|

Шумора ва динамикаи миқдори аҳолӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Сино Эгамбердиев

Санаи дохилгардида: 2013-01-05

Нақша:
1. Манбаъҳои маълумот дар бораи шумораи аҳолӣ.
2. Баҳисобгирии аҳолӣ
3. Рӯйхатгирии аҳолӣ.
4. Динамикаи (афзоиши) шумораи аҳолии ҷаҳон.

1. Манбаъҳои маълумот дар бораи шумораи аҳолӣ

Шумораи аҳолӣ, таркиб, сохтор ва тарзи таҷдиди аҳолӣ яке аз масъалаҳои муҳим ва нуқтаи ибтидоии омӯзиши демографию географии аҳолӣ ба шумор меравад. Зеро тавсифи аҳолии ҳар кадом воҳиди территорӣ (деҳот, шаҳр, ноҳия, мамлакат ва ё региони ҷаҳон) аз муайян кардани миқдори одамони дар он иқоматкунанда оғоз меёбад.
Агарчи масъалаи шумораи аҳолиро соҳаҳои мухталифи илм (омория, демография, этнография) тадқиқ мекунад, вале география ба самти территории миқдори аҳолӣ мароқ дорад.
Зеро шумораи аҳолӣ ва фарқи территории он ба захираи меҳнатӣ таъсир мекунад. Захираҳои меҳнатӣ қисми таркибии қувваҳои истеҳсолкунандаро ташкил медиҳанд. Сониян, шумораи аҳолӣ, тағйирёбии (динамикаи) он дар якҷоягӣ бо таҷдиди аҳоливу сохтори аҳолӣ асоситарин масъалаҳои тадқиқот ва омӯзиши илми демография ба шумор мераванд.
Мафҳуми «шумораи аҳолӣ» маҷмӯи (ҷамъи) одамони дар территорияи муайян (маҳалли аҳолинишин, ноҳия, мамлакат, ва ё региони ҷаҳон) ҷойгир бударо ифода мекунад. Барои аҳолии муқим ҳамчун ҳудуди ҷойгиршавӣ одатан сарҳади маъмурӣ ва ё сарҳади иқтисодӣ - географӣ (масалан, шумораи аҳолии шаҳри Хуҷанд ва ё вилояти Суғд ва ё водии Зарафшон) ба назар гирифта мешавад. Вале барои аҳолии кӯчманчӣ чунин ҳудудро сарҳади ареалӣ (аз лот.aқӯa - майдон, фазо) бодиягарии онҳо ташкил медиҳад. Дар он территорияҳое, ки байни онҳо ҳаракати аҳолӣ имконпазир аст, намудҳои мухталифи шумораи аҳолӣ (шумораи аҳолии мавҷуда, аҳолии доимӣ, аҳолии юридикӣ...) фарқ карда мешавад.
Аҳолии мавҷударо одамоне ташкил медиҳанд, ки ҳангоми рӯйхатгирии аҳолӣ дар маҳалли мазкури аҳолинишин ҳастанд, қатъи назар аз он, ки доимӣ ва ё муваққатӣ дар он зиндагонӣ мекунад. Аҳолии доимиро одамоне ташкил медиҳанд, ки одатан дар ҳудуди маҳалли мазкур (деҳот, шаҳрак, шаҳр, ноҳия, вилоят, давлат) зиндагӣ мекунанд, қатъи назар аз он, ки дар лаҳзаи рӯихатгирии аҳолӣ дар ҳамон территория ҳастанд ё не. Аҳолии юридикиро маҷмӯи одамоне ташкил медиҳанд, ки дар маҳалли мазкури аҳолинишин дар қайд (масалан, қайди шиноснома...) мебошанд.
Шумораи аҳолӣ дар вақт тағйирёбанда мебошад. Тағйир ёфтани шумораи аҳолӣ ба воситаи таваллуднокӣ, фавтнокӣ ва дар территорияҳои алоҳида - ба воситаи муҳоҷироти аҳолӣ мегузарад. Маълум аст, ки дар ҳар лаҳзаю дақиқа касе таваллуд мешавад ва касе мемирад, касе ҷои истиқоматашро дигар мекунаду касе ба ин маҳал меояд. {амин тавр, раванди тағйир ёфтани шумораи аҳолӣ (ва дар як вақт сохтори он) мутассил ба амал меояд.
Тағйирёбии миқдори аҳолӣ, ҷамъбасти зиёдшавӣ ва ё камшавии шумораи он натиҷаи таъсир ва амали қувваҳои зиёдкунанда ва камкунандаи шумораи он мебошад. Шумораи аҳолии мамлакат ва ҳар кадом воҳиди территорӣ аз ҳисоби таваллудшавӣ ва омадани муҳоҷирон зиёд мешавад, вале дар як вақт, аз ҳисоби фавт ва муҳоҷироти (рафтани) одамон кам мегардад. Бинобар ин бузургии тағйирёбии шумораи аҳолӣ ба чор нишондиҳанда-миқдори таваллуд ва фавт, кӯчида омадагон ва кӯчида рафтагон вобаста аст,
Фарқи байни миқдори таваллуд ва фавт дар ягон давр (одатан дар як сол) дар территорияи муайян афзоиши табиии аҳолӣ номида мешавад.
Бояд дар хотир дошт, ки афзоиши табиии аҳолӣ мусбат (агар миқдори таваллуд аз фавт зиёд бошад) ва ё манфӣ (агар миқдори фавт назар ба таваллуд зиёд бошад) шуда метавонад.Таносуби байни миқдори рафтагон ва омадагонро дар территорияи муайян дар ягон давр (сол) афзоиши мигратсионии (механикии) аҳолӣ ва ё садои мигратсия меноманд, ки он низ мусбат (агар миқдори одамони ба маҳалли муайян омада назар аз ин маҳал (қария) рафта зиёд бошад) ва ё манфӣ (агар миқдори одамони омада назар ба рафтагон кам бошад) шуда метавонад. Афзоиши табиии аҳолӣ ва салдои (аз итал. saldo - бақия, ҳисоб) мигратсия компонентҳои (қисми таркибии) тағиърдиҳандаи шумораи аҳолӣ мебошанд. Аз ин ҷост, ки агар афзоиши табиии аҳолӣ ва салдои мигратсия мусбат бошад, пас афзудани миқдори мутлақи аҳолӣ ба вуҷуд меояд. Ва баръакс, агар афзоиши табиии аҳолӣ ва салдои мигратсия манфӣ бошад, ё худ нишондиҳандаи афзоиши табиии аҳолӣ мусбат, вале камтарин (паст) бошаду аммо салдои мигратсия манфии бештар (баландтар) ва ё нишондиҳандаи салдои мигратсия мусбати паст бошаду аммо афзоиши табиии аҳолӣ манфии бештар (пасттарин) бошад, дар ин ҳолатҳо шумораи мутлақи аҳолӣ кам мегардад.
Дар амалияи демография ва инчунин география шумораи аҳолии давлатҳо ё барои ибтидои давр (аввали сол), ё барои охири давр (охири сол) ва ё шумораи миёнаи аҳолӣ барои давр (сол) дода мешавад.Яъне шумораи аҳолӣ амалан барои лаҳзаи муайяни вақт ҳисоб карда мешавад. Шумораи миёнаи аҳолиро барои давр (сол) аз рӯи формулаи зерин ҳисоб мекунанд:

(I)

Дар ин ҷо: -шумораи миёнаи аҳолӣ,
-шумораи аҳолӣ дар ибтидои давр (сол),
–шумораи аҳолӣ дар охири давр (сол)
Сарчашмаи (манбаъҳои) маълумот дар бораи шумораи аҳолӣ мухталифанд. Умдатарин манбаи маълумот рӯйхатгирии аҳолӣ ба шумор меравад. Дар фосилаи байни рӯйхатгирии аҳолӣ манбаъҳои дигари маълумот дар бораи шумораи аҳолӣ ва раванду ҳодисоти демографӣ истифода бурда мешавад. Дар байни онҳо ҳисоби ҷории шумораи аҳолӣ ва равандҳои демографӣ,тартиб додани ҳар гуна рӯйхатҳо, тадқиқоти интихоби махсус, регистри (қайдӣ) компютерии аҳолӣ аҳамияти бештар доранд.
{ар кадом аз ин манбаъҳои маълумот дар бораи аҳолӣ ҳам ҷиҳати мусбӣ ва ҳам манфӣ дошта, ҳамдигарро пурра мегардонанд ва фақат дар мавриди истифодабарии якҷояи онҳо дар бораи шумораи аҳолӣ ва ҳодисоту равандҳои демографӣ маълумоти пурра, саҳеҳ ва боэътимод ба даст овардан мумкин аст.

2. Баҳисобгирии аҳолӣ

Ба ҳисоб гирифтани миқдори одамон аз замонҳои қадим оғоз ёфта буд. Аввалин майлу рағбат, кӯшиш ва талаботи ҷамъият барои муайян кардани шумораи аҳолӣ ҳанӯз дар давраи ғуломдорӣ ба вуҷуд омада буд. Сиёсати андозӣ ва ҳарбии давлатҳои ғуломдорӣ дар бораи миқдори аҳолӣ, таркиби ҷинсӣ ва синну солии онҳо маълумоти аниқро талаб мекард, ки ин сабаби гузаронидани нахустин ҳисобкуниҳои шумораи аҳолӣ гардида буд. Масалан, дар Мисри қадим (с.2800-2950то мелод) ҳисобкунии характери фискалӣ доштаи (лот-fiskalғs-давлатӣ, хазина, андоз) аҳолӣ гузаронида мешуд.
Чунин ҳисобкуниҳои аҳолӣ бо мақсади андозғундорӣ дар Яҳудияи қадим, Месопотамия (Байнаннаҳрайн), {индустон, Хитой (а.ҷҷIII-то мелод) низ гузаронида мешуд. Дар Рими қадим баҳисобгирии миқдори аҳолӣ бо мақсадҳои ҳарбӣ, фискалӣ (андозӣ) ва электоралӣ (аз лот –ӯlӯktoқ-интихобот,интихобкунанда) аз соли 435 то мелодӣ оғоз меёбад, ки онро «сенз» (аз лот.cӯnsғs-баҳомонӣ, ҳисоб кардан,баҳо монда шуда) ва шахсони масъули ин амалиётро сезорҳо меномиданд. Корҳои баҳисобгирии аҳолӣ дар он ҷо ниҳоят ҷиддӣ буда, қонуни онҳо талаб мекард, ки шаҳрвандон зери савганд ба сензорҳо маълумоти талабкардаро (ному насаб, синну соли худ ва аъзоёни оила, молу мулкашонро) баён кунанд. Натиҷаҳои сенз дар дафтари махсуси қайд мунтазам акс карда мешуд, ки дар асоси он шумораи аҳолӣ,синну сол ва ҷинси онро муайян кардан он қадар душвор набуд.
Дар асри миёна қайди характери андозӣ доштаи аҳолӣ дар давлатҳои дигари Аврупо (Англия, Шведсия,Руссия, Белгия ва диг.) низ паҳн гардид. Онҳо баҳисобгирии аҳолиро муҳим намедонистанд, шахсони андоздиҳанда ва воҳиди андоздиҳӣ (хоҷагиҳо, хонаҳо, ҳавлиҳо) –ро ба рӯйхат мегирифтанд. Баъдтар, дар асрҳои ҷIV-ҷVI натиҷаҳои баҳисобгирӣ дар «китобҳои муншиён» қайд карда мешуданд. Дар а.ҷVII хоҷагӣ (ҳавлӣ) воҳиди ягонаи андоздиҳанда гардида,баҳисобгирии аҳолиро рӯйхатгирии ҳавлӣ меномидагӣ шуданд. Аз ин ҷост,ки тамоми он ҳисобкуниҳои аҳолӣ як андоза содда ва яктарафа буда, ё қисми аҳолиро (ғуломон, сарбозон, андоздиҳандагон, интихобкунандагон,) ва ё ҳавлиҳо (хонавода) ва соҳибони онҳоро дарбар мегирифту халос.
Ташаккули давлатҳои марказонидашуда ва ба вуҷуд омадану инкишофи муносибатҳои капиталистии истеҳсолӣ оид ба равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ, аз он ҷумла,аҳолӣ талаботи маълумоти аниқ ва боэътимодро ба миён гузошт. ҷавобан ба чунин талаботи ба миён омада дар давлатҳхои Аврупо ва ШМА системаи давлатии омор оҳиста- оҳиста пайдо шуда, масъалаи дар асоси бунёди нав гузаронидани ҳисобкунии аҳолӣ тақозои замон гардид.
Дар Руссия дар аҳди Пётри I бо мақсади гузаронидани ислоҳоти андозӣ (ҷорӣ намудани андози сарикасӣ) ҳанӯз дар соли 1710 кӯшиши баҳисобгирии тамоми аҳолӣ гузаронида шуда буд, вале он низ натиҷаи дилхоҳ надод. Бинобар ин Пётри I, 26 ноябри соли 1718 фармони махсусе ҷорӣ кард, ки дар он «..... рӯйхати ҳама гирифта шавад (як сол мӯҳлат дода шавад)....» амр карда шуда буд. Рӯйхати бо ҳамин роҳ тартиб додашуда танҳо баъди се сол гирд оварда, натиҷаи ҷамъбасти он минбаъд баъди се соли дигар тафтиш-«ревизия» карда шуданд. Аз ин лиҳоз дар Руссия аз ҳамон вақт баҳисобгирии аҳолиро «ревизия» меномидагӣ шуданд. Дар давоми қариб якуним аср (то соли 1860) чунин ревизияҳо дар Руссия даҳ маротиба гузаронида шуд.
Вале тамоми амалиёти баҳисобгирии миқдори аҳолӣ дар давлатҳо дар бораи шумора ва сохтори демографии аҳолӣ маълумоти мукаммал ва боэътимод дода натавонист. Зеро онҳо якчанд сол тӯл мекашанду бағоят ноаниқ буданд, аҳолӣ аз рӯи шумораи ҳақиқии сокинон не, балки танҳо аз рӯи шумораи «дар қайд будагон», ва ё фақат табақаҳои андоздиҳанда ба ҳисоб гирифта мешуданд, ки ин талаботро қонеъ карда наметавонист.
Бинобар ин дар байни давлатҳо аз охирҳои асри ҷVIII ва ибтидои асри ҷIҷ оҳиста-оҳиста усули рӯйхатгирии умумии (сарикасии) аҳолӣ ҷорӣ гардид.

Рӯйхатгирии аҳолӣ ва ҳисоби ҷорӣ

Дар адабиёти мухталиф, сарчашмаҳо ва кутуби илмии замонӣ оид ба рӯйхатгирии аҳолӣ андешаҳои мухталиф баён шудаанд. «Рӯйхатгирии аҳолӣ-ин амалиёти илман муташаккилонаи ғункунии маълумот дар бораи миқдор ва таркиби аҳолӣ мебошад.» Санади мазкур агарчи содда аст, вале он аз рӯи аниқиву пуррагӣ ба дараҷае нокифоя аст. Бинобар ин дар зер андешаҳои мумайизони (экспертҳои) СММ-ро меорем:
«Рӯйхатгирии аҳолӣ-ин раванди умумии ғункунӣ, ҷамъбасткунӣ, баҳодиҳӣ, таҳлилкунӣ ва нашркунии маълумоти демографӣ, иқтисодӣ, ва иҷтимоӣ дар бораи тамоми аҳолии дар мамлакат ва ё ягон қисми таркибии он иқоматкунанда дар лаҳзаи муайяни вақт мебошад»1
Таърихи рӯйхатгирии мунтазами умумии аҳолӣ дар ШМА (с1790), Шведсия. Финляндия (1800), дар Англия, Шотландия, Франтсия, Дания ва Норвегия (с.1801) ибтидо ёфтааст. Аммо онҳо ҳанӯз бо маънои ҳозираашон рӯйхатгирии такмилёфта набуданд: барномаи рӯйхатгирӣ ҳамагӣ аз 2-4 савол иборат буд, одатан дар он танҳо шумораи умумии мардону занон (ҷинсҳо) ба ҳисоб гирифта мешуд, баҳисобгирии аҳолӣ биьёр тӯл мекашид, мақсадаш ситондани андоз ва муайян кардани шумораи мардони калонсол ва хоҷагиҳо буд.
Рӯйхатгирии нахустини ба принсипҳои (бунёди) илмӣ асоснок гардида ба миёнаҳои асри ҷIҷ рост меояд, ки натиҷаҳои он дар давлатҳои аврупоӣ ба вуҷуд омадани муассисаҳои махсуси оморӣ ва рушди илми омория гардид.
Аввалин рӯйхатгирии ҳақиқатан илмии аҳолӣ дар соли 1846 дар Белгия зери роҳбарии олими намоён Адолф Кетле (1796-1874) гузаронида шуд. А. Кетле яке аз асосгузорони илми омория (статистика) ва демографияи муосир ба шумор меравад. Маҳз ӯ принсипҳои асосии рӯйхатгириро (принсипҳои якрӯзагӣ, умумиятӣ, ном ба номӣ, ҷамъ кардани мълумот дар бораи ҳар як сокин, ба ҳисоб гирифтани аҳолии мавҷуда ва диг.) кор карда баромадааст.
Таҷрибаи нахустин рӯйхатгирии аҳолии Белгия (1846) ва сохтори муассисаҳои омории онро минбаъд давлатҳои дигари аврупоӣ васеъ истифода бурданд. Дар коркард ва такмилу рушди методологияи гузарондани рӯйхатгирии аҳолӣ Конгресҳои омории байналхалқӣ ,институти байналхалии оморӣ (с 1885 таъсисёфта) ва дар замони мо Комиссияи оид ба аҳолии СММ корҳои зиёдеро анҷом додаанд.
Дар нимаи дуюми асри ҷҷ методология ва ташкили рӯйхатгирии аҳолӣ хеле такмил ёфт. Дар бисьёр мамлакатҳои Аврупо усули худбақайдгирӣ маъмул шудааст, ки дар он варақаҳои (бланкаҳои) рӯйхатгириро худи сокинон пур мекунанд. Баъзан, дар ШМА ин варақаҳо ба воситаи почта фиристода, сипас нусхаи пуркардашудаи онҳоро мегиранд. {ангоми таҳлили ҷамъбасткунии маводҳои (маълумоти) рӯйхатгирӣ техникаи муосири электронӣ (компютерҳо) истифода бурда мешаванд.

Скачат(33.2kb)

Дидан карданд: 4838

Мавзӯъҳои монанд:

Хусусиятҳои иҷтимои демографии, қобилият ва рафтори кормандон

Фавт ва фавтнокӣ, омилҳои ба он таъсиркунанда

Таваллуд, таваллуднокӣ ва омилҳои ба он таъсиркунанда

Таҷдиди аҳолӣ ва қонуниятҳои он

Шумора ва динамикаи миқдори аҳолӣ

Мақсад, вазифа ва сохтори курси «Демография»

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: