|

Меъёр ва индикаторҳои рушди устувор

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-10-17

Аён аст, ки барои баҳодиҳии дар кадом ҳолат қарор доштанамон, ба кадом самт ҳаракат доштанамон муайян намудани меъёрҳо зарур аст. Ин мақсад дар боби 40-уми «Маърузаҳо барои асри 21» оварда шудааст: «Бо мақсади сохатани асосҳои боваринок барои ҷараёни қабули қарор дар ҳамаи сатҳҳои ҳамкории судаманди худтанзимнамоии устуворӣ, маҷмӯи низомҳои экологӣ ва рушд низом коркарди нишондиҳандаҳои рушди устувор зарур аст» Чунин проблема бениҳоят мураккаб аст, чунки пешниҳодҳои кардашуда гуногуннақша ва якдигарро инкоркунандаанд.

Дида баромадани бузургиҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ дар як комплекси умумӣ, аллакай аз тарафи умум қабул шадааст. Табиист, ки меъёр ё инки индикаторҳои рушди устувор бояд ин се қисмати зарурии тарақиётро инъикос намояд. Аз тарафи дигар, рушдро метавон ҳамчун ивазнамоии ҳолат дида баромад, ки ҳар яки он тавсифи рушди муайян ва имконот ба тағийрёбиро доранд. Маҳз аз ҳамин ду нуқтаи назар низоми меъёрҳои рушди устувор ташаккул ва рушд меёбанд.

Индикаторҳои рушди устувор бо дарназардошти гурӯҳбандӣ аз рӯи соҳаҳо:

1. Гуруҳи индикаторҳои иҷтимоӣ: мубориза бар зидди камбизоатӣ, динамикаи демографӣ ва устуворӣ, беҳсозии маълумотнокӣ, ҳимоя ва беҳгардонии тандурустии одамон, бетаргардонии рушди маҳалҳои аҳолинишин.
2. Гурӯҳи индикаторҳои иқтисодӣ: кооператсияи байналхалқӣ барои суръатноккунии рушди утувор ва бо ин алоқамандии сиёсати маҳаллӣ, тағирёбии тавсифи истеъмолот, ресурсҳои молиявӣ ва механизмҳо ва ғ.
3. Гурӯҳи индикаторҳои экологӣ: нигоҳубини сифати захираҳои обӣ ва таъминоти он; ҳимояи уқёнусҳо, баҳрҳо ва масоҳатҳои наздикии онҳо; муносибати комплексӣ нисбат ба банақшагирӣ ва самаранок истифодабарии захираҳои заминӣ; дуруст идоракунии низомҳои иқтисодии зарарёфта, мубориза бар зидди харобазоршуда ва хушкӣ; ҳамкорӣ оиди бурдани хоҷагии қишлоқи устувор ва рушди ноҳияҳои хоҷагидор; мубориза нисбати ҳифзи ҷангалҳо; нигоҳдории гуногуншаклии биологӣ; аз ҷиҳати экологӣ бехатар истифодабарии биотехнология; ҳифзи атмосфера; аз ҷиҳати экологӣ бехатар идоранамоии партовҳои мураккаб ва обҳои зараррасон; аз ҷиҳати экологӣ бехатар идоракунии химикатҳои марговар; аз ҷиҳати экологӣ бехатар идоранамоии партовҳои хатарнок; аз ҷиҳати экологӣ бехатар идоракунии партовҳои радиоактивӣ.
4. Гурӯҳи индикаторҳои институтсионалӣ: баҳисобгирии масъалаҳои экологӣ ва инкишоф дар банақшагирӣ ва идоракунӣ барои рушди устувор; механизмҳои миллӣ ва ҳамкории байналмиллалӣ барои сохтани иқтидор дар давлатҳои тарақикардаистода; тартиби институтсионалии байналмиллалӣ; механизмҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ; иттилоот барои қабули қарор ва ғ.

Индикаторҳои устуворӣ бояд ба чунн меъёрҳои асосӣ ҷавобгӯ боанд:
– имкони дар сатҳи макро ва иқтисоди миллӣ истифодабурданро дошта бошанд;
– ҷанбаҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро дар бар гиранд;
– бояд фаҳмо ва маънои якхела дошта бошанд;
– ифодаи шуморавӣ дошта бошанд;
– бояд ба низоми миллии омор такя намуда, хароҷотҳои зиёдатиро барои ҷамъоварии маълумот ва ҳисобу китобҳо талаб накунанд;
– барои муқосакуниҳои байналмиллалӣ ваколатдор бошанд;
– имкони баҳодиҳиро дар динамикаи вақтӣ дошта бошанд;
– шумораи маҳдуд дошта бошанд ва ғ.

Ба ташкилотҳои байналхалқӣ ва давлатҳои алоҳида меъёр ва индикаторҳои рушди устувор пешниҳод карда мешаванд, ки низоми мураккаби нишондиҳандаҳоро доро мебошанд. Коркарди индикаторҳои рушди устувор характери комплекӣ ва тартиботи гаронбаҳо дошта, шумораи зиёди иттилоотро талаб намуда, ки бадастории он мураккаб ё инки тамоман имконнопазиранд.

Вобаста ба ин метавон ду нуқтаи назари асосиро аз ҳамдигар ҷудо намуд:
1. Бунёди индикаторҳои агрегативии интегралӣ, ки дар асоси он метавон дараҷаи устувории рушди иҷтимоӣ-иқтисодиро муайян намуд. Агрегативкунонӣ одатан дар асоси се гурӯҳи нишондиҳандаҳо амалӣ карда мешавад:
– экологӣ-иқтисодӣ;
– экологӣ-иҷтимоӣ-иқтисодӣ;
– экологӣ.
2. Бунёди низоми индикаторҳо, ки ҳаряки он ҷнанбаҳои алоҳидаи рушди устуворро инъикос мекунад. Дар бештари мавридҳо дар доираи низоми умумӣ чунин нишондиҳандаҳои зернизомӣ ҷудо карда мешаванд:
– иқтисодӣ;
– экологӣ;
– иҷтимоӣ;
– институтсионалӣ.

Дидан карданд: 636

Мавзӯъҳои монанд:

Консепсияи гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувор

Меъёр ва индикаторҳои рушди устувор

Масъалаҳои асосӣ ва боҳамалоқамандӣ

Марҳилаҳо ва қонуниятҳои Рушди Инсонӣ

Моҳияти Рушди Инсонӣ ва ташаккули категорияҳои Рушди Инсонӣ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: