|

Аминокислотаҳо

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2017-02-06

Аминокислотаҳо гуфта пайвастагиҳои органикии нитрогендореро меноманд, ки дар молекулаашон амингурўҳ -NH2 ва гурўҳи карбоксил -СООН доранд.
Аминокислотаи соддатарин кислотаи аминосирко мебошад:

H2N-CH2-COOH.

Ин кислота номҳои дигар низ дорад: глитсин, гликокол.
Номгузориии аминокислотаҳо
Ҳангоми тартиб додани номи аминокислота дар номи кислотаи карбонии мувофиқ пас аз калимаи «кислота» аввал рақами атоми карбоне, ки амингурўҳ ба он пайваст аст, нишон дода шуда, сипас пешванди амино навишта мешавад:

СН3-СН-СООН                                         СН3
|                                                             |
NH2                                             СН3-С-СН2-СООН
кислотаи 2-аминопропан                                  |
NH2
кислотаи 3-амино-3-метил-бутан

Аз он сабаб, ки амингурўҳ дар назди атомҳои гуногуни занҷири карбонӣ ҷойгир шуда метавонад, аминкислотаҳо дорои изомерҳои гуногун мегарданд. Миқдори изомерҳои аминкислота аз миқдори атомҳои карбони он вобаста аст. Бо зиёд шудани атомҳои карбон дар молекулаи аминкислота миқдори изомерҳои он ба андозаи бузург зиёд мешавад.

                                                                            CH3
O                                       |           O
CH3-CH2-CH-C                                    CH3-C-C          
|           OH                                     |           OH
NH2                                               NH2
кислотаи 2-аминобутан                      кислотаи 2-амино-2-метилпропан

                                  O                                                       O
CH3-CH-CH-C                               NH2-CH2-CH-C          
|                     OH                                          |          OH
NH2                                                               CH3
кислотаи 3-аминобутан                     кислотаи 2-метил-3-аминопропан

Ба ғайр аз номгузории байналмилалӣ, боз номгузории дигар истифода мешавад, ки дар он ба ҷои рақамҳо ҳарфҳои алифбои юнонӣ, ба мисли a, b, g ва ғайра, гузошта мешаванд: Масалан: кислотаи 2-аминобутанро

   g         b        a
СН3-СН2-СН-СООН
|
NH2

чунин номгузорӣ кардан мумкин аст: кислотаи a-аминоравғанин. Кислотаи 3-аминобутанро бошад,

    g         b      a
СН3-СН-СН2-СООН                 - кислотаи b-аминоравғанин          
|                                                                       номидан мумкин аст.
NH2

Дар аксари ҳолатҳо истилоҳи «аминокислота» танҳо барои кислотаҳои карбоние истифода бурда мешавад, ки амингурўҳашон дар a ҳолат воқеъ аст, яъне барои a-аминокислотаҳо.
Формулаи умумии a-аминокислотаҳо шакли зерин дорад:

H2N-CH-COOH
|
R
дар ин ҷо R – радикали дилхоҳи органикӣ мебошад.
Аминокислотаҳои протеиногенӣ
20 аминокислотае, ки онҳоро коди генетикӣ рамзгузорӣ намуда, барои сохтани сафедаҳо истифода мебаранд, аминокислотаҳои протеиногенӣ номида мешаванд. Сохти занҷирҳои паҳлўии ин аминокислотаҳо дар ҷадвал нишон дода шуда аст. Таснифи ин аминокислотаҳо ба сохт ва қутбияти  занҷирҳои паҳлуӣ асос ёфтааст.
Ба аминокислотаҳои алифатӣ глитсин, аланин, валин, лейтсин ва изолейтсин мансубанд. Ин аминокислотаҳо дар занҷирҳои паҳлўиашон ҳетероатомҳо((N, О ё S), гурўҳҳои сиклӣ надоранд ва бо қутбияти пасти бараъло зоҳиршаванда тавсиф карда мешаванд.
Аминокислотаҳои сулфурдор  метионин ва систеин низ дорои қутбияти паст мебошанд. Илова бар ин систеин танҳо дар ҳолати ғайри диссотсиявӣ мавҷуд аст. Бо сабаби он, ки систеин бандҳои дисулфидӣ ташкил карда метавонад, он вазифаи муҳими устувор нигоҳ доштани сохти фазоии сафедаҳоро иҷро мекунад. Аминкислотаи систин аз ду боқимондаи систеин иборат буда онҳо бо банди дисулфидӣ пайваст шудаанд.
Аминокислотаҳои ароматӣ сиклҳои мезомерӣ (резонанси устувор кардашуда) доранд. Дар ин гурўҳ танҳо фенилаланин қутбияти паст зоҳир менамояд. Тирозин ва триптофан боқутбияти аён, вале гистидин бо қутбияти баланд тавсиф карда мешаванд. Ҳалқаи имидазолии гистидин ҳатто ҳангоми қиматҳои заифи кислотагии рН протононида мешавад. Аз ин сабаб гистидинро, ки танҳо дар шакли протонронидашуда хосиятҳои ароматӣ зоҳир менамояд, ба аминокислотаҳои асосӣ дохил кардан мумкин аст. Тирозин ва триптофан нурҳои УБ-ро, ки дар порчаи аз 250 то 300 нм-и тайф ҷойгиранд, бошиддат фурў мебаранд..
Аминокислотаҳои нейтралӣ гурўҳҳои ҳидроксидӣ (серин, треонин) ё карбоксамидӣ (аспарагин, глутамин) доранд. Ба он нигоҳ накарда, ки гурўҳҳои амидӣ ғайриионогенианд, молекулаҳои аспарагин ва глутамин  қутбияти баланд доранд.
Гурўҳҳои карбооксилии занҷирҳои паҳлўии аминокислотаҳои кислотагӣ, аз ҷумла кислотаҳои аспарагинат ва глутаминат. Дар ҳамаи қиматҳои физиологии рН пурра дар шакли ионӣ мавҷуданд. Ба ҳамин монанд, занҷирҳои паҳлуии кислотаҳои асосии лизин ва аргинин дар соҳаи нейтралии рН пурра мусбат зарядноканд. Кислотаи зўри асосӣ ва аз ин сабаб қутбияти баланддошта аргинин мебошад, ки гурўҳи гуанидӣ дорад.
Пролин мавқеи хос дорад. Занҷири паҳлўии пролин сикли панҷ узва дорад, ки ба он атоми карбон ва α-аминогурўҳ мансубанд. Аз ин сабаб, агар ҷиддӣ гўем, пролин на аминокислота, балки иминокислота аст. Атоми нитроген ва ҳалқа асосҳои суст мебошанд, бинобар ин ҳангоми қиматҳои физиологӣ қабул намудани рН протонро ба худ пайваст намекунанд. Сохти сиклии пролин сабаби печу тоби занҷири пептидӣ мегардад, ки он барои сохти коллаген хеле муҳим аст.
Баъзе аз аминокислотаҳо дар организми одам синтез намешаванд ва танҳо бо ғизо ворид мешаванд. Ин аминокислотаҳои ивазнашаванда дар ҷадвал 1 бо ситорача қайд карда шудаанд. 
Дар маҳлул аминокислотаҳо дар шакли ионҳои дуқутба (свиттер-ионҳо) мавҷуданд:

 



NH2-CH-COOH            <--->             NH3+-CH-COO-
|                                                                 |
R                                                               R
свиттер-ион

a-Аминокислотаҳо аҳамияти калон доранд, зеро онҳо ба таркиби сафедаҳое дохил мешаванд, ки барои фаъолияти организмҳои зинда бениҳоят муҳиманд. Барои ин аминокислотаҳо инчунин номҳои таърихиашон ҳоло ҳам истифода мешаванд:

Дидан карданд: 2742

Мавзӯъҳои монанд:

Сафедаҳо

Исботи назарияи полипептидии сохти сафедаҳо

Реаксияи ранга бо гистидин ва Реаксияи ранга бо триптофан

Реаксияи химиявии R- гурўҳҳо

Стeрeoхимияи аминокислотаҳо

Аминокислотаҳои муҳимтарин

Аминокислотаҳо

Фанни химияи биологӣ, вазифа ва робитаҳои он бо дигар фанҳо

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: Мансур
Санаи дохилгардида: 2017-02-09

Инро скачат к.да мешад ми?

Каментарй дохил кард: Мардон@mail
Санаи дохилгардида: 2017-06-06

1995

Каментарй дохил кард: Мардон@mail
Санаи дохилгардида: 2017-06-06

1995

Каментарй дохил кард: alichon_aziz@mail.ru
Санаи дохилгардида: 2018-05-13

Илтимос ами китоби биохимия даркораи дастрас када натонистесам бошад агар мехарам


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: