Дата: 2017-03-14
Зиндагиномаи Му?аммад. Сарчашма?ое, ки аз зиндаг? ва корнамои?ои Муьаммад хабар меди?анд, пеш аз ?ама, ?уръон (бо тафсиру таъвил?ои он) ва Сунна-?адис?о мебошанд. Баъд аз инхо дар ма?оми дуюм китоб?ое, ки бо номьои «Сират-ун- наб?» ва «Китоб – ул - ма?оз?» маъруф шудаанд, ?ой доранд. Аз ?умла, «Сират»- и Ибни ?ишом ва Ибни Ис?о?, «Китоб- ул - ма?ози» - Ва?ид?, «Таба?от» - и Ибни Саъд ва «Китоби – ул- маориф» - и Ибни ?утайба, «Китоб- ул- ахбор ват - таъвил» - и Диновар?, «Таърих» - и Яъ?уб?, «Таърих аррасул ва-л- мулук» - и Табар?, «Футу?от- ул- булдон» - и Балозўриро метавон ном бурд.
Дар мавриди шахси таърихи будани асосгузор ва паёмбари ислом Му?аммад шуб?а нест. ?арчанд, дар атрофии шахсияти ў баъд?о аз тарафи мусулмонон на?л ривоят?ои зиёди хусусияти асотириву афсонав? дошта низ дар ?исса?о ро? ёфтаанд.
Му?аммад аз ?абилаи ?урайш, аз авлоди Бани ?ошим мебошад, ки он?о аз ашрофони ша?ри Макка буданд. Вале авлоди Бани ?ошим яке аз авлод?ои начандон сарватманди ?урайш ба ?исоб мерафт. Падари Му?аммад Абдулло савдогари камбизоат буд ва пас аз марги худ ба Омина модари Муьаммад, тан?о чанд сар гўсфанд ва як ?улом бо?? гузошт.
Му?аммад 12-уми Рабиъ-ул-аввали соли 570 тавллуд ёфтааст. Ин таърих мувофи?и он ривояте гирифта шудааст, ки тиб?и он Му?аммад дар «соли фил», яъне соле ки ?окими ?абашия - Ара?а ба Макка ?у?уми бемуваффа?ияте мекунад, таваллуд ёфтааст.
Му?аммад аввал аз падар, ?абл аз таваллуд, ?анўз ?ангоми дар шиками модар будан ва сипас аз модар дар сини шашсолаг? ятим мемонад. Дар тарбия ва ниго?убини Му?аммади хурдсол нахуст бобояш Абулмутталиб ва сипас амакаш Абутолиб на?ши асос? бозидаанд. Авлоди Бани ?ошим ?офиз, ходим ва мутаваллии хонаи Каъба, санги сиё? (?а?ар-ул-асвад), чашмаи Замзам ва масъули хизматрасон?, таъмини обу таъом, ?ои хоби ?о?иён буданд. Аз хурдсол? Му?аммад дар як чунин му?ити маз?аб? нашъунамо ёфтааст ва табиист, ки он ба сарнавишти баъдии ў бетаъсир намондааст. Мувофи?и ривоят?о дар овони баччаг? Му?аммад, ба чаронидани бузу гўсфандони амакаш Абутолиб маш?ул будааст ва дар як сафари ти?оратиаш ўро ?амро?? кардааст. Дар ин сафар тиб?и ривоят?о як ро?иби насрон? бо номи Бу?айро ба Абўтолиб аз рисолати бузурги паёмбарии Му?аммад хабар меди?ад ва ба ў тавсия мекунад, ки Му?аммадро э?тиёт кунад ва аз ў доимо бохабар бошад.
Баъдтар, амакаш ўро ба бевазани бой Хадича муарриф? мекунад. Му?аммад ки ?анўз ?абл аз хидматгор? ба Хадича бо ла?аби «Амин» - ростгўву рост?авл шў?рат ёфта буд, баъди аз ин сафари бомуваффа?ияти ти?орат?, - Майсара ки ?уломи Хадича, ?амсафари Му?аммад буд, аз мушо?идоти худ, аз рафтор ва ?одиса?ои бо Му?аммад ?ангоми сафар рўй дода, на?л мекунад. Пас аз ин на?л Му?аммад ба чашму дили Хадича нишаст, ма?бубият пайдо кард ва саран?ом ин зани порсо бо ў издиво? намуд. Аз як тараф Хадича, ки аз Му?аммад понзда? сол калон буд, ба а?ида?ои маз?абии ў ?идд? ва хайрхо?она менигарист ва ин худ ба Му?аммад рў?и тоза ва субот мебахшид, аз тарафи дагар дар нати?аи ин издиво? ў фурсат ва имконият?ои бештаре пайдо кард, то дар боби масоили дин? тафаккур ва андеша ронад. Алалхусус, шояд сафари ти?оратии ў бо корвони Хадича ба Шом (Сурия) имконият доданд, ки ў бо намояндагони дину маз?аб?ои дигар ва бо ахло?у одоби он?о ошно гардад ва он?оро ба эъти?одот ва парастиш?ои ?авми худ му?оиса кунад, вале дар ин боб далел?ои таърихии боварибахш ву?уд надоранд.
Му?аммад чун аз кўдак? он бут?ои бе?ону берў?ро медид ва мушо?ида мекард, ки ч? гуна ?урайшиён дар сари манфиат?ои мол? аз парастиш?ои ?о?илия сўиистифода мекарданд. Риво?и фис?у фасод, судхўр?, ?асоси хунин, одати куштани фарзанди навзод, агар духтар бошад, аз ?умлаи он одот ва русуме буданд, ки шароити и?тимоии онрўзаи арабро муташанни?, вазъияти маънавиро хароб карда буданд. Му?аммади ?авонро ин вазъияти и?тимо? ?онеъ карда наметавонист. Шояд ин аст, ки ў дар паи ?усту?ўи арзиш?ои волотар ва ?ояву эъти?оди аълотар мегаштааст.
Дуруст аст, ки бў?рони мафкураи бутпараст? ?амзамон бо ин?ирози сохти ?абилавию авлод? ва беэътибор гардидани арзиш?о ва эъти?одоти он ба пайдоиши ислом замина омода карданд. Вале ба ?ар сурат ин замина бидуни эъ?ози шахсияти Му?аммад, ил?омоти хори?улъоддаи ў, мардонаг?, сабру ша?омати ў, гумон буд, ки ба пайдоиши дине чун ислом ан?омад. Гузашта аз ин, барои пайдоиши дини ислом омилу ниёзманди?ои зиёде берун аз сарзамини Арабистон низ мав?уд буданд. Ин?ирози дохилии дини насрон?, ба дини ?укмрони давлат? табдил ёфтани он, пайдоиши фир?а?ои мухолиф чун: настурия, монофизития ва ?айра; ?амчунин ин?ирози дохилии зардуштия, дар давраи Сосониён аз оини тав?идии Зардушт дур шудан ва ба дини таба?аи ашроф табдил ёфтани он, як ниёзи ?амагониро ба андешаву ?ояи нави ормон? ба ву?уд оварда буд.
О?ози нубувват. Мувофи?и ахбори сарчашма?о Му?аммад соли 610 ба тар?иби дини нав о?оз кардааст. То Му?аммад дар арабистон дигар?о ?ам буданд, ки тар?иби дини нав (яккахудо?) мекарданд, ва он шояд ма?з дини ислом набошад, таълимоти ?аниф?о, ки дар он оиди Худои ягона, - «Ра?мон» сухан мерафт, дар арабистон маълум буд. Му?аммад ?ам дар аввал дини худро «дини ?аниф» меномид ин сифат дертар ?ам чун ?амрадифи ислом ба кор рафтааст. Номи баъзе аз ?аниф?о ба мисли Мусайлима, Са?а?, бародари Хадича Вар?а ибни Навфал то замони мо бо?? мондаанд.
Хулоса, дар чи?илсолаг? аввалин бор ва?йи Худо ба Му?аммад нозил гардид. Мувофи?и ахбори Ибни Ис?о? бо иснод ба ?адисе гуфтааст, ки дар ин давра Му?аммад аз рўи одати ?урайшиён дар ?ори ?иро, ки дар кў?е берун аз Мака ?ойгир аст, зуд-зуд гўшанишин? карда ба ибодат маш?ул мешудааст. Дар яке аз рўз?ои мо?и Рамазон ?ангоми гўшанишиниаш дар ?ор ба ў аввалин ояти ?уръон сураи 96 «Ал-Ала?» нозил мешавад.
Табли?и ислом се соли аввал махф? будааст. Пас аз эълон ва ошкор шудани даъват низ пайравони Му?аммад чандон зиёд набудаанд. Тиб?и ?уръон ва ривоят?о, фаришта ?абраил оёти ?уронро нозил менамуд ва нахуст таълимоти Му?аммадро аввал занаш Хадича, духтар?ояш (Ру?ия, Уммул – ?улсум), амакбачааш Ал?, писархондаш, Зайд ибни ?орис, амакаш Абўтолиб ва ?айра ?абул кардаанд, дигар са?обагон ба он дертар дохил шуданд. Дар Макка даъвати Му?аммад ношунида мемонд, бо душвории калон пеш мерафт, ?атто баъди чор соли нубувват шумораи ас?оби пай?амбар бо занон ва ?уломони эшон аз 40 нафар зиёд набудаанд.
Ашрофи Макка савдогарону судхўрон дар аввал ба даъват?ои Му?аммад эътибор надода бошанд, ?ам дертар ?ангоми афзудани тарафдорони ў ва ?амлаи пай?амбар ба дину оини он?о, ба ?аёти осоиштаи худ та?дидро ?ис карда, ро?и душманиро пеш гирифтанд. Душманони хавфноктарини Му?аммад савдогари сарватманд, Абў Суфён бо занаш ?инда, Амр бинни ?ошим (ўро Му?аммад Абў?а?л, - падари ?а?олат номида буд), Абд-ал-Узал (ба ў Му?аммад ла?аби Абула?аб, яъне дўзах? дода буд) ба ?исоб мерафтанд. ?амин тари?а, па?ншавии дини ислом хеле бо сахт? ба пеш мерафт, пайравони Му?аммад аксаран одамони камбизоат, фа?ирону ?уломон буданд. Таъ?ибу шикан?аи мусулмонон рўз то рўз шиддат мегирифт ва як ?исми он?о ба ?абашия ?и?рат намуданд, ки ин ?и?рати нахустин буд, он соли 614 ба ву?ўъ пайваст.
Аз матни ?уръон бармеояд, ки бутпарастон ба ў бовар намекарданд, аз ои исботи пай?амбариаш та?озои ?айбгў? ва мў?иза менамуданд. Му?аммад бошад худро мисли ?амаи дигарон як инсон ме?исобид, донандаи ?айб тан?о Худо аст мегуфт, вазифаи худро фа?ат дар эъломи хатар ва ого?онидан аз рўзи вопасин ва даъвату ?идоят ба ро?и рост «сириот –ул - муста?им» иборат медонист. Мў?изаи ўро аксари уламои ислом тан?о ?уръон медонанд. Худи пай?амбар барои исботи ?а??онияти гуфта?ояш одамонро ба истифодаи а?л ва андеша даъват мекард. ?адафи асосии пай?амбар ба тав?ид хондани бутпарастон, беэътибор сохтани бутпараст? буд. Аъёни ?урайш бо ?ар ро? хостанд, ки Му?аммадро аз пай?амбар? боз доранд, он?о даст ба фишору зўр? заданд, му?осираи и?тисод? (бойкот) ва манъи равобитро бо авлоди Бани ?ошим дар ма?аллаашонро низ озмуданд. Паймоне бо номи «Паймони са?ифа» имзо карданд, ки мувофи?и он бо хонаводаи Бани ?ошим издиво? ва хариду фурўш манъ карда шуд, инчунин авлоди Бани ?ошим ?у?уки баромадан аз дари худ ба кўча надоштанд, инро аъроб ?у?у?и шиъаб меномиданд. Ин му?осира се сол давом кард вале аёну ашрофи ?урайш иродаи Му?аммадро шикаста натавонистанд.
Душманони Му?аммад дар ибтидо ба куштани ў ?уръат накарданд, чунки аввалан Абўтолиб ва дигар амакони ў мардони обрўманд буданд, ўро ?имоя менамуданд, сониян занаш Хадича ва авлодони ў низ пуштибони Му?аммад буданд. Ашрофони ?урайш? аз ?асоси хун?, ки одати араб?ои давраи ?о?илия буд метарсиданд. Ин аст, ки ба фишору зўр? ниго? накарда, табли?оти Му?аммад рўз аз рўз меафзуд. Соли 619 амакаш Абутолиб ва баъди як мо? занаш Хадича вафот карданд, Му?аммад аз ду пуштибони тавонояш ?удо шуд. Абўла?аб, ки сардори авлоди Бани ?ошим шуда буд, бо Му?аммад ошкоро душман? мекард, ўро дастгир? наменамуд. Вале ба ин ниго? накарда пай?амбар табли?отро бас накард. Му?аммад барои ?устани тарафдоронаш ба берун аз Макка муро?иат карда, ба Тоиф рафт, вале Тоифиён ўро мазо? намуданд ва ?атто санг заданд. Баъди бозгашт ба Макка Му?аммад ба чанде аз авлодони обрўманди ?урайш? муро?иат намуда аз он?о пуштибон? хост, вале он?о рад карданд. Тан?о сардори авлоди Бани Навфал дар ?узури мардони яро?ноки авлодаш дар назди Каъба эълон намуд, ки Му?аммадро зери ?имояи худ мегирад. Баъд аз ин Му?аммад дар байни ?о?иёни бутпараст, ки ба Каъба меомаданд табли?отро сар кард вале он бенати?а монд.
Дар ин вазъияти сангин ного? дари умед ба рўи Му?аммад боз мешавад. Дар бозори Укоз, дар мавсими ?а??и соли 620 пай?амбар бо 6 тан мардони Ясриб? во мехўрад ва он?о ўро ба Ясриб ба сифати пешво ва ?аками худ даъват менамоянд. Ша?ри Ясриб дар масофаи 350 км дуртар аз Макка ?ой гирифта буд. А?олии он аз ду ?абилаи араб (Хазра? ва Авс) ва се ?абилаи я?уд? (Бани ?урайза, Бани ?айно?а, Бани Назир) иборат буд. Адовату душман? байни ин ?абила?о хеле инкишоф ёфта буд, он?о дар ?олати ?анг ?арор доштанд, вазъи Ясриб хеле ногувор буд. Он?о ба ?акамии шахси берунаи бе?араз э?тиё? доштанд, то ки масъала?ои муносибати байни?амдигариашонро ?ал кунанд.
Табиист, ки бархурд бо адёни дигар низ ханиф?о - дин?ўён, мубалли?они яктопарастиро ба тар?иби дини нав водор мекард. Му?а?и?они исломшиносро а?ида бар он аст, ки таъсири дини насрон?, махсусан дар оят?ои бахшида ба рўзи ?иёмат, дўзах ва азобу ?азо?ои он бахшида зиёд аст. Умуман таълимот дар бораи маод – растохези пас аз марг дар он дунё, боз?ў? ва мукофоти амал, тасвири ?аннат ва дўзах муассиртарин на?шеро дар пайдоиши ислом бозидаанд. Аз ин рў он?о барои ин ма?сад Му?аммадро баргузиданд ва ўро ба ша?ри худ даъват карданд. Ба дунболи ин дар мавсими ?а??и соли баъд? ?амоати зиёде аз мардуми Ясриб бо ў байъат карданд ва паймоне бо номи «Паймони А?аба» (номи маьалли имзои ин паймон) баста шуд. Пас аз ин паймон Му?аммад аввал пайравони худро ба Ясриб фиристод ва сипас худ рахти сафар баст. Чунки дар Макка ни?оят ?урайшиён тасмим гирифта буданд, ки ўро кушанд. Барои он ки хуни ў ба гардани як ё ду авлод наафтад, мебоист чандин нафар ?авонони ?урайш? ба пай?амбар якбора ?у?ум карда, ба як?ояг? ўро нобуд мекаданд.
Му?аммад шабона аз Макка ?амро?и Абўбакр баромада, дар ?оре дар домани кў?и Савр пин?он мешавад ва сипас он?о савори шутур ро?и Ясрибро пеш мегиранд. Ни?оят ў бо 70 нафар пайравони худ, ки минбаъд он?о му?о?ирон номида шуданд, ба Ясриб омад. Ин во?еъа дар таърихи ислом бо номи «?и?рат»-и паёмбар маъруф аст ва он мутоби? бо 4 сентябри соли 622 м. буда, аз ?амин рўз солшумории ?и?ри о?оз мешавад.
Пас аз имзои «Паймони А?аба», ки паймони ?анг номида шуд, (чун а?ли Ясриб а?д карданд, ки Му?аммадро бо молу ?они худ дифоъ хо?анд кард) даъват ба ислом ва рисолати паёмбарии ў хусусияти нав касб кард.
Тамоми сезда? соли даъват дар Макка аз тари?и мавъизаву табли?у наси?ату ого?онидан буд. Даъват ва рисолати Му?аммад дар Макка ор? аз ?ар гуна ?адафи сиёс?, соф дин? – маз?аб? будааст. Дар ин давра рисолати Му?аммад ба рисолати Исои Масе? шабо?ат дошт, ў низ мисли Исо ?ар гуна шикан?аву таъ?ибу фишорро бо сабру бурдбор? та?аммул мекард.
Аммо бо баста шудани Паймони А?аба ва ?и?рати паёмбар ба Мадина дигаргунии куллие дар рисолати ў ба ву?уд омад. Му?аммад дар баробари паёмбар?, масъулияту рисолати ро?барии сиёсиро низ дарёфт. Ин давраи дуюми рисолати ў шабе?и рисолати Мўсо аст, акнун ў на тан?о рисолати даъват ба дини нав, балки рисолати ра?о? бахшидан аз дастго?и зулм – мубориза бо душманони исломро дарёфт. Мухолифони Му?аммад аз Макка бо и?дом ба куштани Му?аммад дар арафаи ?и?рат ва таъ?иби мусулмонон худро дар вазъияти ошкори ?анг? бо паёмбар ?арор дода буданд. Аз тарафи Худо низ ва?й бо мазмуни и?озат ба ?анг – «?и?од» нозил шуд. (?уръон: 2: 214).
Аввлин коре, ки Му?аммад дар Мадина ан?ом дод, бастани паймон бо тамоми а?олии Мадина: мусулмонон, бутпарастон (мушрикон) ва я?удиён буд. Ин аст, ки Му?аммад пеш аз ?ама ?амчун ?акам ё ?оз? ба ин ша?р дохил мешавад. Аз сарчашма?о маълум мешавад, ки ?анўз пеш аз дохил шудани Му?аммад ба Мадина, ба дин ва рисолати вай аксарияти мардони ду ?абилаи араб, (Авс ва Хазра?), сокинони Мадина, гаравида буданд. Ба ?ар сурат паймони аввал? бо а?олии Ясриб соф хусусияту а?амияти сиёс? дошт. Ин паймон дар сарчашма?о, аз ?умла «Таърихи Табар?» ба пурраг? омадааст ва аз камолу ма?орати сиёсии паёмбари ислом ша?одат меди?ад.
Бо ву?уди муваффа?ияти бузурги ?осил гардида аз ?и?рат ба Мадина, дар ин ша?р низ табли?и ислом ва муносибати сиёсии дохили ша?р, алалхусус, бо я?удиён ва шайхони соби?и ?абилаи Авс ва Хазра? хеле мушкил ва печида буд. Я?удиён, ки дорои дини тав?идии муста?кам ва дерина буданд, даъват?ову рисолати паёмбарии Му?аммадро ба боди тамасхур гирифтанд. ?амзамон бо муста?кам шудани мав?еияти Му?аммад дар Мадина душмании я?удиён бештар ва ошкоротар мешуд. ?арчанд он?о паймон намуда, а?дномаро имзо карда бошанд ?ам, дар ботин мунофи?? мекарданд, дасиса?о ба ро? меандохтанд. Ба замми ин а?воли му?о?ирони мусулмонон, ки аз Макка ?ама молу боигариву хонаву ?ои худро партофта, ?амро?и паёмбар омада буданд, хеле вазнин буд, он?оро бо манзилу маош таъмин кардан лозим меомад, то ихтилоф бештар нашавад.
Дар соли аввал, ?амзамон бо бастани паймон, нахустин коре, ки паёмбар кард, бинои мас?ид буд, бо номи «Мас?иди ?убо». Мас?ид дар ?амон ?ое, ки ?ангоми дохил шудан ба Мадина но?аи (шутури) паёмбар хоб рафт, бино шуд. Ва ?амчунин мусулмонон рўзаи ошурои я?удияро медоштанд. Дар соли дуюм оид ба та?йири ?ибла ва рўзаи мо?и рамазон ва?й нозил шуд.
Та?йири ?ибла аз як сўй маънии исти?лолият ёфтани ислом ?амчун оини нав, аз сўи дигар ?адафи сиёс? ?арор гирифтани Макка, яъне самти муборизаву ?аракати сиёсии уммати исломро нишон дод. Да соли дуюм паи ?ам, паёмбари ислом ба «?азо?о» даст мезад, вале аксаи он?о бемуваффа?ият буданд. Тан?о, дар мобайни мо?и Рамазон ?азои «Бадр» сурат гирифт. Паёмбар мехост корвони пурбори маккиёнро тасарруф кунад, вале корвонсолор Абўсуфён корвонро на?от меди?ад, сипо?е, ки аз Макка барои дифоъи корвон омада буданд, бо сипо?и ислом ба ?анг медароянд. Мусулмонон дар ин ?анг бо ву?уди ду баробар камии ми?дор ва лавозимоти ?анг? ?алаба ба даст меоранд. Дар ин ?анг теъдоди мусулмонон ?амаг? 313 нафар ?анговар ва 70 шутур буд, сипо?и макки?о бошад иборат аз 1000 шамшерзан, 100 асп ва 700 шутур буд. Ин аввалин ?алабаи мусулмонон барои та?вияти рў?ияи он?о кўмак намуд. Дар ?амин сол паёмбар бо ?абилаи я?удии бани ?айно?а, ки паймонро шикаста буданд, ?ангида, он?оро шикаст дод ва он?оро аз Мадина бадар?а ва молу мулкашонро мусодира намуда, байни мусулмонон та?сим кард.
Дар соли сеюм а?ли Макка барои гирифтани ?асоси ?анги Бадр, ки дар он ?афтод нафар маккиён кушта шуда буданд, ба Мадина аз нав ?у?ум карданд. Ин ?анг номи ?анги «У?уд»- ро гирифт.
?ангоми задухўрд дар назди кў?и У?уд сипо?иёни ислом? шикаст мехўранд ва паёмбари ислом ма?рў? мегардад, вале сипо?и Макка Мадинаро тасарруф накарда баргашт. Ин хатои сиёсии Абусуфиён – фармонде?и он сипо? буд, ки ба хушбахтии мусулмонон он?оро аз шикасти ?атъ? ра?о? дод. Му?аммад барои пешгир? кардан аз ру?афтодагиву навмед? ин шикастро тавассути ва?йе, ки аз Худованд нозил шуд, тавзе? намуд ва сабаби шикастро дар нофармонии як гурў? лашкариёни худ донист. Баъд аз ин ў барои муста?кам кадани мав?еи худ дар Мадина ?абилаи я?удии бани Назир, ки паймонро шикаста буданд, ма?бур кард, ки ба води Хайбар во?еъ дар шимоли Мадина, кўчанд.
Дар соли пан?уми ?и?р? а?ли Макка ?арор карданд, ки лашкари бузурге ороста ба Мадина битозанд ва мусулмонро барандозанд, пас бо да? ?азор нафар мард (аз ?урайшиён, ?абила?ои са?ро? ва я?уд) Мадинаро му?осира карданд. А?ли Мадина дар му?обили ин ми?дор лашкар, ?амаг? сипо?е иборат аз се ?азор нафар гирд оварда, му?обил гузошта метавонистанд. Му?аммад бо ра?намоии яке аз ас?оби худ, ки эронинажод буд (Салмони Порс?) дастур дод, то ки гирди ша?ри Мадина ханда?е кобанд. Аз ин сабаб он ?ангро баъдан «?анги ханда?» номиданд. Дар нати?аи кофтани ханда? пеши ро?и савора?ои макк? гирифта шуд. Он?о се ?афта Мадинаро му?осира карданд ва дар охир бо сабаби боду ?авои вайрон, нарасидани озу?а ва таъминот ва аз ?ама му?имаш ихтилофи дохил? ва зиддият байни лашкариёни макк?, ки онро Абусуфён сарвар? мекард, ма?бур ба ?атъи му?осира ва хотимаи ?анг шуданд ва бовар? ?осил карданд, ки Му?аммад шикастнопазир аст.
Дар ин байн, баъд аз ?алаба, охирин ?абилаи я?удии Мадина, - бани ?урайза, ки ба Му?аммад хиёнат карда, пин?он? ?ангоми мудофиаи Мадина, бо душманони паёмбар барои аз пушт ба мусулмонон зарба задан паймон баста буданд, торумор мекунад. Бо ?амин, Мадина пурра ша?ри уммати мусулмонон гардид.
Калимаи уммат маънии ?амоатро дорад, маф?умест, ки умумияти дин? - сиёсиро ифода мекунад ва ин умумият на дар асоси авлоду ?абила балки дар асоси дин ва маз?аб ташаккул ёфта буд. Ин як мар?ила ва умумияти наве дар таърихи араб ва ?омеаи онрўзаи башар буд.
Му?аммад дар соли 628 и?доми фав?улоддае кард, ки дар муборизаи байни Маккаву Мадина на?ши сиёсии муассире бозид. Вай нога?он, дар асари ил?оми аз ва?й гирифтааш, бо ?азору пан?сад довталаб, ки бештар аз бадавиён буданд, ба ма?сади ?а??и кўчак (умра) ро?и Маккаро пеш гирифт. ?арбиёни сабукасли?аи Му?аммад, ?амро?и чорпоёни барои ?урбон? гирифтаашон ба Макка наздик шуданд. Мардуми Макка аз ин и?доми Му?аммад ба ?арос омада, кўшиданд, ки пеши ро?и он?оро гиранд, вале Му?аммад ба марзи ?арам, наздик шуда, назди ма?алли ал-?удайбия бо намояндагони Макка ба гуфтушунид даромад. Дар нати?аи ин гуфтушунид а?дномае бо номи «А?домани ?удайбия» баста шуд, ки мувофи?и он паёмбар аз ?а??и он сол даст кашид, вале сарони Макка у?дадор шуданд, ки соли оянда ўро се рўз ба ша?р ро? ди?анд ва ша?рро дар ин маврид тоза кунанад. Ин паймони нобаробар буд, аввалан, мусулмононро ба ?а? кардан ро? надоданд, сониян тиб?и ?арордод Му?аммад ў?дадор шуд, ?ар маккие, ки ба тарафи ў гузарад, ба а?ли Макка бозгардонад. Бо ву?уди ин паймони ?удайбия худ як пирўзии сиёсии ислом ва эътирофи Му?аммад ?амчун ?увваи сиёс? буд. Соли дигар, пас аз ?а??и умра ва амал кардани а?ли Макка, тиб?и он а?днома дурустии пешбинии паёмбар собит шуд.
Пас аз ?а??и умра ?е? гуна шуб?а намонд, ки дасти Му?аммад боло гирифтааст. Ин буд, ки шахсони намоёни Макка чун Амр ибни Ос, баъдан фоте?и Миср ва сарлашкари маъруф Холид ибни - Валид ба Мадина омада, ба тарафи Му?аммад гузаштанд. Амаки паёмбар, баъдан асосгузори сулолаи Аббосиён ал-Аббос низ та?рибан дар ?амин давра?о исломро ?абул мекунад.
Зимистони соли 630 м., соли ?аштуми ?и?р?, Му?аммад бо ?азор нафар лашкар ба тарафи Макка рўй овард. А?ли Макка дар ибтидо мухтасар му?овимат нишон доданд, ки он ба осон? шикаста шуд. 23- юми январ Му?аммад ба Макка дохил гашт. Тасарруфи Макка хеле ором гузашт. Ша?р торо? нагардид, тан?о бут?о шикаста, бутхона?о - ибодатго??ои бутпарастон ?ам дар Мака (?айр аз Каъба) ва ?ам берун аз он вайрон карда мешуданд. Пас аз фат?и Макка ду лашкаркашии дигар ба ?унайн ва Тоиф рух дод, ки аввал? ба осон? торумор ва дуввумин баъди му?осираи тўлон? худ таслим гардид.
Таслим гардидани Макка ?алабаи ?атъии сиёсию ?арбии Му?аммад буд. ?амин тавр яке пас аз дигаре ?обоили араб бо ро?и ?анг ва ё осоишти ба ?окимияти сиёсии нав ва дини нав таслим шудаанд.
Соли 631Муьаммад бо сипо?и азиме ба сўи сар?ади арабу Византия (Сурияи имрўза) ?аракат мекунад. Вале ў, чунон ки аз сарчашма?о маълум аст, пас аз да? рўзи дар водии сар?адии Табук тава??уф кардан, амалиёти ?арбиро о?оз накарда, бармегардад. Дар ин сафар, а?ли бошишго??ои насронияи араб, дар зери ?имояи Му?аммад, озодии эъти?одро бо ?абули ў?дадор? дар мавриди пардохти хиро?, ба даст оварданд. Я?удиён низ даст аз мубориза бардоштанд.
Соли 632 (соли 10-уми ?ижр?) Му?аммад озими Макка шуда, зиёрати аввалин ва вопасин, ?а??и исломии «Хонаи Худо» - Каъбаро и?ро менамояд. Ин ?а?? баъдан «?а??и видоъ ё ?а??и вопасин» номида шуд. Баъд аз ан?оми ?а?? Му?аммад бо ?амро?онаш ба Мадина бармегардад, баъд аз се мо?и ?амон сол аз илти?оби пардаи шуш дар 63-солаг? вофот мекунад.
Дар тўли да? соли зиндагии худ дар Мадина, Му?аммад сию ?ашт сирия (?анг?о бидуни иштироки шахс?) ва бисту ?афт ?азо (?анг бо иштироки худи ў), барои бар?арор намудани ислом гузаронидааст. Дар ин байн нў? ?азовот (Бадр, У?уд, Ханда?, ?урейза, Мусталик, Хайбар, Фат?и Макка, ?унайн, ва Тоиф) аз ?анг?ои бузурги сарнавиштсоз буданд. ?азовоти садри ислом, яъне паёмбар пур аз маъно?ои ахло?иву маънав?, дарси адлу инсоф, гузашту бахшиш ва ша?омату мардонагии ўро нишон меди?ад.
?аёти оилав? ва шахсияти Паёмбар. Му?аммад дар тўли умри худ дувозда? бор издиво? кардааст ва он ?ам ёзда?тояш баъд аз вафоти Хадича, зани аввалинаш буда. Зан?ои Му?аммад: Савда, Оиша, Мория, ?афса, Умму ?абиба, Умму Маймуна, ?увария, Сифия ном доштанд. Сабаби издиво?и Му?аммад бо ?исмате аз зан?ояш масли?ати сиёс? ва бо баъзеи дигар ?и?ати сарпарастии он?о будааст.
Му?аммад аз зани аввалаш Хадича ду писар ?осим ва Абдулло (Тайиб ва То?ир) ва чор духтар: Зайнаб, Умм ?улсум, Ру?ия ва Фотима ва як писар аз Мория бо номи Ибро?им ёфтааст. Аммо ба ?айр аз Фотима, зани Ал? ибн Абутолиб ?ама фарзандонаш ?абл аз ў даргузаштаанд.
Му?аммад худ як шахси хирадманд, инсони комил, ноби?а, марди бар?астаи сиёс? ва маз?аб? буд. Дар пайдоиш ва ?алабаи ислом бешуб?а омили субъектив?, - шахсияти Му?аммад на?ши ?алкунанда бозидааст. Ў тавонист, ки ?абила?ои арабро дар як муддати кўто? аз сохти ?абилавию авлод? берун оварда, як умумияти наве, ки дар асоси умумияти авлод? ё ?абилав? ва ё ?атто нажодиву милл? набуда, балки як умумияти маънавию маз?аб? аст, ташкил ди?ад. Ин аст, ки дар сафари охирини худ ба Макка, андаке ?абл аз вафоташ, мувофи?и ахбору ривоёти мўътамад, хитобае эрод фармуд, ки дар он чун нуктаи марказии даъвати ислом? дар? гардидааст: «Эй мардум, сухани маро бишнавед ва ба дил биспоред, ки ?ар мусулмон бо мусулмони дигар бародар аст ва акнун дар мобайни шумо ойини бародар? бар?арор гардидааст».
Дар во?еъ, пайдоиши ислом ва таълимоти он, як ?ал?а, як зинаи му?имме дар такомули маънавию фар?анг? ва и?тимоию сиёсии аъроб мебошад.
Дар мавриди хислат?ои инсон?, ахло? ва маънавиёти паёмбари ислом Абдурауфи Фитрат дар китоби «Мухтасари таърихи ислом» чунин навиштааст: «Бе?тарин махлу?от ва ра?мати оламиён ?азрати паёмбар (с.) дар боби ра?му шаф?ат, караму саховат, ?иммату тавозўъ, авфу мадоро, а?лу дониш маш?ури олам буданд. Бе?уда ба ?азаб намеомаданд. Аз доираи инсоф асло ?адаме берун намегузоштанд. ?ар касро аз рўи дониш ва и?тидораш кор мефармуданд. Барои кори уммат ва адои вазифаи нубувват то дами марг ором нагирифта кўшиш карданд. Аз ?е? кас чизе тамаъ надоштанд, сада?а намегирифтанд. Хулоса, тамоми доноёни олам, ?атто уламои Фаранг (Аврупо) ?ам ба доно? ва хушахло?ии он ?азрат ?оил ?астанд. Ба занон ва хидматгорони худ доимо ба тавозўъ ва кушодарў? муомила мекарданд».
Просмотр: 4355
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved