|

Муносибатҳои меҳнатӣ дар фирма (ФИРМА ВА ШАКЛҲОИ ТАШКИЛИЮ ҲУҚУҚИИ ХОҶАГИДОРӢ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-09-17

Мувофиқи қонунгузориҳо корхона барои риоя кардани манфиати ҷомеаву шаҳрвандон, қонунҳову ҳифзи муҳити атроф, афзун гардондани боигарии корхонаю сарвати ҷамъият, баланд бардоштани самараи истеҳсолот ва оқилона истифода кардани захираҳои маҳдуди ҷомеа ҷавобгар мебошад.
Масъулият ва ҷавобгарии корхона ҳамчун ӯҳдадории корхона (нисбат ба коллектив, рақибон, ҷомеа, давлат...) зуҳур меёбад.
Коллективҳои меҳнатӣ, хамчун гурӯҳи одамон, ки дорои қобилияти меҳнатианд ва дар фаъолияти корхонаҳо (субъектҳои иқтисодӣ) саҳмгу-зоранд ташкил карда мешаванд.
Вазифаи асосии коллективҳои меҳнатӣ ин бо харҷи кам истеҳсол намудани молу хадамот, гирифтани даромад, таъмин намудани дараҷаи баланди даромаднокии корхона, манфиати коргарон мебошад.
Коллективҳои меҳнатӣ, нақш ва мақоми он тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи "Коллективҳои меҳнатӣ" муайян карда мешавад. Онҳо бо якҷоягӣ бо иттифоқи касаба дар аҳду паймони шартномаҳо ва қарордодҳо бо мудирият иштирок мекунанд.
Дар он ӯҳдадороиҳои дутарафа оид ба низоми ҳосилнокии меҳнат шакл ва меъёри он, ёрдампулию имтиёзҳо, иловапулӣ, механизми танзими нарх ҳангоми пасту баланд шудани таваррум (инфлятсия), давомнокии рӯзи кор, вақти истироҳат, рухсатӣ, суғуртаи тиббию ва иҷтимоӣ ва ғайра инъикос карда мешавад.
Шартномаҳои коллективӣ ба мӯҳлати аз 1 то 3 сол, бо таври ихтиёрӣ тартиб дода мешавад. Он тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи "Шартномаи коллективӣ" муайян карда мешавад.
Новобаста ба мавҷуд будани меъёр ва меъёрҳои муайянкунандаи ҳадду ҳудуди шартномаҳо (қарордодҳо)-и коллективӣ, онҳо дар доираи ҳар як фирма, тибқи хусусиятҳои инфиродии ҳар яке аз онҳо, мушаххасан таҳия карда мешаванд. Қарордодҳо тибқи ақидаи Макконнелл К.Р. ва Брю С.Л. чаҳор ҳавзаи асосиро дар бар мегирад:
1) ҳамчун расмият шинохтан ва эътироф кардани нақш ва мақоми иттифоқи касаба аз ҷониби маъмурият;
2) ҳаҷми музди кор ва давомнокии рӯзи кор;
3) стаҷи кор ва кафолати кор;
4) тарз ва услуби ҳаллу фасли баҳсу мунозираҳои меҳнатӣ.
Ҳаҷми музди кор ва давомнокии рӯзи кор яке аз нишондиҳандаҳои муҳимтарине мебошанд, ки коллективҳои меҳнатӣ ҳаллу фасли онро ба ӯҳдаи худ мегиранд. Охирон, дар чорчӯбаи меъёрҳои зерин: ҳаҷми музди кор ва дар дигар ҷойҳо; мавҷуд будани сарчашма ва имконияти пардохти он; арзиши ҳаёт, ҳосилнокӣ ва ғайра ба амал бароварда мешавад. Баробари ин набудани кафолат барои ҷои кор ва шуғли доимӣ водор менамояд, ки коргарон муттаҳид шаванд ва барои ояндаи худ таҳти сарбаландии иттифоқи касаба муборизаи худро қавитар гардонанд.

Дидан карданд: 177

Мавзӯъҳои монанд:

Сиёсати зиддисилсилавии давлат (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Навъ ва давраҳои силсила: мавҷҳои дароз, кӯтоҳ ва миёна (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Силсилаи саноатӣ ва давраҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи силсила: нигоҳ аз диди таърих ва хусусиятҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи кеӣнсгароии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи институтсионалии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи классикии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Тақозои кулл ва омилҳои муаӣянкунандаи он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Мувозинии макроиқтисодӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Иқтисоди ниҳон ва хусусиятҳои он (ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ВА САМАРАИ ОН)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: