|

Омилҳои истеҳсолот, шакл ва хусусиятҳои онҳо (ИСТЕҲСОЛОТ, ШАКЛ ВА ОМИЛҲОИ ОН)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-09-17

Чи тавре, ки аз саволҳои пешин маълум гашт, барои тавлиди неъматҳои иқтисодӣ, пеш аз ҳама, ҳалли масъалаи чи бояд ва чи қадар истеҳсол кард? ба миён меояд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар доираи истеҳсолот бояд омилҳои муайяне мавҷуд бошанд, то ки ин масъалаҳои умдаи иқтисод ҳалли худро ёбанд.
Омилҳои истеҳсолот ҳамчун ҷараёни ташкил ва такмил ёфтаи муноси-батҳои байни инсон ва табиат оиди истифодаи захираҳои маҳдуди иқтисодӣ ва қонеъ гардонидани талаботи инсон сурат мегирад. Таҳти омилҳо маҷмӯи алоқа ва амалиётҳо оиди тарзу услуби ташкили "технологияи истеҳсолот" - пайваст кардани унсурҳои меҳнат (худи меҳнат), воситаи меҳнат, предмети меҳнат, истифодаи захираҳои табиат, хусусиятҳои механикӣ, ҷисмонӣ ва химиявии онҳо дар ҷараёни истеҳсолот, истифодаи қобилияти ҷисмонӣ ва зеҳнии инсон дар ин ҷараён фаҳмида мешавад.
Омилҳои истеҳсолот мувофиқи сират ва хусусиятҳои низомҳои иқтисодӣ, дараҷаи такомули рушду нерӯи иқтисодӣ, ашколи моликият, нақшу мақом, унсур ва мақсади истеҳсолот ташкил мегарданд.
Ин дар навбати худ ба такмили рушду ташкили истеҳсолот, амиқ гаш-тани раванди таҳсис (махсусгардонӣ), тамарказ (консентратсия) ва маркази-яти истеҳсолот таъсир расонда, дар бунёд гаштани сохтори ягонаи иқтисоди миллӣ ва чуқур гаштани раванди истеҳсолоти ҷомеавӣ саҳми арзанда мегузорад.
Дар ин ҷода қувваи барқ (энергия), маълумот (ахбор), зербино (инфра-структура)-и истеҳсолӣ (нақлиёт, алоқа, хизмати энергетикию маълумотӣ) ва зербинои иҷтимоӣ (маориф, хӯроки умумӣ, тиб, сохтмони манзил...) нақш ва мақоми хоса пайдо мекунад. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки дар адаби-ёти кунунии иқтисодӣ риштаи баҳсу мунозира оиди омилҳои истеҳсолоти ҷомеавӣ идома дорад.
Тӯли зиёда аз 70 сол дар иқтисоди сиёсии марксистӣ мавҷуд будани ду омили асосии истеҳсолот тарғибу ташвиқ карда мешуд. Ин ҳам бошад:
а) омилҳои моддӣ (воситаҳои истеҳсолот);
б) омилҳои шахсӣ (қувваи коргарӣ).
Таҳлил ва муҳокимаи онҳо аз нигоҳи сохтори синфии ҷомеа, тарзи мутақобили аз худ кардан, характери синфии бавуҷудомадан ва оштинопа-зирии низомҳои мухталифи иқтисодӣ сурат мегирифт .
Назарияи марҷиналистӣ рамзан чаҳор намуди омилҳо: замин, меҳнат, капитал, фаъолияти соҳибкориро, ки то кунун аксарият пазируфтаанд, тавсиф мекунад.
Мазмунан, тақсимбандии омилҳо бо чунин хислатҳо фарқ мекунанд (нигар ба нақшаи 2.3):
а) Меҳнат - омили истеҳсолот
Дар илми иқтисод меҳнат ҳамчун раванд (мафҳум)-и иқтисодӣ ва меҳнат ҳамчун омили истеҳсолот аз ҳам фарқ карда мешавад. Таҳти раванд (протсесс)-и меҳнат фаъолияти ба мақсад мувофиқи одамон, ки ба табиат таъсир расонда, хосиятҳои мавҷудаи онро барои қонеъ гардонидани ниёз ва эҳтиёҷи худ истифода мекунанд, фаҳмида мешавад.

Дар ин ҷода фаъолияти меҳнатӣ ҳамчун маҷмӯи сарфи меҳнати ҷис-монӣ ва фикрӣ дар назар дошта мешавад.
Дар шароити иқтисоди бозорӣ таҳти мафҳуми меҳнат ҳамчун омили истеҳсолот иштироки бевоситаи одамон дар раванди истеҳсолот ё худ идораи ягон кор, ки ҳангоми он меҳнати ҷисмонӣ ва маънавӣ (рӯҳӣ) сарф мегардад, фаҳмида мешавад. Ин бештар ба ташкили раванди хоҷагидорӣ мувофиқ мебошад.
Таҳти вақти корӣ қисми шабу рӯзе дар назар дошта мешавад, ки одамон дар доираи истеҳсолот ба тавлиди неъмат ва хизматҳо банд бошанд.
б) Сармоя ҳамчун омили истеҳсолот
Бояд иқрор шуд, ки дар адабиёти иқтисодӣ оиди фаҳмиш ва муайян кардани моҳияту мазмун, таркиб, шаклу намуд, сарчашмаи бунёд гаштан ва истифодаи сармоя ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд надорад. Масалан, К.Маркс таҳти сармоя (капитал) маблағҳои муайяни пулӣ, молҳои тайёр, ки ҳамчун нати-ҷаи истисмор ва азхудкунии капиталистӣ сурат мегирад, мефаҳмад.
Тибқи ақоиди ӯ сармоя чиз набуда, ҳамчун муносибатҳои истеҳсолии муқаррарии ҷомеавӣ баромад мекунад.
П.Самуэлсон сармояро ҳамчун омили миёнаравии истеҳсолот медонад. Баъзеҳо онро ҳамчун кулли захираҳои неъматҳои моддӣ, яъне чизҳои моддию ғайримоддӣ, донишу маҳорати инсон тасаввур мекунанд. Дар шаро-ити иқтисоди бозорӣ сармоя на аз нигоҳи назариявӣ, балки бештар аз нуқтаи назари омили тавлидот таҳлилу тавсиф карда мешавад.
Аз ҳамин ҷиҳат сармоя ва воситаҳои истеҳсолот дар як маъно фаҳмида мешаванд.
Таҳти сармоя дар бозори омилҳо - бино, таҷҳизот, мошинаҳои корӣ, дастгоҳҳо, захираҳо, чизҳои қимматдор, ки асосан, ба ҳавзаи тиҷорат маҳфузанд, дар назар дошта мешавад.
Ин тарзи маънидодкунии сармоя аз ҷониби классикони иқтисоди сиёсӣ А.Смит ва Д.Рикардо пешкаш карда шудааст. Масалан, А.Смит таҳти сармоя меҳнати андӯхташуда (дар мол пешакӣ шахшудамонда)-и коргарро мефаҳмад. Тибқи ақидаи Д.Рикардо, сармоя воситаи истеҳсолот аст.
Мувофиқи ақидаи Ч.Робинсон сармояе, ки ҳанӯз дар шакли сармоя-гузории молиявӣ қарор дорад, он ҳоло пул аст, на сармоя.
Дигарон гуфтание доранд, ки захираҳои пулие, ки ба мақсади истеҳсо-ли молу неъмат ва бурда расонидани он ба истеъмолкунанда масраф карда мешавад, сармояанд.
Аз маънидодкуниҳои боло хулоса бармеояд, ки сармоя бояд: а) мазмуни зоҳирӣ (чизӣ); б) мақсад ва мақоми истифода; в) натиҷаи ниҳоӣ дошта бошад.
Аз ин лиҳоз, сармояро чунин таъриф додан мумкин аст: сармоя маҷмӯи чиз (ресурс)-ҳо ва пулҳое мебошад, ки ба мақсади эҳё ва ташкил кардани тавлиди молу хизмат ва гирифтани фоида нигаронида мешавад. Сармоя ҳамчун омили истеҳсолот дар ду шакл - сармояи асосӣ ва гардон сурат мегирад /нигар ба нақ. 2.4/.
Сармояи асосӣ сармояе мебошад, ки дар раванди истеҳсолот ва сиклҳои такрории он иштирок карда, қиммати худро ҳисса ба ҳисса ба маҳсулотҳо ва хизматҳо мегузаронад (бино, дастгоҳ, таҷҳизот...) Онҳо дар натиҷаи истеъмол фарсуда шуда, аз ҳисоби фонди истеҳлок (амортизатсия), фонди андӯхт ё худ пасандози фирма, карзҳои берунӣ ва ғайра подош карда мешаванд.
Қисми асосии маблағгузории фирма барои таҷдид (навкуни)-и техника ва технология истифода карда мешавад. Маҳз таркиб ва қудрату иқтидори фондҳои асосӣ (сармоя), динамика ва нерӯ (потенсиал)-и иқтисоди миллиро муайян мекунад.
в) Замин ҳамчун омили истеҳсолот
Истифодаи участкаҳои корам, корношоям, маъданҳои зеризаминӣ, неъматҳои рӯи замин (об, ҷангал, растанӣ) ва ғайраро дар бар мегирад. Ҳаҷм ва доираи онҳо маҳдуд аст. Инсон тибқи
дархости худ ҳаҷми заминро васеъ гардонида наметавонад ва дар ин мазмун маҷбур аст, ки тарзҳои қулайтарин ва пурсамари хоҷагидориро истифода кунад. Бояд тазаккур дод, ки истифодаи замин ҳамчун омили истеҳсолот, асосан, истифодаи онро дар хоҷагии қишлоқ ба ҳайси - манбаи тавлиди неъматҳо дар назар дорад.
г) Соҳибкорӣ ҳамчун омили истеҳсолот
Соҳибкорӣ ҳамчун фаъолияти махсуси инсон оиди фароҳам овардани шароит барои ба ҳам пайваст кардани меҳнату сармоя ва дар асоси таваккалӣ ташкил кардани тиҷорат тасаввур карда мешавад. Таҳти соҳиб-корӣ феълан фаъолияти зеҳнии як ё якчанд одамоне, ки маҳорат, қобилият, маблағҳои пулӣ ва ҳама гуна захираҳои мавҷудаи дар асоси тақозо ва арзаи илми муосири маркетинг ва менеҷмент фаъолияти истеҳсолии худро ташкил ва пеш мебарад, фаҳмида мешавад.
Новобаста ба шаклу намуд, нақшу мақом, сатҳ ва мавзеи ҷойгиршавӣ, соҳибкорӣ барои иҷрои чунин вазифаҳо омода карда мешавад:
* ба таври инқилобӣ гузаронидани ислоҳот, такмил ва ривоҷу равнақ додани раванди истеҳсолот;
* истифода кардани кашфиётҳои илму техника, ихтироотҳову навова-риҳо ва дар ин асос ба роҳ мондани истеҳсоли намудҳои нави молҳо ва хизматрасонӣ;
* ҷустуҷӯи роҳҳои нав ба нави фаъолияти хоҷагидорӣ, гирифтани фо-ида, таъмин кардани корхона бо захираҳои зарурии иқтисодӣ, алоқаи байни коллектив, коллективу харидор ва фурӯшанда, озодии соҳибкорӣ ва маб-лағгузорӣ.

Дидан карданд: 59

Мавзӯъҳои монанд:

Сиёсати зиддисилсилавии давлат (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Навъ ва давраҳои силсила: мавҷҳои дароз, кӯтоҳ ва миёна (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Силсилаи саноатӣ ва давраҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи силсила: нигоҳ аз диди таърих ва хусусиятҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи кеӣнсгароии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи институтсионалии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи классикии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Тақозои кулл ва омилҳои муаӣянкунандаи он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Мувозинии макроиқтисодӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Иқтисоди ниҳон ва хусусиятҳои он (ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ВА САМАРАИ ОН)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: