|

Формаҳо ва сохтори онҳо. Кор бо формаҳо

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2017-09-06

Одатан тадқиқотчиёни базаи маълумот сохтори ҷадвалҳо ва дархостҳоро ташкил медиҳанд, аммо онҳо бо пур кардани ҷадвал бо информасия машғул намешаванд. Барои ин кадрҳои махсусе мебошанд, ки ин  функсияро иҷро менамоянд. Барои осон намудани кори онҳо тадқиқотчии база метавонад объектҳои махсусро тайёр намояд, ки ин формаҳо мебошанд.
Форма ин чунин бланки электроние мебошанд, ки дар он майдонҳо барои дохилнамоии маълумот мавҷуд аст. Дохилкунанда ин маълумотро ба майдонҳо дохил менамояд ва маълумотҳо ба таври автоматӣ ба ҷадвалҳои базавӣ дароварда мешаванд.
Барои чӣ формаҳо лозиманд?
Маълумотҳоро ба ҷадвал метавонем бея гон хел форма дохил намоем, аммо ба ҳар ҳол чор сабаби асосие мавҷуданд, ки формаро воситаи зарурӣ барои дохил намудани маълумот мегардонанд.
Ба коркунони камтаҷриба дастрас будани худи ҷадвал мумкин нест. Тасаввур намоед, ки  агар коргари нав  дар ҷадвали бонк «тартибот» мекунад, ки дар он ҳисобҳои мизочон ҷойгир аст.
Ҳаргуна одамон  метавонанд ҳуқуқи гуногуни дастрасии информатсияро доранд, ки дар ҷадвал ҷойгир аст. Масалан, як шахс метавонад танҳо ному суроғаи мизоҷонро дохил намояд, каси дигар раками ҳисоби онҳоро , шахси сеюм – танҳо маблағи пулие, ки дар ҳисоби онҳо мавҷуд аст. Байни ин шахсон набояд ягон хел созиш (сговор) бошад. Барои дохил намудани маълумот ба онҳо формаҳои гуногун пешкаш мешавад, ҳарчанде, ки маълумот аз ин формаҳо ба як ҷадвал рафта метавонад.
Дохил намудани маълумот ба ҷадвал- машғулияти пурмашаққат аст. Баъди якяанд соати кори коргарон ба хатогӣ роҳ медиҳанд. Дохил намудани маълумот ба формаҳо осонтар аст. Дар ин ҷо  бисёр чизхоро автоматиконидан мумкин аст. Инчунин элементҳои идоракунии формаҳорро чунин тартиб медиҳнад, ки ҳангоми дохил намудани маълумот тафтиши аввлаи онҳо иҷро шавад.
Информатисияро барои базаи маълумот аз бланкаҳои қоғазӣ- анкетаҳо, аризаҳо, ҳисобҳо, ведомостҳо, маълумотномаҳо мегиранд. Формаи экраниро метавонем нусхаи аниқи бланкаи қоғазӣ гардонем, ки аз онҳо дохилнамоии маълумот оғоз мегардад. Ба туфайли ин шумораи хатогиҳо якчанд маротиба кам мегардад ва ҳангоми дохил намудани маълумот хастагии коргарон кам мегардад.
Сохтани формаҳо
Монанди дигар объектҳои Access, формаҳоро метавонем ба таври дасти созем, ҳатто бо якчанд усулҳо. Формаҳо аз элементҳои гуногуни идоракунӣ иборат аст ва  аз он, ки чӣ қадар бодиққат ин элементҳо дар экран ҷойгиранд, намуди зоҳирии формаҳо вобаста аст.
Воситаҳои автоматӣ имкон медиҳанд, ки формаҳои ботартиб сохта шаванд ва ба истифодабарнда саовлҳои зиёд надиҳанд. Ва корро беҳтараш аз онҳо оғоз намуд.
Автоформаҳо
Автоформаҳо – ин намуди соддаи формаҳои автоматӣ мебошанд. Барои сохтани автоформаҳо бояд қисми  Формаро дар оинаи диалогии Базаи маълумот интихоб намуда дар тугмаи «Создать» пахш менамоем ва дар натиҷа формаи нав кушода мешавад.
Дар оинаи диалогии «Новая фирма» ба сифати маълумот ягон ҷадвал ё ин ки дархостро истифода мебараранд, ки баъди он автоформаро бо пахши думаротиба аз рўйхат намуди «автоформа»-ро интихоб намуда, тартиб медиҳанд.
Сохтани форма бо воситаи Мастер
Бо воситаи мастер формаро дар чор этап ташкил медиҳанд:

  • интихоби майдонҳое, ки маълумоти онҳо ба форма дохил карда мешаванд;
  • интихоби намуди зоҳирии формаҳо
  • интихоби расми фонии форма;
  • гузоштани номи форма;

ҳамаи ин пунктҳо дар Мастер хуб фаҳмонида шудаанд ва ягонхел фаҳмондадиҳиро талаб наменамоянд.
Форма тайёрро метавонем барои дидани қайдҳои мавҷуда ё барои дохил намудани маълумотҳои нав истифода барем.
Сохтори формаҳо
Формаҳоро ба таври автоматӣ сохта метавонем дар бораи сохтори он фикр накунем, аммо ҳангоми кор ба таври дастӣ бояд ба сохтори он аҳамият диҳем.
Сохтори формаҳоро қисмҳои он ташкил медиҳанд, қисмҳо бошанд элементи идоракунӣ доранд.


Қисмҳои формаҳо
Усули аз ҳамаи соддаи шинос шудан бо қисмҳои формаҳо аз он иборат аст, ки формаи тайёрро гирифта , масалан, бо воситаи Мастер сохташударо гирифта сохтори онро бо воситаи Конструктор дида бароем. Чӣ хеле ки ба мо маълум аст, барои ин бояд тугмаи Вид- ро дар панели идоракунии Access пахш менамоем.
Ҳангоми дидани Конструктор мо сохтори формаро мебинем. Аҳамият диҳед , ки ҳамроҳи он панели элементҳо кушода мешавад, ки он инструментҳоро барои сохтани элементҳо ва идоракунии формаҳоро дорад.
Дар сохтори форма се қисм дида мешавад: сарлаҳаи форма, қисми маълумот  ва қисми кайдҳои(примечания) форма.
Дар ҳолати мо танҳо қисми маълумот пур карда мешавад. Барои он, ки формаро Мастер сохтааст, ки барои сохтан ва пур кардани қисмҳои ёридиҳанда фикр накардааст.

Ҳамаи он чизе, ки дар қисми(область) маълумот мавҷуд аст, элементи идоракунӣ мебошад. Дар ҳолати мо инҷо ду намуди элементи идоракуни мавҷуд аст: майдони пайванд ва қайди муттаҳидшуда.

Дидан карданд: 1216

Мавзӯъҳои монанд:

Мафхуми умумии SQL, типи маълумот ва воситахои муайянкардани доменхо. Таърихи кутохи SQL

Ҳисоботҳо

Сохтан ва таҳрири майдонҳои алоқаманд

Сохтани навиштаҷот

Формаҳо ва сохтори онҳо. Кор бо формаҳо

Кор бо дархостҳо. Дархостҳои ҷамъбастӣ

Кор бо дархостҳо. Ҳисоббарорӣ дар дархостҳо

Кор бо дархостҳо. Дархост бо параметрҳо.

Кор бо объекти базаи маълумот: дархостҳо. Дархости интихобӣ

Мафҳуми «робита» дар СИБМ Соз кардани робитаи байни ҷадвалҳо.

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: