|

Мавзӯъҳо

Заминаҳои иҷтимоӣ ва назариявии тасаввуф. Ҷараёнҳои тасаввуф. Намояндагони барҷастаи Тасаввуф

Дата добавления: 2017-03-17

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Тасаввуф ё худ сўфия (аз арабӣ «суф» – пашмина, хирқаи пашминапўш). Ҷараёни фалсафию ирфонӣ, ки мақсаду маромаш бо роҳи кашфу завқ дарк намудани Одаму Олам ва Худованд мебошад. Тасаввуф ҷараён ё мазҳаби махсуси динӣ нест, он як тарзи фаҳмиш ва дарки Худованд ва олами офаридаи ўст.

Просмотров: 921

Сунниён

Дата добавления: 2017-03-17

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Суниён асоси уммаи ҷамоаи исломии ҷаҳонро ташкил медиҳанд, ҳоло зиёда аз 90% тамоми мусулмонони ҷаҳон аз аҳли сунна мебошанд. Ҳамаи он чие, ки мо дар бобҳои гузашта оиди ислом, Қуръон, Сунна ва дигар догмаҳои асосии ислом гуфтем асоси эътиқоди сунниёнро ташкил медиҳад.

Просмотров: 850

Шиъа ва фирқаҳои он

Дата добавления: 2017-03-17

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Пас аз вафоти пайғамбари ислом чанде нагузашта, ҳатто ҳанўз ўро дафн накарда, ихтилоф дар масъалаи интихоби халифа, - ҷонишин ва идомадиҳандаи кори паёмбар, пешвою роҳбари сиёсӣ – мазҳабии мусулмонон ба вуҷуд омад. Зиддият байни чанд гурўҳ буд: дар мадди аввалан муҳоҷирон, саҳобагони Муҳаммад, онҳое, ки аз Макка ба Мадина ҳиҷрат карда буданд, меистоданд сониян ансорҳо, онҳое, ки Муҳаммадро ба Мадина даъват карданд

Просмотров: 2119

Ҳавориҷиён. (Хориҷиён)

Дата добавления: 2017-03-17

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Агарчанде мегўянд, ки аввалин ҷудошудагон дар масъалаи сиёсӣ, - дар масъалаи хилофат шииён буданд, вале ба ҳар ҳол, ҷудошудагони аввалин ҳанўз дар давраи хилофати Али ибни Абўтолиб падйдо шуданд ва расман зуд шакл ёфта, бар зидди дигар мусулмонон ҷангиданд, Хориҷиён (ҳавориҷиён) буданд.

Просмотров: 696

Пайдоиши ихтилоф дар дини ислом. Ҳавориҷиён (хориҷиён)

Дата добавления: 2017-03-17

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Ҳамоно, баъд аз вафоти пайғамбари ислом – Муҳаммад, дар натиҷаи ихтилофҳо ва зиддиятҳои сиёсӣ, ба бинои ягонаи исломи даврони ў рахнаву парокандагӣ ворид шуд ва дар натиҷа мусулмонон ба ҳизбҳо ва гурўҳҳо тақсим шуданд, ки алайҳи он пайғамбари ислом дар даврони ҳаёташ ҷиддан мубориза мебурд.

Просмотров: 2738

Шариати исломӣ

Дата добавления: 2017-03-14

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Шариат (аз забони арабӣ – роҳи рост; қонуну қоида ва расму оини ҳатмӣ), маҷмўи муқаррароту муносибатҳои байни одамон, қоидаю қонуни иҷрои маросимҳои мазҳабӣ, ҳуқуқи шаҳрвандӣ, ҷиноӣ ва иҷтимоию сиёсии мусулмонон мебошад, ки дар заминаи Қуръон ва суннат муайян карда шудааст.

Просмотров: 1759

Догматика ва расму оинҳо дар ислом

Дата добавления: 2017-03-14

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Сарчашмаи асосии таълимоти динию ахлоқии ислом Қуръон аст. Тамоми асосҳои догматикаи ислом аз Қуръон ва ҳадисҳо бармеоянд. Истилоҳи ислом аз ҷиҳати мазмуну моҳият бо ду истилоҳи дигар, ки дар Қуръон во мехўранд (дин ва имон) ҳаммаъно аст. Дин ин системаи расму оин, тоату ибодат, тақвою тавозўъ ва ғайра мебошад, ки асоси зиндагии ҷомеаи мусулмононро ташкил медиҳад. Мувофиқи таълимоти уламои ислом мафҳуми дин се мафҳуми дигар: аркони дин, имон ва эҳсонро дар бар мегирад.

Просмотров: 991

Суннат ва ҳадисҳо

Дата добавления: 2017-03-14

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Суннат (аз калимаи арабии «истанна» муқаррар кардани қоидаву қонун, анъана ва расму одати гузаштагон) – яке аз сарчашмаҳои асосии мазҳабӣ ва ҳуқуқии мусулмонон буда, маънои он маҷмўаи ҳукмҳо, қоидаву қонун, муқарраротест, ки дар асоси гуфтор, рафтору кирдор ва тарзи зиндагии пайғамбари ислом ба вуҷуд омадааст.

Просмотров: 1459

Қуръон ва қуръоншиносӣ

Дата добавления: 2017-03-14

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Дини ислом бо вуҷуди соддагии усули эътиқод ва маросими диниаш дар тўли зиёда аз 1400 соли мавҷудияти худ як низоми мураккаб ва печидаи илоҳиётиву фалсафа идеологиву ҳуқуқӣ ба вуҷуд овардааст. Аз ин рў фаҳмиш ва шинохти ислом пеш аз ҳама дониши амиқи сарчашмаҳои он ва сониян омўзиши ҳаматарафаи таҳаввулоту тағйироти баъди онро тақозо мекунад.

Просмотров: 2961

Забткориҳои араб ва ва густариши ислом

Дата добавления: 2017-03-14

Добавил (а): Ахмедов Бахром

Футуҳоти араб ва густариши ислом. Вақте ки Муҳаммад паёмбари ислом вафот кард, ҳанўз ислом аз ҳудуди нимҷазираи Арабистон набаромада буд. Густариши ислом дар аҳди «хулафои рошидин» - чор халифи аввал: Абубакри Сиддиқ (632- 634), Умар ибни - Хаттоб (634- 644), Усмон ибни - Аффон (644-656) ва Алӣ ибни - Абутолиб (656-661), ба таври васеъ оғоз гардида, дар аҳди хилофати Умавиён асосан ба анҷом расид. Халифаи аввал Абубакр баъд аз Муҳаммад пояи исломро дар нимҷазираи Арабистон мустаҳкам намуд.

Просмотров: 2265