|
youtaj

Ҳаракатҳои оммавии динӣ – сиёсӣ дар Шарқи мусулмонӣ дар асрҳои XVII-XXI

Тартибдиханда: Р.К. Маллаев,    Д.Р. Ҷўраева

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2017-03-17

Аз асри XVI - XVII сар карда, суръати тараққиёти мамлакатҳои Шарқ хусусан кишварҳои мусулмонӣ хеле суст шуд. Дар илм (хусусан дар илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, фалсафа ва ғайра) ва техникаю технология мамлактҳои Шарқ аз Аврупои Ғарбӣ босуръат қафомониро сар карданд. Сабаби асосии ин зўроварии дин нисбат ба илм буда, илмҳои ғайридиннӣ аз мадрасаҳо пеш карда шуданд ва  илм мўъҷиби таъқиби ҳам дин ва ҳам давлатҳои феодалӣ гашт. Оқибати ногувори ин падидаро халқҳои Шарқ то ҳоло ҳисс менамоянд.
Ин қафомонӣ ба он оварда расонд, ки дар Замони Нав мамлакатҳои Шарқ ба мустамлика ва ниммустамликаи давлатҳои Аврупои Ғарбӣ табдил ёфтанд. Ин бошад ба пайдошавии ҳаракатҳои миллӣ – озодихоҳӣ оварда расонд. Ғояҳои «бозгашт» ба қафо ба «давраи тиллоии» исломи ибтидоӣ ба миён омаданд. Ҳамаи ин ҳодисаю воқеъаҳо ба пайдоиши ҷараёнҳои нав, ҷаҳонбиниҳои нав, дар ислом оварда расонд. Ҷараёнҳои ваҳҳобия, қодирия, маҳдия, бобия ва ғайра пайдо шуданд, ки моҳияти онҳоро ҳаракатҳои миллӣ – озодихоҳӣ аз асорати кишварҳои ғарб ташкил медод.

Ваҳҳобия

Дар асрҳо XVI- XVII Туркияи Усмонӣ Миср, Ҳиҷоз, Ироқ ва як қатор дигар кишварҳоро тасарруф намуд. Агарчанде, ки туркҳо мусулмонони суннимазҳаб бошанд, ҳам ин ҳодиса норозигиро дар кишварҳои арабзабон ба вуҷуд овард. Як навъи ин эътироз ин пайдо шудани ҳаракати ваҳҳобия буд, ки асосгузори он фақеҳи араб Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб (1704 - 1792) ҳисоб мешавад.
Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб  ягон мазҳаб ё таълимоти наверо ба вуҷуд наовардааст, ў танҳо мусулмононро ба бозгашт ба сўи исломи ибтидоӣ, ҳамон исломе, ки дар давраи Муҳаммад пайғамбар ва саҳобагони ў ҷорӣ буд даъват намуд. Аз ин рў ваҳҳобиёнро салафӣ (аз арабӣ, - салаф - пешгузаштагон, аҷдодон) низ меноманд. Дар асоси идеологияи ваҳҳобиён таълимоти имом Аҳмад ибни Ҳанбал меистад. Онро равшану возеҳтар уламои машҳури ҳанбалӣ Ибни Таймия (1267 - 1328) баён карда буд.
Яке аз сабабҳои асосии пайдоиши ваҳҳобия ин мубориза барои истиқлолияти арабҳо буд, ки он бар зидди султони турк равона карда шуда буд. Ваҳҳобия бо таасуб ва оштинопазирӣ аз дигар ҷараёнҳои дини ислом фарқ менамояд.
Асли ваҳҳобияро поксозии ислом ба тариқи рўоварӣ ба исломи ибтидоии даврони пайғамбари ислом ташкил медиҳад. Аз ин рў мубориза бо боқимондаҳои бутпарастию бисёрхудоӣ, ки баъдан ба ислом дар шакли парастиши ҷойҳои муқаддас, шайху эшону авлиёҳо ва ғайра роҳ ёфта буданд, яке аз аввалин қадамҳо дар таблиғоти ваҳҳобия буд.
Ваҳҳобиён мегуфтанд, ки танҳо Оллоҳ лоиқу воҷиби парастиш аст ва онҳо талаб мекарданд, ки танҳо ба Қуръон, ба Калом – ул – Оллоҳ эътимод бояд кард. Аз Сунна бошад танҳо ҳамон ҳадисҳоеро қабул мекарданд, ки дар давраи чор халифаи рошидин маълум ва эътироф шуда бошанд. Баргашт ба тавҳиди ба қавли онҳо, беолоиш, асоси теологияи ваҳҳобиёнро ташкил медиҳад.
Онҳо тасаввуфро як навъи бидъат шуморида, сўфиёнро мусулмон намеҳисобиданд. Нафрати онҳо ба сўфиён то ба ҳадде буд, ки дуоҳо ва муноҷотҳои сўфиёнро, ки дар рўи санги мақбараашон оварда шуда буд, бидъати маҳз шумориданд ва қатъиян манъ карданд. Ба ақидаи онҳо парастиши мазори авлиёҳо ва эҳтироми шахсияти онҳо худ як навъе аз ширк аст. Ба ҳамин сабаб нахустин бор вақте ки соли 1806 Маккаро тасарруф карданд, мақбараи саҳобаҳо ва дигар бузургони исломро, ки зиёратгоҳи ҳоҷиён буд, вайрон карданд. Чун бори дуюм солҳои 1924-1925 султони Ҳиҷозро мағлуб карданд ва сулолаи Саудиҳо бо сардории Абдулазиз ибни Сауд дар Арабистон ба сари қудрат омад, ҳатто хонаеро, ки дар он Муҳаммад таваллуд шуда буд, вайрон карданд. Дар Мадина бошад осору нишонаҳои хонадони саҳобагони пайғамбар ва қабрҳои онҳоро хароб намуданд. Хулосаи назарашон аз ин иборат буд, ки ҳар ақида ва мабдае, ки мутобиқи матни возеҳи Қуръон ва ҳадисҳои саҳеҳ набошад, куфри мазҳ аст. Гароиши онҳо кўҳнапарастона ва муқаллидона буд. 
Агар сухан оиди тарзи зиндагии аҳли ислом равад, онҳо талаб мекарданд, ки хонаю ҷой, сару либос, умуман тарзи маишати мусулмонон бояд зоҳидона бошад. Мусиқӣ, ҳама намуди дилхушӣ, зару зевар ва дигар ороишҳоро хоҳ барои мардон ва хоҳ барои занон  ҳаром эълон карданд. Ҳар гуна вақтгузаронӣ ба монанди қиморбозӣ ва ҳатто бозии нарду шатранҷро, ки гўё монеаи зикри Худо ва намози панҷвақта мешавад, манъ карданд. Намозро мегўянд онҳо, на баҳри худ балки баҳри Худо бояд гузошт. Ба ҳамин тариқа ваҳҳобиён ҳар гуна миёнаравӣ ва шафоатро байни Худо ва мусулмонон инкор карданд.
Ваҳҳобия аз назари иҷтимоию сиёсӣ идеологияест, ки барои нест кардани ҳокимияти туркон ва барқарор намудани ҳукумати хонадони Саудиён равона карда шуда буд. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳобро шайх ва пешвои наҷдиён Муҳаммад ибни Сауд ҳимоя ва дастгирӣ менамуд. Ғояҳои Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб асоси идеологии давлати Саудиён буд, ки онҳо тамоми давлатҳои арабро ба худ тобеъ карда, хилофати арабро ташкил кардани буданд. Вале ин мазҳаб дар тўли ҳукмронии қариб 200-солаи онҳо, ҳаргиз пой берун аз Ҳиҷоз нагузоштааст ва ба мазҳаби ҳумрон табдил наёфтааст.
Мутаасифона, солҳои баъдина баъзе аз ҳаракатҳои навбаромадаи ба ном исломӣ, ғояҳои ваҳҳобияро аз Ҳиҷоз бароварда, дар дигар кишварҳо, аз он ҷумла Тоҷикистон, паҳн кардани мешаванд, ин бошад  ба тундгароӣ, таасуб ва мухолифат бо мазҳабҳои анъанавии таърихан қабулкардаи мусулмонон меоварад, ки ба урфу одат ва тарзи зиндагии халқҳои кишварамон рост намеояд.

Неҳзати Абдулқодир

Солҳоли 40-уми асри XIX дар Алҷазоир бар зидди мустамликадорони франсавӣ ҳаракати миллӣ – озодихоҳӣ авҷ гирифт, ки ин ҳаракат, чун дигар ҳаракатҳои оммавии асримиёнагӣ ба худ тобиши динӣ гирифта, ислом ва ҷиҳодро байрақи худ қарор дода буд. Ба ин ҳаракат сўфии равияи Қодирия (Ин равияи тасаввуф дар асри ХII аз тарафи Абдулқодири Гелонӣ, дар асоси ақидаҳои ҳанбалия, ташкил дода шуда буд) шайх Абдулқодир, роҳбарӣ мекард. Абдулқодирро қабилаҳои шўришбардошта амиралмўъминини худ эълон карданд, давлати ташаккулдодаи ў бошад ба худ шакли монархияи теократиро гирифт.
Абдулқодир ҳамчун «шариф» (шарифҳо, саидон аз авлодони Муҳаммад пайғамбар ҳисоб мешаванд) ва сўфӣ, чун сарвари бузургу лашкаркаши моҳир, чун инсони комилу хоксор байни алҷазоириён обрўю эътибори бузурге дошт. Ў кўшиш менамуд, ки давлати ташаккулдодаи ў ба шариату адолат асос ёбад, ислом байрақи идеологӣ ва динии ҳаракати ў, озодию истиқлоли халқаш бошад, мақсади ў буд. Абдулқодир сиёсатмадори хуб буд, ҳаргиз таасуб надошт ва хеле таҳаммулпазир буд, дар байни вазирон ва амалдорони ў яҳудиён ва насрониҳо низ буданд. Сўфиёни равияи қодирия, ки дар Алҷазоир обрўю нуфузи зиёде доштанд, ҳамаҷониба Абдулқодирро дастгирӣ менамуданд.
Дар охири солҳои 40-уми асри XIX 2/3 ҳиссаи Алҷазоир ба дасти шўришгарон гузашт. Абдулқодир нишон дод, ки ў дар ҳақиқат ходими бузурги давлатӣ ва пешвои ҳақиқии халқӣ аст. Ў армияи низомӣ, маҷлиси намояндагон, ки аз шахсони обрўманди қабилаҳо иборат буд (як навъ парламент), вазаратҳо ва шўрои вазирон ташкил дод. Қонуни ягона, - шариат ва андози ягона, - закотро ҷорӣ намуда, маъмурияти навро ташаккул дод. Дар давлати Абдулқодир ба кори таълиму тарбия (албатта дар асоси исломӣ) аҳамияти калон дода мешуд.
Абдулқодир чун сўфӣ, ва чун пайрави мазҳаби ҳанбалия талаб мекард, ки хонаю ҷой, сару либос, умуман тарзи маишати мусулмонон бояд хоксорона, аз ороишу карру фарр дур бошад. Зару зевар ва дигар ороишҳоро хоҳ барои мардон ва хоҳ барои занон  ҳаром эълон кард. Ҳар гуна вақтгузаронии бефоида ба монанди қимор, майнўшӣ ва тамокукаширо, ки монеаи зикри Худо ва намози панҷвақта мешавад, манъ намуд.
Агарчанде, ки ҳаракати озодихоҳонаи Абдулқодирро франсавиҳо шикаст дода бошанд ҳам, ғояи он ҳамеша чун асос барои ҳаракати миллӣ – озодихоҳии алҷазоириён боқӣ монд.

Ҳаракати маҳдиён

Ҳаракати миллӣ – озодихоҳонаи халқҳои Судони Шарқӣ, бар зидди мустамликадорони аврупоӣ ва зўроварии туркҳою мисриҳо равона карда шуда буд, дар охири асри XIX авҷ гирифт, ки он дар таърих чун ҳаракати маҳдиён машҳур аст. Ин ҳаракатро Муҳаммад Аҳмад ибни  Абдулло (1834 — 1885), ки худро соли 1881 имом Муҳаммад Маҳдии Мунтазир эълон кард, сарварӣ намуд.
Маҳдӣ бо шиори пок намудани дин, ки ба қавли ў дар натиҷаи ҳукмронии тўлонии туркҳо олоиш ёфта буд, баромад кард. Ў мусулмононро ба бозгашт ба давраи пайғамбари ислом ва саҳобаҳои ў, ки ба ақидаи ў, дини ноби ислом дар ҳамон замон вуҷуд дошт, даъват намуд. Маҳдӣ ба монанди чаҳор халифаҳои рошидин ба худ чор ҷонишин, - халифа таин кард. Дар таблиғоти Муҳаммад Аҳмад ғояҳои маҳдияи шииён бо ғояҳои эҳёи исломи ибтидоӣ, тасаввуф ва ғояҳои бародарию баробарии умумӣ омезиш меёфт.
Маҳдӣ аз мусулмонон зўҳду тақворо талаб намуда, парастиши авлиёҳо ва дигар шахсони муқаддасро маҳкум намуд. Танҳо Қуръон ва ҳадисҳоро сарчашмаи асосии дин шуморида, пайравони ў гуфторҳои пешвои худро, ки онро «Ратиб» меномиданд, ба қатори китобҳои муқаддас дохил намуданд, баъди вафоти Маҳдӣ бошад кўшиши ҷамъ намудани ҳадисҳои ўро намуданд.  Маҳди ва пайравони ў панҷ аркони дини исломро (калимаи шаҳодат, намоз, рўза, закот ва ҳаҷро) куллан тағйир дода, ба он чунин шакл доданд:
1) намози панҷвақта;
2) ҷиҳод;
3) итоат ба ирода ва амри худованд (дар зери ин мафҳум, бечуну чаро иҷро намудани амру фармоишоти Маҳдӣ, ки худро фиристодаи Худо дар рўи замин эълон карда буд, фаҳмида мешуд);
4) калимаи шаҳодат тағйир дода шуд. Агар он пештар дар шакли «Ло илоҳа ил – Оллоҳу Муҳаммадан расулолоҳ» дошта бошад ба он боз ҷумлаи «Муҳаммад Аҳмад ибни Абдулло - маҳдиюллоҳ» илова карда шуд.
5) азёд донистани Қуръон;  
6) азёд донистани Ратиб;

Маҳдӣ тафсирҳои Қуръон ва теологияро манъ кард ва фармон дод, ки тамоми ин гуна китобҳоро сўзонанд. Қонунгузории Маҳдӣ ба Қуръону шариат асос ёфта пайваста бо амру фармонҳои ў пурра карда мешуд. Тамоми мазҳабҳои равияи суннӣ дар Судони Шарқӣ барҳам дода шуданд. Озодандешӣ ва шубҳа кардан ба Маҳдӣ будани Муҳаммад Аҳмад ибни Абдулло ё танқид намудани халифаҳои ў  – ҷиноятӣ вазнинтарин ҳисобида мешуд ва сазои он танҳо марг буд.
Таълимоти Маҳдӣ ба идеологияи ягонаи халқи шўришбардошта табдил ёфт ва ба ташаккулёбии давлати теократӣ оварда расонд. Баъд аз вафоти Муҳаммад Аҳмад ибни Абдулло ҷонишини ў халифа Абдулло ба сари қудрат омад ва барои ў мақбараи пуршукўҳе барпо намуд, ки он ба зиёратгоҳи мусулмонони Судон табдил ёфт, савоби ҳаҷҷи он бо ҳаҷҷи Мака баробар дониста шуд. Давлати маҳдиён дар Судони Шарқӣ 14 сол вуҷуд дошта, дар зери зарбаҳои Англия ва Миср сарнагун шуд, вале то ҳоло пайравони Маҳдии Судонӣ вуҷуд доранд.

Ҳаракати бобиён

Асосгузори ҷунбиши мазҳабию сиёсии Бобия Саид Алӣ Муҳаммади Шерозӣ (1820-1850), ки бо тахаллуси «Боб» машҳур буд, ба ҳисоб меравад. Ў аз падараш, ки базоз буд касби базозиро мерос гирифта муддате ба тиҷорат машғул мешавад. Сипас барои омўзиши илм ва сайру саёҳат ба Ироқу Ҳиҷоз сафар мекунад. Дар Карбало ў муриди Сайид Муҳаммад Козими Раштӣ, - яке аз шайхони машҳури шиа мешавад ва илмомўзиро дар назди ў идома медиҳад.
Дар он давра аз тарафи фирқаи «шайхия» зуҳури Имоми Замон пешгўӣ карда мешуд ва бисёриҳо ба зуҳури имоми ғоиб мунтазир буданд. Намояндаи фирқаи «шайхия» Шайх Аҳмади Эҳсоӣ, ки устоди Сайид Муҳаммад Козими Раштӣ буд ва ҳамчунин пешвои ин фирқа Ҳоҷ Муҳаммад Каримхон оиди падид омадани Имоми Замон сухан меронданд ва ба сурати мубҳам ва ниҳонӣ баъзе аз ғояҳои бобияро тарғиб менамуданд.
Сайид Алӣ Муҳаммад баъд аз ду се соли таҳсил дар назди Сайид Муҳаммад Козими Раштӣ худро Имоми Замон ё худ «Боб» эълон кард. Дар сотсиологияи дин бобияро наҳзати диние мешуморанд, ки манфиати табақаи тозабунёди буржуазии Эронро ифода мекард ва барои ҳимояи манфиати онҳо як қатор ислоҳотҳоро дар умури динӣ ва суннатҳои мазҳабӣ ба миён мегузорад.
Сайид Алӣ Муҳаммад аввал дар Бушер ва пас дар Шероз даъвати худро интишор медиҳад вале Бушериҳою Шерозиҳо ўро аз шаҳрҳояшон меронанд, ўро дар Шероз ба куфр айбдор намуда зиндонӣ мекунанд. Ҳокими Исфаҳон Манучеҳрхони Гурҷӣ мулаққаб ба Мўътамид-уд-Давла Сайид Алӣ Муҳаммадро аз зиндони Шероз берун менамояд ва зери ҳимояи худ мегирад ва ба Исфаҳон меорад. Боб дар Эрон пайравони зиёде пайдо мекунад, ки онҳо ўро «Ҳазрати Аъло» ва «Нуктаи Увло» лақаб доданд. Вале пас аз вафоти Манучеҳрхони Гурҷӣ рўҳониёни ислом зидди ў бармехезанд ва ҳукуматдорон ўро ҳабс намуда дар қалъаи Чеҳрик, ки дар Озарбойҷони Эронӣ ҷойгир аст нигоҳ медоранд. Баъдан Сайид Алӣ Муҳаммадро, ки бо номи Боб машҳур шуда буд ба Табрез оварда, дар ҳузури валиаҳд Носириддин Мирзо, дар маҷлиси уламо, суд мекунанд. Рафти муҳокима ва саволи ҷавобҳои Боб дар суд ба тафсил дар китоби «Носих ут-таворих» баён карда шудааст. Баъд бо қарори суд ўро ба чўб бастанд, ў тавбаномае навишта хоҳиши авф кард, вале ўро боз ба зиндони қалъаи Чеҳрик фиристоданд. Пайравони Боб аз ин амалҳо ба хашм омада шўриш бардоштанд ва ин шўриш Мозандарону Занҷону Табрезро фаро гирифт. Бобро бо амри садри маъруфи Эрон Тақихон Амири Кабир, ҳокими Озарбойҷон ба Табрез оварда, бо фатвои уламо ба дор кашида тирборон кард ва баъд аз ин шўриши бобиён бераҳмона пахш карда шуд.
Сайид Алӣ Муҳаммад ал- Боб ба кўтоҳии умраш нигоҳ накарда аз худ осори зиёде боқӣ гузоштааст. Нахустин асари ў «Тафсири сураи Юсуф» ном дорад, ки пайравонаш онро «Куюм ул-асмо» меноманд. Дигар китоби машҳури ў маҷмўаи «Алвоҳ» мебошад, ки дар он Боб ба уламо ва ҳокимон муроҷиат менамояд. Асарҳои дигараш «Саҳифаи байн-ал-ҳарамайн», «Рўҳ ва фазоил-ус-сабҳа» мебошад, ки дар онҳо нуқтаи назари ў ба дину оин ва сиёсат баён карда шудаанд. Машҳуртарин китоби Боб «Китоби баён» ном дорад, ки бобиён онро носих, яъне ивазкунандаи Қуръон медонистанд.
Ба ақидаи Боб дар ҳар даврае, мувофиқ ба он замон, Худованд пайғамбар ва аҳком – китоби наве мефиристад аз ин рў ҳеҷ як ваҳйи пешин наметавонад, ки абадӣ ва тағйирнопазаир бошад.  Бо ин роҳ ў мехост ҷазмият, - яъне бетағйиру догмавӣ будани аҳкоми исломро аз байн бара два ба Қуръону шариат тағйиротҳо ворид намояд. Бинобарин ў худро пайғамбар эълон кард, шариатро инкор намуда, баробарии куллии одамонро эълом намуд.
Боб талаб менамуд, ки моликияти калони давлатмандон ба манфиати камбизоатон тақсим карда шавад, аз камбизоатон андоз ситонида нашавад. Ў баробарии на танҳо иҷтимоӣ инчунин баробарии молумулкӣ ва озодии комили шахсиятро талаб менамуд. Ба вуҷуди ифодаи орзую омоли меҳнаткашон ва баъзе шиорҳои тараққихоҳона, таълимоти бобия хеле чигил ва дарҳаму барҳаму пурзиддият мебошад, он аз омехтаи берабти таълимотҳои сўфия, исмоилия, ғулотҳои шиа (алиилоҳиён) иборат аст, ки дар заминаи фаҳмиши нодарусти онҳо пайдо шудааст. Бобиён оётҳои Қуръон ва талаботи аҳкому шариатро ғаразноку хато таъвил намуда, ба ислом тағйиротҳо дохил намуданӣ мешуданд.
Баъди қатли Боб бародари ў Мирзо Ҳусайн Алии Нурӣ (1817-1892) худро халифа, - ҷонишини боб эълон намуд, оянда ў худро Баҳоуллоҳ эълон намуда ба фирқаи Баҳои асос гузошт, ки он бои слом ҳеҷ як умумияте надорад. Баҳоия дар ибтидо кўшиш намуд, ки дини исломро ба манфиатҳои иттиҳодияҳои байналмиллалии буржуазӣ тобеъ намояд, дертар бошад таълимоти худро дини нав эълон намуд.

Савоҳо оиди мустаҳкам намудани мавзўъ
1. Мавзўи омўзиши илми фиқҳ чист?
2. Моҳияти мазҳаби ҳанафия аз чӣ иборат аст?
3. Моҳияти мазҳаби моликия аз чӣ иборат аст?
4.  Моҳияти мазҳаби шофеъия аз чӣ иборат аст?
5. Моҳияти мазҳаби ҳанбалия аз чӣ иборат аст?
6. Сабаби пайдоиши ҳаракатҳои миллӣ - озодихоҳӣ аз чӣ иборат буд ва чаро онҳо ба худ тобиши динӣ гирифтанд?

Дидан карданд: 1575

Мавзӯъҳои монанд:

Тақвими моҳи шарифи Рамазон барои соли 2017

Сиёсати давлати Тоҷикистон оиди дин

Мақоми дин дар ҷомеаи имрўза. Сиёсат ва дин (Ислом дар ҷаҳони муосир)

Озодандешӣ ва моҳияти он. Озодандешӣ таърихи пайдоиш ва эволютсияи он

Ҳаракатҳои оммавии динӣ – сиёсӣ дар Шарқи мусулмонӣ дар асрҳои XVII-XXI

Назарияи давлат ва ҳокимият дар ислом

Масъалаи ҳуқуқ дар ислом. Илми фиқҳ; мазҳабҳо дар дини ислом ҳанафия, маликия, шофеия, ҳанбалия

Тасаввуф ва дини ислом. Фалсафаи «ваҳдати вуҷуд» ва нақши он дар ҷаҳонбинии Абдураҳмони Ҷомӣ

Тасаввуф ва дини ислом. Тасаввуфи Ҷалолиддини Румӣ

Ҷавҳари таълимоти тасаввуф. Зинаҳои асосии тасаввуф. (Шариат, тариқат, маърифат ва ҳақиқат)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: