|

Давраҳои ҳаракати фондҳои корхона (ДАВРА ВА САРЧАШМАҲОИ ТАШАККУЛИ ФОНДҲОИ (ЗАХИРАҲОИ) КОРХОНА)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-10-01

Воситаҳои истеҳсолӣ ва захираҳои сармоягузорӣ, ки фирмаҳо дар раванди фаъолияти хоҷагидории худ истифода мекунанд, фондҳои истеҳсолии корхонаҳоро ташкил медиҳад. Охирон, ҳамчун инъикоси арзиши захираҳои сармоягузорӣ, ки дар доираи сикли сарбастаи такрористеҳсол амал мекунад, баромад мекунад.
Такрористеҳсол дар доираи фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун  гирдгардиши фондҳои истеҳсолӣ сурат мегирад.
Нуқтаи ибтидои фаъолияти корхонаро гирдгардиши фондҳо ташкил медиҳад. Ҳар як соҳибкор ҳангоме ки сароғоз ба ягон фаъолият сармоягу-зорӣ мекунад, он дар назди худ вазифа мегузорад, ки раванди истеҳсолотро ба зудӣ анҷом диҳад ва фоида (ҳамчун фарқи сармоягузории ибтидоӣ ва нархи фурӯш) ба даст орад. Агар ин амалиёт (як маротиба) бомуваффақият ба сомон расад, соҳибкор онро аз нав боз такрор менамояд ва ба ҳамин давраи пурраи сикли такрористеҳсол инфиродиро ҷамъбаст менамояд. Тамсилаи пурраи гирдгардиши сармоя аз ҷониби К.Маркс пешниҳод карда шудааст ва истифодаи он дар фаъолияти хоҷагидорӣ то кунун гум накардааст.
Гирдгардиши фондҳо, ҳамчун гардиши арзиши захираҳои инвеститси-онӣ (фондҳои истеҳсолӣ, бо воситаи ҳавзаи истеҳсолот ва муомилот сурат гирифта, дар ҷараёни он се давраро (пулӣ, маҳсулдеҳ, молӣ) паиҳам аз сар мегузаронад.
Ин тамсилаи гирдгардиши фондҳоро чунин тасвир кардан мумкин аст:

                                    В / И
(П-М       ...  И...М1 - П1)
Қ / К

дар навбати худ онро ба чунин зинаҳои қонунӣ тақсимбандӣ кардан мумкин аст:
Давраи 1       Давраи 2              Давраи 3

                         В / И
П-М                     ...И...                   М1-П1
Қ / К
Дар ин ҷо:
П - воситаҳои пулӣ (инвеститсионӣ);
М (В / И)-воситаҳои истеҳсолот (сармоя);
М (Қ / К)-қувваи коргарӣ;
И - раванди истеҳсолот;
М1- маҳсулоти тайёр;
П1- воситаҳои пулие, ки баъди фурӯши маҳсулот ба даст оварда шудаанд.
В / И
Давраи якум П - М             нишон медиҳад, ки дар бозори Қ / К
омилҳои истеҳсолот сармояи пулӣ барои дарёфти воситаҳои истеҳсолот (сармояи асосӣ), ки он дорои шакли молӣ мебошад ва ҳангоми истеъмол дар ҷараёни истеҳсолот ба сармояи маҳсулдеҳ табдил меёбад, истифода карда мешавад.
Ҳамин тавр, сармоя дар ҳаракати худ се давра: сармояи пулӣ, сармояи истеҳсолӣ (маҳсулдеҳ) ва сармояи молиро паи ҳам аз сар гузаронида, боз ба нуқтаи ибтидоии худ бармегардад.
Аз ин диди назар, хулоса бармеояд, ки дар натиҷаи гирдгардиш субъ-ектҳои иқтисодӣ: таъмингарон (моликони пул, ашё, мавод, меҳнат), соҳиб-корон ва истеъмолгарони неъматҳову хадамот дар ҷараёни гирдгардиш, ҳамчун раванди ягонаи истеҳсолот ва муомилот ба ҳам пайваст карда мешавад.
Аз рӯи нақша ва тамсилаи (формулаи) гирдгардиши сармоя гуфта метавонем, ки раванди паиҳам ва аз як шакл ба шакли дигар табдил ёфтани сармоя - гирдгардиши сармояро ташкил медиҳад.

Гардиш нисбат ба гирдгардиш фарохтар аст: чунки ҳар яке аз унсурҳои сармоя дар ҷараёни ҳаракати худ (давраи дар шакли пулӣ, истеҳсолӣ, молӣ, захира будану истифода шудан...) бо суръатҳои ҳархела ҳаракат карда, арзиши худро дар мӯҳлатҳои гуногун барқарор мекунанд ва ба шакли ибти-доӣ бармегарданд.
Як қисми сармоя (ашё, қувваи барқ...) арзиши худро дар давоми як давраи гирдгардиш ва қисми дигари он (мошин, бино, таҷҳизот...) баъди чандин гирдгардиш дар тӯли солҳои зиёд аз нав эҳё ва барқарор мешаванд. Ин раванд бо таври муозин, паиҳам такрор гардида, дар маҷмӯъ гардиши фондҳоро (сармояро) таъмин менамоянд.

Аз ин ҷиҳат гирдгардиши қисмҳои алоҳидаи сармоя ҳархела сурат мегирад. Бинобар ин сармояро (фондҳоро) ба сармояи асосӣ (фондҳои асосӣ) ва сармояи гардон (фондҳои гардон) тақсим мекунанд. Ин тақсимбандӣ дар мояи меъёрӣ: иштирок дар раванди тавлидот (истеҳсолот), тарзи ба маҳсулот гузаронидани арзиши меҳнат ва барқарор кардани он гузаронида мешавад.

Дидан карданд: 79

Мавзӯъҳои монанд:

Бекорӣ: шаклҳо ва сабабҳои пайдоиши он. Мафҳуми шуғли пурра

Сиёсати зиддитаваррумии давлат (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Оқибатҳои иқтисодию иҷтимоии таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Хусусият ва омилҳои муайянкунандаи таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Шакл ва намудҳои таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Таваррум, моҳият ва сабабҳои пайдоиши он (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Сиёсати хазинадории давлат ва хусусиятҳои он дар шароити бозор (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Андоз, вазифа, шакл ва хусусиятҳои ташаккули он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Буҷети давлатӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои ташкили он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Молия, вазифа ва низоми он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: