|
youtaj

ДАВЛАТ ВА ВОҲИДИ МАРЗИЮ МАЪМУРӢ ҲАМЧУН СУБЪЕКТОНИ ҲУҚУҚИ ГРАЖДАНӢ (Ҳуқуқи гражданӣ)

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2017-10-03

МАВЗЎЪ: ДАВЛАТ ВА ВОҲИДИ МАРЗИЮ МАЪМУРӢ ҲАМЧУН
 СУБЪЕКТОНИ ҲУҚУҚИ ГРАЖДАНӢ

НАҚША:

  1. Хусусияти субъекти ҳуқуқи гражданӣ будани давлат ва воҳиди марзию маъмурӣ.
  2. Баъзе ҳолатҳои дар муомилоти гражданӣ иштирок кардани давлат

АДАБИЁТ:

  1. Ҳуқуқи гражданӣ қисми II / дар зери тахияи узви вобастаи АУ ҶТ, доктори илми ҳуқуқ, профессор О.У.Усмонов. Душанбе, 2003
  2. Ҳуқуқи гражданӣ қисми II / дар зери тахияи Академики АУ ҶТ, доктори илми ҳуқуқ, профессор М.А.Махмудов. Душанбе, 2007
  3. Гражданское право часть II / под редакции доктора юридических наук, профессора Е.А.Суханова. МГУ 1994
  4. Гражданское право часть II / под редакции доктора юридических наук, профессора А.П.Сергеева и д.ю.н., профессора Ю.К.Толстого. ЛГУ 1997

АКТҲОИ НОРМАТИВӣ:

  1. Кодекси граждании ҶТ қисми I.
  2. Қонуни ҶТ «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» аз 28 декабри 2012 сол.

Закон РТ «О государственно-частном партнёрстве» от 28 декабря 2012 года

  1. Қонунгузории электронии «Адлия»

Хусусияти субъекти ҳуқуқи гражданӣ будани давлат ва воҳиди марзию маъмурӣ. Давлат дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳамчун субъекти ҳокимият ё чун молик - иштирокчии муносибати ҳуқуқи гражданӣ баромад мекунад. Ин ҳолат бояд аниқ фарқ карда шавад. Масалан, давлат ҳангоми санади қонунгузорӣ баровардан ҳамчун ҳокимият фаъолият мекунад. Дигарон меъёри ин қонунгузориро иҷро мекунанд. Дар муносибатҳои ҷамъиятие, ки бо қонунгузории гражданӣ танзим карда мешаванд, давлат чун субъекти ҳуқуқи гражданӣ мувофиқи принсипи баробарӣ иштирок менамояд. Ғайр аз ин, давлат дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ба воситаи мақомоташ, ки онҳо ҳам дар як маврид ҳамчун субъекти муносибатҳои ҳокимиятӣ, дар дигар ҳолатҳо - мисли иштирокчии муносибати ҳуқуқи гражданӣ (ҳамчун шахси юридикӣ) амал мекунанд, баромад мекунад. Бинобар ин зарур мебошад, ки ғайр аз муайян кардани статуси ҳуқуқи субъективии онҳо боз фаҳмида шавад, ки дар кадом вақт онҳо чун шахси юридикӣ ва дар кадом маврид аз номи давлат дар муносибатҳои ҷамъиятӣ иштирок менамоянд. Масалан, агар Вазорати молия нисбати буҷаи давлатӣ хизмати ҳисоббаробаркунӣ - кассавӣ расонад, дар ин муносибат он аз номи давлат амал мекунад ва агар барои мақомоташ мизу курсӣ харад, дар ин шартнома аз номи худ ҳамчун субъекти муносибати ҳуқуқи гражданӣ, ҳамчун шахси юридикӣ баромад мекунад.
Субъекти моликияти давлатӣ танҳо давлат мебошад. Аммо дар муомилоти гражданӣ ҳамчун субъект ҶТ, вохиди марзию маъмурӣ ё шахсони юридикӣ баромад мекунанд.
Давлат дар муносибатҳои бо қонунгузории гражданӣ танзимшаванда бо дигар иштирокчиёни ин муносибатҳо дар асоси принсипи баробарӣ иштирок менамояд (қ.1 м. 136 КГ). Ҳамин тавр, дар муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ ҶТ аз ваколати ҳокимиятии худ истифода намебарад ва нисбати давлат он талаботи меъёрҳои ҳуқуқи гражданӣ пурра татбиқ карда мешавад.
Давлат ҳамчун субъекти махсус, иштироккунандаи тамоми муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ шуда метавонад. Лекин дар мавридҳои бо қонунгузорӣ пешбинишуда, ҳуқуқи субъективии давлат махдуд карда мешавад. Масалан, дар рафоқати комил, коммандитӣ иштирокчӣ шуда наметавонад. Дар қисми 3 банди 4 м. 69 КГ чунин қайд карда мешавад: «мақомоти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ҳуқуқи иштирокчиёни ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ ва саҳмгузорони рафоқатҳои ба боварӣ асосёфта (рафоқати коммандитӣ) буданро надоранд».
Дар ҳолатҳо ва мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонун бо супориши махсуси давлат аз номи вай дар муносибатҳои ҷамъиятӣ дигар мақомотҳои давлатӣ, шахсони юридикӣ ва шаҳрвандон баромад карда метавонанд (қ. 2 м. 136 КГ). Масалан, дар ҷамъияти саҳомӣ бо иштироки давлат шахси ваколатдори аз - ҷониби давлат таъиншуда вазифаи давлатро, яъне саҳмдорро иҷро карда метавонад.
Ҳамин тавр, дар муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ аз номи давлат танҳо он мақомоти давлатӣ баромад карда метавонад, ки аз рўи қонунгузорӣ барои иҷрои чунин амалиёт ваколат дошта бошад. Ба гурўҳи чунин мақомот дар навбати аввал Мачлиси Олӣ, Президент, Ҳукумат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти ҷумҳуриявӣ (вазорату комитетҳо) дохил мешаванд. Мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ статуси идоравӣ доранд. Дар ин маврид ҳам бояд фарқ карда шавад, ки дар кадом вақт онҳо дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳамчун идора (шахси юридикӣ) аз номи худ ва дар кадом ҳолат аз номи давлат, яъне ҶТ чун мақоми ҳокимият ё идоракунӣ баромад мекунанд. Дар ҳарду ҳолат ҳам қобилияти ҳуқуқиашон характери махсус дошта, ваколаташон аз рўи ин хусусият муайян карда мешавад.
Тамоми мақомоти давлатие, ки ваколат надошта, аз номи давлат ахд мебанданд, нодуруст буда, он аҳдҳо беэътибор мебошанд ва барои давлат ягон ўҳдадории молумулкӣ ё гайримолумулкӣ ба вуҷуд намеоранд.
Дар ҳолатҳои муайянкардаи қонун дар муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ аз номи давлат вохидҳои марзию маъмурӣ ҳам амал карда метавонанд (қ. 3 м. 137 КГ).
Дар аҳдҳо нисбат ба амволе, ки дар баланси шахсони юридикии давлатӣ сабт ёфтааст, давлат ҳамчун яке аз тарафҳо иштирок карда наметавонад. Объекти аҳдҳое, ки дар онҳо давлат иштирок мекунад, амволи хазинавӣ, объектҳои моликияти истисноии давлатӣ ва ҳуқуқи ғайримолумулкии он, ки бо молу мулк алоқа доранд ва инчунин объектҳои махсуси бо қонунгузорӣ дар бораи хусусӣ гардонидан пешбиншпуда буда метавонанд.
Ҳангоми хусусигардонии амволи давлатӣ давлат метавонад бевосита иштирок намояд ё аз номи давлат мақомоти ваколатдори давлатӣ, масалан, Кумитаи давлатӣ оид ба идораи амволи давлатӣ1 ҳамчун фурўшанда иштирок кунад. Баҳсҳои ҳуқуқи гражданӣ бо иштироки ҶТ аз ҷониби судҳо ҳал карда мешаванд (қ. 3 м. 136 КГ).
Чи тавр ки қайд шуда буд, воҳиди марзию маъмурӣ ҳам мисли давлат дар муносибатҳои ҷамъиятии бо қонунҳои гражданӣ танзимшаванда бо иштирокчиёни ин муносибатҳо баробар иштирок менамояд (қ. 1 м. 137 КГ). Мақомоти маҳаллии намояндагӣ ва иҷроя дар доираи салоҳияти худ, ки бо асноди қонунӣ, низомномаҳо ё асноди дигари муайянкунандаи статуси ҳуқуқии ин мақомот муқаррар гардидаанд, метавонанд аз номи воҳидҳои марзию маъмурӣ бо амали худ дорои ҳуқуқу ўҳдадориҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиро ба даст оварад, дар суд баромад кунад.
Дар ҳолатҳо ва мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонун мақомоти давлатии маҳаллӣ, шахси юридикӣ ва шаҳрвандон ҳам метавонанд бо супориши махсус аз номи вохиди марзию маъмурӣ амал кунанд (б. 2 қ. 2 м. 137 КГ). Агар дар қонунгузориҳо тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошанд, муқаррароти КГ дар хусуси иштироки мутақобилаи давлат ва мақомоти он дар муносибатҳои бо қонунгузориҳои гражданӣ танзимшаванда ба воҳиди марзию маъмурӣ ва мақомоти он дахл доранд (қ. 4 м. 137 КГ). Баҳсҳои ҳуқуқи гражданӣ бо иштироки воҳиди марзию маъмурӣ ҳам аз ҷониби судҳо ҳал карда мешаванд.
Воҳиди марзию маъмурӣ, мисли давлат, аз рўи ўҳдадориҳояш бо амволи дар асоси ҳуқуқи моликият ба онҳо тааллукдопгта, ғайр аз амволе, ки ба шахсони юридикии таъсисдодаи онҳо бо ҳуқуқи ихтиёрдории хоҷагӣ ё идоракунии оперативӣ вобаста карда шудааст, масъулият дорад (қ. 1 м. 138 КГ).
Шахсони юридикие, ки аз ҷониби воҳиди марзию маъмурӣ таъсис дода шудаанд, аз рўи ўҳдадориҳои воҳиди марзию маъмурӣ ҷавобгар нестанд ва баръакс, яъне воҳиди марзию маъмурӣ, ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ, аз рўи ўҳдадориҳои шахсони юридикии аз ҷониби он таъсисдода ҷавобгар нест.
Дар аҳдҳои нисбати амволҳое, ки дар баланси шахсони юридикии давлатӣ сабт ёфтаанд, воҳиди марзию маъмурӣ ҳамчун тараф иштирок карда наметавонанд. Объектҳои ахд бо иштироки воҳиди марзию маъмурӣ амволи хазинаи маҳаллӣ, объектҳои моликияти истисноии давлатӣ, ки дар тасарруфи воҳиди марзию маъмурӣ мебошанд ва ҳуқуқҳои ғайримолумулкии ба молу мулк вобаста, инчунин объектҳои махсуси бо қонунгузории хусусигардони пешбинишуда буда метавонанд. Тамоми ин объектҳо моликияти коммуналӣ ном гирифта, қисми таркибии моликияти давлат мебошанд.
Мумкин дар ҳудуди воҳиди марзию маъмурӣ объектҳои моликияти ҶТ ҷой дошта бошанд. Дар чунин ҳолат воҳиди марзию маъмурӣ нисбати чунин объектҳо танҳо дар мавридҳои бо қонунгузорӣ иҷозат додашуда аз номи давлат ихтиёрдорӣ карда метавонад.
ҶТ ва воҳидҳои марзию маъмурӣ аз рўи ўҳдадориҳои худ бо амволи дар асоси ҳуқуқи моликият ба онҳо тааллукдошта, ғайр аз амволе, ки ба шахсони юридикии таъсисдодаашон бо ҳуқуқи ихтиёрдории хоҷагӣ ё идоракунии оперативӣ вобаста карда шудааст, масъулият доранд. Ғайр аз ин, як воҳди марзию маъмурӣ аз рўи қарзи дигар ҷавобгар нест. Ин тартибот ба давлат ҳам дахл дорад. Лекин ин қоида ба ҳолатҳое, ки давлат дар асоси шартномаи имзокардааш аз рўи ўҳдадориҳои воҳиди марзию маъмурӣ ё шахси юридикӣ замонат (кафолат) додааст ё субъектҳои мазкур аз рўи ўҳдадориҳои давлат замонат (кафолат) додаанд, дахл надорад. Дар чунин ҳолатҳо ҷавобгарӣ аз рўи қоидаҳои замонат (кафилӣ) пайдо мешавад. Ғайр аз ин, ҶТ дар шахсияти Ҳукумат аз рўи ўҳдадориҳои корхонаҳои давлатии ҷумҳуриявӣ ва идораҳои давлатӣ (дар ҳолати барои пас гардонидани қарзашон кам будани воситаҳои пулиашон) ҷавобгари субсидиарй (иловагӣ) мебошад. Чунин қоида нисбати воҳиди марзию маъмурӣ ҳам татбиқ карда мешавад, агар корхонаҳои давлатии коммуналиро он таъсис дода бошад.
Амволи хазинаи давлатро, яъне хазинаи ҶТ-ро маблағхои буҷаии ҷумхуриявӣ, захираҳои тилло ва фонди алмос, объектҳои моликияти истиснои давлатӣ ва дигар амволе, ки мувофиқи қонунгузорӣ ба шахсони юридикии давлатии ҷумҳурӣ вобаста карда нашуда ташкил медиҳанд (м. 238- 239 КГ). Танҳо дар ҳадди ҳамин амволҳо ҷавобгарии давлат, яъне ҶТ мумкин мебошад.
Моликияти хазинаи маҳаллиро маблағҳои буҷаи маҳаллӣ ва дигар амволи коммуналй, ки ба шахсони юридикии давлатӣ вобаста карда нашудаанд, ташкил мекунанд. Ҷавобгарии воҳиди марзию маъмурӣ танҳо дар ҳадди ҳамин молу мулк мумкин мебошад.

Баъзе ҳолатҳои дар муомилоти гражданӣ иштирок кардани давлат. Давлат чун молик барои адо кардани вазифаи соҳибмулкиаш амволашро истифода мебарад. Амволи давлатро воситаҳои хоҷагидорӣ, хазинавӣ, амволе ки нисбати шахсони юридикии давлатӣ вобаста карда шудааст, инчунин молу мулки дигар ташкил медиҳанд. Ин амволро давлат тасарруфӣ, истифодабарӣ ва ихтиёрдорӣ менамояд. Дар чунин ҳолатҳо давлат диққати худро хусусан ба тасарруфӣ ва ихтиёрдорӣ ҷалб менамояд, ки адои ин вазифаро манфиати ҷамъият талаб мекунад. Амволи давлатие, ки ба шахсони юридикии давлатӣ вобаста карда шудаанд, аз тарафи худи онҳо ҳамчун шахсони юридикӣ ба муомилоти гражданӣ бароварда мешавад.
Нисбати амволи худ давлат чун молик аз номи худ ҳар гуна аҳдҳо мебандад, ўҳдадориҳо қабул мекунад, дар суд аз номи худ чун даъвогар ё ҷавобгар баромад мекунад, моликияташро бо пешниҳоди даъвои виндикатсионӣ ё негаторӣ ҳифз менамояд. Дар тамоми ин муносибатҳо аз номи давлат мақомоти ваколатдори он баромад мекунанд. Аксар вақт ин вазифаро Ҳукумат ва Вазорати молия адо мекунанд. Нисбати масъалаҳои муҳимтарини (аз назари манфиати давлатӣ) аҳамияти стратегӣ дошта дар муомилотҳои гражданӣ аз номи давлат Ҳукумат баромад мекунад.
Ҳукумат яке аз мақомотест, ки давлат ба воситаи он вазифаҳои мулкдории худро амалӣ мегардонад. Ҳукумат идоракунии моликияти давлатиро ташкил менамояд, нисбати пурмаҳсул истифодабарии ин моликият чорабиниҳо мегузаронад, ҳифзи моликияти давлатиро таъмин менамояд.
Яке аз вазифаҳои муҳимтарини Ҳукумат ба ҳисоб гарифтани объектҳои моликияти давлатӣ ва ташкили самаранок истифода бурдани онҳо мебошад. Бо мақсади амалӣ гардонидани ин вазифа, аз ҷумла корхонаҳои давлатӣ ва рафоқати хоҷагидории бо иштироки давлат таъсисёфтаро ба қайд мегирад, аз болои раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ назорат мебарад.
Дар байни мақомоте, ки аз номи давлат дар муомилотҳои гражданӣ иштирок мекунанд, Вазорати молия ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ мавқеи алоҳида доранд.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мақоми ваколатдори давлатӣ буда, дар муносибатҳои моликиятии ҶТ манфиати давлатро дар маркази диққати худ қарор дошта, аз номи давлат моликияти ҶТ-ро тасарруф, истифода ва ихтиёрдорӣ менамояд. Давлат дар муносибатҳои меросӣ ҳамчун ворис иштирок карда метавонад. Масалан, агар меросдиҳанда дар васиятномааш давлатро чун ворис таъин карда бошад, ё меросдиҳанда (на аз рўи қонун, на аз рўи васиятнома) ворис надошта бошад, ё ворис барои гирифтани мерос ҳуқуқ надошта бошад, ё тамоми ворисон аз гирифтани мерос даст кашанд, амволи меросӣ бесоҳиб хисоб ёфта, ба давлат мегузарад.
Ҳамчун субъекти ҳуқуқи моликияти давлат ҷавобгари шартномавӣ ва ғайришартномавӣ ҳам шуда метавонад. Масалан, ҶТ аз рўи ўҳдадориҳои корхонаи давлатӣ масъулияти иловагӣ дорад (б. 6 м. 127 КГ, б. 6 м. 138 КГ). Агар сабаби муфлисшавии корхонаи давлатӣ, рафоқати хоҷагидорӣ ё ҷамъияти саҳомӣ амали давлат бошад (ҳамчун таъсисдиҳанда (иштирокчӣ) ё молики амволи он бошад), ҳангоми барои додани қарз нокифоя будани маблағи шахси юридикии давлатӣ дар назди кредитор ҷавобгари субсидиарӣ (иловагӣ) мебошад.
Давлат иштирокчии моликияти умумии саҳмӣ ҳам буда метавонад.
Дар баъзе мавридҳо ҷавобгарии ҳуқуқи граждании давлат бо фаъолияти мақомоташ вобаста мебошад. Масалан, мувофиқи меъёри м. 16 КГ зиёне, ки дар натиҷаи амали (беамалии) гайриқонунии мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ё мансабдорони ин мақомот, инчунин дар натиҷаи қабули санади хилофи қонун ё санади дигари ҳуқуқии мақоми давлат ё мақоми ҳокимияти маҳаллӣ ба шаҳрванд ё шахси юридикӣ расонда мешавад, аз ҷониби ҶТ ё мақомоти дахлдори он ҷуброн карда мешавад.
Ғайр аз ин, барои зараре, ки дар натиҷаи ғайриқонунй маҳкум намудан, гайриқонунӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, ғайриқонуни ба сифати чораи пешгирикунанда истифода бурдани баҳисобгирӣ ё забонхат барои ба ҷое нарафтан, гайриқонуни андешидани ҷазои маъмурӣ дар шакли ба ҳабс гирифтан ё корҳои ислоҳи мехдатӣ ба шаҳрванд расонида шудааст, сарфи назар аз гуноҳи шахси мансабдори мақоми тахдиқ, тафтиши пешакӣ, прокуратура ва суд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун аз ҷониби давлат ба андозаи пурра ҷуброн карда мешавад (м. 1086 КГ).
Давлат субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои молу пулӣ ҳам мебошад. Чунин статус ба он имконият медиҳад, ки дар мавридҳои лозимӣ иштирокчии аҳдҳои ҳуқуқи гражданӣ гардад. Аммо ҳамчун тарафи ахд мақомоти ваколатдори давлатӣ баромад мекунанд. Дар чунин мавридҳо ҳуқуқи пеш бурдани манфиати давлат ё бевосита бо қонун пешбинӣ карда шудааст, ё аз статуси ҳуқуқии мақомоти давлатӣ бармеояд. Масалан, чунин ҳолат дар шартномаи маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёҷоти давлат дида мешавад (б. 1 м. 562 КГ).
Дар аҳдҳои хизматрасонии бонкӣ аз номи ҶТ Вазорати молия баромад мекунад. Давлат метавонад нисбат ба сохтмони асосӣ маблағгузорӣ кунад. Чунин маблағгузорӣ мумкин бо шарти пасгардонӣ ё барнагардонӣ, музднок ё бемузд бошад.
Давлат дар аҳдҳо бо қоғазҳои қиматнок ҳам иштирок мекунад. Дар бозорҳои қогазҳои қимматнок аз номи ҶТ, яъне аз номи маблағгузор Бонки миллӣ ё Вазорати молия амал мекунанд. Давлат баробари аз номи худ қогазҳои қимматнок баровардан, ба худ ўҳдадориҳо (ҳамчун эмитент) қабул мекунад.
Дар раванди амалигардонии барномаи хусусигардонии амволи давлатӣ ҶТ ба воситаи мақомоти ваколатдораш аҳдҳои фурўшӣ ё иҷоравӣ мебандад. Дар шартномаи қарз давлат ҳамчун тараф ё кафил ба худ ўҳдадорӣ қабул мекунад, дар шартномаи имзокардааш аз руи ўҳдадориҳои вохдци марзию маъмури ё шахси юридикӣ замонат додааст, ҳатто ҷавобгар мешавад (б. 6 м. 138 КГ).
Давлат чун субъекти ҳуқуқи гражданӣ аз номи худ дар шартномаҳои тиҷоратии хориҷӣ низ иштирок менамояд. Дар чунин мавридҳо ҶТ аҳдҳоро на танҳо дар дохили ҷумҳурӣ, балки дар хориҷа ҳам мебандад. Дар хориҷа аз номи давлат намояндаи тиҷоратии ҶТ дар назди ягон мамлакати хориҷа баромад мекунад. Аз рўи ўҳдадориҳои намояндаи тиҷоратии ҶТ Ҳукумати ҷумҳурӣ масъулиятдор мешавад.
Мувофиқи ўҳдадориҳои ташкилотҳои иқтисодии хориҷӣ ва дигар ташкилотҳои хоҷагаи Тоҷикистон намояндаи тиҷоратии ҶТ ҷавобгар нест ва баръакс, яъне аз рўи ўҳдадориҳои намояндаи тиҷоратии ҶТ ташкилотҳои иқтисодии хориҷӣ ва дигар ташкилотҳои хоҷагии ҷумҳурӣ ҷавобгар нестанд.

Дидан карданд: 1603

Мавзӯъҳои монанд:

МАФҲУМИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН

МОҲИЯТИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН

ҚОИДАҲОИ УМУМИИ ҲУҚУҚИ МОЛИКИЯТ (Ҳуқуқи гражданӣ)

ИҶРОИ ЎҲДАДОРИҲО (Ҳуқуқи гражданӣ)

ИЛМИ ҲУҚУҚИ ГРАЖДАНӢ (Ҳуқуқи гражданӣ)

ДАВЛАТ ВА ВОҲИДИ МАРЗИЮ МАЪМУРӢ ҲАМЧУН СУБЪЕКТОНИ ҲУҚУҚИ ГРАЖДАНӢ (Ҳуқуқи гражданӣ)

ҒАНИМАТҲОИ ҒАЙРИМОЛУМУЛКӢ ВА ҲИФЗИ ОНҲО (Ҳуқуқи гражданӣ)

БА АМАЛ БАРОВАРДАНИ ҲУҚУҚҲОИ ГРАЖДАНӢ ВА ИҶРОИ ЎҲДАДОРӢ (Ҳуқуқи гражданӣ)

АҲДҲО (Ҳуқуқи гражданӣ)

Мафҳумҳои асосӣ аз фанни ҳуқуқ

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: Мадина madinajik9797@gmail.ko
Санаи дохилгардида: 2018-09-28

Мафхум нишона ва функсияхои Давлат


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: