|

Муайян намудани нархи ҳифзи моли махсус - хизмати суғуртавӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-05-28

Моли махсуси бозори суғурта ин муҳофизати суғуртавии хизматрасонии аз тарафи муассисаҳои суғуртавӣ пешниҳодшуда мебошад.
Ҳамчун дигар молу хизматрасониҳо хизмати суғуратвӣ низ арзиши истеъмолии худро дорад.
Арзиши истеъмолии хизматрасонии суғуртавӣ аз таъмини ҳифзи суғуртавӣ иборат мебошад. Дар ҳолати ба вуқўъоии ҳодисаҳои суғуртавӣ ин ҳифзи суғуртавӣ шакли подошии суғуртавӣ, рўйпўш намудани товони зарари ба шахси суғурташуда расидаро мувофиқи шартномаи суғуртавӣ дар худ та ҷассум менамояд.
Арзиши хизмати суғуртавӣ ё нархи вай дар аъзоҳаққии суғуртавӣ, ки суғурташаванда ба суғуртакунанда мепардозад, ифода меёбад. Мукофоти (пардохти) суғуртавӣ дар мавриди имзо нашудани шартномаи суғуртавӣ муқаррар карда шуда, дар тўли амали шартномаи суғурта, агар ягон шарти дигар дар он қайд нашуда бошад, бетағйир мемонад.
Бузургии (андозаи) мукофот мебояд:

  1. эродҳои интизориро дар муддати амали шартномаи суғурта қонеъ намояд;
  2. захираҳои суғуртавӣ таъсис намояд;
  3. харо ҷоти суғуртакунандаро барои коргузории идоравӣ пардохт намояд;
  4. андозаи муайяни фоидаро таъмин намояд.

Нархи хизмати суғуртавӣ, ҳамчун дигар нархҳои бозорӣ бо таъсири талабот ва таклифот каму зиёд мешавад. Ҳадди поёнии нарх аз рўи баробарии байни воридоти пардохт аз ҳисоби суғурташавандагон ва ҳақгузории талофӣ (маблағ) -и суғуртавӣ мувофиқи шартнома ва хар ҷи суғурташаванда муайян карда мешавад. Бо чунин сатҳи нарх суғуртакунанда аз амалиётҳои суғуртавӣ ягон хел фоида гирифта наметавонад. Табиист, ки суғуртакунии чунин хавфҳо худро таъмин гардонида наметавонад.
Ҳадди болоии нархи хизмати суғуртавӣ бо ду омил муайян карда мешавад:

  1. андозаи талабот ба вай (ба хизмати суғуртавӣ);
  2. андозаи фоизи бонкии маблағҳои амонатгузошташуда;

Дар назарияи суғурта нархи баландтарини хизмати суғуртавӣ вобаста ба талаботи суғурташавандаи имконпазир муайян карда шуда, нархи камтарин бошад, ҳамчун воситаи таъмини ҳамарзишии муносибати байни суғуртакунанда ва суғурташаванда дида баромада мешавад. Аммо дар кишварҳои бозори суғуртавиашон тараққикарда нархи ақал бештар вобаста ба фаъолияти бомуваффақияти молиявии суғуртакунанда ва иқтидори сармоягузории вай муайян карда мешавад. Агар суғуртакунанда соҳиби бастаи (портфели) устувори суғуртавӣ бошад, харо ҷоти вай барои коргузорӣ - кам ва фоида аз фаъолияти сармоягузорӣ баланд мебошад, пардохтҳои суғуртавӣ аз он бузургие, ки барои таъмини баробарии муносибатҳои суғуртакунанда ва суғурташаванда расман зарур ҳисобида мешавад, кам буда метавонанд.
Дар ҳолати ба қадри кифоя баланд будани талабот ба хизмати суғуртавии мазкур, вақте ки талаботи оммавӣ ба суғуртакунӣ мав ҷуд буда, вале миқдори суғуртакунандагон зиёд намебошад ва ҳамаи онҳо шартҳои тахминан якхеларо пешниҳод менамоянд, имконияте мав ҷуд аст, ки дар як муддати муайян андозаи баланди мукофоти суғуртавӣ нигоҳ дошта шавад. Аммо баробари аз тарафи талаботҳои хизматрасонии суғуртавӣ пур шудани бозори суғуртавӣ, ин ҳолат хатарнок мегардад. Дар як ширкат ба тарифи баланд вохўрда, мизо ҷ ба дигараш меравад. Аз ин рў дар бозори суғуртавӣ, ҳамчун дар бозори дилхоҳи мол, тамоили баробаркунии сатҳи тарифҳои суғуртавӣ мав ҷуд мебошад.
Фоизи бонкӣ ба фаъолияти суғуртавӣ бо ду самт таъсири воқеӣ мерасонад. Якум, тамоили  ҷараёни инкишофи фоизи бонкӣ дар муқоиса бо тарифҳои суғуртавӣ қарордоди мизо ҷро дар бораи он, ки ба таваккали худ чӣ тавр муқобилият нишон диҳад, муайян менамояд. Тамоман имконпазир аст, ки қарзи аз бонк гирифташуда, ё пули дар он барои худмаблағгузорӣ пасандоз шуда, нисбат ба суғуртакунӣ бештар манфиатовар бошанд. Аз ин рў суғуртакунандагон ма ҷбуранд, ки андозаи тарифҳои суғуртавиро бо фоизҳои бонкӣ муқоиса намоянд.
Дуввум, маблағи ба намуди мукофот гирифта ва то муҳлати ҳақгузории талофии (маблағи) суғуртавӣ муваққатан озоди суғуртакунандагон бе истифода нахоҳад хобид. Онҳо метавонанд ва мебояд ба мақсадҳои ти ҷоратӣ аз тарафи суғуртакунандагон истифода бурда шаванд; ба қоғазҳои қимматнок иваз карда шаванд ё ба амволи ғайри манқул (беҳаракат) табдил ёбанд, ҳамчун қарз пешниҳод шаванд, яъне фоидаи сармоягузорӣ оранд. Қисми ин фоида ба суғурташавандагон ба ивази фоизи муайян метавонад пешниҳод шавад. Роҳи дигар – вақте ки        меъёрҳои тарифӣ бо баҳисобгирии меъёри дар назар дошташудаи фоиданокии сармоягузорӣ қаблан кам карда мешаванд.
Нархи чунин хизматрасонии суғуртавии суғуртакунанда пешниҳоднамуда, инчунин, аз ҳолати фаъолияти ҳамин ширкати мушаххас вобаста мебошад, аммо маҳз аз бузургӣ ва таркиби бастаи (портфели) суғуртавии вай харо ҷоти идоравӣ ва даромаде, ки ширкат аз ҳамчун сармоя гузоштани маблағҳои мувақатан озод ба даст меорад. Аз ин рў ширкатҳои аз  ҷиҳати молиявӣ пуриқтидор, дар баробари мав ҷуд будани намудҳои беҳад фоиданок, метавонанд барои дар бастаи (портфели) худ нигоҳ доштани намудҳои нисбатан даромаднокиашон ками суғуртавӣ роҳ диҳанд.
Фоидаоварии намудҳои гуногуни суғурта бузургии доимӣ буда наметавонад, вай аз марҳилаи силсилаи ҳаётӣ, ки дар он самараи хизмати суғуртавии мазкур мав ҷуд мебошад, вобаста аст. Марҳилаҳои давраи ҳаётии, ин хизмати суғуртавии мушаххас, чун қоида, ба монанди намудҳои молҳои дигаранд; ба бозор баровардан, афзоиши дархост, пур будан ё рушду таназзулёбии фурўш, дара ҷаи фоидаоварӣ ва аз бозор тангкуниро дар бар мегиранд. Давраи ҳаётии хизматрасонии суғуртавӣ тавассути нишондиҳандаи фарогирии майдони суғуртавӣ тавсиф карда мешавад, яъне бо ҳамгироии таваккалӣ ва  ҷараёни миқдори шартномаҳои басташуда тавсиф карда мешавад. Вақте, ки майдони суғуртавӣ ба дара ҷаи пуршавӣ наздик мешавад, афзоиши фоизи бо шартнома фарогирии мизо ҷони имконпазир якбора суст мегардад.

Дидан карданд: 821

Мавзӯъҳои монанд:

Бозори суғуртаи Швейтсария, Италия , Франсия ва Ҷопон

Бозори суғуртаи Олмон

Бозори суғуртвӣ Британияи Кабир

Фаъолияти суғуртавӣ дар Иёлотии Муттаҳидаи Амрико (ИМА)

Хароҷоти ширкати суғуртавӣ, ки ҳангоми ҳисоби заминаи андозбандишаванда барои пардохти андози фоида ба назар гирифта мешавад

Даромади ширкати суғуртавӣ, ки ҳангоми ҳисоби заминаи барои пардохти андози фоида андозбандишаванда ба назар гирифта мешавад

Манбаъҳои ташаккули фоидаи ширкати суғуртавӣ

Рекламаи суғурта дар воситаҳои ахбори омма (ВАО)

Хусусияти даври (сикли) ҳаётии маҳсулоти суғуртавӣ

Нархи маҳсулоти суғуртавӣ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: