|

Қиссаи "Шамъ, муҳаббати модар"

Тартибдиханда: maktab.tj

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-12-06

Боре ба назди модар фарзандонаш бо суоле омаданд. Онҳо байни худ баҳс мекарданд ва ҳар яке мехост дурустии худро исбот кунад, яъне киро модар бештар дӯст медорад?

Модар хомӯшона шамъеро гирифт, онро афрӯхт ва гуфт:

-Ин шамъ – ман ҳастам! Оташи он – муҳаббати ман!

Паз аз он як шамъи дигареро бо оташи шамъи худ даргиронд.

-Ин фарзанди нахустини ман аст, ман ба ӯ оташи худро, муҳаббати худро додам. Магар аз ин оташи шамъи ман кам шуд? Оташи шамъи ман чӣ хеле буд, ҳамон хел монд.

Ҳамин тавр ӯ чанд фарзанде ки дошт, ҳамон микдор шамъ афрӯхт. Оташи шамъи ӯ бошад ҳамоно бузург ва гарм боқӣ монд…

Дидан карданд: 1112

Мавзӯъҳои монанд:

Қиссаи "Қотили Ҳотами Той"

Қиссаи "Шикорчӣ"

Қиссаи "Ҷароҳат"

Қиссаи "Пирамарди хирадманд"

Қиссаи "Писари гумгашта"

Қиссаи "Модари якчашма"

Киссаи «Ҳар кори палиде, ки бикунед бо шумо мемонад»

Қиссаи «Девори сиёҳ»

Қиссаи "Ду гург"

Қиссаи "Шукргузорӣ"

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: