|

Идоракунии молияи корхонаҳои тиҷоратӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-11-14

Нақша:

1. Идоракунии амвол ва сармояи корхонаҳои тиҷоратӣ
2. Хафу хатари хоҷагидорӣ ва роҳҳои паст намудани он дар корхонаҳои тиҷоратӣ
3.  Идоракунии ҳолати молиявии  корхонаҳои тиҷоратӣ

Адабиётҳо:

1. Шаропов Ф. Р. «Менеҷменти тиҷорат», Душанбе, Ирфон 2005
2. Бланк И. А. «Управление торговқм предприятием», Москва, ЭКМОС 1998

1.     Барои пешбурди фаъолияти хоҷагидорӣ ҳар як корхонаҳои тиҷоратӣ бояд амволи зарури дошта бошанд. Ҳамаи намудҳои амволи  корхонаҳои тиҷоратӣ дар маҷмуъ активҳои онро ташкил медиҳанд.
Дар вобастагӣ аз хусусияти иштирок дар ҷараёни  хоҷагидорӣ ва суръати гардиш, ҳамаи амволи арзишдори корхонаҳои тиҷоратиро ба активҳои асосӣ ва гардон қисмат мекунанд.
       Активҳои гардон-маҷмӯи амволи арзишноки корхонаҳои тиҷоратӣ, ки ба фаъолияти хоҷагидории ҷорӣ хизмат мерасонанд ва дар ҷараёни як даври савдою истеҳсолӣ ба пуррагӣ истифода мешаванд.
Активҳои ғайригардон ё воситаҳои асосӣ- маҷмӯи амволи арзишноки корхонаҳои тиҷоратӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти хоҷагидории он муддатҳои тӯлонӣ истифода мешаванл ва арзиши худро қисман ва таддриҷан тавассути бардошти истеҳсолӣ ба хароҷоти муомилот мегузаронанд.
Ҳам активҳои гардон ва ҳам активҳои асосии корхонаҳои тиҷоратӣ дар навбати худ ба намудҳои алоҳида ҷудо мешаванд. Ба таркиби активҳои гардони корхонаҳои тиҷоратӣ инҳо дохил мешаванд:

  • захираҳои мол;
  • захираҳои мавод, предметҳои камарзиш ва зудхурдашаванда;
  • қарзи дебиторӣ;
  • воситаҳои пулӣ;
  • маблағгузориҳои кӯтоҳҳмудат;
  • дигар маводҳои активҳои гардон.

         Активҳои асосии корхонаҳои тиҷоратӣ дар таркиби худ чунин намудҳои активҳоро муттаҳид месозад:

  • воситаҳои асосӣ;
  • активҳои ғайримоддӣ;
  • сармоягузорӣ ба сохтмони нотамом;
  • маблағгузориҳои дарозмудат;
  • дигар намудҳои активҳои асосӣ.

         Яке аз вазифаҳои менеҷменти тиҷорат, ки дар ҷараёни  ташаккули активҳои корхонаҳои нави тиҷорат ҳалли худро меёбад, таносуби оптималӣ байни активҳои гардон ва асосӣ мебошад.
Дар корхонаҳои тиҷоратӣ ҳиссаи асосии маҷмӯи активҳоро активҳои гардон ташкил медиҳанд, ки ин хусусияти хоси фаъолияти онҳоро нишон медиҳад.
Ҷараёни идоракунии активҳои гардон корхонаҳои тиҷоратӣ марҳилаҳои асосии зеринро дарбар мегирад:

  • таҳлили истифодаи активҳои гардон;
  • оптималикунонии таркиби активҳои гардон;
  • таъмини суръати баланди гардиши активҳои гардон;
  • таъмини афзоиши фоиданокии активҳои гардон;
  • таъмини паст намудани талафоти активҳои гардон дар ҷараёни истифодаи мақсадноки онҳо.

       Агар идоракунии активҳои гардони корхонаҳои тиҷоратӣ асосан ба тарафи молиявии менеҷменти тиҷорат вобаста бошанд, пас идоракунии активҳои ғайригардон бо ҷиҳатҳои тиҷоратӣ -технологии он алоқаманд мебошад.
Асоси активҳои ғайригардонро дар корхонаҳои тиҷоратӣ воситаҳои асосии ғайрифаъол ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, дар ҷараёни идоракунии активҳои ғайригардон ба истифодаи самарабахши намудҳои алоҳидаи воситаҳои асосии корхонаҳои тиҷоратӣ диқати махсус додан ба мақсад мувофиқ аст.
Ҷараёни идоракунии воситаҳои асосӣ дар корхонаҳои тиҷоратӣ зинаҳои зеринро дар бар мегирад:

  • таҳлили истифодаи самараноки воситаҳои асосӣ;
  • муайян намудани талабот ба воситаҳои асосӣ;
  • муайян намудани сарчашмаҳои бо пул таъмин кардани сохтмони асосӣ ва шаклҳои қонеъ гардонидани талабот ба воситаҳои асосӣ;
  • таҳияи чораю тадбирҳои мушаххас оиди баланд бардоштани самаранокии истифодаи воситаҳои асосӣ.

       Идоракунии оқилонаи марҳилаҳои зикрёфта имкон медиҳад, ки активҳои ғайригардон бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи корхонаҳои тиҷоратӣ самаранок истифода бурда шавад.
Ташаккули активҳои корхонаҳои тиҷоратӣ аз ҳисоби сармояи корхона амали мегардад. Сармоягузорӣ омили молиявие мебошад, ки ба таҳкими активҳои корхона замина мегузорад.
Бо назардошти мансубияти воситаҳои молиявӣ, сармояи корхона одатан худӣ ва қарзӣ мешавад.
Сармояи худи воситаҳои молиявии корхона мебошад, ки ба худи корхона мансуб аст ва барои ташаккули ҳиссаи асосии активҳои он истифода мешавад.
Сармояи худии корхонаҳои тиҷоратӣ дар шаклҳои зерин ифода мегардад:

  • сармояи оиинномавӣ;
  • фонди эҳтиётӣ;
  • фондҳои мақсадноки молиявӣ;
  • фоидаи тақсимношуда;
  • шаклҳои дигари сармояӣ худӣ.

       Сармояи қарзӣ воситаҳои молиявие мебошад, ки корхонаҳои тиҷоратӣ барои ташаккули ҳиссаи муайяни активҳо аз қарздиҳандагон одатан аз бонкҳо ба фаъолияти хеш ҷабл менамоянд. Сармояи қарзӣ шакли ӯҳдадории молиявии корхонаҳои тиҷоратиро мегирад ва он дар як муддати муайян ба қарздиҳанда бозгардонида мешавад ва барои истифодаи муваққатӣ фоиз, яъне пули иловагӣ супорида мешавад.
Сармояи қарзии корхонаҳои тиҷоратӣ ду шакл, яъне ӯҳдадориҳои дарозмудати молиявӣ ва ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддати молиявӣ дорад.
Мақсади асосии идоракунии сармояи худӣ ташаккули сатҳи зарурии худмаблағгузории рушди корхонаҳои тиҷоратӣ мебошад ва ҳадафи асосии идоракунии сармояи қарзӣ бошад, аз таъмини шароит ва шаклҳои самараноки ҷалби воситаҳо ва истифодаи оқилонаи онҳо иборат аст.

2.     Хавфу хатар дар фаъолияти хоҷагидорӣ – ин эҳтимоли пайдоиши талафоти пешбинишудаи амволӣ ва молиявӣ дар ҳолатҳои номуайяни фаъолияти корхораҳои тиҷоратӣ мебошад.
Одатан эҳтимоли пайдоиши хавфу хатар ба фаъолият зуҳуроти обективии ба ҳар як корхонаи тиҷоратӣ хос буда, дар амали хоҷагидорӣ ҳамчун маҷмӯи намудҳои алоҳидаи таваккал зоҳир мегарданд. Дар фаъолияти корхонаҳои тиҷоратӣ намудҳои гуногуни хавфу хатар вомехӯранд:

  • талафоти ногаҳонии амвол;
  • тиҷоратӣ;
  • иқтисодӣ;
  • нархӣ;
  • асъорӣ;
  • фоизӣ;
  • таваррумӣ;
  • сармоягузорӣ;
  • андозӣ;
  • пардохтнопазирӣ;
  • аз даст додани устувории молиявӣ;
  • дигарнамудҳои таваккал.

         Мақсади асосии идоракунии таваккалҳои хоҷагӣ дар корхонаҳои тиҷоратӣ то як андоза паст намудани талафоти молиявии ба онҳо алоқаманд мебошанд. Ҷараёни ин намуди идоракунӣ, бо баҳодиҳии сатҳи намудҳои алоҳидаи таваккалҳои хоҷагӣ, пешгирӣ ва суғуртакунонии онҳо вобаста аст.
Баҳодиҳӣ ба сатҳи таваккалҳо марҳилаи хеле масъулиятнок ва мураккаб мебошад, ки дар пайдарҳамии зерин гузаронида мешавад:

  • муайян намудани намудҳои алоҳидаи таваккалҳо, ки бо фаъолияти корхонаҳои тиҷоратӣ вобастаанд;
  • баҳодиҳии дараҷаи эҳтимолияти намудҳои алоҳидаи таваккалҳои хоҷагӣ;
  • муқаррар намудани сатҳи безарарии таваккалҳо барои амалиёти хоҷагидорӣ дар корхона.

Баҳодиҳии сатҳи таваккалҳои хоҷагӣ имкон медиҳад, ки ба коркарди чорабиниҳо оиди паст намудани сатҳи онҳо шурӯъ намоем. Ин тадбирҳо аз се гурӯҳи асосӣ иборатанд: пешгирии таваккалҳои хоҷагӣ; суғуртаи дохиликорхонавӣ ва суғуртаи берунӣ.
Дар менеҷменти тиҷоратӣ одатан шаклҳои зерини пешгирии таваккалҳои хоҷагиро истифода мебаранд:

  • дурӣ ҷустан аз таваккалҳои хоҷагӣ (даст кашидан аз амалиёти алоҳидаи хоҷагӣ, ки сатҳи таваккал дар онҳо баланд аст, паст намудани ҳиссаи воситаҳои қарзӣ ва ғаӣраҳо);
  • паст намудани сатҳи таваккалҳои хоҷагӣ;
  • бамеъёрдарории таваккалҳои хоҷагӣ ва ғайраҳо.

3.      Қайд кардан ба маврид аст, ки идоракунии активҳо, сармоя, таваккал ва дигар тарафҳои фаъолияти молиявии корхона бояд хусусияти аз ҳамдигар вобастагӣ дошта бошад. Чунон алоқамандӣ дар ҷараёни идоракунии комплексии ҳолати молиявии корхонаи тиҷоратӣ бояд мунтазам таъмин гардад.
Ҳолати оптималии молиявии корхонаҳои тиҷоратӣ ин мутаносибии унсурҳои таркибии алоҳидаи актив ва сармояи он ва қобилияти таъмини сатҳи баланди истифодаи самараноки онҳо мебошад.
Вазъи молиявии корхонаҳои тиҷоратӣ аз рӯи як қатор омилҳо муайян мегардад:
1.      Дараҷаи пардохттавонӣ. Ин нишондиҳанда имконияти корхонаҳои тиҷоратиро доир ба пардохти ӯҳдадориҳои молиявӣ нишон медиҳад.
         Барои баҳодиҳӣ ба сатҳи пардохттавонӣ дар корхонаҳои тиҷоратӣ зарибҳои молиявии зерин истифода мешаванд:
а) зариби пардохттавонии мутлақ.
Ин зарибро бо формулаи зерин ҳисоб мекунанд:

дар ин ҷо
ЗПМ – зариби пардохттавонии мутлақ, сомонӣ;
А1 – маблағи воситаҳои тайёри пардохт, сомонӣ;
У1 – маблағи ӯҳдадориҳои таъҷилии молиявии корхона, сомонӣ;

Ин зариб нишон медиҳад, ки оё корхонаҳои тиҷоратӣ бо воситаҳои пардохти тайёр ӯҳдадории молиявии заруриро таъмин карда метавонанд ё не?
б) зариби пардохттавонии ҷорӣ. Ин зариб нишон медиҳад, ки то кадом дараҷа ҳаҷми воситаҳои кӯтоҳмуддати қарзии корхонаҳои тиҷоратӣ аз ҳисоби активҳои гардони он қонеъ гардонида мешавад, ки бо ёрии формулаи зерин муайян мегардад:

дар ин ҷо
ЗПҶ – зариби пардохттавонии ҷорӣ;
АГ – ҳаҷми активҳои гардон, сомонӣ;
ВҚК – маблағи воситаҳои кӯтоҳмуддати қарзӣ, сомонӣ.

2.      Дараҷаи устувории молиявӣ. Нишондиҳандаи мазкур имкон медиҳад, ки сатҳи таваккали хоҷагӣ ва сатҳи устувории таъмини молиявии рушди корхонаҳои тиҷоратӣ муайян карда шаванд.
         Барои баҳо додан ба сатҳи устувории молиявӣ дар корхонаҳои тиҷоратӣ зарибҳои молиявии зайлро истифода мебаранд:
а) зариби мухторият. Ин зариб нишон медиҳад. Ки то кадом андоза ҳаҷми активҳои дар корхона истифодашаванда аз ҳисоби сармояи худи корхонаи тиҷоратӣ ташаккул ёфтаанд ва мустақилияти он аз сарчашмаҳои берунии маблағгузорӣ дар кадом сатҳ аст.
Ҳисобкунии ин зариб бо истифода аз формулаи зерин амалӣ мегардад:

дар ин ҷо
ЗМ – зариби мухторият;
СХ – маблағи сармояи худӣ, сомонӣ;
А – ҳаҷми умумии активҳо, сомонӣ.
б) зариби маблағгузорӣ. Ин зариб нишон медиҳад, ки кадом андозаи воситаҳои қарзӣ ба воҳиди сармояи худӣ рост меояд:

дар ин ҷо
ЗС – зариби сармоягузорӣ;
СҚ – маблағи сармояи қарзӣ, сомонӣ;
СХ – маблағи сармояи худӣ, сомонӣ.
3.      Сатҳи гирдгардиши активҳо. Ин нишондиҳанда имкон медиҳад, ки сатҳи фаъолнокии корхона дар соҳаи тиҷорат муайян карда шавад. Барои амалӣ гардонидани баҳодиҳии умумии дараҷаи гирдгардиши активҳои корхонаҳои тиҷоратӣ аз зарибҳои молиявии зерин истифода мебаранд:
 а) зариби гирдгардиши ҳамаи активҳои истифодашаванда. Ин зариб миқдори гардиши активҳои корхонаро нишон медиҳад ва бо чунин роҳ ҳисоб карда мешавад:

дар ин ҷо
ЗГа – зариби гирдгардиши ҳамаи активҳои истифодашаванда;
ГМ – ҳаҷми гардиши мол дар давраи таҳлилшаванда, сомонӣ;
А – арзиши миёнаи активҳои корхонаи тиҷоратӣ, сомонӣ.

б) даври гардиши активҳои истифодашаванда. Ин зариб нишон медиҳад, ки активҳои корхонаҳои тиҷоратӣ дар чанд муддати муайян гардиш мекунанд:

дар ин ҷо
ДГа – даври гардиши активҳо, бо ҳисоби рӯз;
А – арзиши миёнаи активҳои корхонаи тиҷоратӣ, сомонӣ;
ГМа – гардиши мол дар як рӯз, сомонӣ;
Р – миқдори рӯзҳо дар давраи таҳлилшаванда;
ЗГа – зариби гирдгардиши активҳои корхонаи тиҷоратӣ.

4.      Дараҷаи фоиданокӣ. Ин нишондиҳанда имкон медиҳад, ки фоида бо ҳисоби фоиз нисбат ба сармоя ва активҳои корхона андозагирӣ карда шавад. Барои баҳодиҳӣ ба сатҳи фоиданокӣ аз зариби фоиданокии активҳои истифодашаванда, зариби фоиданокии сармояи худӣ ва дигар нишондиҳандаҳо истифода бурдан мумкин аст.
         Марҳилаи дигари идоракунии фоидаи корхонаҳои тиҷоратӣ нақшагирии молияи он аст. Нақшагирии молия ҷараёни таҳияи низоми чорабиниҳо доир ба таъмини корхонаҳои тиҷоратӣ бо захираҳои молиявии зарурӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти молиявӣ мебошад.
Нақшагирии молиявии корхонаҳои тиҷоратӣ аз ду қисми таркибӣ – нақшагирии ҷорӣ ва нақшагирии фаврӣ иборат аст.

Саволҳои семинарӣ:

  • Нақш ва аҳамияти идоракунии амвол ва сармояи корхонаҳои тиҷоратиро асоснок кунед.
  • Усулҳои идоракунии амвол ва сармояи корхонаҳои тиҷоратиро шарҳ диҳед.
  • Намудҳои асосии таваккал дар тиҷорат кадомҳоянд?
  • Роҳҳои асосии паст намудани сатҳи таваккалро дар корхонаҳои тиҷоратӣ нишон диҳед.
  • Ба ҳолати молиявии корхонаҳои тиҷоратӣ тавассути кадом нишондиҳандаҳо баҳо дода мешавад?

Дидан карданд: 1125

Мавзӯъҳои монанд:

Идоракунии молияи корхонаҳои тиҷоратӣ

Идоракунии фоидаи корхонаи тиҷоратӣ

Идоракунии хароҷоти муомилот

Идоракунии даромади умумии корхонаҳои тиҷорати

Идоракунии гардиши мол

Идоракунии кормандони корхонахои тиҷорати

Идоракунии ҷараёнҳои технологӣ ва хизматрасонӣ дар корхонаҳои тиҷоратӣ

Функсия ва усулҳои менеҷменти корхонаҳои тиҷоратӣ

Корхонаҳои тиҷоратӣ ҳамчун объекти менеҷмент

Моҳият, мақсад ва вазифаҳои менеҷменти тиҷорат

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: