|

ЗАРДӮЗӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

Тартибдиханда: kmt.tj

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-10-20

Зардўзӣ, навъи санъати ороиши амалӣ. Як соҳаи ҳунармандист, ки тавассути риштаҳои зари сафеду зард дар рўйи матоъ нақшҳои гуногун дўхта мешавад. Чунин тарзи дўхт бо нафосату шукўҳи бадеии худ фарқ мекунад. Асосан дар рўи махмал ва шоҳӣ зардўзӣ мекунанд. Дар гузаштаи дур зардўзӣ дар рўи чарм, карбос ва пашм низ маъмул будааст.

Дар маъхазҳои адабию бадеӣ ва таърихӣ оид ба зардўзӣ  гуфтаҳо ва навиштаҷоти сайёҳони машҳури хориҷӣ оварда шудаанд, ки дар давраҳои гуногун ба шаҳрҳои Осиёи Миёна омада буданд. Онҳоро сарулибоси зардўзишудаи аҳли ҷоҳ ба ҳайрат оварда буд.

Ин навъи санъат, асосан, дар асри XIX дар шаҳри Бухоро равнақ ёфт. Дар дарбори амир корхонаҳои махсусе сохта шуданд, ки устоҳои гулдастро муттаҳид менамуданд. Чунин либосро ба ғайри аҳли ҷоҳ дигар касе ҳақ надошт бипўшад.

Хамчунин дар дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна аз қабили Самарқанду Хисор низ маҳаллаҳои алоҳидаи зардўзӣ вуҷуд дошт.

Дар санъати зардўзӣ аслан ду навъи нақшдўзӣ – заминдўзӣ ва гулдўзӣ маъмул аст. Дар заминдўзӣ нақшҳо  ба ҳам пайваст гардида, тамоми заминро яклухт фаро мегиранд ва дар матоъ ҷойи холӣ намемонад. Дар гулдўзӣ танҳо нақш  аз рўйи нусха дўхта мешавад. Зардўзон нақшҳои аз картону қоғази махсус кашидаи худ ва ё наққошони касбиро рўйи матоъ (асосан шоҳимахмал) гузошта, бо ресмон кўк мекунанд. Баъд риштаи зарро рўйи  нусха монда аз ду  тараф бахя мезананд (яъне зар ба пушти  матоъ намегузарад). Усули заминдўзӣ ниҳоят мураккабу нозук ва заҳматталаб аст.  Бо ин усулҳо аз қадим  камзўл, камарбанд, воскат, чойхалта, тўппиҳои занонаву мардона, кафш, ҷиҳози аспҳо ва ғайра дўхта мешуданд.

Дар санъати зардўзии имрўзаи тоҷикӣ бештар навъи  гулдўзӣ маъмул буда, онро барои  зинат додани ҳар навъи  ашёӣ савғотӣ, костюмҳо, сару либоси занон истифода  мебаранд. Дар байни тоҷикон хусусан тўппиҳои зардўзии занона – зартўппӣ машҳуранд. Технологияи ресидан ва тайёр кардани риштаи зар ду навъ мешавад, аввал риштаи зарро  даври риштаи абрешимӣ ё қоғазӣ ба андозае наздику зич  мепечонанд, ки ин риштаи зар тамоман маълум намешавад. Дар тарзи дуввум риштаи зарро даври риштаи абрешимӣ ё қоғазӣ пружиншакл (аз ҳам дур) мепечонанд. Хар яке аз ин риштаҳо  мавриди истифодаи худро дорад. Риштаҳои зар қисми асоси  нуқра дошта,  аз 10 то 20% тилло  низ доранд. Инчунин паҳну борик низ мешаванд.Аксаран ҳангоми зардўзӣ сангҳои гаронбаҳо, камқиммат ва пулакчаҳои ҳаррангаи филизию садафӣ ба кор бурда мешаванд.

Зардўзони ҳозира нозукиҳои ҳунари гузаштаро боз ҳам равнақу  такмил  дода, нақшҳои нави  зебову пурмазмун эҷод намудаанд. «Офтоб», «Булбул», «Гулшан», «Садбарг», «Мавҷ» ва ғайра аз қабили  беҳтарин нақшҳо буда, дорои  технологияи махсус ва банду басти мураккаб мебошанд. Амали зардўзони машҳури Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ва байналхалқии  Монреал, Коҳира, Прага, Лейпсиг ва ғайра  баҳои баланд гирифтаанд.

ШАРҲ: Ин мақола аз китоби  “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” (қисми якум), ки соли  2015 аз ҷониби Сарредаксияи Энсиклопедияи миллии тоҷик чоп шудааст, иқтибос шуд.  Хонандагон метавонанд бо он дар толори хониши Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар, воқеъ дар ошёнаи чоруми Китобхонаи миллӣ ошно шаванд. 

Нигина Маҳмудова
Мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар

Дидан карданд: 203

Мавзӯъҳои монанд:

ДӮЗАНДАГӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

АДРАСБОФӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

ЗАРДӮЗӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

КУЛОЛӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

ЛИБОСҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

КАМАРБАНД (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

ЮНЕСКО ва тамаддуни Осиёи Марказӣ

Алочабофӣ ва таърихи мухтасари он

“Боғкўчӣ”, яъне чӣ?

7 НОЯБР РӮЗИ ТЕАТР

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: