Дата: 2017-03-14
Асос?ои таълимот, объект?ои парастиш ва ташаккулёбии сохтори дини буддоия дар ?индустон шакл гирифтааст. Дар тўли таърих дар ин кишвар дини буддоия давра?ои пайдоиш, инкишоф ва таназзулро дар бар гирифтааст. Шароити и?тимоии ?индустон, сохти каставии он, дар тўли садсола?о а?амияти махсус пайдо кардани анъана?ои ?индуия, имкон надод, ки дар ин кишвар ин дин реша гирад ва нашъу намо кунад.
Дар мубориза бо дини ?индуия буддоия ма?луб шуд, бара?манизм буддоияро аз ?индустон танг карда баровард. Вале буддоия дар кишвар?ои дигар (Сарандеб, ?индухитой, Чин, Тибет, Му?улистон, Корея, Япония ва ?айра) тез густариш ёфта, васеъ па?н гашт. Яке аз кишвар?оё , ки ?анўз аср?ои IV—III то мелод маркази дини буддоия шуда, ба дини давлат? табдил ёфт, ?азираи Сарандеб (Сейлон. Давлати Шри – Ланкаи ?озира) буд. Дар Сарандеб ми?дори калони дайр?ои буддо? барпо карда шуданд, ?ар ду равияи буддо? ?ам Хинаяна дар дайр?о, ?ам Махаяна дар байни раияти ?айрирў?он?, босуръат густариш ёфтанд, ташкилоти муттамаркази дини буддоия, ки сангха ном дошт дар зери ро?барии Сантарад?и ном ро?иб ба ву?уд омад. Дар замони мо сангхаи буддо? аз се ?араён Сиам-никая, Амарапура-никая, Раманшия-никая иборат буда, дар ин кишвар фаъолият мебарад.
Самти дигари па?ншавии буддоияро кишвар?ои ?индухитой (Таиланд, Лаос, Вйетнам, Камбо?а ва ?айра) буданд, ки 94% а?олии ин кишвар?о пайравони буддоия мебошанд. Дар Таиланд ва Камбо?а буддоия дини давлат? мебошад. Дайр?ои буддо? дар ин мамлакат?о хеле сершумор буда, хусусан дар де?от марказ?ои мадан? – маърифат? ва умуман ?аёти ?амъият? мебошанд. Ро?ибони дайр?о байни а?олии ин кишвар?о со?иби оэътибори калон мебошанд. ?амоаи буддоиён ташкилоти марказии бюрократии худро доранд, ва аз рўи сохтори худ ба ташкилоти давлат? шабо?ат длранд.
Яке аз он кишвар?ои бузург, ки дар он ?о дини буддоия густариши зиёде ёфт Хитой буд. Буддоия дар Чин асри I мелод? пайдо шуд, давраи васеъ па?ншавии буддоия дар ин кишвар ба аср?ои VI—Х мелод? рост меояд. Равияе, ки дар Чин васеъ па?н шуд, равияи махаяна мебошад. Равияи махаяна барои омма?ои васеи ме?наткашон фа?мотар ва соддатар буд. Агар равияи хинаяна аз дунё дуршав?, тан?о маш?улшав? ба кор?ои дин?, сокиншав? ба дайр?о, гўшанишин? ва интизоми ?атъиро талаб кунад, махаяна аз ин талабот?о фори? аст. Дар масъалаи парастиш ва шинохти Буддо дар ин ду равия фар? ?аст, агар дар хинаяна нирвана чун ?олати рў?ии шахси ало?ида, ?а?и?ату эъти?оди ботинии ў баромад кунад, дар махаяна тасаввурот оиди нирвана дигар аст, дар он нирвана чун табиати Буддо, омезиш бо Буддо баромад мекунад. Табиати Буддо чун холигии (фазои) мунавваркунанда дурахшон фа?мида мешавад. Ин фазои кабир шунята номида мешавад. Расидан ба нирвана, ба фазои кабири буддо ма?сади ?ар эъти?одманди равияи махаяна мебошад ва ма?з ?амин равия хоси буддоиёни хито? мебошад.
Буддоияи чин? бо номи чан – буддизм (чан маънои муро?ибаро дорад) маш?ур аст. Чан – буддизмро ба Хитой табли?отгар (миссионер) Бодхидхарма асри VI мелод? па?н кард. ?оя?ои чан – буддизм ба идея?ои даосизм монанданд. Дар он, чун дар даосизм, ?ангоми муро?иба инсон ба олами ботинии худ фурў меравад, Буддоро дар дили худ, дар замири худ, ме?ўяд. «Агар Буддоро на дар ботини худ, на дар дили худ, балки дар олами беруна ?ўед, он го? Шумо одами дар биёбон ро?гумзадаро мемонед». - менависад яке аз назариётчиёни чан – буддизм Хуан – Нэн. Агар Буддо дар замири мо бошад, барои дарёфти ў ран?и махсус лозим нест, агар набошад, ?ама дарду ран?е, ки ба дарёфти ў сарф мешавад бе?удаанд.
Шакли дигари буддоия бо номи Ламаизм маш?ур аст. Истило?и «лама» маънои ро?иб ё ко?инро дорад. Ламаизм дар асри VII пайдо шуда, асри XVI ба Му?улистон ро? ёфт ва асри XVIII дар байни бурят?о, туваги?о ва ?алми??ои империяи Россия па?н шуд. Яке аз хусусият?ои дин?ои ?а?он? дар он аст, ки ч? ?адаре, ки аз ватани пайдоишашон дур гарданд бо дин?о расму оин ва анъана?ои ма?алл? омехта гашта шакли аввалиашонро та?йир меди?анд. Ламаизм ?ам аз буддоияи ибтидо? фар?и калон дорад, он аз омехтаи махаяна, ва?раяна (шакли тибетии буддоия), ва дин?ои ма?аллии ин кишвар?о иборат аст, ба таълимоти ламаизм ми?дори зиёди худо?ои неку бади дин?ои ма?алл? дохил мешаванд, ки дар дигар намуд?ои буддоия ин ?олат дида намешавад.
Далай-Лама та?ассуми бодхитсаттва Авалокитешвары, худои зиндаи замин? ?исоб мешавад. Вафоти далай – лама ибтидои зиндагии нави ў ?исоб мешавад. Бинобарин вакилони махсуси ламаизм дар байни кўдакони дар соли вафоти далай – лама таваллудшуда, та?ассуми рў?и далай – ламаи вафоткардаро ме?уянд. Баъди интихоби далай – ламаи нав ўро ба дайр меоранд ва ба ў таълиму тарбияи махсус меди?анд. То ба воя расидани далай – лама аз номи ў вас? (тарбиятгар далай - лама) динро идора мепнамояд. Баъд аз пахш карда шудани шуриши тибетиён дар но?ияи хитоии Тибет соли 1959 далай-лама Тибетро тарк карда бо сад ?азор пайравонаш ба ?индустон, Непал ва Бутан кўчид. ?оло далай – лама дар ?индустон зиндаг? менамояд.
Просмотр: 1935
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved