|
youtaj

Талабот, пешниҳод. Мувозинатии бозорӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-09-20

Талабот – ин шумораи молҳо ва хизматҳое, бо нархи назаррас дар фосилаи вақти муайян харидорӣ карда мешавад. Талаботе, ки бо воситаҳои пулии харидорӣ таъмин аст, талаботи қобилияти пардохт дошта номида мешавад. Бояд қайд намуд, ки талабот аз эҳтиёҷот фарқият дорад. Зеро талабот маънои хоҳиши харидориро дорад, эҳтиёҷот бошад бе пардохт қонеъгардониро низ дар назар дорад (ҳаво, об ва ғайра).
Функсияи талаботи инфиродӣ – ин вобастагии ҳаҷми талаботи инфиродӣ аз омилҳои ба он таъсиррасонанда дар фосилаи вақти муайян мебошад. Функсияи талаботи инфиродӣ дар намуди ҷадвал, график ва дар шакли аналитики ҳамчун баробарӣ ифода шуданаш мумкин аст:  
Qd=Q (P, РС, РS, I, T, ed),  ки дар ин ҷо ,
Qd - ҳаҷми талаботи инфиродӣ; 
P - нархи мол;   
РС - нархи молҳои пурракунандаи моли        додашуда дар истеъмолот;
 РS - нархи молҳои ивазкунандаи моли     додашуда дар истеъмолот;
 I - даромади истеъмолкунанда;
T - хоҳиш ва дархостҳои харидор;
  ed - пешгӯиҳои истеъмолкунанда. 
Вобастагии ҳаҷми талаботи инфиродӣ аз нархи моли додашуда функсияи талаботи инфиродӣ номида мешавад:  
Qd=Q (P)
Талаботи бозорӣ – ин суммаи талабот ба моли ҳамаи истеъмолкунандагони инфиродӣ ҳангоми нархҳои гуногуни имконпазир дар фосилаи вақти муайян мебошад. 
Пешниҳод – ин шумораи молҳое, ки аз тарафи истеҳсолкунанда барои фурӯш дар бозор пешкаш карда мешавад. Дар назарияи иқтисодӣ пешниҳоди инфиродӣ ва пешниҳоди бозориро аз ҳам фарқ мекунанд. Пешниҳоди инфиродӣ – ин пешниҳоди як фурӯшанда мебошад.
Функсияи пешниҳоди инфиродӣ – ин вобастагии ҳаҷми пешниҳоди инфиродӣ аз омилҳои ба он таъсиррасонанда дар мӯҳлати муайяни вақт мебошад:  
Qs=Q (P, T, Рr, Рa, t, еs),
Пешниҳоди бозорӣ – ин суммаи пешниҳоди мол аз тарафи ҳамаи истеҳсолкунандагони инфиродӣ дар ҳолати гуногунии нархи имконпазир ва дар фосилаи вақти муайян мебошад. 

Дидан карданд: 969

Мавзӯъҳои монанд:

Хусусиятҳои фаъолияти фирма дар шароити рақобати мукаммал

Сохторҳои бозорӣ

Ширкатҳо ва бозорҳо: умумияти принсипҳо ва гуногунии шаклҳо

Хароҷоти истеҳсолӣ

Асосҳои назарияи истеҳсолот (қисми II)

Асосҳои назарияи истеҳсолот (қисми I)

Назарияи рафтори истеъмолкунанда

Мафҳуми чандирнокӣ

Талабот, пешниҳод. Мувозинатии бозорӣ

Мавқеи микроиқтисод дар системаи иқтисодӣ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: