|
youtaj

Маҳсулоти тухмӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-09-26

Барои кам кардани нобудшавӣ ва беҳтар намудани сифати кашонидан аз тухм маҳсулоти тухмии яхкардашуда ва хокаи тухм тайёр мекунанд.
Муҳимтарин маҳсулоте, ки аз тухм гирифта мешавад, маҳсулоти тухмии яхкардашуда ба ҳисоб меравад, ки он то дараҷаи муайян сифати аввалини тухмро нигоҳ медорад. Барои тайёр намудани маҳсулоти тухмӣ, тухми мурғи ошхонагии тару тоза, ғизоии камқимат дошта, техникӣ, яхдонӣ ва оҳакобиро истифода мебаранд.
Барои истеҳсоли маҳсулоти тухмии яхкардашуда моддаи даруни тухмро гирифта, онро аз майдаҳои пўчоқ, пардаю ҷанин тоза намуда ба қутиҳои металли зангназанандаи ҳавоногузар ба миқдори 5 – 10 кг ҷо ба ҷо карда, дар ҳарорати - 180 С ях мекунонанд. Ин маҳсулотро дар яхдонҳо нигоҳ медоранд ва фақат пеш аз истифода аз яхдон мебароранд.
Ба номгўи маҳсулоти тухмии яхкардашуда меланжи яхкардашуда, сафедӣ ва зардии яхкарда шудаи тухм дохил мешаванд. Меланжи яхкардашуда ин ҳаҷми якҷояи зардӣ ва сафедии тухм ба ҳисоб меравад.
Сафедӣ ва зардии тухми яхкардашуда бошад ин ҳаҷми алоҳидаи сафедию зардӣ мебошад, ки дар қутиҳои алоҳида ҷо ба ҷо карда ях мекунонанд ва истифода мебаранд.
Ба маҳсулоти хокаи хушккардашудаи тухми мурғ сафедӣ ва зардии якҷоя хушккардашуда ва ё алоҳида хушккардашуда дохил мешаванд. Дар таркиби онҳо 40,9% равған, 43,2% сафеда, 6,4 % об ва 3,6 % намакҳои маъданӣ мавҷуд аст. Мўҳлати нигоҳдории хокаи хушки тухм аз 6 моҳ то 1 сол аст.
Хокаи хушки аз тухми навъҳои олӣ ва якум истеҳсол карда шударо барои тайёр кардани таомҳои гуногун истифода мебаранд. Ба ғайр аз маҳсулоти дар боло номбаршуда аз тухм, инчунин, албуман, леситин ва дигар моддаҳо ҳосил мекунанд, ки дар соҳаҳои гуногуни саноат истифода бурда мешаванд.
9.4 Нигоҳдорӣ, ҷо ба ҷо кунӣ, тамғагузории тухм
Ҳангоми нигоҳ доштан дар тухм тағйироти физикӣ ва кимёӣ ба амал меояд, ки онро кўҳнашавӣ меноманд. Агар тухм муддати дуру дароз нигоҳ дошта шавад, оби тухм кам, сабук, камераи ҳавои он калон шуда, сафедию зардии он оҳиста – оҳиста обмонанд мешаванд. Дар ин ҳолот зардии он ҳамчун қисми сабук боло мебарояд, ба пўчоқ расида ҳатто хушк шуда метавонад. Агар зардии тухми муддати дароз нигоҳ дошташударо ба табақча резем, вай паҳн шуда қабати тунук ҳосил мекунад, аммо зардии тухми тару тоза шакли байзавӣ дорад. Тухми обмонанд шуда маззаи хуб надорад.
Ба ғайр аз протссеси куҳнашавӣ баъзан вайроншавии тухм мушоҳида карда мешавад. Ин ҳодиса бо ёри бактерияҳо ва занбўруғҳо ба вуҷуд омаданаш мумкин аст. Микроорганизмҳо одатан аз сўрохиҳои пўчоқ ба тухм ворид мешаванд. Тухми хунуке, ки ба хонаи гарм дароварда мешавад, рўи пўчоқаш арақ мекунад, агар баракс тухми гармро ба ҷои хунук гузаронем, пўчоқ аз дарун арақ мекунад, сўрохиҳо бо об пур мешаванд ва микроорганизмҳо бе душворӣ ба дарун дохил шуда метавонанд. Барои он ки микроорганизмҳо ба тухм сироят накунанд, ҷойҳое, ки мурғ тухм мекунад, зарфу қуттиҳое, ки ба он тухм ҷо ба ҷо карда мешавад ва анборҳои нигоҳдории тухмро тоза нигоҳ доштан лозим аст.
Тухмҳоро пеш аз ба зарфҳо ҷо ба ҷо кардан, дар бинои тоза ва хунук нигоҳ доштан лозим аст. Пеш аз ҷойкунӣ ҳамаи тухмҳои рўяшон ифлос, кафидагӣ, яъне нуқсондорро ҷудо мекунанд. Пас аз он тухмро алоҳида аз рўи намуд ва категория дар қуттиҳои стандарти ба миқдори 360 – 720 донагӣ дар чор қатор ҷо ба ҷо мекунанд. Дар ҳар қутти бояд тамға бо нишондоди номи молдиҳанда, рақам ва санаи навъгузории тухм гузошта шавад. Тамғаро дар кунҷи поёнии тарафи рости қуттиҳо гузоштан беҳтар аст. Дар тамға намуд ва категорияи тухм бояд ба тарзи кўтоҳ нишон дода шавад. Ба монанди П1- тухми парҳезии ошхонагии категорияи 1; ТТ1 – тухми тару тозаи категорияи 1; ЯХ1 – тухми яхдонии категорияи 1; ОХ1 – тухми оҳакобии категорияи 1.
Тухмро асосан дар ҳарорати паст нигоҳ медоранд. Дар яхдонҳо тухмро дар ҳарорати 1 – 20 С ва намнокии нисбии ҳаво 85 – 88% нигоҳ доштан ба мақсад мувофиқ аст. Дар ин шароит тухмро то 2 – 7 моҳ нигоҳ медоранд. Дар раванди нигоҳдорӣ дар ду моҳ як маротиба сифати тухмро назорат кардан зарур аст. Дар оҳакоб дар ҳарорати 100 С тухмро 3 – 6 моҳ нигоҳ доштан мумкин аст. Инчунин тухмро дар атмосфераи гази карбонату нитрат нигоҳ медоранд. Дар ин маврид тухмҳоро дар зарфҳои махсуси ҳаво ногузар ҷойгир намуда, дар анборҳои хунуккунакдор то 1 сол нигоҳ медоранд.

Саволҳо барои такрор

    1. Қувватнокии тухми мурғ ба чанд ккал баробар аст?
    2. Тухми мурғ аз чанд қисми асосӣ иборат аст?
    3.  Дар таркиби тухм чанд фоизи сафеда, равған ва карбогидрат мавҷуд аст?
    4. Чанд намуди тухм мавҷуд аст?
    5. Тухми ошхонагӣ аз яхдонӣ бо чӣ фарқ мекунад?
    6. Тухмҳои парҳезӣ гуфта чӣ гуна тухмҳоро меноманд?
    7. Тухмро ба чанд категория тақсим мекунанд?
    8. Тақсимкунии категорияи тухм аз чӣ вобаста аст?
    9. Вазни тухми ошхонагӣ чанд грамм мебошад?
    10.  Кадом намуди тухмро камғизо меноманд?
    11.  Намудҳои тухмҳои камғизоро номбар кунед?
    12.  Маҳсулоти аз тухм тайёршударо номбар кунед?
    13.  Маҳсулоти аз тухм тайёр кардашударо дар кадом ҳарорат ях мекунонанд ва чӣ тавр нигоҳ медоранд?
    14.  Тухмро чӣ тавр ҷо ба ҷо мекунанд?
    15.  Тухмро дар кадом шароит нигоҳ медоранд?
    16.  Дар вақти нигоҳ доштани тухм чӣ гуна тағйирот ба амал меояд?

Дидан карданд: 476

Мавзӯъҳои монанд:

Маҳсулоти ғайри моҳигии баҳрӣ

Маҳсулоти моҳигӣ

Таснифи моҳиҳои шикорӣ

Арзиши истеъмолии гўшти моҳӣ

Маълумоти умумӣ дар бораи моҳӣ

Консерваҳои гўштӣ ва ҳасибҳо

Маҳсулоти дуюминдараҷаи гўштӣ

Гўшти парандаҳои хонагӣ ва харгўш

Маълумоти умумӣ дар бораи гўшт

Маҳсулоти тухмӣ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: