|

Системаи назорати доҳилӣ ва интихоб

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2017-05-04

Нақша:
11.1.Омӯзиш ва баҳодиҳӣ ба системаи назорати дохилӣ.
11.2.Интихоби аудиторӣ.                                                     
11.1.Омӯзиш ва баҳодиҳӣ ба системаи назорати дохилӣ.
Маҷмуъи ҳамаи қисмҳои назорати молиявии аз тарафи роҳбарият, барои таъмини дуруст ба роҳ мондани соҳибкори, нигоҳдории амвол ва қоидавӣ бурдани баҳисобгирии муҳосибӣ таъин карда мешавад – системаи назорати дохилиро ташкил медиҳад.
СНД – аз се элемент иборат аст:
1.Муҳити назорат.
2.Системаи баҳисобгирӣ.
3.Қоидаҳои назорат.
Муҳити назорат – инҳоро инъикос меқунад:
1.Услуб ва принсипҳои асосии роҳбарӣ.
2.Сохти ташкилии субъекти иқтисодӣ.
3.Тақсимоти ваколат ва ҷавобгарӣ.
4.Сиёсати ҷобаҷогузории кадрҳо.
5.Истифодабарии ҳисоботи муҳосибӣ бо мақсади роҳбарӣ.
6.Риояи талаботҳои қонунҳои амалкунанда.
Системаи баҳисобгирӣ – маҷмуъи қоидаҳои ҷамъоварӣ ва пешниҳодкунии маълумот дар бораи ақтивҳо ва додугирифтҳои ҳоҷагии ташкилот мебошад.
Қоидаҳои назорат – ин тарзу усулҳои аз тарафи роҳбарият кор карда баромада шуда барои ба дурустии маълумотҳои лозимӣ боварӣ ҳосил кардан мебошад. 
Баъди тафтиш аудитор ба системаи назорати дохилӣ баҳои паст, миёна ва баланд медиҳад                                             
(вобаста ба баҳои қисмҳои алоҳидаи он).

11.2.Интихоби аудиторӣ.
Назорати интихоби дар фаъолияти аудиторӣ васеъ кор фармуда мешавад. Он бо мақсади:
1.Сарфаи вақти тафтиш ва кам кардани арзиши он,
2.Дар вақти ба тафтиши пурра эҳтиёҷот (зарурият) набудан кор фармуда мешавад.
Мувофиқи стандарти «Интихоби аудиторӣ» чунин тарзҳои интихоб истифода бурда мешавад:
1.Интихоби тасодуфӣ – мувофиқи ҷадвали рақамҳои интихобӣ.
2.Интихоби мураттабӣ (мунтазамӣ) – интихоби элементҳои назорат бо воситаи фосилаи доимӣ аз рақами таваккалии интихоби сар карда.
3. Интихоби омехта – яқҷоягии ҳарду.

Ду намуди тафтиши интихобиро фарқ мекунанд
1.Мувофиқӣ.
2.Моҳиятан.
Тафтиши интихобии мувофиқӣ барои тестгузаронии расму оинҳои назорати дохилӣ пешбинӣ шудааст. Ин намуди тафтишро тафтиши сифати ё атрибутивӣ меноманд.
Тафтиши интихобии моҳиятан барои тасдиқи эътимоднокии дар баҳисобгирӣ инъикоси дурусти гардишҳо ва бақияи ҳисобҳо, равона карда шудааст. Вазифаи ин тафтиш баҳодиҳии дурустии маблағҳои аниқи алоҳида амалиётҳо, гардишҳо ва бақияи ҳисобҳо мебошад. Ин гуна тафтишро миқдорӣ низ меноманд.

Дарси амалии   № 11.
Тестҳо:
1.Дар вақти ташаккули интихоби аудиторӣ иҷозат дода мешавад истифодаи:
1) рафтори оморӣ;
2) рафтори ғайри оморӣ;
3) рафтори оморӣ ва ғайри оморӣ;
4) ҳамаи усулҳои назорат.
2.Системаи назорати дохилӣ дар бар мегирад:
1) муҳити назорат, системаи ахборотдеҳӣ ва амалҳои назоратӣ;
2) муҳити назорат ва системаи баҳисобгирӣ;
3) роҳбарӣ, назорат ва тафтиш;   
4) фақат муҳити назоратро.
3.Ба манбаъаҳои маълумотгирӣ оиди соҳибкории мизоҷ ва муҳити атрофи он дохил мешаванд:
1) дарҳостҳое, ки ба шахсони роҳбарикунанда ҷавобгӯ мебошанд, фиристода шудааст;
2) нашриётҳо оиди соҳа;
3) маълумотҳои аз шахсони сеюм ба дастовардашуда;
4) ҳамаи тасдиқотҳо дурустанд.
4.Дар рафти омузиши системаи назорати доҳили қифоя аст:
1) баҳодеҳии ҷавобгарии роҳбарият ва дараҷаи боварибахшӣ;
2) баҳодеҳии маҳдудиятҳои хос ва дараҷаи боварибахшӣ;
3) баҳодеҳии ҷавобгарии роҳбарият ва маҳдудиятҳои ҳос;
4) баҳодеҳии ҷавобгарии роҳбарият, дараҷаи боварибахшӣ ва маҳдудиятҳои хос;

Супориши  № 8.   Дар рафти гузаронидани аудити ҳатмии ҷамъияти саҳҳомӣ, ба аудитор ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва шарҳу эъзоҳҳои касбие, ки дар ҳонааш мавҷуд аст, лозим шуданд ва барои дароз накардани мӯҳлати тафтиш аудитор ҳуҷҷатҳои аввалаи мизоҷро дар рӯзҳои дамгирӣ ба хонааш гирифт.
Супориш:
1.Амали аудиторро баҳо диҳед.
2.Муайян кунед, ки кадом муаммоҳо дар муносибатҳои фирмаи аудиторӣ ва мизоҷ ба миён омаданашон мумкин.

Масъалаи   № 45.
Дар ташқилоти нав ташкилшуда сармуҳосиб аз ин пеш, ҳисоботи солона, тартиб надода буд. Ӯ бо ин сабаб ба фирмаи аудиторӣ муроҷиат карда, ҳоҳиш мекунад, ки ҳамроҳ ҳисобот тартиб диҳанд ва бо шартномаи алоҳида тафтиши аудитории ҳатмӣ гузаронида шавад.
Супориш:   1.Ба ҳолати рӯйдода баҳо диҳед.
2.Вариантҳои ҳалли муамморо нишон диҳед.

Масъалаи   № 46.
Роҳбарияти ҶСР ба роҳбарияти фирмаи аудиторӣ, ки ба ӯ хизмати машваратии доимӣ оиди андозбандӣ мерасонад, ҷои қулай барои кор дар иморате, ки соҳибаш мебошад, пешниҳод мекунад.
Супориш: Амали роҳбарияти фирмаи аудиториро асоснок кунед.

КМРУ № 11.   
1.Тафтиши иҷроиши вазифаҳои мустақилонаи супоридашуда.
2.Пурсиш бо саволномаҳо:
3.Машваратҳо оиди иҷрои кори мустақилона.

КМД  № 11.
Саволҳои назоратӣ:
1.Моҳияти интихоби аудиторӣ, ва дар кадом ҳолатҳо истифодабарии он.
2.Дар кадом шаклҳо назорати сифати аудит гузаронида мешавад, ва чи бояд кард, барои ҳушсифат гузаронидани тафтишоти аудиторӣ.
3.Бо кадом роҳу усулҳо фаъолияти бетанаффуси ташкилот таъмин карда мешавад, ва нишонаҳои муфлисшавии он дар чӣ инъикос меёбад.
4.Ҳусусиятҳои хоси гузаронидани тафтишоти аудиторӣ дар ҳолати нишонаҳои хатогиҳои зиёд ва қаллобӣ муайян карда шудан. Рафтори аудитор дар ин ҳолат?
5.Моҳияти муҳиммияти хатогӣ дар чист?
6.Усулҳои асосии баҳодеҳии таваккали аудиторӣ.
7.Системаи назорати дохилиро шарҳ диҳед?

Тестҳо:

5.Дар рафти аудит истифода бурда мешавад:
1) интихоби тасодуфӣ, мураттабӣ ва омехта;
2) рафтори математикӣ ва мантиқӣ;
3) миқдорӣ ва сифатӣ, инчунин нуқтаи 1);
4) намудҳои дигар.
6.Расму оине, қи дар асоси стандарти аудит ҳангоми тақсими маҷмӯъ ба гурӯҳҳои алоҳида, ки ба ҳам вазифаҳои монанд доранд, нишон диҳед:
1)  тағироти ҷузъӣ;
2) страфикатсия;
3) имтидоди (эксраполятсия);
4) мувофиқатӣ.
7. Кадом шакли музддиҳӣ дар фирмаҳои аудитории калон бештар истифода бурда мешаванд:
1) вақтбайъ;
2) корбайъ;
3) аккордӣ;
4) мукофотӣ.

Супориши назоратӣ:
№ 9. Дар рафти муоинаи пешакии ҳуҷҷатҳои аввалаи гусели мол ва дурустии тартибдеҳии он аудитор муқаррар қард, қи аз 15000 ҳисоб-фактураҳои ба қайд гирифташуда 10000 он ба таъминкунандагони доимии фирмаи савдо дахл дорад. Аудитор қарори тафтиши интихобиро қабул карда аз маҷмӯъи интихоби 1000 то ҳуҷҷатҳоро ҷудо кард.
Супориш:Андозаи интихоб ва тартиби номерҳои ҳисоб-фактураҳои тафтишшавандаро муайян кунед.
Масъалаи  № 47.
№3. Дар қорхонаи нав сармуҳосиб, пеш аз ин ҳисоботи бухгалтерии солонаро, тартиб надодааст. Бинобар он, ба фирмаи аудиторӣ муроҷиат карда, хоҳиш мекунад, ки ҳамроҳ мувофиқи шартнома якҷоя ҳисоботи солонаро тартиб диҳанд ва дар ҷамъбасти сол тафтиши аудитории ҳатмиро гузаронанд. 
Супориш:   Ба ҳолати рӯйдода баҳо диҳед. Роҳҳои имконпазири ҳалли муамморо муайян кунед?

Масъалаи  № 48.
Дар шартномаи тафтиши аудитории субъекти иқтисодӣ вазифа гузошт, ки ҳулосаҳои аудитории эътимоднокии ҳисоботи соли гузаштаро гирад. Дар рафти тафтиш аудитор пешниҳоди сабткунакҳо ва ҳисоботҳои соли ҷориро талаб кард. Роҳбарияти мизоҷ ин талаботи аудиторро рад мекунад.
Супориш:
1.Роҳбарият ҳақ аст, аз сабаби он, ки аудитор шарти шартномаро вайрон карда истодааст.
2.Тафтиши маълумотҳои баъди санаи ҳисоботи зарурият надорад, агар, ки ҳатогиҳои бурдани ҳисоби муҳосибӣ ва ҳисоботи соли ҷорӣ муайян карда нашуда бошад, тартиб додани ҳулосаҳои мусбии мутлақ мумкин аст.
3.Аудитор ҳақ дорад, қи маълумотҳои соли ҷориро низ бо ҳаҷми пурра тафтиш кунад, ва ин радди пешниҳодро ҳамчун маҳдудияти ҳаҷми аудит шуморидан мумкин аст.

Дидан карданд: 1559

Мавзӯъҳои монанд:

Асоси назариявии фаъолияти аудиторӣ

Аудити воситаҳои пулӣ

Аудити баҳисобгирии хароҷотҳои истеҳсолӣ, махсулоти тайёр ва фурўши он

БУХГАЛТЕРСКИЙ БАЛАНС

Аудити ташкили баҳисобгирии бухгалтерӣ ва сиёсати баҳисобгирӣ

Аудити хислатҳои амалиётии ташкилот

Тарзи тартибдеҳӣ ва пешниҳоди хулосаҳои аудиторӣ

Хулосаҳои аудиторӣ

Ҳуҷҷатикунонии аудит ва натиҷаҳои тафтишоти аудиторӣ

Системаи назорати доҳилӣ ва интихоб

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: