|

Бехатарии пардохт дар Интернет

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ойбек Эгамбердиев

Санаи дохилгардида: 2013-06-06

Коркунии системаҳои пардохтӣ дар интернет танҳо дар шароити бехатарӣ имконпазир аст. Ҳалли муаммои бехатарӣ ба системаҳои криптографӣ ва рақамӣ (шифрӣ) асос ёфтааст, ки он конфиденсиалӣ, аутентификатсия ва яклухтиро таъмин мекунад:
- конфиденсиалӣ – ахборот бояд ҳифз карда шавад аз дастрасии ғайриқонунӣ ҳам ҳангоми нигоҳдорӣ ва ҳам ҳангоми додугирифт. Бо тарзи шифрӣ таъмин карда мешавад;
- аутентификатсия – бо имзои рақамии электронӣ ва сертификат таъмин карда мешавад ;
- яклухтӣ – ахборот бояд аз дигаргунии ғайриқонунӣ ҳифз карда шавад, ҳам ҳангоми нигаҳдорӣ, ҳам ҳангоми додугирифт. Он бо имзои рақамии электронӣ таъмин карда мешавад.
Ҳамаи системаҳои рақамӣ (шифрӣ) дар асоси методологияи муайян кор мекунанд, ки он аз як ё якчанд алгоритмҳои рақамӣ (шифрӣ), формулаҳои математикӣ, системаи идоракунии калидҳо иборат аст.
Дар таҷриба ду намуди асосии алгоритмҳои криптографӣ вуҷуд доранд :
- классикӣ ё симметрӣ - он асосан калидҳои пўшидаи махфиро истифода мебарад, яъне шифркунӣ ва дешифркунӣ бо воситаи як калид ба амал оварда мешавад ;
- асимметрӣ, ки дар он алгоритмҳо бо калидҳои кушод, яъне як калиди кушод ва як калиди пўшида истифода мебаранд.
Алгоритми шифркунии симметрӣ калидҳои ҳаҷман на он қадар калонро истифода мебаранд ва метавонанд ҳаҷми калони ахборотро шифр намоянд.
Криптосистемаҳои ассимметрӣ аз ду калид истифода мебаранд, ки онҳо байни ҳам бо воситаи як қоида вобаста мебошанд.
Кафолати бехатарии системаҳои пардохтӣ стандартҳои бехатарӣ ба ҳисоб мераванд.
Яке аз чунин стандартҳои бехатарӣ протоколи SSL(Secure Socket Layer) ба ҳисоб меравад, ки он шифркунии ахборотро, ки тариқи Интернет додугирифт карда мешавад, таъмин мекунад. Стандарти SET (Secure Electronic Transactions) он аз тарафи корхонаҳои Visa ва Master Card коркард карда шуда, бехатарӣ ва конфиденсиалии шартномаҳоро бо воситаи кортҳои пластикӣ таъмин мекунад.
Протоколи SSL-ин стандарт дар асоси криптография бо калидҳои кушод амал менамояд. Протоколи ҳифзи ахборро таъмин мекунад, ки он дар шабакаи TCP/IP додугирифт карда мешавад, аз ҳисоби шифркунӣ ва аутентификатсияи сервер ва мизоҷон. Ин чунин маънӣ дорад, ки тамоми ахборот шифр карда мешавад.
Асоси системаи бехатарии стандарти SET – алгоритмҳои криптографии DES ва RSA ташкил медиҳад. Хусусияти асосии SET – ин регламентатсияи истифодабарии системаи бехатарӣ, ки он аз тарафи системаҳои пардохтии байналмиллалӣ гузошта мешавад.

Дидан карданд: 2292

Мавзӯъҳои монанд:

Асосҳои барномасозии Web

Суғурта дар Интернет

Масъалаҳои техникии сохтани веб – саҳифаҳо

Таҳсилоти фосилавӣ дар интернет

Хизматрасонӣ дар шабакаи Интернет

Бехатарии пардохт дар Интернет

Сиcтемаҳои пардохти электронӣ дар асоси пулҳои электронӣ

Системаҳои пардохти электронӣ

Асосҳои назариявии тиҷорати электронӣ

Интернет- мағозаҳо

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: Махмуд
Санаи дохилгардида: 2014-09-09

Барои хондан

Каментарй дохил кард: Махмуд mmr_01@mail.ru
Санаи дохилгардида: 2014-09-09

барои хондан


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: