|

КУЛОЛӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

Тартибдиханда: kmt.tj

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-10-20

Кулолӣ аз ҳунарҳои суннатии маъруфи тоҷикон мебошад, ки ба истеҳсоли маснуоти гилӣ марбут аст. Пешаи кулолӣ дар гузашта бештар дар шаҳрҳои калон рушд ёфта, маҳсулоти сохтаи онҳо нисбатан босифат, хушнамуд ва зебо буданд. Дар деҳот зарфсозӣ ё кулолӣ, бештар ба зиммаи занҳо буд. Онҳо аз гилҳои маҳаллӣ бидуни дастгоҳ зарфҳо сохта, дар ҷойи соя хушконида, дар оташдонҳои наздиҳавлигӣ мепӯхтанд. Барои сўзишворӣ, одатан, порўи чорпои хонагӣ истифода мешуд.

Ба кори кулолӣ дар фаслҳои гарми сол машғул мешуданд. Хок ва гили онро кўзагарон аз ҷойи махсус мегирифтанд. Ҳар гуна хоку гил барои зарфсозӣ мувофиқ набуд. Гилро аввал дар офтоб хушконида, бо кўба мекўфтанд, сипас бо об онро шўрида, лой тайёр мекарданд. Баъзан бо гил регро низ аз элак гузаронида ҳамроҳ менамуданд. Агар кулолон кўза, хум ё хурмаи калоне сохтанӣ шаванд, каме пашми буз меандохтанд, то ки мустаҳкамтар шавад. Лойро бо дасту по зер карда, ҳавояшро мебароварданд ва дар ҷойи сояву хушк бо латтаҳо пўшонида мемонданд. Лой якчанд рўз,баъзан то 10 рўз, то расидан ва часпак шуданаш мехобид. Пас аз омода шудани лой як миқдори онро ҷудо карда, ба пештахтаи лоймолӣ гузошта, ба шакли зарфҳои дилхоҳ медароварданд ва баъдан онро ба дасгоҳ мениҳоданд.

Дасгоҳи кулолӣ аз чархи пой, тир ва сандон (сумба) иборат буд. Усто бо пояш чархро тоб медод ва тири ба чарх устуворшуда низ тоб хўрда, тахтаи гирдро мечархонид. Лойи болои тахта тоб хўрда, кулол каме об ба он пошида, лойро лағжонак мекард, то ки ба шакли муаян дароварданаш осон шавад. Дар вақти шакл додан кулолон аз асбобҳои махсуси худ, ба монанди каҷкорд, қошуқ,гардангирак,товонча истифода мебурданд.Пас аз омода шудани зарф он бо қолибҳои белчамонанд,ғирғирак (ғарғара) ва ғайра ороиш дода мешуд. Нақшҳои кўзаҳои сафолии маҳаллӣ чандон мураккаб набуданд. Қолибҳо нақшҳои хатти уреб, бодомча, чоркунҷа  ва амсоли инҳоро доштанд. Баъзе занҳои кўзагар баъд аз хушконидан ва пухтани зарфҳо бо рангҳои табиӣ маҳсулоти худро бо тасвирҳои гулу баргҳо ва хатҳои мавҷнок оро медоданд.

Зарфхои хушкшударо дар хумдон ё оташдонҳои махсус мепухтанд. Хумдонҳо вобаста ба таъйиноту вазифаашон ду навъ мешуданд: хумдони калон, ки барои кўзаву хуму хурмаҳо сохта шуда буданд ва хумдони косаву табақ, ки хурдтар буданд. Хумдон аз гулах-фарши оташафрўзӣ, тур (пур)-ҷойи зарфгузорӣ иборат буда, аз болояш сўрохие калоне мавҷуд буд, ки онро “Даҳани хумдон” меномиданд. Девораҳои хумдон аз чор тараф бо номи “Мурғак”сўрохиҳои хурде барои дудбароӣ дошт. Зарфҳоро аз даҳанаи хумдон ба тур андохта, даҳани хумдонро бо сафолпораҳои кўҳна маҳкам мекарданд.

Кулолон то 30-40 сол қабл зарфҳои зиёди сафолиро истеҳсол менамуданд.Чунончикўза, офтоба, хурма, хум, машрафа (машраба), якдаста, коса, шоҳкоса, пиёла, табақ, чилобчин, ширполо, чойҷўш, намакдон ва амсоли инҳо. Ба ғайр аз зарфҳо кулолон инчунин дегдон, сарпўши дегдон, кулӣ, бозичаҳо ва дигар маҳсулоти гилиро месохтанд.

Косаву табақҳоро сир медавониданд ва бо рангҳо нақшҳо кашида, ороиш медоданд. Рангро кулолон аз ишқор, маъданҳои табиӣ, гиёҳу маҳсулоти ҷонварон тайёр мекарданд.

Касби кулолӣ дар байни тоҷикон то ба нимаҳои садаи ХХ маъмул буд, аммо бо пайдо шудани зарфҳои чинии воридотӣ ва филизии корхонаӣ доираи истифодаи маҳсулоти кулолӣ танг шуда, касби мазкур рў ба инқироз овард.

Иқтибос аз  Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” (қисми якум), ки соли  2015 аз ҷониби Сарредаксияи Энсиклопедияи миллии тоҷик чоп шудааст.

Таҳияи Зебуннисо Сафарова                                                                    
мутахассиси пешбари шуъбаи
адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар
          

Дидан карданд: 214

Мавзӯъҳои монанд:

ДӮЗАНДАГӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

АДРАСБОФӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

ЗАРДӮЗӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

КУЛОЛӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

ЛИБОСҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

КАМАРБАНД (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

ЮНЕСКО ва тамаддуни Осиёи Марказӣ

Алочабофӣ ва таърихи мухтасари он

“Боғкўчӣ”, яъне чӣ?

7 НОЯБР РӮЗИ ТЕАТР

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: