|

Лавозимот Ва Таҷхизотҳои Муҳим Барои Туризми Кўҳсор

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2017-05-10

Шароит ва хусусияти сайёҳати туристӣ ба лавозимоту талабот эҳтиёҷи калон дорад. Лавозимот бояд сабук, боқувват, боваринок ва барои истифода бурдан дар шароити сард на он қадар калон бошад.  Ба гармӣ ва намнокии зиёд мувофиқ биёяд.  Аз рўи қоида бояд либоси зимистонаи турист гарм бошад, аз шамол муҳофизат карда тавонад ва ба ҳаракат кардан халал нарасонад. Дар ҳолати намнокӣ дар дохилаш гармиро нигоҳ дошта тавонад. Хаймаи туристӣ бояд намнокиро ба худ накашад, ба зудӣ мондан ва ғундоштанаш осон бошад, аз хомўшакҳо ва дигар ҳашарот муҳофизат карда тавонад. Шароити мусоидро барои ғунҷоиши сайёҳон дошта бошад.
Лавозимоти туристӣ ба шахсӣ ва гурўҳӣ тақсим мешавад. Инчунин лавозимот барои пиёдагардӣ, оббозӣ, кўҳӣ ва дигар сайёҳатҳо вуҷуд дорад.
Лавозимоти шахсӣ – дар сайёҳати кўҳӣ, пиёдагардӣ, обӣ ва лижаронӣ ниҳоят зарурӣ мебошад.  Ҳар як сайёҳат таҷҳизотҳои худро талаб мекунад. Либос: дар сайёҳати тобистона (агар он дар мавзеҳои шимолӣ нагузарад) аз ашёҳои пашмин бояд ҳатман свитери дарозро (хуб мешуд агар гиребони баланд ва кушодашаванда дошта бошад) бо худ гирифтан даркор.Ҷорубхо бояд мулоим ва дар по бароҳат бошанд. Аз болои ҷоруби пахтагӣ бояд ҳатман ҷоруби эластикӣ (ёзандаро)низ пўшид. Шим-бояд аз матоъи ғавс дўхтагӣ бошад. Матоъи пахтагин,ёаз дарун пашмдошта на он қадар хуб аст.Ин хел матоъҳо тез тар ва дер хушк мешаванд.  Барои мардон аз матоъи «Техас»ва ҷинс шим гирифтан зарур аст. Барои занон брижа хеле қуллай аст.Асос он ки шимҳо дар по дар ҳудуди зону танг набошанд ва барои қадамзании васеъ халал нарасонанд.Дар ин маврид аз ҳама бароҳат либосҳои сабуки машқкунии тобистонамебошанд. Пероҳан(рубашка) бояд дароз бошад,то ки миёнро маҳкам кунад ва аз боло ба поён кушоданаш мумкин бошад.барои мавсими гарм беҳтараш шортҳо мебошанд.Доштани либосҳои оббозикунӣ низ дар мавсими гарм ҳатми мебошад.Дар рўзҳои боронӣ бояд ҳатман либоси махсусро  пўшид ,ки  он тамоми бадани туристро бо борхалтааш аз борон муҳофизат мекунад.Пўшидани кулоҳ дар сайёҳат зарур мебошад, зеро он аз борон ва офтоб  муҳофизат мекунад. Пояфзол бояд ниҳоят бароҳат бошад.Барои туристон пояфзоли махсус вуҷуд дорад, ки онҳо қабати  махсус доранд.Ҳангоми интихоби пояфзол  кўшиш бояд кард ,то ки пояфзоли мувофиқро ба по интихоб кард. Пояфзол  бояд чунон кушод бошад ,ки дар онҳо патаки иловагиро бо ҷорубҳои ғавс пўшидан имконпазир бошад.Дар айёми баҳорон ва боронгариҳои тирамоҳӣ туристон бо худ мўзаҳои резинӣ мегиранд.
Борхалта -Одатан бояд борхалтаҳои калонро интихоб кард, ки аз матоъи ғавс ва боқувват дўхта шудагӣ бошанд.Ҷобаҷокунии лавозимотҳо дар даруни борхалта худаш як санъат аст. Лавозимотро дар дохили борхалта бояд чунон ҷо ба ҷо кард,ки ҳангоми лозим шудани ягон чиз ёфтанаш осон бошад. Ҳангоми пур кардани борхалта чизҳои вазнинро дар таг мондан зарур аст.
Лавозимоти хобкунӣ-Дар сайёҳатҳои на он қадар душвор бо худ бурдани хобхалта хеле қуллай аст,зеро хобхалта хеле бароҳат мебошад.Хобхалтаро аз одеяли пашмин ҳам сохтан мумкин аст.Одеялро аз ду тараф қатъ карда, дўхтан даркор аст.
Лавозимотҳои шахсии майда-чуйда-Ба лавозимоти майда-чуйда чутка ва хамираи дандоншўи,собун,кордча ва ғайраҳо дохил мешаванд.барои он килавозимот дар борхалта  биғунҷанд,онҳоро бояд дар кисаҳои борхалта ҷобаҷокард.Инчунин кисаҳои борхалта барои коса ва лавозимоти хобкунӣ ба кор меоянд.
Дар сайёҳат бо худ гирифтани ҳуҷҷатҳо ҳатмист.Инчунин ба қадри кофи гирифтани маблағ ва картосхема зарур аст.Барои муҳофизат кардани онҳо, бояд ҳуҷҷатҳоро эҳтиёткорона дар халтаҳои полэтиленӣ сахт маҳкам кард.
Дар сайёҳат гирифтани захираҳои сўзишвории хушк ҳатмӣ мебошад.Гугирдро бояд дар қутиҳое гирифтан даркор,ки онҳо намиро нагузаронанд.Аз ҳама гугирди нағз гугирдҳое мебошанд,ки ба шамол тобовар мебошанд.Ин гугирдҳо дар савдо ”охотничьи” шикорӣ ном бурда мешаванд.Онхо ҳатто дар шамоли сахт ва борон низ месўзанд. Бо худ гирифтани коса ва зарфи алюминӣ нағз нест,зеро хўрдани хўрок дар онҳо душвор буда,дер хунук мешавад. Аз ҳама чумчаи хуб чўбинӣ мебошад. Кордчаи қатъшаванда бо худ бурдан даркор аст .Барои қайд кардани маълумотҳои даркорӣ дар роҳ бо худ доштани дафтарчаи кисагӣ ҳатмист. Дар сайёҳати осонгузар гирифтани асо шарт нест.Агар дар сайёҳат барои мондани хайма асо лозим шавад, дар ин маврид чўби борики 140- 150см-ро гирифтан даркор аст. Ҳангоми ҳаракат дар ҷангалҳои намнок доштани пешдомани полэтиленӣ хуб аст.Беҳтараш аз  матои капронӣ ва балонӣ доштани шими кушод ва дароз хубтар аст.
             Лавозимоти гурўҳӣ. Хусусиятҳои лавозимоти гурўҳӣ дар  сайёҳати пиёдагардӣ ва кўҳӣ.
Сайёҳати пиёдагардӣ – лавозимоти гурўҳӣ дар сайёҳати на он қадар душвор одатан чунин ашёҳо ташкил  медиҳанд: таҷҳизот барои тайёркунии хўрока (дегча ва ашёҳои ошхона) ташкил намудани ҷойи шабгузаронӣ ва ҷойи зисти гурўҳӣ туристон ва инчунин гузаштан аз сайрхатҳои душворгузари сайёҳат мебошанд.
Барои тайёр кардани хўрок  дар сайёҳат аз ҳама беҳтар примус ё плиткаи бензини мебошад.  Барои бо худ бурдан дар сайёҳат аз зарфҳои гурўҳӣ (комплект) дастаи сатилҳо ва каструлҳо мебошанд, ки онҳо 2-3 донаро ташкил дода дар даруни якдигар ғундоштанашон осон аст. Вазни умумии онҳо бояд чунин бошад, ки  ба хар як турист 1,5-2 кг бирасад. Барои ҳар як зарф матои махсусро тайёр кардан лозим аст, то борхалтаро чиркин накунанд. Ба лавозимоти ошхона ва алови қошуқ, кафлес бо дастаи дароз, як ҷуфт дастпўшаки брезентӣ дохил мешаванд.
Доштани хайма дар сайёҳат ҳатмист. Ҳангоми сайёҳат дар мавзеҳои гарм ва  камбориш 2-то хаймаи ҳачми 2,5х3 барои гурўҳи 6-8 нафара, кофӣ аст. Дар марказ ва кунҷҳои қисмати дарозии хайма гиреҳо баста мешаванд. Барои гурўҳи понздаҳнафара бошад, 5 хайма кифоя аст. Хайма бояд матои мустаҳкам дошта, аз берун банд дошта бошад. Мехҳои хайма он қадар муҳим нестанд, онҳоро дасти сохтан ҳам мумкин аст. Хайма бояд дар ғилофи худаш нигоҳ дошта ба сайёхат бурда шавад.
Аз табар намуди беҳтаринаш табари дуредгарӣ мебошад. Барои буридани чубҳо ин намуд қуллайтар аст. Инчунин табарҳои (шикори) туристӣ низ вуҷуд доранд. Ин табарҳо аз метал сохта шуда, дастаи резинӣ доранд. 
Лавозимот барои гузаштан аз сайрхатҳои душворгузар банди ёрирасон (30-40 метр) ва карабин мебошанд. Аз лавозимоти на он қадар асосӣ бо худ доштани халтача бо бандҳо барои хўрока, собун, шамъ, мачалкаи капронӣ, халта барои зарфҳо гирифтан зарур аст.
Сайёҳати кўҳӣ. Лавозимоти гурўҳӣ барои сайёҳати кўҳӣ: ин банд, асбобу анҷоми махсуси алпенистӣ, алпеншток  барои гузаштан аз ҳудудҳои душворгузар мебошанд. Ҳангоми гузаронидани сайёҳати дарозмуддат дар ҷойҳои беҷангал доштани примус («туристи» ё ки шмель) ва зарфи сўзишворӣ зарурӣ мебошанд. Барои сайёҳат дар зонаи баландқўҳ дар муддати кўтоҳ бо худ гирифтани миқдори ками спирти хушк зарур аст, беҳтараш, ки дар сайёҳат бо худ дурбин, бели тармавӣ, ки дар ҷойҳои барфдор ҳамчун такягоҳи примус хизмат мекунад доштан хуб  аст. Гирифтани як ҷуфт айнаки  офтобӣ дар сайёҳат даркорӣ мебошад. Барои захира кардани бори зиёдатӣ хобхалтаи бисёркасаро (барои 2-4 кас) истифода мебаранд.
Саволи 6. Ҳолати ҳозира ва дурнамои туризми кўҳӣ дар Тоҷикистон.

Тоҷикистон кишвари кўҳсор буда, 93-фоизи қаламрави  онро  кўҳҳо ишғол кардаанд.
Пайдоиши релефи он натиҷаи инкишофи бисёрмиллионсолаи қишри замин мебошад. Симои онро асосан қаторкўҳҳои баланд ва дарраҳои тангу ҳамвориҳои байникўҳӣ муайян мекунанд.Масоҳати ҷумҳурӣ аз сатҳи  баҳр дар баландии аз 300 то 7495 м воқеъ гардидааст. Кўҳҳое,ки зиёда аз 3000 м баландӣ доранд, қариб 62 фоизи қаламрави Тоҷикистонро ишғол менамоянд. Қаторкўҳҳои Тоҷикистон ба се системаи бузурги кўҳӣ дохил мешаванд:Тиёншон,Ҳисору Олой ва Помир.
Қаторкўҳҳои Тиёншон- Ин системаи кўҳҳо дар Осиёи марказӣ байни 40-45  арзи шимолӣ ва 67-95  тўли шарқӣ воқеъ гаштаанд.Қисми ғарбиаш дар ҳудуди Қирғизистон,қаторкўҳҳои шимолӣ ва ғарбиаш дар ҷумҳурии Узбекистоу Тоҷикистон ва қисми шарқиаш бошад,дар ҳудуди Хитой ҷойгир аст.)Аз ғарб ба шарқ дар масофаи 2450 км тўл кашидаанд.
Баландтарин қуллаи Тиёншони марказӣ-қуллаи Ғалаба (7439м) ва қуллаи Хонтангрӣ(6995м) дар сарҳади байни Қирғизистон ва Хитой воқеъ гаштаанд.
Иқлими кўҳҳои Тиёншон умуман континенталист,вале бинобар мураккабии релеф хеле баланд будани бисёрии қаторкўҳҳо,экспозитсияи нишебиҳо ва вобаста ба мавқеи географии қаторкўҳҳо  ҳарорат ва намӣ дар ҳар ҷо ҳар хел аст.
Аз Тиёншон дарёҳои калон- Сир,Чу, Илӣ,ваТарим ибтидо меёбанд. Аз сарватҳои зеризаминӣ дар қаторкўҳҳои Тиёншон: мис, сурб, металҳои нодир ва махсусан ангиштсанг фаровон аст.
Дар  қисмати Қазоқистону Қирғизистони  қаторкўҳи Тиёншон мамнўъгоҳҳои Иссиқул, Алмаато, Оқсу-ҷабағлӣ,Саричалак, инчунин парваришгоҳҳои бешазори кўҳии Чатлоқ ва  ғайра мавҷуданд.

            Қаторкўҳҳои Ҳисору     Олой- кишвари кўҳиест дар ҷануби Осиёи миёна ҷойгир шудааст. Қисми ғарбӣ ва мобайниаш аз қаторкўҳҳои Туркистон,Зарафшон ваҲисор, шарқиаш аз қаторкўҳҳои Олой иборатанд. Тўлаш қариб 900 км, бараш 80-150 км. Баландиашон то 5621м мерасад. Теғаҳои асосии қаторкўҳҳои Туркистон,Зарафшон,Ҳисор, Олой вабаъзе қуллаҳои баланди шохаҳои онҳо релефи типии алпӣ доранд.
Аз ҷиҳати тектоникӣ Ҳисору Олой кўҳҳои чиндори сини герсинианд, ки аз ҷинсҳои геосинклинали полеозой таркиб ёфтаанд.Теғаҳои баланди кўҳҳоро барфу пиряхҳо пўшонидаанд.Пиряхи калонтарин-Зарафшон(тўлаш қариб 25км) дар саргаҳи дарёи Зарафшон воқеъ гаштааст.
    Қаторкўҳҳои Помир.
Ҳудуди Помир вобаста ба хусусиятҳои релеф ба ду қисм ҷудо мешавад: Помири ғарбӣ ва Помири шарқӣ. Ба Помири ғарбӣ хусусияти системаи қаторкўҳҳои баланд хос аст.Инҳо дар шимол қаторкўҳҳои Пётри 1 ва Дарвоз,ки дар ҳудуди ноҳияҳои Ванҷ ва Дарвоз ҷойгиранд.Дар қисмати шарқии охири қаторкўҳҳои Аккадемияи илмҳо ба онҳо қаторкўҳҳои Пётри1ва Дарвоз дохил мешаванд.   Қаторкўҳҳои Ванҷ,ки то қаторкўҳҳои Язгуломи ҷанубӣ паҳн шудаанд,ба зонаи тектоники Помири марказӣ дохил мешаванд.Дар қисмати ҷанубӣ паси ҳам дар зонаи ҷанубу  ғарбии Помир қаторкўҳҳои Рушон, Шуғнон ваШохдара  ҷойгир шудаанд.
Хусусияти релефи Помири шарқӣ аз Помири ғарбӣ фарқ мекунад.Дар ин ҷо дар қисми марказии доманакўҳҳо релефи қадим боқӣ мондааст. Ба релефи Помири шарқӣ хусусияти даштӣ ва ҳавзаҳои калону васеъ хос аст,ки то баландии 3500-4500м мерасанд. Дар байни онҳо қаторкўҳҳои баланд ва маҳалҳои кўҳӣ ҷой гирифтаанд,ки баъзан баландии онҳо то ба 6000м мерасад.(қуллаи Советских офицеров дар қаторкўҳҳои Музкул 6233м.)
Дар Помири шарқӣ ҳавзаи кўли Қаракўл дар зонаи тектоникии Помири шимолӣ: қаторкўҳҳои Музкул ва мавзеи кўли Рангкўл дар зонаи марказӣ: ,ҳавзаи дарёи Оқсу дар зонаи   ҷанубу шарқии Помир ҷойгиранд.
Дар ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавсими алоҳида қуллаи И. Сомонӣ ва кўҳҳои Фон мавриди истифода қарор гирифтаанду халос ва имрўзҳо диққати сайёҳонро ба худ ҷалб мекунанд.Ба ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2007 тақрибан 30000 турист ворид шудааст,ки аз он 250 –алпнист ба Помир сафар кардаанд,зеро дар Помир қуллаҳои баландтарини И.Д.М. ҷой гирифтаанд ,ки баландтарини онҳо қуллаи И. Сомонӣ мебошад.
                         Қ уллаи Исмоили Сомонӣ:
Ҷои ҷойгиршавӣ-дар ҷои ба ҳам пайвастшавии қаторкўҳи Академияи илмҳо ваПётри1, дар қисми шимолу шарқии Помир.
Яке аз минтақаҳои машҳури сайёҳӣ-кўҳнавардии Помир,ин баландтарин қуллаи И.Д.М.-қуллаи Коммунизм,ки аз соли 2000-ум ба номи асосгузори давлати тоҷикон дар асри x –Исмоили  Сомонӣ номгузорӣ шудааст, мебошад. Баландии қулла 7495м-ро ташкил медиҳад.
Ин қулла дар натиҷаи экспедитсияи Олмонию шўравӣ соли1928 кашф шуда буд ва якчанд муддат қуллаи Сталин ном дошт.Соли1933 дар натиҷаи ташкили экспедитсияи тоҷику Помир 2-юми сентябр аввалин маротиба Абалаков ин қулларо фатҳ кард.
Соли 1962 қулла номи комунизмро гирифт.То соли1962 қулларо танҳо кўҳнавардони Шўравӣ фатҳ мекарданд.Аввалин хориҷие ,ки ба қуллаи Сомонӣ баромадааст,кўҳнаварди англис буд.
Яке аз беҳтарин  роҳҳои бурдани сайёҳон ба ин минтақа ин парвози 30-40 дақиқагӣ тавассути чархбол аз фурудгоҳи ноҳияи Ҷиргатол мебошад.Дар солҳои 80- уми асри хх-ба қуллаи Сомонӣ роҳи нисбатан кўтоҳтар аз пиряхи Волтер кушода шуд,ки ”Ребро Бородкина” ном гирифт ва маркази кўҳнавардӣ низ тадриҷан ба қароргоҳи Москвина кўчид. Дар айни ҳол дар ин ҷо базаи лагери ширкати ”Алп- Наврўз” воқеъ аст.
Лагер дар минтақаи субалпӣ дар баландии 4200м аз сатҳи баҳр, дар ҷои якшавии пиряхи Волтер ваМосквина (шохоби шарқии пиряхи Фортамбек) воқеъ буда яке аз базаҳои нисбатан қуллайи сафарбаркунӣбарои фатҳи қуллаи Сомонӣ ва Коржневский, тавассути роҳи кўтоҳтарин ба ҳисоб меравад. Қароргоҳи назди пиряхи Москвина 10 га масоҳат дошта,ҷои комилан бехатар ҳангоми фаромадани тарма ва сангфароӣ(камнепад)мебошад.Барои сайёҳону кўҳнавардон дар ин ҷо 4-то хаймаҳои ду нафараи гарми пахтагӣ, 11-то хоначаҳои чўбӣ ва алюминӣ, инчунин ошхона, ҳамом, сауна ва ғайра сохта шудаанд, ки дар чунин шароити душвори иқлимӣ талаботи онҳоро қонеъ месозад.Ғайр аз ин ҳангоми зарурӣ хаймаҳои брезентӣ низ истифода мешаванд.
Дар айни ҳол мавсими фаъолияти лагери қароргоҳи Москвина аз ду-се моҳ (июл-сентябр) зиёд нест. Дар дигар фаслҳои сол ин мавзеъ аз сабаби душвории роҳ ва иқлими қаҳратуну сард (ҳарорати пасти ҳаво,барфу бод) барои сай       ёҳону кўҳнавардон ва ҳавасмандони алоҳида дастнорас аст

Дидан карданд: 915

Мавзӯъҳои монанд:

Кўҳҳои Фон

Лавозимот Ва Таҷхизотҳои Муҳим Барои Туризми Кўҳсор

Таснифоти Туризми Кўҳсор

Захираҳои Рекреатсионии Туризми Кўҳсор

Заминаҳои Таърихии Истифодабарии Минтақаҳои Кўҳӣ

Вазъи туризми кӯҳсор

Зерсинфи ҳашароти болдор

Гурўҳи дуйуминдаҳонон ва Типи хорпeстон

Зертипи хелисерадорон ё нешчанголҳо

Болосинфи шашпойҳо ва Синфи ҳашарот

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: