|
youtaj

Нишондодҳои методологии физикаи муосир

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2017-10-18

Тавре қайд намуда будем, проблемаҳои методологии табиатшиносии муосир масьалаҳоеро дарбар мегиранд, ки тамоми соҳаи илмҳои ба тадқиқи табиат вобаста бударо ба ҳам  мепайванданд.
Ҳалли обьективонаи ин масьалаҳо пешниҳоди системаи нишондодҳои методологиро тақозо дорад, ки қисми муҳими таркибӣ ва принсипи методологии умумитарини ҳар як соҳаи илм ба шумор меравад. Ин нишондодҳо нақши танзимкунандаи фаьолияти илмиро бозида, ба бунёди хулосаҳои ҳақиқии назариявӣ ва таҷрибавӣ мусоидат мекунанд.
Ташакулёбии системаи нишондодҳои  методологии физикаи  классикӣ,  ки  бо бунёди механикаи классикӣ (асри 17) оғоз гардида буд, миёнаҳои асри 19, ба туфайли асосноккунии мафҳумҳо ва принсипҳои физикаи назариявии классикӣ, ба охир расид ва тассавуротҳои зеринро дар бар  мегирад:

  1. Олами физикии воқеӣ, новобаста аз инсон ва шуури вай мавҷуд аст;
  2. Олами материалӣ  омўхташаванда аст;
  3. Асоси донишҳои физикӣ ва меьёри асилии онҳо таҷриба аст;
  4. Ба даст овардани донишҳои воқеӣ моҳиятан имконпазир аст;
  5. Кулли ҷузиёти олами физикӣ байни худ бо робитаҳои сабабияту оқибат  пайвандии ногусастанӣ доранд (детерминизми Лаплас);
  6. Кулли хусусиятҳои обьекти таҳқиқшавандаро бо усули таҷрибавӣ дар як вақт муайян кардан мумкин аст;
  7. Дар раванди тадқиқот обьекти физикӣ бетағйир  мемонад ва аз тарзу шароити тадқиқот вобаста намебошад;
  8. Сохту таркиби фаьолияти маьрифатӣ дар физика ба монанди сохту таркиби олами физикӣ абадист ва тағӣирнопазир аст;

Агар ба мазмуну мундариҷаи нишондодҳои методологии зикршуда диққат диҳем ба хулоса омадан мумкин аст, ки кулли хусусиятҳои физикаи олами воқеӣ то охири 19 комилан ва пурра омўхта шудаанд.
Аммо, дар ибтидои асри 20 ба тавассути бунёди назарияи нисбияти Эйнштейн, механикаи квантӣ ва кашфи зарраҳои элементарӣ зарурат пеш омад, ки нишондодҳои методологии зикршудаи физикаи классикӣ ба таври ҷиддӣ аз нав дида шавад.  Дар айни замон нишондодҳои методологии 1, 2, 3 ва 4 – и  физикаи классикии дар боло овардашуда амалан бетағйир мемонанд. Вале бар хилофи физикаи классикӣ, ки дар он олами физикаи ашёҳо ҳамчун объекти сифатан якҷинса ҳисобида мешавад, дар физикаи муосир мавҷудияти се савияи таркибии сифатан фарқкунанда - микроолам, макроолам ва мегаолам эътироф гардид.
Мувофиқи принсипҳои физикаи муосир сабабият ҳамчун яке аз ҷузьҳои робитаю таьсироти мутақобилаи байни обьектҳо ва ҳодисаҳои олами материалӣ ба микроолам низ хос аст, вале табиати ин робита ва таьсирот аз детерминизми классикӣ (нигар ба нишондоди 5) ба таври куллӣ фарқ мекунад: ҳодисаҳои микроолам моҳиятан тасодуфианд ва ба қонуниятҳои статистикӣ итоат мекунанд (детерминизми эҳтимолиятӣ).
Агар дар физикаи классикӣ хусусиятҳои объект дар як вақт чен карда шаванд (нишондоди 6), пас барои объектҳои квантӣ чунин имконот вуҷуд надорад (принсипи номуайянии Гейзенберг).
Фарқияти дигари ҷиддие ки дар методологияи физикаи муосир нисбат ба методологияи физикаи классикӣ зоҳир мешавад, вобастагии тасвири хусусиятҳои обьект аз тарзу шароити тадқиқот мебошад (нигар ба нишондоди 7). Масалан, дар физикаи релятивӣ тасвири обьекти таҳқиқшаванда дар системаҳои сарҳисоби гуногун якхела намебошад. Дар механикаи квантӣ бошад дар ин ҳолат зарурати ба эьтибор гирифтани нақши таъсири мутақобилаи  байни обьекти микроскопӣ ва асбоби ченкунӣ ба миён меояд (принсипи мукаммалкунии Бор).
Таркиби фаьолияти маьрифатӣ дар физикаи муосир, бар хилофи физикаи классикӣ (нигар ба нишондоди 8), доимӣ ва абадӣ намебошад. Кашфи обьектҳои квантӣ ва ҳодисаҳои релятивӣ тарзу усули нави тадқиқот-механикаи квантӣ ва назарияи нисбияти Эйнштейнро ба вуҷуд овард.

           
Тавре ба назар мерасад, системаи нишондодҳои методологии физикаи муосир бо вуҷуди мавҷудияти як қатор умумиятҳо аз нишондодҳои методологии физикаи классикӣ бо мафҳумҳо, принсипҳо ва категорияҳои комилан нави гўё «ба ақли солим рост наоянда» фарқияти принсипиалӣ доранд. Аз ин рў, дар аснои омўзиш ва тадқиқи назариявӣ ва таҷрибавии ҳодисаҳои физикӣ ба эътибор гирифтани нишондодҳои зикршуда шарт ва зарур аст.

Дидан карданд: 886

Мавзӯъҳои монанд:

Биотехнологияи муосир ва ояндаи инсоният

Табиатшиносӣ ва ояндаи тамаддун

Консепсияи худташкилёбӣ дар илм

Хусусиятҳои табиатшиносии асри 21

Пайдоиши ҳаёт дар рўи Замин ва давраҳои эволютсияи он. Консепсияҳои пайдоиши инсон, муносибатҳои иҷтимоӣ, шуур ва забон

Табиати зинда, хусусиятҳо ва савияҳои ташаккули он

Инқилоб дар биологияи молекулавии нимаи дуюми асри 20

Самтҳои инкишофи биологияи муосир ва принсипҳои асосии он

Нишондодҳои методологии астрономияи асри

Системаи Офтобӣ ва пайдоиши он. Сохт ва таърихи геологии Замин

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: