Дата: 2016-02-25
На?ша:
1. Сарсухан. Предмети биогеография, ало?аманд? бо дигар илмхо.
2. Таърихи биогеография
3. А?амияти биогеография.
Сарсухан. Предмети биогеография, алокаманд? бо дигар илмхо
Биогеография-илмест, ки пахншави ва ?ойгиршавии ?амоахои табакахои (гуруххои) гуногуни хайвонот, растанихо ва микроорганизмхо дар кураи Замин ва дар худуди регионхо меом?зад. Биогеография на факат пахншавии умумии чамоахоро, инчунин кисматхои онхоро (категорияхои таксоном? организмхоро) меом?зад. Вазифаи асосии ин илм-мукаррар кардани сабабхои географ?, вобастаг? байни мухит ва омилхои ? аз як тараф ва ?амоахо ва кисматхои онхо аз дигар тараф мебошад. Бинобар ин биогеография бо илмхои биолог?, чун экология-илм дар бораи ало?аи мутакобилаи организмхо, популятсия ва ?амоахои онхо бо мухити зист, биосенология-илм дар бораи сохтор, динамика ва таснифоти чамоахои мавчудоти зинда зич вобаста аст.
Биогеография муосир-илми нисбатан чавон дар худуди илмхои биология ва география, монанди биохимия-хамхудуд байни биология ва химия, биофизика-хамхудуд байни биология ва физика, геохимия-хамхудуд байни геология ва химия, геофизика-байни геология ва физика ва гайра инкишоф меёбад. Ин тавр мавкеи биогеорафия рафтор ва усулхои тадкикотхои ?ро бой мегардонад. Факат усулхои тадкикотхои биогеограф? имконият медихад, ки чунин муаммохо, чун географияи махсулот ва массаи моддаи зиндаи сайёра, сабабхои пахншавии хозираи организмхо ва чамоахои онхо, принсипхои таксимоти биогеограф? хушк? ва муайянкунии сархадхои регионхои биогеограф?, хусусиятхои географ?, муносибатхои биотик?, хусусиятхои хоси биомхо ва биотахои чазирахо, таъсири антропоген? ба биомхо ва биотахо дар шароити гуногуни географ? ом?хта шаванд.
Дар як вакт биогеография аз географияи ботаник? ва зоогеография маълумотхои бойи хакики ва конуниятхоро мерос гирифт, ки инкишофи онхо ба пайдоиши мазмуни (мав?еи) асосии илми биогеография сабаб гардидаанд.
Биогеография обекти ду илм: география (пахншавии географ?) ва биология (пахншавии организм?о)-ро меом?зад. Аз як тараф биогеография якчоя бо чунин илмхо, чун геоморфология-илм дар бораи релефи Замин, гидрология-илм дар бораи обхои хушк? ва укёнусхо, иклимшинос?-илм дар бораи иклими кураи Замин, хокшинос?-илм дар бораи хок ва ландшафтшинос? кисми география табии умум? бошад, аз тарафи дигар якчоя бо систематика, физиология, экологияи организмхо ва дигар илмхо ба таркиби биология дохил мешаванд. (Конуниятхои идоракунандаи хаёти он растанихо вахайвонотро, ки ландшафти додашударо тавсиф медихад, надониста дар бораи ландшафтхои кураи Замин мафхуми дуруст гирифта намешавад.)
Ин мавкеи биогеография харгиз маъно надорад, ки ?ро ба ду кисм чудо кунанд-географ? ва биолог?.
Хамин тавр, биогеография, ки конуниятхои таксимшавии растанихо ва нуфузи хайвоноти Заминро меом?зад-яке аз кисми чудонашавандаи географияи табии мебошад.
Биогеограф бояд дониши усулхои харитакаширо донад. Бе дониши усулхои харитакаш?, дуруст тартиб додани харитахои биогеограф? имконнопазир аст.
Барои биогеография-геологияи таърих? ва палеонтология низ хеле мухим мебошад. Донистани гузаштаи сайёраамон, маълумот дар бораи тагйирёбии муносибатхои материкхо ва укёнусхо дар даврахои гуногуни геолог?, дар бораи иклими замонхои гузашта, дар бораи хайвонхо ва растанихои хафриёт? ба биогеографхо сабабхои пахншавии хозираи организмхоро, ки вобаста на факат бо хусусиятхои эколог?, балки бо гузаштаи геолог? онхо мукаррар кардан имконият медихад.
2.Таърихи биогеография.
Дар таърихи биогеография мархилахои зеринро чудо кардан мумкин аст:
1. Давраи маълумотхои нопурра (беробита)-то саршавии асри 16.
2. Давраи чамъшавии маълумотхои флорист? ва фаунист? дар хукмронии дин дар бораи офарида шудани олам-саршавии асри ХУ1 охири асри ХУ111.
3. Давраи офаридани корхои ?амъбасткун? (умумигардон?)-и ботаник? ва зоогеограф? дар давраи хукмронии назарияи катастрофахо-охири асри 18 миёнаи асри Х1Х
4. Давраи инкишофи тадкикотхои пур??шу хур?ши ботаник?-географ?, зоогеграф?, эколог? ва пайдоиши биосенология дар заминаи назарияи эволютсионии Дарвин - нимаи дуюми асри Х1Х
5. Давраи коркарди таълимот дар бораи ?амъияти растанихо, инкишофи минбаъдаи пур??шу хуруши эколог? ва географияи ботаник? ва зоогеограф?, таърих?, кушиши офаридани биогеография хамчун ма?мааи географияи ботаник? ва зоогеография-аз ибтидо то миёнаи асри ХХ
6. Инкишофи биогеографияи ягона-аз миёнаи асри ХХ то ?озир.
1. Шумораи намудхои хайвонхо, ки дар кадим маълум хеле кам буд. Дар сурудхои Гомер-63 ва дар асархои Гиппократ-236, Феофраст-500 растан? номбар шудааст. Шумораи хайвоноти маълум боз хам камтар буд. Дар охири мархила, дар натичаи саёхатхои Марко Поло маълумотхо дар бора олами хайвонот ва
растанихои Замин хеле пурра гардид. Асархои Алберт Болштадский ба пахншавии донишхои ботаник? ва зоогеограф? мусоидат кардаанд.
2. Ба ом?хтани кишвари худ маро? пайдо шуда, бощхои ботаник? дар Венетсия (1333), Падуе (1525), Пизе (1544) ва щайра пайдо шуд. Гербарияхо пайдо шуд. Бощхои зоолог? пайдо шуд. К.Линней «Системаи табиат»-ро офарид. Ин замонро инкишофи систематикаи растанихо ва хайвонхо, ?амъшавии маълумотхои флорист? ва фаунист? номидан мумкин аст, ки барои инкишофи минбаъдаи географияи ботаник? ва зоогеограф? замина тайёр кард. Экспедитсияхои ом?хтани табиат дар Русия ташкил карда шуд.
3. Намоёнтарин олими ин давр А.Гумболт буд, ки кор?ои ба географияи ботаник? бахшида шуда буд, Тимирязев К.А. ва дигарон ?ро асосгузори зоогеография низ мехисобанд. Баъди корхои А.Гумболт тадкикотхои ботаникию зоогеограф? хеле босуръат инкишоф ёфт. Дар байни бар?астатарин ботаник-географхои ин давр А.Декандол ва О.Декандол (Франсия), Д.Гукер (Англия) ва дигаронро номбар кардан мумкин аст. Дар сохаи зоогеография корхои Э.Симерман роли калон бозид. Кураи Заминро ба регионхои зоогеограф? таксим кардан к?шидаанд. А.Шмард хушкиро ба 21, бахрро ба 10 олам таксим кард, ки баъзе аз онхо то хозир дар намуди нохияхо ва музофотхо мав?уд аст. Дар ин давр корхои Э.Форб, К.Ф.Руле, Н.А.Северсов хеле намоён буд.
4. Назарияи Ч.Дарвин «Пайдоиши намудхо» (1859) ба комёбихои биологияи хамон давр, аз он ?умла ба маълумотхои географияи ботаник? ва зоогеография асос гардид. Дар корхои Ч.Дарвин илми экология ва биосенология барои тараккиёти худ асоси хозиразамонаро гирифт. Дар сохаи географияи ботаник?, эколог? корхои А.Гризебах, Е.Варминг, А.Шимперро, таърих?-А.Энглерро, дар Русия корхои И.Г.Боршовро номбар кардан мумкин. Аввалин китоби дарс? аз географияи ботаник? соли 1896, А.Бекстов аз чоп баровард, соли1903 аввалин харитаи набототи Русияро Г.И.Танфилев аз чоп баровард. Соли 1863 Т.Гексли дар нохиябандии зоогеографияи хушк? принсипи эволютсиониониро истифода кард. Дар асоси ин принсип Р.Лидекер (1896) се «гея»-нотогея маркази тараккиёти халтадорон ва якмакадхо, неогея-маркази тараккиёти нопуррадандонхо, арктогея-маркази тараккиёти кисми калони ширх?рони хамрохдорони ол? ?удо кард. А.Р.Уоллес-самти таърихиро дар зоогеография мукаррар кард. Принсипи экологиро дар нохиябандии зоогеограф? хушк? Н.А.Северсов ва шогирдаш А.А. Мензибир инкишоф додаанд. Соли 1895 А.Э.Ортман-к?шиши муайянкунии вилоятхои табии зоогеограф? укёнуси ?ахонро кард. Асосгузори илм дар бораи ?амоахои растанихо И.К.Пагоск? (1896) ва И.П.Крилов (1898) будаанд.
5. Дар ин давра коркарди географияи ботаник?-эколог? ва таърих? ва зоогеограф?, флора ва фауна минбаъда давом кард. Инкишофи географияи назарияв? дар корхои В.В.Докучаев (илм дар бораи минтакахои табии) ва Л.С.Берг (илм дар бораи ландшафтхои географ?) ба он овард, ки географияи ботаник? ва зоогеография бо дара?аи баланд ба доираи фанхои географ? наздик шуд, дар як вакт вобастагиро бо биология гум накард. Аз корхои шоёни зоогеограф?, ки дар ИДМ и?ро шудааст: китобхои В.Г.Геотнер «Зоогеографияи умум?» (1936), Н.А.Бобринский, Л.А.Зенкевич, Я.О.Бирштейн «Географияи хайвонот» (1946), Н.А.Бобринский «Географияи ?айвонот (зоогеография)», 1951, Зенкевич Л.А «Фауна ва махсулнокии биологии бахр» (1947-1951)-ро хотиррасон кардан мумкин аст. Аз корхои хори?? ин давр китобхои С.Экман «Зоогеографияи бахр» (1935), Р.Гесее «Зоогеография дар асоси экология» (1924), Ф.Дал «Асосхои зоогеографияи эколог?» (1921-23), инчунин «Атласи зоогеограф?» И.Г.Бартоломю, В.Е.Кларк, Л.Г.Гримшоу (1911)-ро кайд кардан мумкин аст. Аз корхои ботаникию географ? ш?рав? корхои А.И.Илинский, В.В.Алёхин, ?уравский А.В., Е.В.Вулф, аз хори?? Е.Рюбел, С.В.Рейн, Р.Гуд, А.Брауер ва дигарон кайд кардан зарур аст.
6. Давр аз солхои 60-уми асри 20 сар шуд. Китобхои оригинал? оиди биогеография офарида мешавад. Бо забони рус? А.Г.Воронсов «Биогеография бо асохои биология» (1963), П.Д.Ярошенко «Биогеографияи умум?» (1975), П.П.Второв, Н.Н.Дроздов «Биогеография» (1978) ва «Биогеографияи материкхо» (1974,79), ?.Лемё «Асосхои биогеография» (1967), У.Нейл «Географияи хаёт» (1969). Дар ин мархилаи инкишоф нашр шуд: Кайо «Биогеографияи ?ахон» (1961), Л.Кадр «Биогеография» (1969), Р.Кэлинеску, А.Бунеску, М.Н.Петреску «Биогеография» (1972), Б.Сеудон «Мукаддима ба география» (1971), С.Б.Кокс, И.Н.Хили, П.Д.Мур «Биогеография аз нуктаи назариэколог? ва эволютсион?» (1973,1976), се?илдаи Л.Крауз «Панбиогеография» (1957), С.Матвеев «Биогеографияи Югославия» (1962).
Бахшида ба географияи ботаник? ва зоогеография корхои зиёд пайдо мешавад: Ф.Дарлингтон «Зоогеография» (1957), М.Д.Т.Удварди «Зоогеографияи динамик? (1969), Г.Волтер «Набототи кураи Замин» (1962-68). Китобхои зиёд бахшида ба зоогеография ва географияи ботаник? регионхо навишта
3.Ахамияти биогеография.
Ахамияти амалии биогеография гуногунанд. Бе дониши биогеография дуруст истифодабарии сарватхои табии, наботот ва хайвонот имконнопазир аст. Хайвонот ва растанихои фоиданок барои инсон дар сатхи Замин нобаробар таксим шудааст. Истифодабарии ашёи наботот ва хайвонот дар регионхои гуногуни географ? вакти мувофик дорад. Надонистани гирифтани микдори ашё ва зиёд гирифтани ашё сабаби зараррасон? ба базаи ашё ба солхои т?лон? ё тамом шудани онхо мегардад. Рохи халоскор? аз ин донистани конуниятхои пахншавии географии хайвонот ва растанихои фоиданок, тагйирёбии солонаи шумораи онхо, шумораи хархелаи онхо дар регионхои гуногун, шароити мусоид ва номусоид барои хаёти организмхо ва барои сифати ашё мебошад.
Дар замони хозира шумораи зиёди намудхои хайвонот ва растанихо сахт кам шуда, онхоро ба китоби Сурхи байналхал?? дохил кардаанд. Шумораи зиёди хайвонот ва растанихо дар натичаи бетартиб харобкунии (киркунии) аз руйи Замин нест шудаанд. Барои пешгири чорахои зарур? андешидан лозим аст. Манъ кардани шикори хайвоноти камёб, щунучини растанихои камёб, нигох доштани шароити мусоид барои ин намудхо, инчунин кам намудани дарандахо ва мубориза бо паразитхо, роххои баркароркунии баробар?, ки дар табиат байни намудхои гуногун мавчудаанд ва инсон онро вайрон кардааст, дар асоси конунхои биогеограф? ичро карда мешаванд.
?ифзи саломатии инсон бе донишхои биогеограф? имконнопазир аст. Ин, хам ба тиб, хам ба биогеография такя мекунад. Сабаби касалихои зиёд барангезанандахои зинда-вирус, бактерия, соддатарин, замб?рущхо, кирмхои паразит? ва дигар организмхо мебошанд. Хусусияти мавчудияти барангезанандахо ва гузаронандахо бо хусусияти мухити атроф муайян мешавад, ки барангезананда аз одам ё хайвони касал ба одами солим мегузарад.
Касалихои сирояткунандаи инсон бисёр вакт марказхои (сарчашмахои) таби? хосил мекунанд, ки бо мавчудияти шароити мусоид барои барангезанандахо, гузаронандахо ва пахнкунандахои онхо вобаста аст. Инсон дар он вакт касал мешавад, ки агар вай ба шароити муайяни таби?, ки дар он манбаи касалихо чойгир аст афтад. Бинобар ин донистани ин шароити таби?, ки дар он ин ё он касал? мавчуд аст, фахмиши хусусияти сохтори манбаъ, конуниятхои пайдоиши онро дар фазо ва вакт, ки биогеография медихад, дар мубориза бо касалихои сирояткунанда, дар катори тиб мухим мебошад. Растанихоро ва чамоаи растанихоро чун индикатор истифода бурдан мумкин аст. Харакатнокии хайвонхо истифодаи онхоро чун индикатор махдуд мекунад.
Аз руйи мавчуд? ва фаровон? намудхои гуногуни растанихо, таркиби чамоаи растанихо мо дар бораи хусусиятхои гуногуни мухит, яъне дар бораи чукур?, дарача ва характери намнок?, обхои зеризамин?, таркиби механик? ва кимиёвии хок, мавчудияти канданихои фоиданоки гуногун, мав?уд? ва чукур? яхбандии бисёрсолонаи хок, дарачаи аэробнок? ё анаэробнок? мухити об ва хок ва гайра фикр ронда метавонем. Илм дар бораи индикатсия дар хозира хуб коркардашудаи биогеография мебошад.
Тартиб додани харитахои биогеограф? ахамияти калон гирифтааст, чун яке аз мухимтарин типии харитахои махсус, ки дар истехсолот ва таълим васеъ истифода бурда мешавад.
Дар дахсолахои охир муаммохои мониторинг васеъ коркарда шудааст, яъне мушохидаи холати мухити географ? бо истифодабарии тадкикотхои аэрофото ва усулхои кайхон?. Пешг?ии холати омилхои географ? вобаста аз самти инкишофи табии табиат ва фаъолияти хочаг? инсон бо мониторинг зич алокаманд мебошад. Дар ин тадкикотхо роли биогеография, хусусан дар ом?хтани фарши наботот бебахо аст.
Просмотр: 4851
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved