|

Ҷавҳари таълимоти тасаввуф. Зинаҳои асосии тасаввуф. (Шариат, тариқат, маърифат ва ҳақиқат)

Тартибдиханда: Р.К. Маллаев,    Д.Р. Ҷўраева

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2017-03-17

Сўфия  фалсафаи худро ташаккул дод, ки дар он масъалаҳои умдатарине, ки дар назди тафаккури фалсафии мамоликҳои Шарқи исломӣ меистод гузошта шуданд. Ин масъалаҳо аз нуктаҳои зерин иборатанд:

  • Худовандро ягона (тавҳиди қатъӣ) ва дар айни замон офаридагори тамоми олами мураккабу гуногунҷабҳа, чи тавр бояд шинохт?
  • Мавқеъ ва мақоми инсонро дар олами офаридаи Худованд чӣ тавр бояд муайян кард?
  • Муносибати инсон ба Худо ва олами офаридаи ў бояд чӣ гуна бошад?
  • Оё маърифати олам мумкин аст ва агар мумкин бошад, то кадом ҳадд олам донисташаванда аст?

Тасаввуф чун ҷараёни фалсафӣ ба таҷрибаи бои чунин равияҳои фалсафӣ чун калом, машшоия, исмоилия ва ишроқия такя менамояд ва макулаҳо ва мафҳумҳои офаридаи ин ҷараёнҳои фалсафиро васеъ истифода мебарад. Маърифати сўфия, ки дарки ҳақиқатро ҳадафи худ қарор дода буд, ҷиҳатҳои назарӣ ва амалӣ дошт. Дар қисми амалии тасаввуф солик марҳилаи якуми камолоти сўфиён шариатро тай намуда ба зинаи дуюми он тариқат мерасад, аз он ҷо бо роҳи маърифат ба зинаи олии тасаввуф ҳақиқат мерасад.
Сўфие ки бо роҳи шариат меравад «солик», онеро, ки бо роҳи тариқат меравад маҷзуб, ба маърифат расидагонро солики маҷзуб ва ба ҳақиқат расидагонро маҷзуби солик меноманд. Барои ба чунин шакли маърифат ноил шудан  сўфӣ бояд ахлоқи разилаи худро тарк намояд ва соҳиби ахлоқи ҳамида шавад. Ў бояд дарк намояд, ки вуҷуди ҳақиқӣ ҳамон вуҷуди ҳақ аст ва ҳамаи махлуқоти олам эътиборӣ буда,  сояи (таҳайюли) ҳамон ҳақиқатанд Аз ин рў, инсон ҳамчун махлуқ бояд худро аз халқ дур намояд ва аз ҷиҳати маънавӣ ба ҳақ наздик шавад ва худшиносии хешро таъмин намояд Дар «Гулшани роз»-и Маҳмуди Шабистарӣ ба ҳамин мазмун омадааст:

Висоли ҳақ зи халқият ҷудоист,
Зи худ бегона гаштан ошноист.

Инсон ҳангоми офаринишаш соҳиби як заррача рўҳи худовандӣ гашта буд ва ў метавонад бо воситаи риёзат, аз ахлоқи разила, аз «ман»-и худ даст кашида, то ҳақиқат расад, яъне  ба дараҷаи худоӣ соҳиб шавад. Ҳамин тариқа, тасаввуф ба дараҷаи худоӣ расидани инсонро имконпазир мешуморад ва аз ин ҷиҳат афкори тасаввуффӣ ба нуктаи асосии таълимоти дини ислом дар бораи Худои якаю ягона муқобил аст. Маҳз нидои Мансури Ҳаллоҷ «Аналҳақ» (ман Худоям), барои ба қатли ў фатво додани фақеҳону муфтиёни ислом, баҳонаву сабаб шуд.
Бино ба тасаввуф сўфӣ дар ҷараёни сайри такомули маънавӣ баъди аз худ дур намудани олоишҳои олами моддӣ ва касби сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ барои дарки холиқ қобилият пайдо карда, ҳиҷоби байни худ (субъекти маърифат) ва Худо (объекти маърифат)-ро аз миён мебардорад. Чунин ҳолатро сўфиён мукошифа меноманд.
Баъди бардошта шудани ҳиҷобҳо, агар солик бавосита холиқашро дарк намояд ва огоҳ шавад, ки вуҷуди ў ҳамон аҳадиятест, ки солик зуҳури он мебошад, байни онҳо дигар монеае намемонад. Ин ҳолатро бошад дар тасаввуф мушоҳида меноманд. 
Яъне, солик, зимни камолоти маънавӣ, ҳақиқати реалию куллиеро (ба истилоҳи Муҳиддин ибн – ул – Арабӣ вуҷуди мунбаситеро) мушоҳида мекунад, ки  саргаҳи он Худо ва охири он табиат мебошад. Инсон ҳамчун маҳсули инкишофи табиат ин ду нуқтаро ба ҳам пайваста, як вуҷуди куллиеро ташкил медиҳад ва худашро аз ҷиҳати камолоти маънавӣ ба Худо баробар карда, мақоми худро аз дараҷаи пайғамбарӣ ҳам волотар мешуморад.
Ҳамин хел ў бо чашми дил ҳақиқати реалиро бевосита мебинад, аз худ фонӣ ва ба худ боқӣ шуда, ба дараҷаи муоина ё худ ҳулул мерасад ва бо як чашми худ холиқу бо дигараш ҳама махлуқро мебинад. Аз ин рў, соликеро, ки ба дараҷаи маърифати комил рассидааст, «зулайнайн», яъне соҳиби ду чашм меноманд.
Ғояи асосии «ваҳдати вуҷуд» дар таълимоти Мансури Ҳаллоҷ ба вуҷуд омада, дертар онро Муҳиддин Ибн – ул – Арабӣ аз ҷиҳати назарӣ асоснок намудааст. Ба қавли Муҳиддин Ибн – ул – Арабӣ, агар ба сурати хориҷии ҳақиқати ягона бингарем, он «восут» аст ва чун ба ботини он бингарем, он «лоҳут» бувад. Пас на фақат дар инсон, балки дар ниҳоди тамоми мавҷудот ду сифати як мабдаъ воқеъ аст, ки онро гоҳ зоҳиру ботин, гоҳ ҷавҳару араз меноманд. Азин рў, ҳақиқати азалӣ ба ҳамаи вуҷуд таҷаллӣ мекунад, вале дар инсон он дар комилтарин сурате ҷилвагар мешавад. Бинобар он инсон «мухтасари шариф» ё «кавни ҷомеъ» ё худ «инсони комил» номида мешаввад. Ў олами сағирест, ки  дар оинаи вуҷудаш ҳамаи камолоти «олами кабир» инъикос меёбад. Агар инсон ориф шуда, худро дарк кунад, он мазмуни дарки Худоро дорад ва моҳияти ин худошиносӣ худшиносии комили инсон  ва барқарор шудани шахсияти ў мебошад.
Мафҳуми «ҷавонмардӣ» барои аҳли тасаввуф аҳамияти хосса дорад. Ҷавонмардӣ, ин дароз кардани дасти ёрӣ ба дигарон, накўкору накўандеша будан, нигоҳ доштани асрор, пўшидани роз, саховатмандӣ, ҳалимӣ, хоксорию қаноат ва ғайра мебошанд. Бинобар ин аҳли тасаввуф дар байни одамони оддӣ тарафдорони бисёреро доштанд.
Мазмуну моҳияти таълимоти тасаввуф аз бисёр ҷиҳат ба рукнҳои асосии дини ислом зарба зада, зоҳиран баъзе ҷиҳатҳои масъаларо аз бими замона нигоҳ дошта бошад ҳам, дар асл дар таълимоташ ғояҳои фалсафию озодандеширо дохил карда, афкори мулҳидонаро низ инкишоф додааст.  Маҳз аз ҳамин сабаб бисёр сўфиёни  намоёнро намояндагони дин ба куфру зиндиқа айбдор карда, ба қатл расонидаанд. Масалан Айнулқуззоти Ҳамадониро соли 1138 ба дарвозаи мадрасае, ки ў дар он ҷо дарс мегуфт, ба кофирӣ айбдор карда, овехтанд.
Дар таърихи тасаввуф на ҳамаи сўфиён ҷараёни маърифатро  як хел мефаҳмиданд. Вобаста ба дараҷаи ҷаҳонбиниаш ҳар як сўфӣ яке аз зинаҳои дараҷаи камолотро мақсади ниҳоии худ қарор дода, барои расидан ба он кўшиш мекард. Вобаста ба хусусияти дарки назарии тасаввуф ва эҷодиёти шоирони мутасаввиф навъҳои гуногуни тасаввуф азон ҷумла: Тасаввуфи обидона (Ҳасани Басрӣ, Маъруфи Кархӣ), тасаввуфи ошиқона (Робияи Адвия, Мансури Ҳаллоҷ, Абўсаиди Абулхайр), тасаввуффи шоирона (Абдулмаҷиди Саноӣ, Фариддуддини Аттор, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ), тасаввуфи орифона (Ҷалолиддини Румӣ, Маҳмуди Шабустарӣ) дар адабиёти  классикии араб ва форсу тоҷик ба вуҷуд омаданд.
Ҷиҳатҳои гуногуни таълимоти тасаввуф ва тобишҳои сиёсии онро дар тўли таърих бисёр гурўҳҳо ба манфиати худ истифода бурдаанд. Сўфиён дар ҷиҳод ва ҳаракати сарбадорон фаъолона иштирок намудаанд. Баъзе аз шайхони тасаввуф аз нуфузу эътибори худ истифода бурда, сарват ҷамъ кардаанд. Масалан асосгузори силсилаи тасаввуфи сафаввия Сафиуддини Ардабилӣ аввал ба феодали калон табдил ёфта, баъд сулолаи шоҳони Эрон сафавиёнро ба вуҷуд овард.

Дидан карданд: 2013

Мавзӯъҳои монанд:

Тақвими моҳи шарифи Рамазон барои соли 2017

Сиёсати давлати Тоҷикистон оиди дин

Мақоми дин дар ҷомеаи имрўза. Сиёсат ва дин (Ислом дар ҷаҳони муосир)

Озодандешӣ ва моҳияти он. Озодандешӣ таърихи пайдоиш ва эволютсияи он

Ҳаракатҳои оммавии динӣ – сиёсӣ дар Шарқи мусулмонӣ дар асрҳои XVII-XXI

Назарияи давлат ва ҳокимият дар ислом

Масъалаи ҳуқуқ дар ислом. Илми фиқҳ; мазҳабҳо дар дини ислом ҳанафия, маликия, шофеия, ҳанбалия

Тасаввуф ва дини ислом. Фалсафаи «ваҳдати вуҷуд» ва нақши он дар ҷаҳонбинии Абдураҳмони Ҷомӣ

Тасаввуф ва дини ислом. Тасаввуфи Ҷалолиддини Румӣ

Ҷавҳари таълимоти тасаввуф. Зинаҳои асосии тасаввуф. (Шариат, тариқат, маърифат ва ҳақиқат)

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: Olimovboboon@gmail.com
Санаи дохилгардида: 2019-05-01

Реферат


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: