|
youtaj

Фалсафаи Ҳинду  Чини қадим

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Сино Эгамбердиев

Санаи дохилгардида: 2014-01-02

            Нақша

1.Сарчашмаҳои аввалини фалсафаи Ҳинди қадим, таълимоти локаята
2.Таълимоти моддагароёнаи чорвакҳо ва ҷараёни идеалистии ҷайнизм
3.Таълимоти даотсизм ва Конфутсий

1.Афкори фалсафӣ чун системаи таълимот дар бораи олам дар аввалҳои ҳазорсолаи якӯми пеш аз милод дар кишварҳои Ҳинду Хитой ба миён омадааст.
Ақидаҳои фалсафӣ пеш аз ҳама дар гаҳвораи қадимтарини тамаддуни ҷаҳонӣ – Ҳиндустон пайдо гашта, дар китоби муқаддаси Веда инъикос ёфтааст. Маънои Веда дониши муқаддас буда, маҷмӯи гимнҳо, дуоҳо, анъанаҳо, қурбоникуниро дарбар мегирифт. Ведаи аввалин Ригведа ном дошта, ба асрҳои XV пеш аз милод тааллуқ дорад.
Дар аввали ҳазорсолаи якӯми пеш аз милод дар Ҳиндустон таълимоти махфӣ Упанишадҳо барои тафсири Ведаҳо пайдо шуданд. Упанишадҳо тахминан дар асрҳои VIII пеш аз милод ба миён омада, ёдгории аввалини фалсафаи Ҳинд мебошад. Ҷавоҳирлол Неру қайд мекунад, ки дар Упанишадҳо таҳқиқоти амиқ вуҷуд дошта, кӯшиши кашфи ҳақиқати ашё ба назар мерасад.
Дар Упанишадҳо баробари тафсири дин,  масъалаҳои моҳияти олам, табиати рӯҳии инсон, маърифати инсон ва ғайраҳо баррасӣ шудаанд. Fайр аз Упанишадҳо ёдгориҳои фалсафаи Ҳинди қадим достонҳои эпосӣ ба монанди «Маҳабҳарата» ва «Рамаяна» мебошад.
Ҷараёни моддагароёнаи фалсафа дар Üиндустон дар асрҳои VIII-VII пеш аз милод созмон ёфта, бо номи локаята машҳур гардидааст. Локаята – маънои тасаввуроти одамон дар бораи ин олами воқеӣ – локаро ифода мекунад, яъне одамоне, ки бо масъалаҳои заминӣ машғул ҳастанд. Асосгузори таълимоти локаятҳо Брихаспатӣ мебошад.
«…Онҳо (локаятҳо) Ведаҳоро зери танқид гирифта, таъкид менамуданд, ки эътиқод бояд озод бошад ва набояд тахминӣ амал кунад. Онҳо бар зидди тамоми шаклҳои мӯъҷизаву хурофот мубориза мебурданд». (Ҷавоҳирлол Неҳру. Кашфи Ҳиндустон. –М., 1955 саҳ.99)

2. Таълимоти моддагароёнаи чорвакҳо ва ҷараёни идеалистии
ҷайнизм

 Яке аз ҷараёнҳои инкишофёфтаи локаята дар фалсафаи Ҳинди қадим таълимоти чорвакҳо мебошад. Чунин тахмин меравад, ки истилоҳи «чорвак» аз ду калимаи қадимаи ҳиндӣ – чор-чаҳор, вак – сухан, калима, яъне чор унсур ба миён омадааст. Пас, он файласуфоне, ки асоси оламро дар чор унсури моддӣ, яъне замин, об, ҳаво ва оташ дидаанд, чорвакҳо ном гирифтаанд.
Чорвакҳо ба дастовардҳои математика ва илми нуҷум такя намуда, ягонагии олами моддиро бо тарзи худ баён кардаанд. Онҳо дар чунин ақида буданд, ки тамоми ашё ва зуҳуроти олам новобаста ба гуногунрангиашон ва ҳам сохташон аз пайвастагиҳои гуногуни хоку обу ҳавову оташ иборат мебошанд. Дар натиҷаи ба ҳам омезиши ин чор унсур бо тарзҳои мухталиф ашё ва зуҳуроти чизҳои зиндаву ғайризинда ба амал меояд. Тамоми раванди пайвастшавӣ ва аз ҳам ҷудошавӣ чор унсури абадӣ:  хок, об, ҳаво ва оташ мебошад.
Чорвакҳо таълимоти идеалистон ва дуалистонро дар бораи он ки шуур озод аст инкор сохта, вобастагии мавҷудияти шуурро бо тан тарафдорӣ карда, шуурро ҳамчун хусусияти ҷисми зинда эътироф намудаанд.
Чорвакҳо масъалаи маърифати оламро низ моддагароёна ҳал намудаанд. Ягона сарчашмаи ҳақиқии маърифат аз назари онҳо аз идроки ҳиссии инсон оғоз мегардад.
Таълимоти чорвакҳо дар афкори фалсафии Ҳинди қадим аҳамияти хеле зиёд дошта, барои паҳнгардии ҷаҳонбинии моддагароӣ дар кишварҳои Шарқи қадим низ замина гузоштааст.
- Ҷараёни идеалистӣ низ дар фалсафаи Ҳинди қадим мавқеи худро дорад, ки он дар мисоли  таълимоти ҷайнизм зуҳур намудааст. Асосгузори ин таълимот Маҳовиро Вирдхамана (VI пеш аз милод) мебошад.
Таълимоти ҷайнизм  вуҷуди инсонро аз ду ҷавҳари мустақил, яъне моддӣ (аҷива) ва рӯҳӣ (ҷива) иборат медонад. Қисмати пайвасткунандаи аҷива ва ҷива карма мебошад, ки он ҳамчун пардаи хеле маҳин дониста шудааст. Маҳз карма ҷиваро бо моддаи дурушттан пайваста, фардро ба вуҷуд меорад. Карма ҳамеша рӯҳро дар тамоми гирдгардиаш  ҳамроҳӣ менамояд.
Озодгардӣ аз таъсири карма ва сансара фақат бо амалҳои нек ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, ҷайнизм диққати асосиро ба ахлоқ медиҳад. Тибқи таълимоти ахлоқии ҷайнизм худи инсон ҳалкунандаи тақдири хеш аст.
Ҷайнизм назарияҳои гуногунро дарбар гирифтааст, аз ҷумла, дар бораи низоми олам. Аз нуқтаи назари ин таълимот кайҳон абадист, онро касе насохтааст ва нестнашаванда мебошад. Тасаввурот дар бораи низоми олам аз рӯи илми рӯҳшиносӣ бармеояд, ки дар он ҳудуди карма ҳамеша маҳдуд  карда мешавад. Рӯҳҳое, ки дар тан гуноҳҳои зиёд содир намудаанд дар поёнтари давраи гардиш буда, бо мурури озодгардӣ аз карма оҳиста – оҳиста аз сансара мебароянд. Инчунин таълимоти  ҷайнизм дар бораи оромӣ ва ҳаракат, фазо ва вақт низ маълумот медиҳад.
Ҳамин тариқ, ба соддалавҳии баъзе ақидаву таълимот нигоҳ накарда, фалсафаи Ҳинди қадим равияҳои гуногун ва масъалаҳои муҳими ҷаҳоншиносиро фаро гирифта, барои инкишофи фалсафа дар асрҳои минбаъда заминаи мусоид гузоштааст.

3.Чин монанди Ҳинд аз кишварҳои мутамаддини қадим аст. Фалсафа дар Чин таърихи сеҳазорсола дорад. Дар фалсафаи классикии чинӣ ду мактаб даотсизм ва Конфутсий хеле маъруфанд. Асосгузори мактаби даотсизм файласуфи маъруфи Хитой Лао-Тсзи мебошад. Фалсафаи Лао – Тсзи дар заминаи таълимот дар бораи Дао асос ёфтааст. Дао – моҳият, ҳақиқат ё он асли ниҳоӣ аст, ки дар ҳамаи ашё нуфуз дорад. Дао ҳамон қувва ва нерӯест, ки соҳибидрок буда, коинот ва тамоми аҷсом ва ашёро ба назму тартиби хоси онҳо офаридааст.
Дар фалсафаи даосизм Дао ҳам сабаб ва ҳам натиҷа аст. Ҳама ашё аз Дао ба вуҷуд омада, ниҳоят ба Дао боз мегарданд. Дар маркази фалсафаи даосизм таълимот дар бораи Даои Бузург, қонуни умумӣ ва куллии ҳастӣ қарор дорад.
Дао дар ҳама ҷо, ҳамеша ва доимо ҳукумат мекунад. Вайро касе наофаридааст, вале ҳама чиз аз вай маншаъ ва сарчашма мегирад. Вай диданашаванда, ба ҳеҷ як аъзои ҳис дастнорас, доимӣ, беохир, беному нишон аст, вале ба ҳама ибтидо, ному шаклу сурат мебахшад. Таълимоти Лао – Тсзи дар рисолаи «Даодэтзин» (асрҳои IV-III то мелод) баён шуда, ки чанд ҳикмате аз он инҳоанд: 1. «Касе ки дигаронро бишносад, оқил аст, вале оқилтар аз ӯ он касест, ки худро бишносад. 2. Оқил ҳаргиз фарёд барнамеоварад, ки ман оқилам…».
Ҳамзамон бо даотсизм таълимоти фалсафию динии Конфутсий ба вуҷуд омадааст. Ин таълимот номи худро аз асосгузори он файласуфи чинӣ Кун-фу-тсзи, ки шакли юнонии он Конфутсиюс мебошад, гирифтааст.
Таълимоти Конфутсий асосан масоили ахлоқӣ, сиёсӣ ва тарбияи инсони комилро фаро мегирад. Конфутсий пеш аз ҳама муаллими ахлоқ аст. Усули ахлоқии ӯ бар пояи қоидаи умумӣ «Лӣ» устувор аст. ӯ истилоҳи «Лӣ»-ро ба маънои гуногун истеъмол кардааст. Аз ҷумла он ба  маънии покиву таҳорат, одобу одамият, ташрифот, расму суннатҳои ибодат истифода шудааст. Таълимоти ахлоқии Конфутсийро метавон чунин хулоса кард:
- аввалан, «Лӣ» - омили асосӣ дар назму тартиби умур ва ҳусни робитаи инсонӣ буда, аз панҷ қоида: оид ба робитаи султон бо раият, падар бо фарзанд, шавҳар бо зан, бародари бузург бо бародари хурд; муносибати дӯстон бо дӯстон иборат аст.
- сониян, суннатҳои номбурда ҳамон вақт тибқи «Лӣ» амалӣ мегардад, ки дар саросари мамлакат эътидол бошад;
- солисан, бояд кулли одобу ташрифоти иҷтимоӣ тибқи усули «Лӣ», мутобиқи расму одатҳо, суннатҳои гузаштагон анҷом пазирад. Дар таълимоти ахлоқии Конфутсий парастишу эҳсон нисбат ба волидайн ва арвоҳи гузаштагон мақоми хос дорад.
Эҳтироми волидон нуқтаи ибтидоии назарияи сиёсӣ ва давлатдории Конфутсийро ташкил медиҳад. Ҷавҳари таълимоти ахлоқӣ, динию фалсафии Конфутсий инсондӯстӣ ва одамият аст. Асоси ҷавонмардиро ӯ дар инсондӯстӣ мебинад. Ҷавонмард дар ҳамагуна ҳолат ҳатто дар сурати нокомӣ низ бояд инсондӯстиро тарк накунад.
Дар маркази фалсафаи Конфутсий таълимоти «жен»-одамият меистад. Жен дар адолат, вафодорӣ, садоқат ва ғайра зоҳир мешавад.
Яке аз асосҳои таълимоти Конфутсий назарияи «Сяо» эҳтироми фарзандон ба волидон ва кӯҳансолон мебошад. Конфутсий «Сяо»-ро асоси одамият ва аз ҳама беҳтарин усули роҳбариву идораи кишвар мешуморад, чунки давлат барои ӯ ҳамон оилаи бузург аст. Инсони комил (Тсзюн- Тсзи) он шахсест, ки «Лӣ»: одоб, эътиқод, эҳтиромро нисбат ба халқ, эҳсон ба волидон ва мадороро бо болодастон риоя мекунад.
Аз ҳадафҳои таълимоти даотсизм ва Конфутсий сарфи назар аз баъзе ихтилофи фикрӣ наҷоти давлати Чин аз вазъи сангини мавҷуда ба ҳисоб мерафт. 

Саволҳо барои санҷиши дониш

  1. Афкори фалсафӣ дар Ҳинд ва Чин дар кадом аср пайдо шудааст?
  2. Фалсафаи қадими Ҳинд ва Чин дар кадом китобҳо инъикос ёфтааст?
  3. Таълимоти чорвакҳо чӣ гуна хусусият дошт?
  4. Ҷайнизм чӣ гуна ҷараёни фалсафӣ аст?
  5. Олам аз назари ҷайнизм чӣ гуна аст?
  6. Дар Чини қадим кадом мактабҳои фалсафии бузург вуҷуд доштанд?
  7. Даотсизм чӣ гуна таълимот аст?
  8. Фалсафаи Конфутсий чӣ гуна таълимот аст?
  9. Таълимоти Конфутсий кадом масъалаҳоро фаро мегирад?
  10. Дар таълимоти ахлоқии Конфутсий кадом фазилатҳо ҷои асосиро ишғол мекунад?

Дидан карданд: 12817

Мавзӯъҳои монанд:

Шуур, пайдоиш ва мохияти он

Фалсафа  аз нимаи дуюми асри XIX  то ибтидои асри XXI

Фаҳмиши фалсафии олам: ҳастӣ ва модда (материя)

Фалсафаи асрҳои миёнаи тоҷик ва Аврупо

Фалсафаи Фаронса ва Олмон дар асри XVIII ва ибтидои асри XIX

Фалсафаи эхё ва замони нав

Фалсафаи бостони тоҷик

Фалсафа дар Юнони Қадим

Фалсафаи Ҳинду  Чини қадим

Максад, вазифа  ва накши фалсафа дар чомеа

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: abdulloev.z@bk.ru
Санаи дохилгардида: 2016-09-30

Абдуллоев Зафар

Каментарй дохил кард: abdulloev.z@bk.ru
Санаи дохилгардида: 2016-09-30

5


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: