|
youtaj

Мавзӯъҳо

Шумо дар инҷо метавонед бо мавзӯъҳои Иқтисодиёт шинос шавед! :)

Оқибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодии таваррум. Каҷхатаи Филлипс

Дата добавления: 2016-06-01

Добавил (а): Алишер Фозилов

Ҷараёни таваррум ба инкишофи иқтисодиёт ва сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон додааст, ки таварруми мўътадил ба тараққиёти иқтисодӣ ягон таъсири манфӣ намерасонад ва баръакс афзоиши миқдори пул дар муомилот ва болоравии дараҷаи нархи молҳо, боиси афзоиши ҳаҷми маблағгузорӣ ва маҷмўи арза гашта, ба рушди иқтисодӣ мусоидат мекунанд. Аммо таварруми ҷаҳанда ва таварруми аз эътидол зиёд ба тараққиёти иқтисодӣ таъсири манфӣ мерасонанд, ки ба оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии онҳо ҳолатҳои зерин дохил мешаванд:

Просмотров: 840

Сиёсати пулию қарзии (монетарии) давлат

Дата добавления: 2016-05-31

Добавил (а): Алишер Фозилов

Сиёсати пулию қарзӣ (монетарӣ) гуфта, маҷмўи чорабиниҳои давлатиеро меноманд, ки дар бахши пулию қарзӣ ба хотири таъмини тараққиёти мўътадили иқтисодӣ андешида мешаванд. Ин гуна сиёсатро Бонки марказӣ дар якҷоягӣ бо Ҳукумат амалӣ менамоянд. Мақсади асосии сиёсати монетарӣ ин идоракунии фаъолияти хоҷагидорӣ, мўътадил гардонидани дараҷаи нарх, бозсозии таркиби иқтисодиёт, мустаҳкам намудани қурби пул, таъмини шуғли пурра ва таъмини рушди иқтисодӣ мебошад. Воситаҳои асосии сиёсати монетарӣ инҳо мебошанд:

Просмотров: 1310

Фоизи қарз ва бозори захираҳои қарзӣ

Дата добавления: 2016-05-31

Добавил (а): Алишер Фозилов

Унсури муҳимтарини шартномаи қарзӣ дараҷаи фоизи қарз ба ҳисоб меравад. Фоиз ҳамчун қарз ҳамеша вуҷуд надошт. Пайдоиши пулҳои фулузӣ, сармояи пулӣ, фоиз ва судхўрӣ, ки бо онҳо тамаддун оғоз меёбад, танҳо дар дараҷаи муайяни рушди истеҳсолоти молӣ имконпазир гардид. Дар баробари ин фоиз унсури ҳатмии қарз намебошад.

Просмотров: 1224

Таркиб ва вазифаҳои низоми қарзӣ

Дата добавления: 2016-05-31

Добавил (а): Алишер Фозилов

Идоракунии қарз тавассути муассисаҳое сурат мегирад, ки дар маҷмўъ онҳоро низоми қарзӣ меноманд.
Низоми қарзӣ гуфта, маҷмўи муассисаҳои қарзию молиявиеро меноманд, ки вазифаи ҷамъоварӣ ва тақсимоти маблағҳои пулиро иҷро мекунанд. Мақсади асосии ин муассисаҳои қарзию молиявӣ, танзими иқтисодиёт ба воситаи миқдори пул дар муомилот мебошад. Ба чунин муассисаҳо бонкҳо, иттифоқҳои қарзӣ, ширкатҳои маблағгузорӣ, ширкатҳои суғуртавӣ ва дигар институтҳои қарзию молиявиро дохил мекунанд.

Просмотров: 779

Қарз: мазмун ва моҳияти иқтисодии он

Дата добавления: 2016-05-31

Добавил (а): Алишер Фозилов

Ҷараёни такрористеҳсоли ҷамъиятӣ гардиши доимии маблағҳои пулиро тақозо менамояд ва ҳангоми такроистеҳсол маблағҳои пулии баъзе истеҳсолкунандагон мувақаттан озод мемонад, аммо дигар гуруҳи истеҳсолкунандагон бинобар маҳдуд будани ҳаҷми захираҳои молиявиашон, ба ин гунна маблағҳо эҳтиёҷот пайдо мекунанд. Дар амалияи ҷамъиятӣ ин гунна зидият тавассути қарз ҳал карда мешавад.

Просмотров: 956

Тамсилаи IS-LM

Дата добавления: 2016-05-31

Добавил (а): Алишер Фозилов

Чӣ тавре ки аз таҳлили бозори пул ва назарияи миқдории пул бармеояд, пул ҳамчун фишанги иқтисодӣ ба ҳаҷми истеҳсоли молу хизматҳо таъсири бевосита расонида метавонад. Инчунин омили нархии бозори пул - меъёри фоизи қарз дар бозори пул ва бозори молу хизматҳо нақши муҳимро мебозад.

Просмотров: 712

Бозори пул

Дата добавления: 2016-05-31

Добавил (а): Алишер Фозилов

Бозори пул дар маънои васеъ ин механизми иқтисодиест, ки алоқамандии байни харидорону фурўшандагони маблағҳои молиявиро (пул ва қоғазҳои қимматнок) таъмин менамояд. Дар бозори пул ба сифати субъектҳои бозор, давлат (дар шахсияти бонки марказӣ), бонкҳои тиҷоратӣ, институтҳои махсусгардонидашудаи қарзӣ ва ширкатҳои миёнарав (ширкатҳои брокерию диллерӣ) баромад менамоянд. Бозор пул мисли дигар бозорҳо дорои арза ва тақозои ба худ махсус мебошад.

Просмотров: 1434

Миқдори пули барои муомилот зарур

Дата добавления: 2016-05-31

Добавил (а): Алишер Фозилов

Пул ҳамчун фишанги молиявӣ омили асосии тарақкиёти иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин ҷиҳат низоми пулӣ яке аз қисматҳои муҳими иқтисоди миллӣ мебошад. Низоми пулӣ ин шакли таърихии ташкили муомилоти пулист, ки тавассути қонунгузорӣ муайян карда шудааст. Дар таърихи иқтисод ду шакли низоми пулӣ: низоми металлӣ ва низоми аломатҳои пулӣ маълум мебошанд.

Просмотров: 884

Сарвати миллӣ ва таркиби он

Дата добавления: 2016-05-31

Добавил (а): Алишер Фозилов

Ба ҷуз аз нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, барои баҳо додан ба иқтисоди миллӣ, мафҳуми сарвати миллиро низ истифода мебаранд.
Сарвати миллӣ гуфта тамоми неъматҳои моддиеро меноманд, ки дар ҷамъият вуҷуд доранд ва ба воситаи меҳнати одамон дар тамоми давраи инкишофи ҷамъият ба вуҷуд оварда шудаанд.

Просмотров: 873

Нишондиҳандаҳои асосии иқтисоди миллӣ ва тарзҳои ҳисоби онҳо

Дата добавления: 2016-05-31

Добавил (а): Алишер Фозилов

Натиҷаи фаъолияти иқтисоди миллиро мол ва хизматҳое ташкил медиҳанд, ки дар мўҳлати муайяни вақт истеҳсол шудаанд ва онҳоро маҳсулоти миллӣ меноманд. Нишондиҳандаҳое, ки ҳаҷми маҳсулоти миллӣ ва умуман натиҷаи фаъолияти иқтисоди миллиро нишон медиҳанд, бо тавсияи Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) истифода карда мешаванд ва онҳоро нишондиҳандаҳои макроиктисодӣ низ меноманд. Яке аз ҳамин гуна нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ин маҷмўи маҳсулоти миллӣ (МММ) мебошад.

Просмотров: 1367