|

ТАҲЛИЛ ВА ПЕШБИНИИ СИЁСӢ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2016-04-11

Бо мурури таррақиёти ҳамеша болоравандаи илму техника, ба ҳам вобастагии минтақаҳои гуногун қавитар гашта, як зумра мушкилиҳои иқтисодию сиёсӣ, фарҳангию ахлоқӣ ва экологиро ба миён меорад. Бемайлон афзоиш ёфтани аҳолии сайёра бошад истифодаи бештари канданиҳои зеризаминиро талаб менамояд. Ба назар чунин мерасад, ки инсоният бо ҳамин роҳ гўё дасту пои ҳамдигарро бо як ресмон баста, он қадар кўргиреҳи сахте меандозад, ки сарриштаи кушоданаш басо мушкил мегардад.
Нодирияти ин баҳамбастӣ дар он аст, ки бо мурури қашшоқшавии захираҳои фоидаовари табиӣ, нобаробарии таъмини иқтисодии аҳолии минтақаҳои гуногун барҳам нахўрда, боз пасттар мегардад. Аз ин вартаи фоҷиаовар берун ҷастанро ҳама фикр мекунанд, аммо ҳалли аксари масъалаҳо иштироки бевоситаи ҳама халқу миллатҳоро талаб менамояд.
Дар рафти мубориза баҳри вораҳоӣ аз ин вартаи ҳалокатовар инсоният бояд як зумра мушкилиҳо, аз ҷумла:
-     бадбинӣ ва душманногӣ;
-     зўрӣ ва ҷанг;
-     яроқнокшавии бошитоб;
-     худбинӣ ва чоҳталабӣ;
-     афзоиши бемайдони истеҳсол ва истеъмол;
-     танбалӣ ва бефаъолиятӣ барин сифатҳои бади ба инсон хосро аз байн бардорад, зеро инҳо сабаби пайдоиши ҷанг, такмили воситаҳои нав ба нави яроқи қатли ом, афзудани ҷиноят, маҳдуднамоии ҳуқуқ, кам гаштани захираҳо, афзудани қашшоқӣ ва қафомонӣ, инчунин бадшавии вазъи саломатӣ гаштанашон мумкин аст. Оё инсоният имконияти худро аз ин иллатҳо озод намудан ва ба ҳамдигар дар фазои сулҳу осоишта дастгирии ҳамдигарӣ ва ҳамкорию баробарӣ зиндагӣ карда тавонистанро дорад? Ва агар надошта бошад, оянда ўро чӣ интизор аст?
Доир ба ин масъала ва ба хусус муайян намудани ояндаи инсоният андешаҳои гуногун вуҷуд дорад. Яке аз ҳамин гуна илмҳо-Футурология ба шумор меравад. Футурология илм оид ба оянда, маҷмўи тасаввуротҳо оиди ояндаи инкишофи инсоният доир ба тағйиротҳо дар раванди иҷтимоӣ мебошад. Хулосаи онҳое, ки ояндаи ҷомеаи инсониро пешбинӣ менамоянд, дар сиёсат нақши бузург мебозад.
Сиёсатмадорон пешбиниҳои футурологҳоро ба воқеияти ҳаёти ҷамъиятӣ ва раванди инкишоф муқоиса намуда, ба кадом тараф майл доштани он равандҳоро муайян карда, тарафҳои фоидаоварро қувват дода, зарароварашро суст месозанд.
Дар илми Футурология ду усули пешбинии иҷтимоӣ вуҷуд дорад:
1.            Имтидоди (экстрополяция), яъне пешгўӣ дар заминаи тамоилҳои барқароргашта бо назардошти тағйиротҳои имконпазир:
2.            Моделсозӣ  (моделирование), сохтани моделҳои назариявии инкишофи оянда.
УСУЛИ ИМТИДОДӢ. Ин усул дар оянда идома додани тамоилҳои мавҷударо тавассути далелҳои гузашта ояндаро муайян месозад. Масалан, барои дар оянда муайян намудани миқдору таркиби аҳолӣ ба ин далелҳо суръати афзоиши барқарор шуда, раванди шаҳрнишиншавии аҳолӣ (урбанизация) дар ҷамъият, ба ҳам наздикшавии табақаҳои иҷтимоӣ, афзудани ҳиссаи синфи миёна такя менамояд.
Футролог на танҳо гузаштаро ба оянда мегузорад, балки имконияти тағирёбии онро низ ба инобат мегирад.
Усули моделсозӣ бошад сохтани моделҳои гуногуни назариявиро дар назар дошта, вариантҳои гуногуни ҳолатҳои раванди иҷтимоии ояндаро нишон медиҳад. Ин усул истифодабарии натиҷаҳои илмҳои гуногунро талаб менамоянд. Чун инсоният ҳама донишмандонро бетараф намегузорад, «куллигароёни» мамлакатҳои гуногун соли 1968 (клуби Рими) - ро ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии байналхалқӣ таъсис доданд.
Вобаста ба мавқеи олимон онҳо ба ду гурўҳ - рўҳафтодагон (пессимист)  ва некхоҳон ҷудо шудаанд.
Намояндагони рўҳафтодагони экологӣ ояндаро хеле фоҷиабор нишон дода, таълим медиҳанд, ки масъалаҳои муштараки оламро бе боздошт ё маҳдудсозии афзоиши аҳолӣ ва афзоиши илмӣ-техникӣ ҳал кардан хеле мушкил буда, хавфи барҳам хўрдани инсоният таҳдид менамояд.
Тибқи (модели Мир-3), ки аввали соли 1970 аз тарафи кибернетики Амрикоӣ Джей Фоерестер (1918) ва пайравонаш, ки ба ҳамалоқамандии нишондиҳандаи панҷфосилагии маблағгузорӣ, аҳолӣ, хўрокворӣ, захираҳои табиӣ ва ифлосшавии муҳити атрофро таҳлил намуда, ба хулосае меояд, ки олам ба ҳудуди афзоиши табииаш расида, афзоиши минбаъдаи аҳолӣ ба мушкилии ҷиддии иқтисодӣ рў ба рў мегардад. Агар ҳамин тамоил  идома ёбад, аллакай дар нимаи якуми асри XXI фоҷиа ба вуҷуд меояд. Аз ин хотир ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба «инкишофи сифрӣ» баргардад. Тарафдорони некхоҳони илмӣ- техникӣ ба таври куллӣ тағйир додани технологияи истеҳсолот ва ба вуҷуд овардани истеҳсоли бепартовро шарти пешравии ҷомеа ва ҳалли мушкилот медонанд.
Мутаасифона, ҳаёти ҷамъиятӣ он қадар мураккабу печ дар печ аст, ки ояндаи онро аниқ муайян кардан басо мушкил аст. Алҳол, мо аз фаъолияти амали як зумра давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон огаҳем, ки абарқудратҳо иродаи сиёсиашонро бо роҳи зўрӣ ба давлатҳои дигар таҳвил дода, аз мамолики сусттараққикарда талаб менамояд, ки комилан тарзи сиёсию давлатдории абарқудратро пазироянд ва ба онҳо тобеъ бошанд. Аммо дар ояндаи наздик ҳар кадом давлати мустақили миллӣ барои он ҷаҳд месозад, ки ба қатори давлатҳои мутамаддин расида гирад. Давлатҳои абарқудрат бошанд дар муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ доштани ҳарифи ба худ баробарро намехоҳанд.
Дар чунин шароит давлатҳои дорои захираҳои бои табиӣ ва имкониятҳои ақлию ҷонӣ, то андозае ба худ мераванд. Имкониятҳои доштаашонро барои ҳифзи шарафу номуси миллию давлатдорӣ сафарбар намуда, мустақиман барномаҳои сиёсию ҳарбиашонро амалӣ месозанд. Давлатҳои абарқудрат ба чунин   давлатҳо бо ҳар роҳ ва восита ҳатто таҷовуз ва таҳдид менамоянд. Ин бошад ба хеле муташанниҷ гаштани вазъияти байналмиллалӣ мегардад. Нобоварӣ нисбат ба ҳамдигар торафт меафзояд. Бо шиддат ёфтани муносибати байни миллатҳо омилҳои умумияти динӣ, этикӣ, минтақавӣ ба ҷои якум баромада, иттиҳоди нави давлатҳо дар заминаи умумияти решаи ягонаи этникӣ ба амал меояд. Шояд ҳамин  кўшиш ба иттиҳоди ягонаи нажодӣ ва ба се гурўҳи ба ҳам мухолиф оварда расонад. Дар ин дараҷаи чунин иттиҳод ҳифз намудани манфиатҳои иқтисодӣ ба ҷои аввал баромада, сиёсат онро ҳамаҷониба тарафдорӣ менамояд.
Аз ин рў, ояндаи ҷамъияти инсонӣ ба он вобаста мегардад, ки то чӣ андоза ин се иттиҳоди нажодӣ ҳуқуқ  ва озодиҳои ҳамдигарро эътироф намуда, дар ҳама сатҳ баробар медонанд. Бо вуҷуди ин ояндаи ҷамъиятии ҳамон миллате равшан мемонад, ки ба сарватҳои табииаш сариштакорона муносибат карда, онҳоро ба таври оқилона истифода намудааст. Алалхусус, кишварҳое, ки манбаи оби нўшокӣ буда, дорои иқтидори бузурги барқдиҳиандаанд, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷои махсусро ишғол менамоянд. Ин дар ҳамон сурат имконпазир мегардад, ки миллат дорои нангу номуси олӣ буда, пайваста дар андешаи инкишофи зеҳнии хеш бошад ва битавонад соҳибистиқлолиашро дар ҳама сатҳ нигоҳ дорад. Дар ин раванд тариқи дар заминаи динӣ ба ҳам гаравидани халқҳоро ба муқобили намояндагони дини дигар аз эътибор дур сохтан нашояд. Алҳол, дар сатҳи сиёсати зидди терроризм тамоми тавоноии воситаҳои ахбори умуми олами насронӣ ба муқобили пайравони дини ислом нигаронида шудаанд. Идеологҳои олами насронӣ ва сиёсатмадорони онҳо хеле хуб медонанд, ки сарзамини халқҳое, ки пайрави исломанду захираҳои бои табиӣ ва имконияти бузурги ҷонию ақлонӣ дошта, дар сурати доштани ҳаёти беихтилоф метавонанд ба дараҷаи баланди тараққиёти иқтисодию сиёсӣ ва илмӣ- техникӣ бирасанд.  Аз ҳамин хусус, нооромӣ дар ин кишварҳо ба манфиати олами насронист. Бешак замоне, ки олами ислом ин бозиҳои сиёсии олами насрониро дониста мегиранд, зиддиятҳо боз ҳам шадидтар мегарданд.
Тариқи дигари раванди  инкишофи минбаъдаи ҷамъиятро дар оянда баҳамгароии минтақавӣ ташкил намуданаш имконпазир аст. Масалан, кулли мамолики Аврупо ба блоки ҳарбии НАТО маҳз ба хотири муқобилистӣ бо Осиё дохил шудан ва худро бо ин ё он навъ аз аҳолии Осиё маданитару хирадмандтар нишон додан аст. Он ки ин давлатҳо сиёсати таҷовузкоронаи Амрикоро дастаҷамъӣ дастгирӣ менамоянд, дар гумон аст, ки робитаи ҳасана ва баҳамсудмандро бо кишварҳои Осиёи ҷонибдор бошанд.
Аз ҳамин мавқеъ аҳолии қитъаи Осиё низ метавонад бо ҳам иттиҳоди ягонаи худро бар муқобили Апрупо ташкил намуда, таносуби қувваҳоро ба манфиати хеш тағйир диҳанд. Миқдори зиёди аҳолӣ, ҳудуди бениҳоят васеъ, сарватҳои бои табиӣ, қувваи мардуми Осиёро хеле пурзўр менамояд.
Тариқи сеюми раванди ояндаи инкишофи ҷомеаи инсониро баҳамоӣ дар заминаи умумияти забонӣ низ аз эътибор сокит кардан зарур нест. Эҳтимол, зарурияти мубодилаи осон ва арзонтари ахбороти илмӣ-техникӣ ба кишварҳои дорои забони  ягона буда, новобаста ба решаҳои генетикӣ халқҳои гуногун ба ҳам наздик шуда, иттиҳоди бузурги миллатҳои гуногунро ба вуҷуд меоранд. Ин иттиҳод ба мубодилаи на танҳо ахборот, балки мубодилаи арзишҳои фалсафию ахлоқӣ ва комилан аз ҷиҳати рўҳӣ ба ҳам наздикшавии одамон мегардад. Маҳз, дар зинаи хеле баланди ҳамдигаршиносӣ ҳудудҳои миллӣ эътибори хешро гум карда протсесси ташаккули дарки манфиатҳои якхелаи ҳама инсонҳо оғоз ёфта, таассуби этникӣ, ирқӣ, динӣ ва ғайра аз байн бардошта шуда, ҳар кадом фард дар симои нафари дигар нусхаи хешро мебинад. Дар ҳамин марҳила зиддияти манфиатҳо аз байн бардошта шуда, инсоният дар дастаҷамъӣ ҳаёти худро оғози нав мебахшанд.
Адабиёт:
1. Канто А.С. Философия мир истоки тенденции, перспективы. -  Москва: Политиздат, 1990 г.
2. Куликов Л.М. Основы социологии и политологии, Уч. пос. - Москва, 2000 г.
3. Основы политологии, курс лекций. – Алмаата, 1995 г.
4. Мольцев В.А. Основы политологии. - М. 1997.
5. Зокиров Г.Н. Сиёсатшиносӣ. - Душанбе 1995.
6. Диноршоев М. Абдуллоев Ш. Ҷаҳоншумулият ва миллат -  Ахбори АИЦ Тоҷикистон. Силсилаи фалсафа ва ҳуқуқшиносӣ, № 1-4. с 2001.

 

Дидан карданд: 2006

Мавзӯъҳои монанд:

Инкишофи ақидаҳои иҷтимои - сиёсии Аврупои ғарби

Сиёсатшиносӣ ҳамчун илм

ТАҲЛИЛ ВА ПЕШБИНИИ СИЁСӢ

ЗУБДАГОНИ СИЁСӢ

ТЕХНОЛОГИЯИ СИЁСӢ

МОДЕРНИЗАТСИЯИ СИЁСӢ

РАВАНДИ ҚАБУЛИ ҚАРОРИ СИЁСӢ

МАДАНИЯТИ СИЁСӢ

ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ ВА ҲАРАКАТҲОИ ОММАВӢ

РАВАНДҲОИ СИЁСӢ (Тартиби раванди сиёсӣ)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: