|
youtaj

Бозори суғуртаи Олмон

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-05-30

 Бозори суғуртаи Олмон як қатор хусусиятҳо дорад, 51%-и бозори суғуртаи миллиро - суғуртаи амвол, суғуртаи шахсӣ - 37%, тиббӣ - қариб 12% ҳа ҷми умумии муомилотро ташкил медиҳад. Суғуртаи тиббӣ дар Олмон назар ба дигар мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ камтар маъмул аст.
Бозори суғурта дар Олмон, ки босуръат рушд дорад, байни системаи таъминоти давлатии и ҷтимоӣ ва бахши хусусии хизмати суғуртавӣ тақсим шудааст. Суғуртаи и ҷтимоӣ барои ҳамаи кормандони меҳнати кироя ҳатмист, агар онҳо бо бахши хизмати хусусии суғуртавӣ фаро гирифта нашуда бошанд - суғуртаи айёми пирӣ, ҳолати бекорӣ, муввақатан гум кардани қобилияти меҳнатӣ дар назар дошта мешавад.
Дар аввали солҳои 90-ўм дар Олмон 115  ҷамъияти суғуртавӣ, ки ба бахши шахсии суғурта хизмат мерасонанд, 230 фонди ғайридавлатии нафақа, 56  ҷамъияти суғуртаи тиббӣ, 35 ширкати махсуси азнавсуғуртакунӣ, 330 ширкатҳои дигари суғуртавӣ мав ҷуд буданд. Хусусияти бозори суғуртаи Олмонро 2200 ширкати суғуртаи маҳаллии минтақавӣ, ки қариб 5% ҳа ҷми умумии маблағи суғуртаро  ҷамъ меоваранд, ташкил медоданд. Ба ширкатҳои суғуртаи хори ҷӣ дар Олмон 13%-и бозори суғурта тааллуқ дорад, ки аз байни онҳо ширкатҳои суғуртавии Швейтсария бо 9%-и бозори суғуртаи дар ихтиёр доштаашон, чун анъана, мавқеъи пешсафиро ишғол менамоянд.
Бахши хусусии хизмати суғуртавӣ дар Олмон аз  ҷамъиятҳои саҳомии суғуртавӣ, ки моликияти саҳмгузарони он мебошанд,  ҷамъиятҳои суғуртавии байниҳамдигарӣ ва корпоратсияҳои давлатии суғуртавӣ иборат аст.
Ширкатҳои суғуртавӣ дар Олмон ҳуқуқ надоранд, ғайр аз суғурта, боз бо ягон фаъолияти дигар машғул шаванд.
Суғуртаи ҳатмӣ дар Олмон нисбатан хусусияти маҳдудӣ дорад. Қонунгузорӣ суғуртаи ҳатмии корфарморо барои зарари бо ма ҷрўҳии истеҳсолӣ ё бо шароити номусоиди меҳнат ба кормандон расондашуда, суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони нақлиёти автомобилӣ, ҳавопаймоҳои боркаш, муҳосибон, ширкорчиён ва ғайраро муқаррар менамояд. Дар баъзе заминҳои федералӣ суғуртаи ҳатмӣ аз оташ муқаррар гардидааст.
Кори суғуртаро дар Олмон Қонун дар бораи назорати давлатии суғурта танзим мекунад, ки дар он меъёрҳои асосии ҳуқуқии суғурта ифода ёфтаанд. Ширкатҳои миллӣ ва хори ҷии суғуртавиро, ки дар Олмон амал мекунанд, аз  ҷониби идораи федералии назорати фаъолияти ширкатҳои хори ҷӣ ҳатман назорат карда мешаванд. Мақсади асосии фаъолияти мақоми федералии назорати давлатии суғурта ҳимояи манфиатҳои суғуртакунандагон мебошад.
Олмон дар кори азнавсуғуртакунӣ та ҷрибаи калон дорад.  Ҷамъияти азнавсуғуртакунии Кёлн калонтарин ширкати азнавсуғуртакунӣ мебошад, ки дар он  ҷамъоварии маблағи суғурта қариб 2 млрд. маркаро ташкил медиҳад ва  ҷамъияти азнавсуғуртакунии Мюнхен-калонтарин  ҷамъияти азнавсуғуртакунӣ дар  ҷаҳон мебошад, ки ба қарибӣ дар Москва намондагии худро кушодааст. Вай ҳимояи азнавсуғуртакунӣ, инчунин кўмаки ихтисоснокро дар масъалаҳои суғурта ва азнавсуғуртакунӣ пешниҳод мекунад.
Бозори суғурта Олмон ба 39 гурўҳи суғурта тақсим шудааст, ки аз инҳо 10 гурўҳ 51%-и маблағи умумии суғуртаро  ҷамъ меорад. Гурўҳи суғуртаи «Алянс» аз рақибони худ хеле ақибтар  ҷой гирифтааст. Ҳиссаи он дар бозор аз 20% зиёд аст. Ширкати «Алёянс» ба қатори даҳ ширкати калонтарини  ҷаҳон дохил мешавад. Дар қатори ширкатҳои калонтарини суғуртавӣ  ҷамъияти суғуртавии «Колония», консерни «Герлинг» -ро номбар кардан мумкин аст. Гурўҳи «Фолкофюзорте» қариб 5%-и бозорро назорат мекунад. Сатҳи тамаркуз дар ширкатҳое, ки бо азнавсуғуртакунӣ машғуланд, боз ҳам баландтар аст. Дар ин  ҷо 5 ширкат қариб 75%-и  ҷамъоварии маблағи суғуртаро дар ихтиёри худ доранд.
Мустаҳкамии мавқеъҳое, ки инҳисорияҳои суғуртаи мамлакат нигоҳ медоранд, ба ғуншавии захираҳои пулӣ дар онҳо асос меёбад. Ба ҳисоби миёна танҳо 13% маблағи дар ихтиёри ширкатҳои суғуртавӣ бударо, дорандагони шартномаи суғурта пардохт менамоянд, қисми асосии онҳо бошад дар намуди маблағгузорҳои асосӣ  ҷойгир карда мешавад. Маблағгузориҳои асосии ширкатҳои суғуртавӣ 25% тамоми сармоягузориро ба иқтисодиёт таъмин менамояд, даромад аз онҳо бошад, бештар аз 15 даромади умумии ширкатҳои суғартавиро ташкил медиҳад.
Хусусияти хоси солҳои - охир интернатсионалӣ гардидани фаъолияти ширкатҳои суғуртавии Олмон мебошад. Ба бозори хори ҷӣ воридшавии ширкатҳои суғуртавӣ дар солҳои 50-ўми асри XX оғоз ёфт ва ҳамон вақт ҳам  ҷамъиятҳои азнавсуғуртакунӣ нисбат ба фирмаҳои суғуртакунии ибтидоӣ бештар фаъолият зоҳир мекарданд. Амалиёти суғуртаро дар хори ҷа шўъбаҳо ва ширкатҳои хори ҷии назоратшаванда ан ҷом медиҳанд.
Қисми зиёди шўъбаҳои хори ҷӣ дар мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ  ҷойгир мебошанд, дар дигар минтақаҳо иштирок дар сармояи  ҷамъиятҳои маҳалии суғурта бештар аст.  Ҷамъиятҳои суғуртавии Олмон бо ин ё он шакл ҳамагӣ дар бозори 17 мамлакат ву ҷуд доранд.
Даромад аз фаъолияти суғуртавӣ мавқеи андозбандӣ қарор мегирад. Умуман меъёри 50%-аи андозбандии фоидаи фаъолияти суғуртавӣ истифода бурда мешавад. Мабалғи суғурта оид ба ҳамаи шартномаи суғурта, ба ғайр аз шартномаи суғуртаи ҳаёт, 80% андозбандӣ мешавад. Андоз аз арзиши иловашуда нисбати ҳаққи суғурта татбиқ карда намешавад.

Дидан карданд: 1103

Мавзӯъҳои монанд:

Бозори суғуртаи Швейтсария, Италия , Франсия ва Ҷопон

Бозори суғуртаи Олмон

Бозори суғуртвӣ Британияи Кабир

Фаъолияти суғуртавӣ дар Иёлотии Муттаҳидаи Амрико (ИМА)

Хароҷоти ширкати суғуртавӣ, ки ҳангоми ҳисоби заминаи андозбандишаванда барои пардохти андози фоида ба назар гирифта мешавад

Даромади ширкати суғуртавӣ, ки ҳангоми ҳисоби заминаи барои пардохти андози фоида андозбандишаванда ба назар гирифта мешавад

Манбаъҳои ташаккули фоидаи ширкати суғуртавӣ

Рекламаи суғурта дар воситаҳои ахбори омма (ВАО)

Хусусияти даври (сикли) ҳаётии маҳсулоти суғуртавӣ

Нархи маҳсулоти суғуртавӣ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: