|
youtaj

Масъалаи ҳуқуқ дар ислом. Илми фиқҳ; мазҳабҳо дар дини ислом ҳанафия, маликия, шофеия, ҳанбалия

Тартибдиханда: Р.К. Маллаев,    Д.Р. Ҷўраева

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2017-03-17

Шариат (аз арабӣ роҳи рост) - ин маҷмўаи меъёрҳои ҳуқуқию ахлоқӣ, қоидаву қонунҳои динӣ ва сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи мусулмонон аст. Дини ислом на танҳо масъалаҳои соф динӣ, инчунин масъалаҳои гуногуни иҷтимоию сиёсӣ, ахлоқию ҳуқуқӣ ва умуман ҳамаи тарафҳои ҳаёти ҷомеаро дар бар гирифта, барои онҳо қонуну қоида вазъ кардааст. Бинобарин ислом на танҳо дин, инчунин дастури амал ва тарзи зиндагии ҷомеаи мусулмонон  мебошад, ки онҳоро ба сўи ҳақ ҳидоят менамояд. Илме, ки аҳкоми назарӣ ва амалии шариати исломро кор карда мебарояд илми фиқҳ номида мешавад.  Фиқҳ аз арабӣ фақаҳа – дониш ва ё фаҳмиши амиқ тарҷума мегардад. Уламои ислом аксари вақт шариат ва фиқҳро ҳамчун синоним истифода мебаранд, олими донанда, мутахассиси соҳаҳои шариатро фақеҳ меноманд.
Агар илми фиқҳро, бо илмҳои муосири мо муқоиса намоем, он ба илми ҳуқуқшиносӣ наздиктар менамояд, вале дар айни замон доираи амали он аз ҳуқуқшиносӣ дида хеле васеътар аст. Доираи мавзўҳо ва масъалаҳое, ки фақеҳон бо он машғуланд, хеле фарох ва гуногунҷабҳа буда, онро бо ягон фанни мушаххаси ҳозиразамон монанд кардан мумкин нест.
Сарчашма ва манбаҳои асосии фиқҳ чунинанд:
1. – Қуръон (дар фиқҳ онро аксаран, мухтасар «Китоб» меноманд).
2. – Суннат, яъне гуфтору амал ва қарорҳои пайғамбари ислом.
3. – Иҷмоъ, ҳамфикрӣ ва ё ҳамрайъи оиди ҳалли ягон масъала.
4. – Қиёс, - муқоиса (аналогия), муҳокима оиди айният доштани як ҳукм бо дигараш, ҳадисҳои пайғамбар ҳангоми қиёс чун асос гирифта мешаванд.
Асҳоби раъй услуби фиқҳ мебошад, ки дар он усулҳои гуногуни  баровардани ҳукмҳои шаръи, ҳуқуқӣ ва меъёрҳои онҳоро дида мебароянд. Асҳоби раъй аз чунин услубҳо иборат аст:

  • Ал – истеҳсон (муҳокима ба ҳусни ният).
  • Ал – истислоҳ (муҳокима оиди манфиати кор, иҷозат додан ё надодан, ба коре ё амале).
  • Ал – истидлол (баровардани хулосаи дедуктивӣ; аз фактҳои гуногун баровардани ҳақиқат).
  • Ал – истисҳоб (фарзия, эҳтимол (презумтсия), расман бегуноҳ ҳисобидани шахс, то он вақте, ки гунаҳкор будани ў исбот нашавад).

  Ин ҳама категорияҳои раъй мебошанд, ки дониш ва истифодаи онҳо барои фақеҳон ва қозиён зарур аст.
Фиқҳи исломи ба ҳафт мазҳаби асосии фиқҳӣ: чаҳор суннӣ ва се шиа тақсим мешаванд.
Пас аз вафоти пайғамбари ислом – Муҳаммад, асҳоби ў, масоилу мушкилоти худро дар асоси Қуръон ва агар дар он пайдо накарданд, ба суннат ё худ ҳадисҳои пайғамбар муроҷиат намуда ҳал мекарданд. Аммо вақте ки дар онҳо низ айният наёфтанд рў ба раъю қиёс оварданд, яъне кўшиш мекарданд, ки роҳи ҳалли онро ба Қуръону Сунна мутобиқ намуда, дарёбанд. Ҳамин тариқа ихтилофҳо оиди баровардани ҳукми шаръи сабаби пайдоиши мазҳабҳои фиқҳӣ гардид, ки асоситаринашон инҳоянд:
1. Мазҳаби ҳанафия. Ҳанафия мазҳабест, ки пайравони Имоми Аъзам, - Абўҳанифа Нўъмон ибни Собит (ваф соли 767) ба   он риоя мекунанд. Шаҷараи Имоми Аъзам чунин аст: Нўъмон писари Собит писари Марзбон буда, кунияи ў Абўҳанифа аст, асли авлоди ў аз Кобул буда, бобояш Марзбон дар замони хилофати Умар исломро қабул намуда, ба Кўфа омада, дар он ҷо муқимӣ шудааст. Абўҳанифа яке аз шогирдони мумтоз ва лаёқатноктарини фақеҳи номӣ Ҳаммод ибни Абўсулаймон буда, дар замони зиндагиаш яке аз донандагони бузурги Қуръон ва Сунна ҳисоб мешуд. Ў дар асари ошноӣ бо илми калом, ва баҳсу мунозира бо намояндагони мактабҳои гуногуни он, дар илми ҷадал ва мунозира маҳорати комил ёфта, онро дар илми фиқҳ истифода бурдааст. Абўҳанифа, бар хилофи асҳоби ҳадис, ақл ва усулҳои мантиқиро дар фиқҳ ба кор бурда, раъю қиёс ва истеҳсонро вориди фиқҳ кардааст. Мактаби Абўҳанифа бо номи «мактаби раъй ва қиёс» машҳур буд.
Мазҳаби Абўҳанифа таҳаммулпазиртарин, демократитарин мазҳаби ислом аст, зеро ў илова ба қиёс ва раъй ба урфу одати халқҳо низ такя кардааст. Урфу одат дар фиқҳ, - ин ҳангоми баровардани ҳукм, ё қабули қароре,  (агар дар Қуръону Сунна роҳи ҳалли он набошад), истифода бурдан аз анъана ва суннатҳои миллӣ (маҳаллӣ) иборат аст. Дар натиҷаи истифода аз раъй, қийс, иҷмоъ ва урф, фиқҳи ҳанафиён аз фиқҳи дигар мазҳабҳои аҳли суннат бойтар гардидааст. Назарияи Абўҳанифа, услубҳои шаръие, ки ў пешниҳод менамояд, басо фасеҳу мавзун буда, барои ҳаллу фасли  масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ, аҳлоқию маишӣ, иҷтимоию сиёсӣ ва  ҳамоҳангсозии онҳо бо шариати ислом мувофиқтар мебошад.  Бинобарин мазҳаби ҳанафия дар Осиёи Миёна, Туркия, Афғонистон, Покистон ва давлату кишварҳои дигар, васеъ паҳн гардидааст.
2. Моликия. Назарияи фиқҳие мебошад, ки асосгузори он имом Молик ибни Анас (713-795) ҳисоб мешавад. Моликия дар Арабистон пайдо шуда, дар Миср, Африқои Шимолӣ ва Андалусия пазируфта шудааст.
Дар фиқҳ сарчашмаи асосии моликия Қуръону Сунна буда, фатвои саҳобагонро низ ҷузъи суннат медонад. Яке аз хусусиятҳои ин мазҳаб он аст, ки амали мардуми Мадинаро дар замони имом Молик ибни Анас (асри дуюми ҳиҷрӣ) низ чун ҳуҷҷати шаръи қабул доранд. Далел ба он доранд, ки амали мардуми Мадина дар он замон, ба қавлу амали пайғамбари ислом мувофиқат надоштанаш, мумкин набуд, зеро онҳо ба феълу амали паёмбар хуб ошно буданд ва мувофиқи он зиндагӣ мекарданд.
Пас аз ин манбаҳо онҳо ба истеҳсон ва масолиҳи мурсала муроҷиат менамоянд. Маънии ин истилоҳот он аст, ки ҳамаи он чиеро, ки дар натиҷаи охирин ба ҳаром меорад манъ бояд кард ва агар ба ҳалол оварад, иҷозат бояд дод, дар ин амал онҳо аз далелҳои ақлӣ истифода мебаранд. Моликиён қиёсро эътироф мекунанд вале истифодаи он дар мазҳаби онҳо нисбат ба мазҳаби ҳанафия маҳдудтар аст. Агар масъалае пайдо шавад, ки ҷавоби он дар Қуръону Сунна дарёфт нашавад, он гоҳ қозии моликӣ қароре қабул менамояд, ки он ба манфиати ҷомеаи мусулмонон мувофиқ бошад ва бо Қуръону Сунна зиддият надошта бошад.
Назарияи моликия дар асари Молик ибни Анас «Ал - Муватта» дода шудааст, шарҳу ҳошияи он бошад «Ал – Мудаввану ал - кабира» ном дорад. Аз осори баъдинаи моликиён маъруфтаринаш «Ал – қавоин ул – фиқҳия фит – таҳлис – ил – мазҳаб - ил - моликия» мебошад, ки ба қалами Абулқосим ибни Ҷаззӣ (ваф. 1341) таалуқ дорад, инчунин «Ал - Мухтасар»-и Саид Халилро (ваф. 1365) ном бурдан мумкин аст.
Дар замони мо мазҳаби моликия дар Алҷазоир, Ливия, Тунис, Қувайт, Баҳрайн амал мекунад.
3. Мазҳаби шофеъия. Асосгузори ин мазҳаб имом Муҳаммад ибни Идриси Шофеъӣ (767-820) мебошад. Мазҳабе, ки имом Шофеъи ба вуҷуд овардааст бо соддагӣ ва хусусияти эклектикӣ (яъне, дар мазҳаби Шофеъия, таъсири мазҳабҳои ҳанафия ва моликия калон аст, имом Шофеъи бисёр нуктаҳоро аз ин мазҳабҳо гирифтааст) доштанаш фарқ менамояд. Манбаи асосии асосии шофеъия низ Қуръон ва Сунна мебошад онҳоро дар ҳукми амал баробар медонанд, дар иҷмоъ шофеъиён  ба қарорҳои қабулкардаи фақеҳони мадинагӣ такя мекунанд ва онро ҳақ мешуморанд ба сурате, ки он ба санад ва далелҳои муътабар асос ёфта бошад. Истеҳсонро (муҳокима ба ҳусни ниятро, яъне чунон ҳисоб кардан, ки шахси гунаҳкор нияти бад надошт) қабул надоранд. Қиёс на чун амали холиси фикрӣ, балки чун тарзи баровардани ҳукм аз ҳукмҳои дигари дуруст ҳисобидашуда,  истифода бурда мешавад.
Ҳамин тариқа, шофеъия дар амал як мазҳабе мебошад, ки онро аз  усулҳои соддашудаи ҳанафия ва моликия иборат медонанд. Мазҳаби шофеъия дар Сурия, Ироқ, Миср, Лубнон, Фаластин паҳн шудааст.
4. Мазҳаби Ҳанбалия. Асосгузори ин мазҳаб имом Аҳмад ибни Ҳанбали Марвазӣ (780-855) мебошад. Фарқи ин мазҳаб аз дигар мазҳабҳо дар он аст, ки дар аввал он чун ҳаракати динӣ – сиёсӣ, дар Бағдод арзи вуҷуд кардааст ва бо мурури замон чун мазҳаби алоҳида шинохта шудааст.
Ҳанбалия дар шароити бўҳрони амиқи маънавӣ ва иҷтимоию сиёсӣ зуҳур кардааст. Дар замони хилофати Маъмун фирқаи мўътазилиён, ки фирқаи ақлгаро ва озодандеши исломӣ буданд, ба сари қудрат омада, ба таъқиби ҳарифони худ, - намояндагони исломи расмӣ даст заданд. Аҳмад ибни Ҳанбал, ки аз мўътақидони ботаасуби суннатгарои аҳли ҳадис буд, низ мавриди таъқиби мўътазилон қарор гирифта будааст. Аҳмад ибни Ҳанбал, ки хеле мутаасиб буд, ба вуҷуди таъқибу шиканҷаи мўътазилиён, аз ақидаи худ нагашт.
Қозиён ва муфтиёни ҳанбалӣ дар фиқҳ аз Қуръон, Сунна, фатвои саҳобагони аввалин ва мўътамади пайғамбар истифода мекунанд. Онҳо аввал ҳукми ҳақиқиро аз Қуръон меҷўянд, агар наёфтанд ба ҳадисҳои пайғамбар муроҷиат менамоянд, агар набошад ба фатвои саҳобагон такя мекунанд, агар он ҳам нашавад ба иҷмоъ ва қиёс рў меоранд.
Ҳанбалиён хеле мутаасиб буда, риояи қатъии меъёрҳои шариатро талаб мекунанд, ба ҳар як намуди озодандешӣ ва ақлгароӣ ҷиддан мубориза мебаранд. Ҳарчанд, ки мазҳаби ҳанбалия IX ба вуҷуд омада бошад ҳам, ҳамчун мазҳаби фиқҳӣ дар асри Х ташаккул ёфтааст, адабиёту осори ҳанбалӣ бошад танҳо дар асри ХI арзи вуҷуд кардаанд. Маъруфтарин асарҳои мазҳаби ҳанбалия асари Муваффақуддин ибни Қудомӣ (1146-1223) «Китоб ул-умда фи аҳком ил-фиқҳ» ва асари алломаи машҳури ҳанбалӣ Ибни Таймия (асри XIII) «Сиёсат – уш - Шаръия» мебошад.
Ҳоло мазҳаби ҳанбалия ба таври расм дар Арабистони Суудӣ пазируфта шудааст, инчунин фундаменталистони исломии ба ваҳҳобия ҳусни таваҷҷўҳ дошта, аз он истифода мебаранд. Ҳарчанд, ки Суудиён кўшиши зиёде ба харҷ дода бошанд ҳам, фиқҳи ҳанбалия васеъ интишор нашуд.
Инҳоанд чор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат.
Чӣ хеле, ки дар боло қайд кардем боз се мазҳаби фиқҳии аҳли шиа низ мавҷуданд, инҳо зайдия, исмоилия ва ҷаъфария мебошанд, оиди ин равияҳо ва мазҳабҳои шиа мо дар мавзўи гузашта сухан ронда будем.
Дар охирҳои Асрҳои Миёна ва дар Замони Нав байни асарҳои ба фиқҳ бахшидашуда, маҷмўаҳои фатвоҳои уламои ислом, ки ба масъалаҳои махсусу алоҳида, ки инкишофи ҷомеа ва тағйиротҳои замона онро тавлид карда буданд, пайдо шуд ва ин маҷмўа аз тарафи фақеҳон дар ҳалли масъалаҳои ҷузъи истифода бурда мешаванд.
Ба рақобат ва ихтилофҳое, ки онҳоро ба ҳам бархўрдани манфиатҳои сиёсию миллӣ ба вуҷуд меоваранд нигоҳ накарда, мазҳабҳои аҳли суннат дар доираи худ маҳдуд нашуданд. Гузариш аз як мазҳаби фиқҳи ба дигараш ин тағйир додани дину эътиқод нест, мусулмонон метавонанд барои ба даст овардани ҳақиқат, дар қазовати ин ё он масъала, ба мазҳабҳои дигари аҳли суннат муроҷиат намоянд. Раванди ягонашавии шариат ва фиқҳи исломӣ, дар мазҳабҳои суннӣ барои ин шароити муайяне фароҳам меорад.

Дидан карданд: 2782

Мавзӯъҳои монанд:

Тақвими моҳи шарифи Рамазон барои соли 2017

Сиёсати давлати Тоҷикистон оиди дин

Мақоми дин дар ҷомеаи имрўза. Сиёсат ва дин (Ислом дар ҷаҳони муосир)

Озодандешӣ ва моҳияти он. Озодандешӣ таърихи пайдоиш ва эволютсияи он

Ҳаракатҳои оммавии динӣ – сиёсӣ дар Шарқи мусулмонӣ дар асрҳои XVII-XXI

Назарияи давлат ва ҳокимият дар ислом

Масъалаи ҳуқуқ дар ислом. Илми фиқҳ; мазҳабҳо дар дини ислом ҳанафия, маликия, шофеия, ҳанбалия

Тасаввуф ва дини ислом. Фалсафаи «ваҳдати вуҷуд» ва нақши он дар ҷаҳонбинии Абдураҳмони Ҷомӣ

Тасаввуф ва дини ислом. Тасаввуфи Ҷалолиддини Румӣ

Ҷавҳари таълимоти тасаввуф. Зинаҳои асосии тасаввуф. (Шариат, тариқат, маърифат ва ҳақиқат)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: