|

Фалсафаи бостони тоҷик

Тартибдиханда: МИРБОБОЕВ М.Қ , СОЛИҶОНОВ Р, АБДУЛАТИПОВ У.Ҳ. ФАЛСАФА

Дохил кард: Сино Эгамбердиев

Санаи дохилгардида: 2014-02-07

 

       Нақша

  1. Таълимоти зардуштия
  2. Монавия ва маздакия
  3. Равияҳои моддагаро: зурвония, даҳрия, табоия
  1. Таълимоти зардуштия

Фалсафаи бостони тоҷик хеле қадим буда, мактабу равияҳои гуногунро фаро мегирад, ки аз ҷумлаи онҳо таълимоти зардуштия, монавия, маздакия, зурвония, даҳрия, табоия мебошанд.
Аз таълимоти қадимтарин ва аввалини фалсафӣ зардуштия аст, ки онро Зардушт дар китоби Авесто асос гузоштааст, ки бисёр дигар таълимотҳо аз он сарчашма мегирад. Тибқи зардуштия олам аз ду ҷавҳар, мабдаи ҳастӣ Аҳуро ва Аҳриман иборат мебошад. Аз ҷавҳари аввал ҳастӣ падид омада, аз ҷавҳари дуюм маскани зулмот, нестӣ оғоз ёфтааст. Замину осмон ва кулли мавҷудоти хуб, нур ва оташ, об ва хирман ва ҳайвоноти аҳлӣ офаридаҳои Аҳуро аст. Кулли мавҷудоти бад, афъӣ, каҷдум, ҳашароти зараровар, ҳайвоноти дарранда, дуд ва касофатҳо махлуқи Аҳриман мебошанд.
Зардуштия хусусияти дуалистӣ, санавӣ дорад. Санавияти зардуштия решаҳои амиқи маърифатӣ ва иҷтимоиро дорост. Пеш аз ҳама вай натиҷаи дарк ва умумигардонии зиддияти ҳодисаҳои табиӣ аст, маҳсули дарки зиддиятҳои иҷтимоӣ ва ахлоқӣ мебошад. Масалан, зиддиятҳои байни қабилаҳои муқимӣ ва кӯчнишин бешак аз манбаъҳои иҷтимоии санавияти зардуштия аст. Дарки таззодҳои маънавӣ, зиддияти ахлоқи ҳамида ва ахлоқи замима, байни пиндори нек ва пиндори зишт, гуфтори нек ва гуфтори зишт, рафтори нек ва рафтори зишт низ барои ташаккули ҷаҳонбинии санавӣ сабаб гардидааст.
Дар давру замонҳои гуногун зардуштия  ба дигаргуниҳои замон рӯ ба рӯ шуда, тағйир ёфтааст. Аз ин сабаб дар қисматҳои нав он санавият ба ваҳдоният (монотеизм) табдил ёфтааст. Ин тағйирот хусусан дар «Вандидод», «Хурда - Авасто» ва баъзе бандҳои «Ясно» равшан ба назар мерасад.
Аз мавзӯъҳои марказии зардуштия масъалаи инсон аст. Аз назари Зардушт ҷаҳон арсаи муборизаи Аҳриман ва Аҳурамаздо, хайр ва шарр аст. Дар ин набард инсон, ҳамчун офаридаи Аҳурамаздо бояд дар ҷониби ӯ қарор бигирад, то дар олам хайр ва адл пойдор шавад.
Инсон аз ду унсур ё мабдаъ иборат аст. Яке моддӣ ва дигаре рӯҳонӣ мебошад. Мабдаи моддӣ ин тани инсон аст. Мабдаи дуюми инсон нафс ё рӯҳи ӯст. Бартарияти нафс аз тан дар ин аст, ки он бино, шунаво, гӯё ва ҳассос аст. Маҳз ба туфайли нафс инсон фаъолияти бошуурона дорад, эҳсос, идрок, тафаккур, нутқ, ирода хосиятҳои нафсанд. Пас аз марги инсон нафси ӯ ба олами рӯҳонӣ меравад ва он ҷо рӯзгори ҷовидона ба сар мебарад.
Зардуштия инсонро дар аъмол комилан соҳибихтиёр медонад. Инсон ихтиёран яке аз аъмолро интихоб мекунад. ӯ бояд дар ин набард ҷонибдори Аҳурамаздо шавад. Маҳз ин ҷонибдорӣ пирӯзӣ бар Аҳриман, нур бар зулмот, хайр бар шарро таъмин мекунад.
Яке аз сабабҳои густариш ва мавҷудияти Зардуштия дар тӯли 1500 сол ба дархостҳои маънавӣ ва мафкуравии замон, ба ниёзҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа ҷавобгӯ будани ӯст. Зардуштия пеш аз ҳама меҳнат ва аҳли корро тарафдорӣ менамояд. Тибқи он фазилати олитарин меҳнатдӯстӣ, шуғл варзидан ба кишоварзӣ, зироаткорӣ ва чорводорӣ мебошад.
Дар  масъалаи иҷтимоӣ Зардуштия масъалаи сохтори иҷтимоӣ ва давлатиро низ муайян месозад. Зардуштия ҷомеаро ба чунин табақаҳо ҷудо кардааст: рӯҳониён, ҷанговарон, пешаварон, кишоварзон.
Зардуштия тарафдори шоҳигарӣ, шоҳи додгустар (адлпеша), ростандеш, ростгуфтор, росткирдор, ҳимоякунандаи заифон аз золимон, ва бадкирдорон аст. Тибқи ақидаҳои Зардуштия шоҳ ҳокими кулл ва мутлақ буда, тамоми корҳои давлат дар ихтиёри вай аст. Инчунин ӯ раиси оташкадаҳо ва муғҳо  дар рӯи Замин маҳсуб мешуд.
Бунёди зардуштияро мавзӯи ахлоқ ташкил медиҳад. Ахлоқи зардуштия аз рӯи се асл қарор гирифтааст: хухта – гуфтори нек, ҳумата – пиндори нек, хваршта – рафтори нек. Ба ин се асли пок се пояи ахлоқи бад, муқобил меистад, ҷуҳма – гуфтори зишт, душмата – пиндори зишт, ҷуваршта – рафтори зишт.
Пояи асосии ахлоқи зардуштӣ маҳз гуфтори нек, яъне ростиву ростгӯӣ мебошад. Дар «Ясно»-и 53 омадааст. «Эй Аҳурамаздои бузург, маро ба тавассути ростӣ дар зери ҳимояи худ ҷой бидеҳ, то пиндори нек ва рафтори нек низ ба сӯи мо рӯ оварад». Ûонуни ростагорӣ тарозуест, ки инсон рафтори худро дар он бармекашад. Вай оташест, ки решаи бадӣ, бадкирдорӣ ва бадтинатиро месӯзонад ва ҷавҳари виҷдонро сафо мебахшад. Ба воситаи он инсон соҳиби ахлоқи пок мешавад.
Ҳамин тавр, зардуштия бисёр масъалаҳои муҳими фалсафиро фаро гирифта, ҳамчун сарчашмаи асосӣ барои пайдоиши дигар мактабҳои фалсафӣ хизмат кардааст.

 

 

2. Монавия ва маздакия

Монавия  таълимоти динӣ – фалсафиест, ки дар асри сеюми милодӣ пайдо шуда, аз Ҳинд то империяи Рум густариш ёфтааст. Асосгузори монавия Монӣ аст.
Монӣ бо фалсафаи Юнон, тиб, нуҷум ва мусиқӣ ошноӣ пайдо кард. Баъд аз он ки Монӣ динҳои мухталифро омӯхт, аз маҷмӯаи онҳо дини наверо ба вуҷуд овард ва дар соли 239 милодӣ (дар синни 24 солагиаш) даъвои пайғамбарӣ кард.
Монӣ худ нобиғаи замони худ буд ва бештари забонҳои замонааш монанди – порсӣ, портӣ, суғдӣ, чинӣ, румӣ, юнонӣ, ҳиндӣ, санкритӣ ва арабиро медонист ва дар навиштаҳои худ ба кор мебурд. Ба қалами ӯ осори зиёде ба монанди «Шопурғон» (паҳлавӣ), «Канз-ул-аҳиббо», «Сафар-ул-асрор», «Сафар-ул-xабобира», «Заҳҳотиё», «Фароиз-ус-соъин», «Инҷил» (ба забони суриё) ва ғайраҳо тааллуқ дорад.
Монӣ на танҳо файласуф, донишманди мазҳаб ва шариати нав, инчунин рассоми бузурге буд, ки аз ин асари ӯ «Ардаҳанг» ё «Аржанг», ки иборат аз санъати  минётур аст, гувоҳӣ медиҳад.
Асоси таълимоти Мониро эътирофи ду мабдаъ ва се давраи ҳастӣ ташкил медиҳад. Ду мабдаи ҳастӣ иборатанд аз нур ва зулмот. Нур холиқи хайр ва зулмот холиқи шар мебошад.
Ин ду мабдаъ дар ибтидо аз ҳам ҷудо ва сипас ба ҳам омезиш ёфтанд. Тасдиқи абадӣ ва азалӣ будани ин ду мабдаъ он аст, ки агар фақат яке аз ин ду ҷавҳар ҳақиқат дониста шавад, пас аз вай ду амали мухталиф ба вуҷуд намеомад. Масалан: оташ ки сӯзон ва гарм аст, сард карда наметавонад, инчунин он чи  сард мекунад, гарм карда наметавонад; шар натиҷаи нек ба вуҷуд намеоварад. Некӣ натиҷаи феъли нек, бадӣ натиҷаи феъли бад аст.
Давраҳои ҳастӣ аз назари Монӣ иборатанд, аз гузашта (мозӣ), кунун (ҳол), оянда (мустақбал). Дар даври гузашта, ки ҳанӯз хилқат (сохтан, офариниш) оғоз наёфта буд, олами нур ва зулмот аз ҳам ҷудо буданд.
Аз назари Монӣ нур ва зулмот, ки сарчашмаи ҳастӣ мебошад, дар асл рамзи рӯҳониёт ва моддиёт аст. Аз ин рӯ, Монӣ моддиётро манбаи шарр медонад. Модда ғайримутаҳаррик аст ва дорои ақлу ирода нест, фақат моддае, ки нафс дорад қобили ҳаракат мебошад.
Üаёт аз назари Монӣ натиҷаи омезиши ҷавҳари моддӣ ва рӯҳонист. Азбаски ин омезиш – омезиши қаҳрӣ ва ҷабрӣ аст, бояд барои наҷот ва раҳоии нур аз зиндони модда бикӯшад ва фирефтаи найрангҳои дилфиреби шарр нагардад. Моҳияти инсон, ки заррае аз нури Пиди Визиргӣ аст, бояд аз зулмот раҳо ёбад ва бо он пайвандад. Бинобар ин монавия зӯҳд, гӯшанишинӣ, тарки никоҳ ва фақрро тарғиб менамояд. Аз ин назар Монавия аз Зардуштия, ки фақат назорат ва идора кардани ҳавову ҳаваси ҷисмониро тақозо мекард, ба куллӣ фарқ дорад.
Монӣ ҷонибдори таносух  будааст. ӯ боварӣ дошт, ки баъди марг рӯҳ ва нафси касоне, ки ба дараҷаи олии тақво ноил гашта, мустақиман ба олами нуру рӯҳ уруҷ мекунанд ва дар он ҷо ба саодати абадӣ мерасанд. Рӯҳи касоне, ки ба дараҷаи камолот нарасидааст, барои такмил ба ҷасадҳои дигар гузашта, зиндагиро дар ин ҷаҳон аз сар оғоз мекунанд.
Фалсафаи Монавия дар асоси қоидаҳо устувор мебошад, яъне 4 манъ ба масъалаҳои дин ва ахлоқ ва 3 манъ ба масоили феълу амал дахл дорад. Се манъи охир иборат аз манъи сухан (эҳтироз аз суханони куфр ва бидъатомез), манъи  даст, яъне (даст боз доштан аз амале, ки ба амри нур мухолиф аст), манъи дил (ҳазар аз ҳавову ҳавас ва майлҳои зишт) мебошад. Хӯрдани гӯшт, ҷамъоварӣ ва захираи гиёҳ ва меваҷот мамнӯъ буд. Онҳо бояд ба ғизои якрӯза ва либоси яксола иктифо кунанд. Монавия бутпарастиро мамнӯъ медонист ва таъкид мекард, ки монавӣ набояд ба дурӯғгӯӣ, ҳасад, куштор, зино, дуздӣ даст занад. Üар як пайрави Мониро зарур аст, ки худро дар рӯҳи садоқат ба Пиди визиргӣ, эътиқод ба Хуршед ва Моҳ дар рӯҳи эътирофи пайғамбарони пеш аз Монӣ (Мӯсо) тарбия ва парвариш намоянд.
Маздакия таълимоти динӣ – фалсафӣ ва иҷтимоӣ аст, ки тақрибан дар асри 4-5 милодӣ пайдо шудааст. Маздоия аз сабаби шӯҳрат ёфтани мубаллиғи ин таълимот – Маздаки Бомдод бо унвони маздакия ном баровардааст.
Аз назари Маздак Нур офаридгори хайр, зулмот офаридгори шарр аст. Ин ду омил аз рӯи мартаба бо ҳам баробаранд. Вале фарқияти асосии он ин аст, ки нур омил ва ҷавҳари бошуур, соҳиби эҳсос ва ирода аст. Зулмот бошад, ҷавҳари бешуур, кӯр ва нодон аст. Бинобар ин ҷавҳари аввал нисбати ҷавҳарии дуюм бартарӣ дорад ва пирӯзии аввалин бар дуюмин ногузир аст. Таълимоти Маздак санавӣ набуда, балки фақат ба ваҳдоният нигаронида шудааст. Дар ибтидо нур бо зулмот аз ҳам ҷудо буданд, вале бо амри тасодуф бо ҳам омезиш ёфтаанд. Аз омезиши онҳо ҷавҳари моддӣ ба вуҷуд омад, он аз се унсур иборат аст,  об, оташ, хок. Üатто хайр ва шарре, ки дар олам вуҷуд дорад, маҳсули омезиши ин унсурҳоанд: хайр аз ҷузъҳои соф ва поки онҳо, шарр аз ҷузъҳои касиф ва нопоки онон ба вуҷуд омадааст.
Тибқи тасаввуроти маздакиён худованди олам ба тавассути чаҳор қувва, ки иборат аз ақл, шуур, ҳофиза ва шодӣ аст, ҷаҳонро идора мекунад. Ин чор қувва ҳафт вазир дорад, ки дар ботини 12 вуҷуди рӯҳонӣ дар ҳаракатанд.
Назарияи иҷтимоии Маздак навоварона мебошад. ¡ аз аввалин касонест, ки дар таърих ақидаи дар ҷомеа муқаррар кардани моликияти ҷамъиятӣ ва баробарии иҷтимоиро баён кардааст.
Муаррих Табарӣ ба сарчашмаҳои паҳлавӣ такя карда, аз забони Маздак менигорад, ки худо «арзоқро рӯи замин офарид, ки мардум миёни худ яксон қисмат кунанд, лекин мардум ба якдигар ситам мекунанд… агар касе пул, зан ва дигар сарвати зиёда дошта бошад, пас ин чунин маъно надорад, ки ӯ ба ин ҳама ҳаққи бештаре дошта бошад».

3. Равияҳои моддагаро: зурвония, даҳрия, табоия

Зурвония аз шаклҳои махсуси ҷаҳонбинӣ буда, тақрибан дар асри V - IV пеш аз милод пайдо шуда, моҳиятан ҷанбаи динӣ – мазҳабӣ дошт. Дар қарни сеюми милодӣ аз зурвонияи мазҳабӣ зурвонияи фалсафӣ ҷудо шуда, мактаби мустақили афкори моддагароёнро ташкил додааст. То кунун аз зурвонияи моддагаро осоре боқӣ намонда, вале аз рӯи таҳқиқоти доир ба зурвония вуҷуддошта, маълум гаштааст, ки мазмуни мухтасари он чунин аст. Асоси тамоми ҳастиро замони беканора ташкил медиҳад, ки ҷавҳари ба худ мустақил ва аз зоти худ аст. Аз замони беканора замони канорадор ва сипеҳр (гетии моддӣ), ки ба мушобеҳи тан ва ҷисми замони каронаманд мебошад, пайдо шудааст. Худи сипеҳр (гетии моддӣ) моддаи нахустин, ҳаюлои нахустин ё моддае аст, ки тамоми мавҷудот аз он падид омадааст. Аз сипеҳр, моддаи нахустин аввал сурати нахустин – оташ, бод, об, хок пайдо шудааст.
Дар «Бундаҳишн» омадааст. «Аз рӯшноии бекарон оташ ва аз оташ бод ва аз бод об ва аз об хок ба вуҷуд омадааст» Сипас, моддаи чаҳоргона ё сурати дуюм (хушкӣ, гармӣ, тарӣ, сардӣ) ва дар охир сурати саюм, яъне зиндагии олӣ (органикӣ), ҷонварон ва инсон қадам ба арсаи ҳастӣ мегузорад. Ҷаҳоне, ки асоси он сипеҳр, яъне моддаи нахустӣ пайдо гардидааст, пас аз 12000 соли кайҳонӣ гусехта ба сурати ғании худ табдил меёбад.
Назарияи зурвонияи моддиро баррасӣ карда метавон гуфт:

  1. Зурвониён эътиқод доштанд, ки замон ва модда азалӣ ва абадӣ буда, на дар гузашта оғозе, на дар оянда анҷоме надорад.
  2. Ба иллати он ки зурвониён ба моддаи уло – ҷавҳари тухмаи сипеҳрро мояи аслии ҳастӣ медонистанд,  бинобар ин ба азалият ва абадияти моддаи нахустин боварии комил доштанд. Моддагароии зурвонӣ аз эътирофи азалият ва абадияти моддаи нахустин бармеояд.
  3. Зурвониён тарафдорони назарияи ҷавҳарияти замон буданд, зеро зурвонро ҳамчун ҷавҳари пойдор ва қоим медонистанд.     
  4. Онҳо моддаро ҳам аз рӯи мартаба ва ҳам аз рӯи замон бар сурат муқаддам медонистанд.

Моддаи нахустин – сипеҳр сурати муайяне надошта, пас аз пайдоиши омезиши чаҳоргона, табоеи чаҳоргона ва нафс (ҷон) суратҳои мушаххасеро касб мекардааст.
5. Зурвониён сипеҳр (моддаи нахуст)-ро азалӣ ва абадӣ медонистанд. Кайҳон бошад, азалӣ ва абадӣ нест. Вай баъди 12000 соли кайҳонӣ бархоста ба мояи аслии хеш, яъне моддаи нахустин бармегардад. Ин маънои онро надорад, ки кайҳон бе ному нишон гум хоҳад гашт, балки баргаштан ба сӯи мояи аслии худ аст. Сарфи назар аз таҳаввулоташ асли бақои модда боқӣ мемонад. Ин асл дар фалсафаи даҳрия  ва асҳоби ҳаюло мақоми хосае дорад.
Даҳрия. Мувофиқи таълимоти даҳрия олам қадим ва абадӣ буда, даҳр ба маънии замони бекаронаи ҳастии модда аст. Пас муродифи зурвони бекарона даҳрия аст. Аз ин рӯ, даҳрия ҳамон зурвония аст, ки баъди густариши дини ислом бо ин ном маъруф гаштааст.
Назарияи даҳриёнро возеҳтару пурратар Носири Хисрав дар «Ҷоме-ул-ҳикматайн» меоварад: «Яке фирқат даҳриёнанд, ки аҳли таътиланд ва гӯянд, олам қадим аст ва ӯро сонеъ нест, бал сонеи маволид аз наботот ва ҳайвон – хиради афлок ва анҷум аст, ки ҳамеша будааст ва ҳамеша бошад». Аз ин ҷо маълум мегардад, ки олам аз назари даҳриён на танҳо абадию азалӣ инчунин сохтанашуда будааст. Ин ақида аз машшоиён фарқияте дорад, зеро онҳо (машшоиён) дар сонеъ будани олам фикр меронанд. Аз назари даҳриён олам дутост;  олами офарида ва олами офаранда. Олами офаранда ҳамон афлоки қадиму азалӣ буда, олами офарида набототу ҳайвонот, инсонҳо мебошад.
Муҳаммад Fаззолӣ дар «Ал мунқиз мин аз  зулол» файласуфонро ба се гурӯҳ - даҳриюн, табииюн, илоҳиюн ҷудо намуда, оиди даҳриён менависад: «Онҳо аз тоифаи мутафаккирони қадимтар буда, офаридгори мудаббир ва қодири оламро рад мекунанд. Даҳриён собит мекунанд, ки олам аз азал худ ба худ ҳамчунин вуҷуд дошт ва сонеъ надорад; ҳайвон ҳамеша аз нутфа ва нутфа аз ҳайвон мешавад. Ҳамеша чунин буд ва ҳамеша чунин хоҳад буд. Пас онҳо зиндиқонанд».
Дар масъалаи ахлоқ даҳриён пайрави гедонизм буда, лаззату хушиҳои ҳаётро ғанимат медонистанд.
Назарияи табоия ба таълимоти даҳриён хеле монанд мебошад. Дар ин бора Носири Хисрав шаҳодат медиҳад: «аҳли табоеъ мар оламро азалӣ гуфтанд ва гӯянд, ки чизҳо аз ин чаҳор табъ ҳаме буд шавад, чун гармӣ, сардӣ, тарӣ ва хушкӣ бе он ки тадбире ва тақдире аз ҷуз эшон ҳам ёбад – эшон пайвандад». Аз ин рӯ, табоиён оламро ҷисмонӣ, мутағайир дониста, барои он офаридгоре қоил нестанд. Инчунин таносуби модда  ва суратро аз назари моддигароӣ (материалистӣ) ҳал намудаанд.
Чунон ки аз маъхазҳо бармеояд, дар қарнҳои II-VIII милод ҷараёни моддагароёна хеле инкишоф ёфта будааст. Ҳангоми паҳнгардии фалсафаи исломӣ ҷараёни моддагароёна ба худ сабку равиши махсусро пайдо карда тараққӣ менамуд.
Хулоса, фалсафаи бостони тоҷик таърихи қадим ва бой дошта, мактабу ҷараёнҳои гуногун: моддагароёнаву маънигароёна, санавию ваҳдонӣ ва ғайраҳоро фаро мегирад. Онҳо ба таҳқиқи асрору моҳияти оламу одам ва ҷомеа нигаронида шуда, ба ташаккулу такомули илму ҳикмати тоҷик дар асрҳои минбаъда ҳамчун сарчашмаи гаронбаҳо хизмат намуда, ҳамзамон ба таълимоти фалсафии дигар халқҳо низ таъсир расонидаанд.

Дидан карданд: 11744

Мавзӯъҳои монанд:

Шуур, пайдоиш ва мохияти он

Фалсафа  аз нимаи дуюми асри XIX  то ибтидои асри XXI

Фаҳмиши фалсафии олам: ҳастӣ ва модда (материя)

Фалсафаи асрҳои миёнаи тоҷик ва Аврупо

Фалсафаи Фаронса ва Олмон дар асри XVIII ва ибтидои асри XIX

Фалсафаи эхё ва замони нав

Фалсафаи бостони тоҷик

Фалсафа дар Юнони Қадим

Фалсафаи Ҳинду  Чини қадим

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: Мадина
Санаи дохилгардида: 2018-09-18

Фалсафаи бостонии точик.

Каментарй дохил кард: Дилафзо diljane99@ gmail.com
Санаи дохилгардида: 2019-10-03

Мутолеа ва конспект дар мавзуи акидахои фалсафии муаррихони Чин ва Хиндустони кадим


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: