|

Масъалаҳои асосӣ ва боҳамалоқамандӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-10-17

Масъалаҳои асосӣ ва боҳамалоқамандӣ. Мафҳуми «рушди устувор» ба илми ҷаҳонӣ ва сиёсат, аз тарафи коммиссияи Брутланд ҳамчун рушд ҷорӣ намуда, ки эҳтиёҷоти имрӯзаро қонеъ мегардонад, инчунин имкониятҳоро барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти насли оянда таҳдид намекунад. Дар ин мафҳум марҳилаи пештараи рушди экстенсивии инсоният ва маҳдудияти захираҳоро инъикос мекунад. Маҳдудияти захираҳо тавсифи маҷмуави дорад ва танҳо бо маҳдудияти ашёи минералӣ алоқаманд набуда, инчунин боҳамалоқамандӣ ва боҳамтаъсиррасонии байни низоми антропӣ ва биосфераро дар бар мегиранд. Даркнамоии ин боҳамалоқамандӣ ва боҳамтаъсиррасонӣ ба ҷоринамоии мафҳуми ғунҷоиши хоҷагидории биосфера оварда расонид. Бо истифодаи ин мафҳум аз нуқтаи назари экологӣ, мафҳуми пурраи рушди устувор пешниҳод карда шуд: «Рушди устувор – ин чунин рушдеро дар назар дошта мешавад, ки таъсирасонӣ ба муҳити иҳотакардашуда дар доираи ғунҷоиши хоҷагидории биосфера қарор дошта асоси табии азнавистеҳсолӣ ҳаёти инсонро барҳам намедиҳад.

Дар ташаккулёбии консепсияи рушди устувор, ки дар доираи низоми СММ зери дастгирии ЮНЕСКО гузашт, метавон якчанд марҳилаҳоро маънидод намуд: якумин конференсияи байниҳукуматӣ оид ба муҳити иҳотанамудаи инсонӣ дар Стокголм (соли 1972), конференсияи минбаъда дар Рио-де-Жанейро (солҳои 1982, 1992) ва конференсияи барпошуда дар Йоханнесбург (соли 2002).

Нақши муайянкунандаро дар аввалин барқароршавии консепсияи рушди устувор конференсияи СММ оиди муҳити иҳотакардашуда, моҳи июни соли 1972 дар Стокголм (Шветсия) барпо шуд, бозид, ки қарори қабулкардашуда барои тамоми инсоният таърихӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҳамон давра аввалин маротиба изҳорот оиди дохил намудан ба барномаҳои амалкунанда дар сатҳи ҳукумат чораҳо оиди ҳалли проблемаҳои заволёбии муҳити иҳотакардашудаи табиӣ андешида шуда, чунин барномаҳо қабул кара шуданд: барномаи изҳоротии иштирокчиён (эломия аз 26 принсип), нақша амалиётҳо, ки 109 пешниҳодро дар бар гирифт ва пешниҳод ба асамблеяи гениралии СММ доир ба сохтани Барномаи СММ оиди муҳити иҳотакардашуда. Хазинаи ихтиёрии муҳити иҳотакадашуда ташкил карда шуд ва Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити иҳотакардашуда 5 июн муқарар карда шуд. Эломияи Стокголмӣ оиди муҳити иҳотакардаи инсонро ва принсипҳое, ки дар он ҷой доранд аввалиншуда маҷмӯи «қонунҳои сабук» дар фаъолити байналхалқии ҳифзи муҳити зист ифода кард шуд. Дар конференсияи Стокголмӣ ҳуқуқи одамонро оиди «дар муҳити иҳотакардаи чунин сифатноке, ки ҳаёти пур аз манзаллат ва давлатмандиро дар назар дорад» ифода ёфта буд. Аз ҳамин давра сар карда қисмати зиёди ташкилотҳои байналхалқӣ ва қариб 50 ҳукумати давлатҳои гуногун, ҳуҷҷатҳои асосӣ ё инки сарқонуни миллии худро, ки ҳуқуқи инсонро ба муҳити иҳотакардаи солим эътироф мекунад, қабул намуданд. Муаммоҳои муҳити иҳотакардашуда ба яке аз масъалаҳои афзалиятоки сатҳи минтақавӣ ва миллӣ табдил ёфт. Агар то давраи конференсияи Стокголмӣ 10 вазорати ҳифзи муҳити зист мавҷуд бошад, то соли 1982 шумораи чунин вазорат ва департаментҳо қариб дар 110 давлати дунё сохта шуданд.

Истилоҳи «рушди устувор» («sustainable development») аз соли 1982 дар ҳоле, ки маърӯзаи Комиссияи умумиҷаҳонии СММ оиди муҳити иҳотакардашуда ва рушд «Ояндаи ҳамаи мо», ки онро Г.Х.Брундтланд сарварӣ мекард, аз чоп баромад, васеъ паҳн шуд. Мувофиқи суханони Г.Х.Брундтланд «комисияи байналхалқӣ ба хулосае омад, ки рушди устувор бояд ҷузъи асосӣ дар стратегияи тағийротии глобалӣ бошад». Дар маърузаи Комиссияи умумиҷаҳонӣ оиди муҳити иҳотакардашуда ва рушд, ки инчунин ҳамчун маърузаи комиссии Брундтланд машҳур аст, рушди устувор чунин рушде муайян шудааст, ки насли имрӯза эҳтиёҷотҳои худро қонеъ намуда, имкониятҳои қонеънамоии насли ояндаро оиди қонеъ намудани ниёз ва эҳтиёҷотҳои худ, маҳрум намесозанд.

Саммити умумиҷаҳонӣ (форум дар сатҳи олӣ) оиди рушди устувор, ки моҳи сентябри соли 2002 дар шаҳри Йоханнесбур барпо гашт, тамоми ҷомеаи ҷаҳониро бо тарафдории идеяи рушди инсонӣ тасдиқ намуд.

Агар дар конференсияе, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейро (Бразилия) муаммои муҳити иҳотакардашуда барои ноилшавии мақсадҳои рушди устувор барарӣ дошта бошад, дар ин суръат дар Йохеннесбург ба ин муаммо чунин диққат ба монанди, муҳокимаи масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дода шуда буд. Иҷрокунандаи роҳбари ЮНЕП дар баромади худ қайд намуд, ки муаммои глобалии заволёбии табиат аз камбизоатӣ ва нодуруст тақсимнамоии неъматҳо ба вуҷуд меояд ва дар мавқеи аввал масъалаи «муҳити иҳотакардашуда барои рушд»-ро ҷудо намуд.

Бинобар ҳамин ҳам дар ду ҳуҷҷати қабулнамудаи саммити Йоханнесбург (Эломияи сиёсӣ – Эломияи Йохеннесбург оиди рушди устувор ва Нақшаи иҷроиши қарорҳои Вохӯрии умумиҷаҳонӣ дар сатҳи олӣ оиди рушди устувор) афзалият ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ барои ноилшавии рушди устувор, пеш аз ҳама азбайбарии камбизоатӣ, инкишофи соҳаи тандурустӣ, махсусан, таъмини оби тозаи нӯшиданӣ дода шуда буд. Масъалаи муҳити иҳотакардашуда пеш аз ҳама аз нуқтаи назари ҳифзи базаи табиӣ-захиравии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва идоракунии он, инчунин тағийрёбии сохтори истеъмолот ва истеҳсолот, яъне аз нуқтаи назари антропоцентриявӣ дида баромада шуда буд. Аммо дар Эломияи сиёсии Йоханнесбург махсусан муаммои аздастдиҳии биогуногунӣ (биоразнообразия), ҳамчун дорандаи ифодаи калон қайд карда шуда буд. Ба шумораи муаммоҳои наве, ки дар Рио-де-Жанейро муҳокима нашуда ва дар даҳсолаи наздик пайдо шуда метавон масъалаҳои глобализатсия, савдо, маблағгузории рушди устуворро номид. Гарчанде, ки дар ҳуҷҷатҳои саммити Йоханнесбург даъвати ошкорро ба давлатҳои тарақикарда оиди кам намудани итеъмолоти худи мавҷуд набуда дар он талаботҳои зиёд оиди маблағгузории рушди устувор ба давлатҳои тарақикарда ҷой дорад.

Меъёрҳои асосии рушди устувор инҳо ба ҳисоб мераванд:
– якум, дараҷаи таъмини азнавбарқароркунии захираҳо, ақалан бояд онҳо кам нашаванд ва захираҳои ба монанди ресурсҳои азнавбарқарорнашаванда на танҳо сарфакорона хароҷот шаванд, инчунин он аз ҳисоби кушодан ва азхудкунии сарчашмаҳои нави энергия ва шаклҳои нави ашёҳо пур карда шаванд, яъне онҳо бояд ба ресурсҳои беинтиҳо мубаддал гарданд;
– дуюм, ҳадди миёна ва ниҳоии захирағунҷоиши иқтисодиёт, яъне мутаносибии хароҷотҳо ё инки зиёдшавии хароҷоти захираҳои табиӣ нисбат ба маҳсулот ёинки зиёдшавии маҳсулот, ақалан аз ҳад бояд зиёд набошад;
– сеюм, ҳадди миёна ва ниҳоии ғунҷоиши иқтисодиёт, яъне нисбати партовҳо ё инки зиёдшавии партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ, аз ҷумла партовҳои зарарнок ба табиат;
– чорум, сатҳи ҳосилнокии меҳнат ва ҳиссаи омилҳои интенсивӣ нисбат ба зиёдшавии маҳсулот бояд кам нашавад;
– панҷум, сатхи даромад бар души аҳолӣ, ақалан бояд кам нашавад, ва дараҷаи нобаробарӣ дар тақсимоти даромад бар души аҳолӣ, ақалан набояд зиёд шавад.

Алоқамандиҳои шуморавии асосӣ ҳангоми рушди устуворро метавон тавассути функсияи истеҳсолӣ ва якчанд маҳдудиятҳои, ки инъикоскунандаи шароити рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ, демографӣ ва экологӣ аст, ифода намуд:

y = Qt/Qo ≥ 1 Q = f(K,L,N,T,O),

дар ин ҷо: у – суръати рушди устувор, Q – маҳсулоти ниҳоӣ ё инки маҳсулоти соф, К – хароҷотҳои сармоявӣ, L – хароҷотҳои меҳнатӣ, N – хароҷоти захираҳои табиӣ, Т – омилҳои илмӣ техникӣ, О – омилҳои ташкили-иқтисодӣ.

Дидан карданд: 318

Мавзӯъҳои монанд:

Консепсияи гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувор

Меъёр ва индикаторҳои рушди устувор

Масъалаҳои асосӣ ва боҳамалоқамандӣ

Марҳилаҳо ва қонуниятҳои Рушди Инсонӣ

Моҳияти Рушди Инсонӣ ва ташаккули категорияҳои Рушди Инсонӣ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: