кредит) таърихи қадима дошта, баробари инкишоф ва таҳаввули муносибатҳои иқтисодӣ, алалхусус, муносибатҳои молию пулӣ (молиявӣ) бунёд гашта, минбаъд ботадриҷ, бо низомҳои иқтисодӣ ҳамоҳанг такмилу инкишоф ёфта, ба дараҷаи баландтарини тараққиёти худ расидааст.
Заминаи ибтидоии пайдоиш ва густариши онро, одатан, бо вазифаҳои пул (воситаи пардохт ва воситаи андӯхт) мансуб медонанд. Аз ин нигоҳ, қарз муносибатҳои байни субъектҳои иқтисодӣ, муносибати байни қарзги-рандаю қарздиҳанда, шарт ва услубҳои қарзгирию баргардонӣ ва хусусиятҳои ташкилу таҳаввули онро дар низомҳои гуногуни иқтисодӣ ифода менамояд. Ва ин ба маънои худи он низ мувофиқат мекунад.
Қарз ҳамчун зуҳуроти муносибатҳои истеҳсолӣ, яъне мафҳуми иқтисо-дӣ ғизои ибтидоии худро аз воҷаи лотинии creditum «кредит, қарз, насия» гирифта, маънои боварӣ доштанро нисбат ба молу пули ба қарз додашуда ва бозгашти он дар вақти муайян  ва дар ҳаҷми барзиёд ифода мекунад.
Перомуни сабаб, заминаҳои айни (объективи)-и қарз низ ҳамоҳангӣ гарчанде набошад ҳам, аксарият ақида бо он доранд, ки ба вуҷуд омадани қарз, пеш аз ҳама, ба муносибатҳои мубодилавӣ (муомилот) бештар алоқаманд мебошад. Маҳз дар ҳавзаи муомилот (М-П ва П-М) ва хусусан давраи якум ва сеюми гиргардиши капитал (сармоя) –П-М< ва М1-П1 зарурияти қарз додану қарз гирифтан, барои ташкили раванди тавлидот ва зудтар фурӯхтани молу маҳсулоти тайёр ба вуҷуд меояд.
Имконият ва зарурияти пайдоишу инкишофи қарз мустақиман аз вазъу ҳолат, давомнокӣ ва суръати гардишу гирдгардиши капитал низ вобаста мебошад. Воситаҳои муваққатан холии пулию молии дар натиҷаи гирдгар-диши сармояи саноатӣ ва сармояи савдо бавуҷудомада, ба як давра ва мӯҳлати муайян, ба мақсади муайян дар асоси услуб (принсип)-и бозгашт ва музднок ба сифати қарз истифода шуданашон мумкин аст.
Аз ин ҷо хулоса бармеояд, ки муносибатҳои қарзӣ нисбатан мураккабу бисёрҷанба буда, муносибатҳоро перомуни: ташкили бозори пулӣ, бозори молиявӣ, бозори қарзӣ, бозори суғурта, фонди қарзию пулӣ, бозори қоғаз-ҳои қимматнок, амлиётҳои пулию қарзии фирмаҳо, бонкҳо ва муассисаву ташкилотҳо, субъект ва агентҳои иқтисодӣ, соҳаву сарзамин ва хоҷагиҳои миллию умумиҷаҳонӣ, сиёсати пулию молиявӣ, буҷаву андоз, хазинадорӣ ва муносибатҳои пулии асъори миллию байналхалқиро дар бар мегирад.
Кулли муомила ва амалиётҳои перомуни ташкил ва мубодилаи сарчашмаҳои қарз бозори сармояи қарзро ташкил медиҳад. Охирон аз нигоҳи илмӣ аз ду нуқтаи назар – институтсионалӣ ва функсионалӣ мавриди таҳлилу тадқиқот қарор дода мешавад.
Бозори сармояи қарзии институтсионалӣ ҳамчун кулли унсурҳои:
Низоми қарзӣ – низоми бонкӣ (бонкҳои марказӣ, тиҷоратӣ, гаравӣ (кафолат), сармоягузорӣ..);
Институтҳои ғайрибонкии қарзию молиявӣ (ширкатҳои суғуртавӣ, фонди нафақа, фонди ширкатҳои молиявию сармоягузорӣ, иттиҳодҳои қарзӣ..);
Бирҷаҳо (фондӣ, пулӣ, молӣ, опсионӣ, фючерсӣ) ва бозори сармояи қарзии функсионалӣ:
Бозори пул (депозитҳои кӯтоҳмӯҳлат, ҳисобу китоби векселҳо, қарзи кӯтоҳмӯҳлат);
Бозори сармоя (қарзи миёнамӯҳлат, қарзи дарозмӯҳлат);
Бозори қоғазҳои қимматнок ва ғайра сурат мегирад.
Институтҳои қарзӣ - муассиса ё худ ташкилотҳое мебошанд, ки ҳамчун субъекти ҳуқуқӣ барои ба даст овардани фоида, иҷро ва амалӣ гардондани чунин амалиётҳои бонкӣ (пурра ё қисман) омода мебошанд:
Ҷалб кардани воситаҳои муваққатан холии субъектҳои иқтисодӣ ва минбаъд истифода кардани онҳо барои маблағгузорӣ;
Ҷойгиронии ин маблағҳо аз номи худ ва аз ҳисоби шахсии худ;
Барои мизоҷони худ кушодани счётҳои бонкӣ ва гузаронидани амалиётҳои бонкӣ;
Гузаронидани амалиётҳо оиди қабул ва фурӯши қоғаз (металл)-ҳои қимматнок ва асъори хориҷӣ;
Барои солим нигоҳ доштан ва гузаронидани амалиётҳои пулию қарзӣ додани кафолат.
Муассисаҳои қарзӣ (фарқ аз бонкҳо) гарчанде қудрат ва тавоногии иҷрои ҳамаи шартҳои болоро надошта бошанд ҳам, онҳо баъзе аз амали-ётҳоро ба монанди амалиётҳои факторингӣ, трастӣ, лизингӣ иҷро намоянд, баъзе аз восита (сейф)-ҳоро ба иҷора диҳанд, мубоҳисаҳои қарзию пулӣ пешниҳод намоянд.
Дар шароити ҳозира муассисаҳои қарзӣ барои ноил гаштан ба самараи баланди фаъолияти худ бо ҳам муттаҳид шуда, иттиҳод ва ассотсиатсияи (ширкат)-ҳои қарзӣ ё худ гурӯҳҳои холдингиро ташкил мекунанд. Дар шароити ҳозира низоми қарзӣ ҳамчун муассисаҳои ғайрибонкии қарзию молиявӣ дар асоси принсипҳои таъҷилӣ, музднок ва бозгашт дар шаклҳои гуногун: фондҳои сармоягузорӣ, ширкатҳои молиявию суғуртавӣ, фонди нафақаи ғайридавлатӣ, кассаҳои амонатгузорӣ ва ғайра ташкил карда мешавад.
Мувофиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ду намуди андоз: андози умумидавлатӣ ва андози маҳаллӣ пешниҳод шудааст.
Ба андози умумидавлатӣ инҳо дохил мешаванд:
Андози даромад аз шахсони воқеӣ (андоз аз даромади шахсони воқеӣ);
Андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ;
Андоз аз арзиши иловашуда;
Аксизҳо;
Андози иҷтимоӣ;
Андози замин;
Андозҳо аз истифодабарандагони қаъри замин;
Андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
Андозе, ки тибқи низоми содда карда шуда пардохта мешавад;
Андози ягонаи замин барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ;
Боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ;
Боҷи давлатӣ;
Андози аз фурӯши (нахи пахта ва алюминийи аввалия);
Андози ҳадди ақалл аз даромади корхонаҳо;
Андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо;
Дигар пардохҳои ҳатмии умумиҷумҳуриявӣ.
Ба андозҳои маҳаллӣ инҳо дохил мешаванд:
Андози аз амволи қайриманқул;
Андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт;
Андоз аз фурӯши чакана;
Дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ.
Вобаста ба дараҷаи тараққиёти ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо тақсими андоз ба буҷетҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ ҳархела сурат мегирад (Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордод аз 1 январи 2005, Душанбе-2005с. ва қисман ислоҳотҳое. ки соли 2006 қабул карда шудааст).

Дидан карданд: 29

Мавзӯъҳои монанд:

Бекорӣ: шаклҳо ва сабабҳои пайдоиши он. Мафҳуми шуғли пурра

Сиёсати зиддитаваррумии давлат (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Оқибатҳои иқтисодию иҷтимоии таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Хусусият ва омилҳои муайянкунандаи таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Шакл ва намудҳои таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Таваррум, моҳият ва сабабҳои пайдоиши он (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Сиёсати хазинадории давлат ва хусусиятҳои он дар шароити бозор (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Андоз, вазифа, шакл ва хусусиятҳои ташаккули он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Буҷети давлатӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои ташкили он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Молия, вазифа ва низоми он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: