|

Ташкилотҳои байналхалқии молиявию асъорӣ ва нақши онҳо дар танзими муносибатҳои асъорӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Алишер Фозилов

Санаи дохилгардида: 2016-06-01

Дар ҷаҳони муосир барои танзими муносибатҳои байналхалқии асъор ва таъмини устувори ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ, як қатор ташкилотҳои (институтҳои) байналхалқии молиявию асъорӣ нақши муҳим доранд. Калонтарин ташкилотҳои байналхалқии молиявию қарзӣ - Фонди байналхалқии асъор (ФБА), Бонки байналхалқии таҷдид ва тараққиёт (ББТТ) ва Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва тараққиёт (ТҲИТ) ба ҳисоб мераванд.
ФБА – органи марказии танзимкунандаи низоми асъорӣ буда, соли 1944 дар конфронси Бреттон-Вудск ташкил шудааст ва аз соли 1947 инҷониб фаъолият мекунад. Вазифаҳои асосии ФБА инҳо мебошанд:

  • танзими қурби асъор;
  • дастгирии устувори ҳампоягиҳои асъорӣ;
  • додани қарз ба аъзоёни фонд;
  • интишори воситаҳои пардохт дар ҳолати зарурӣ ва ғайра.

ББТТ – ҳамчун як ташкилоти байналхалқии молиявию асъорӣ соли 1944 дар конфронси Бреттон-Вудск ташкил карда шудааст ва ба фаъолият соли 1946 оғоз намудааст. ББТТ – ташкилоти молиявию байналхалқие мебошад, ки вазифаи асосии он додани қарзи дарозмуддат барои таъмини тараққиёти иқтисодии аъзоёнаш мебошад. Шарти асосии аъзо шудан ба ББТТ ин аъзо будан ба ФБА мебошад.
ББТТ ба Бонки ҷаҳонӣ дохил шуда дорои шўъбаҳои зерин аст: Ширкати байналхалқии молиявӣ (ШБМ) ва Ассотсиатсияи байналхалқии тараққиёт (АБТ).
ШБМ – пеш аз ҳама сохтори хусусиро дар мамлакатҳои рў ба инкишоф маблағгузорӣ менамояд.
АБТ – ба мамлакатҳое, ки дар онҳо даромад ба сари аҳолӣ на кам аз 400 долларро ташкил медиҳад, қарзи имтиёзнок ва ҳатто қарзи бефоиз медиҳад.
Дар байни ташкилотҳои байниҳукуматии молиявӣ Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва тараққиёт (ТҲИТ) нақши муҳим дорад. Ба он тамоми мамлакатҳои мутараққӣ дохил мешаванд. Вазифаи асосии ин ташкилот барои амалӣ намудани сиёсати макроиқтисодӣ тавсия додан аст.
Барои танзими низоми минтақавии асъорӣ соли 1979 Низоми Европаи асъорӣ (НЕА) ташкил карда шуд, ки вазифаи он мустаҳкам намудани қурби асъор ва интишори воҳиди асъор (Евро) мебошад.

Дидан карданд: 1971

Мавзӯъҳои монанд:

Хусусиятҳои фаъолияти фирма дар шароити рақобати мукаммал

Сохторҳои бозорӣ

Ширкатҳо ва бозорҳо: умумияти принсипҳо ва гуногунии шаклҳо

Хароҷоти истеҳсолӣ

Асосҳои назарияи истеҳсолот (қисми II)

Асосҳои назарияи истеҳсолот (қисми I)

Назарияи рафтори истеъмолкунанда

Мафҳуми чандирнокӣ

Талабот, пешниҳод. Мувозинатии бозорӣ

Мавқеи микроиқтисод дар системаи иқтисодӣ

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: d-dzhonov@mail.ru
Санаи дохилгардида: 2016-11-05

1230

Каментарй дохил кард: Umed.asrorov1999@gmail.com
Санаи дохилгардида: 2018-01-01

Давом надорад???


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: