|

Фарсоиш (хӯрдашави)-и фондҳои асосӣ (ДАВРА ВА САРЧАШМАҲОИ ТАШАККУЛИ ФОНДҲОИ (ЗАХИРАҲОИ) КОРХОНА)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-10-01

Фондҳои асосӣ аз ҷиҳати сохт, таркиб, имконияти ҷисмонӣ, мӯҳлати амал аз 1 то 50 сол ва аз он зиёдтар хизмат мекунанд. Бешубҳа, дар ин давра таҳти таъсири омилҳои табиию иқтисодӣ ва техникию технологӣ ба хӯрдашавӣ дучор мегарданд.
Механизми иқтисодии такрористеҳсоли фондҳои асосӣ чунон сохта шудаанд, ки онҳо бояд маҳсулнок истифода карда шаванд, дар ин ҷараён хӯрда шаванд, захираҳо ба вуҷуд оварда шуда, аз нав барқарор гарданд. Ин қонунияти такрористеҳсоли инфиродӣ мебошад.
Дар адабиёти муосири иқтисодӣ ду намуди (шакли) фарсоиши (хӯрда-шави)-и фондҳои асосиро фарқ мекунанд: 1) фарсоиши ҷисмонӣ ва 2) фар-соиши маънавӣ.
Фарсоиши ҷисмонӣ (моддӣ), раванде мебошад, ки фондҳо дар давоми мӯҳлати хизмати худ хӯрда шуда, барои истифодаи минбаъда нодаркор мегарданд ва арзиши истеъмолии (манфиатноки) худро гум мекунанд.
Ин фарсоиш аз сабаби: дар ҳолати корӣ будани сармояи амалкунанда ва беинтиҳо истифода кардани он ва ҳангоми бекор хобидани он таҳти таъсири омилҳои табиат (борон, барф, эрозия, занг задан...) ба вуҷуд меояд.
Одатан, дар симои фарсоиши ҷисмонӣ ду ҷанбаи муҳимро фарқ мекунанд: 1) техникию истеҳсолӣ - аз даст додани арзиши истеъмолӣ, яъне қобилияти манфиатнокии фондҳо ва 2) арзишӣ - қисм ба қисм ба маҳсу-лоти тайёр гузаронидани арзиш (дар шакли ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ).
Фарсоиши маънавӣ, ҳамчун раванди арзон шудани фондҳои асосӣ, дар натиҷаи баланд шудани ҳосилнокию шиддатнокии меҳнат ва дар ин асос паст гардидани арзиши воситаҳои меҳнат ва пайдо шудани воситаҳои навтарин ва боиқтидортарини меҳнат нисбат ба олатҳои мавҷуда ба миён меояд.
Дар таҷрибаи хоҷагидорӣ ду шакли фарсоиши маънавиро аз ҳам фарқ мекунанд: 1) баробари афзун гаштани ҳосилнокии меҳнат дар соҳаҳое, ки воситаҳои меҳнат истеҳсол мекунанд, арзишашон ботадриҷ паст гардида онҳо арзон мешаванд. Ин шакл зарурияти ҳатмии иваз намудани таҷҳизоти амал карда истодаро ба миён намеоварад, зеро дараҷаи техникии таҷҳизоти амалкунанда ва нав якхела мебошанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҳар ду ҳолат арзоншавии сармояи асосӣ ба вуҷуд меояд, чунки нархи воситаҳои меҳнат тибқи манфиатнокии интиҳоӣ дар ҳар як давра ва мӯҳлати муайян ба он пайваста амал мекунад.
Таҳти истеҳлок раванди бо қисмҳо (бо мурури хӯрдашавӣ) интиқол намудани арзиши фондҳои асосӣ барои подош (рӯпӯш) кардани қисмҳои фарсудашудаи воситаҳои меҳнат фаҳмида мешавад. Бо ибораи дигар, амортизатсия шакли пулии ба маҳсули меҳнат гузаронидашудаи арзиши фондҳои асосии дар ҷараёни истеҳсолоти амалкунанда мебошад.
Норма(меъёр)-и амортизатсия, ҳамчун нисбати маблағҳои солонаи ҳиссаҷудокуниҳои амортизатсионӣ, ба арзиши миёнаи солонаи фондҳои асосӣ, ки бо фоиз ифода карда шудааст, муайян карда мешавад.
Инро бо таври формула ин тавр тасвир кардан мумкин аст:

                     ҲА
Nам = ────── х 100%
                   ФА

дар ин ҷо,     Nам - нормаи амортизатсия;
ҲА - ҳиссаҷудокуниҳои амортизатсионӣ ба фондҳои асосӣ (сармояи асосӣ)
ФА - фондҳои асосӣ
Масалан, норма (меъёр)-и солонаи амортизатсияи таҷҳизот агар 10% бошад, ин маънои онро дорад, ки 10% арзиши аз аввал гузошта шуда (аванс гузошта шуда) ҳар сол ба маҳсулоти тайёр гузаронида мешавад. Дар ин асно ҳамаи раванди ташаккули хароҷот, ки бо истифодаи қисми фонди асосии фирма алоқамандӣ дорад, 10 солро ташкил медиҳад.
Ба нормаи амортизатсионӣ омилҳои гуногун таъсир мерасонанд. Он мустақиман аз вақти фарсудашавии фондҳои асосӣ, алалхусус фарсоиши ҷисмонӣ ва маънавӣ вобаста мебошад.
Дар шароити инқилоби илму техника мӯҳлати хизмати фондҳои истеҳ-солӣ, махсусан, қисми фаъоли он кӯтоҳ мегардад. Аз ин нигаҳ, барои пешгирӣ кардани суръати тезафзояндаи фарсоиши маънавии фондҳо аксар вақт методи тезонидани амортизатсия истифода карда мешавад. Аз ин ҷиҳат дар аксарияти давлатҳои низоми бозорӣ оид ба ин масъала "қонун дар бораи тезонидани амортизатсия" қабул карда шудааст.
Тибқи тақозои қонун методи тезондани амортизатсия нисбат ба восита-ҳои навтарини техникаи ҳисоббарорӣ, маводҳо, асбоб, дастгоҳ, таҷҳизот ва ғайра истифода карда мешавад. Ба ҳисоби миёна норма (меъёр)-и аморти-затсионӣ бо назардошти тезонидани нормаи он аз 1 то 5 солро ташкил медиҳад.
Дар ин ҷода муайян кардани коэффисиенти (зариби) фарсоиш, махсу-сан барои он фондҳое, ки мӯҳлати хизматашон аз меъёри муқарраршуда гузаштааст, аҳамияти беназир дорад.
Дар шароити инқилоби илму техника мӯҳлати меъёрии хизмати фондҳо дар аксарияти давлатҳои инкишофёфтаи иқтисоди бозорӣ, аз 3 то 10 солро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда, масалан, дар Япония ба 8 сол баробар аст, дар Россия - 13 сол, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, зиёда аз 20 солро ташкил медиҳад.

Саволҳо барои худсанҷӣ:
1.Зарурияти такрориистеҳсоли фаъолияти фирма дар чист?
2.Тафовут ва ягонагии такрориистеҳсоли инфиродию васеъ дар
чӣ зуҳур мегардад?
3.Сармояи ибтидоии корхонаро чӣ ташкил медиҳад?
4.Воситаҳои корхона ва таркиби онҳоро фаҳмонед.
5.Сарчашмаҳои муҳимтарини ташкил ва ташаккули воситаҳои корхонаҳоро номбар кунед.
6.Давраҳои ҳаракати фондҳои корхонаро таҳлил намоед.
7.Хусусияти ҳаракати давраҳои муомилот ва истеҳсолот дар чист?
8.Унсурҳои асосии сармоя (фондҳо)-и асосӣ кадомҳоанд?
9.Сармоя (фонд)-и гардонии корхона чиро дар бар мегирад?
10.Самаранокии фондҳои асосӣ бо воситаи кадом нишондиҳандаҳо муайян карда мешавад?
11.Вақти гардиши фондҳо аз рӯи чӣ муайян карда мешавад?
12.Кадом шаклҳои фарсоишро медонед.
13.Хусусиятҳои ташкил ва тақсими фонди амортизатсия дар
чӣ зоҳир мегардад?

Дидан карданд: 48

Мавзӯъҳои монанд:

Бекорӣ: шаклҳо ва сабабҳои пайдоиши он. Мафҳуми шуғли пурра

Сиёсати зиддитаваррумии давлат (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Оқибатҳои иқтисодию иҷтимоии таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Хусусият ва омилҳои муайянкунандаи таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Шакл ва намудҳои таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Таваррум, моҳият ва сабабҳои пайдоиши он (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Сиёсати хазинадории давлат ва хусусиятҳои он дар шароити бозор (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Андоз, вазифа, шакл ва хусусиятҳои ташаккули он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Буҷети давлатӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои ташкили он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Молия, вазифа ва низоми он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: