|

Принсипҳои фаъолияти хоҷагидории фирма (ФИРМА ВА ШАКЛҲОИ ТАШКИЛИЮ ҲУҚУҚИИ ХОҶАГИДОРӢ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-09-17

Фаъолияти корхона, хоҳ - нохоҳ бо принсипҳои иқтисоди бозорӣ (интихоби озодонаи намуд ва шакли фаъолият, баробарҳуқуқии субъектҳои бозорӣ тибқи шаклҳои гуногуни моликият, нарх муқарраркунии озод, худтанзимкунии фаъолияти хоҷагидорӣ, ҷавобгарии иқтисодӣ, худмаблағгузорӣ, худидоракунӣ, худтанзимкунӣ...) алоқаманд мебошад.
Аз ин нуқтаи назар принсипҳои фаъолияти корхона ҳамчун фишурдаи моҳият ва мазмуни қонунҳои давлат оид ба шакли моликият, корхона, фаъолияти соҳибкорӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва ғайра сурат мегирад.
Фаъолияти хоҷагидорӣ (истифода ва соҳибӣ кардан) маънои на танҳо истеҳсол кардани неъматҳои иқтисодӣ, балки ба вуҷуд овардани шароити истеҳсолот, фурӯхтани мол ва ба даст овардани фоидаро ҳамчун воситаи ба худ ҷалбкунӣ ва ҳамбастагии мақсад ва вазифаҳои истеҳсолот, тиҷорат, мо-лия ва идора намудани намудҳои фаъолият ба мақсади тавлиди маҳсулоти дорои сифати баланд, ки бозор ба он эҳтиёҷи зиёд дорад, дар назар дорад.
Бозор ҷавобгарии корхонаҳоро оид ба иҷрои ӯҳдадорӣ, вазифа ва мақсади корхона, фаъолияти истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, тарҳрезӣ, идора ва фаъолияти равобитҳои дохилию бурунмарзӣ хеле ҳам баланд мебардорад.
Корхонаҳо метавонанд ҳама гуна нафъи фаъолиятро дар соҳаҳои тавлид, тақсим, мубодила, азнавтақсимкунӣ ва истифодаи маҳсулоти ҷамъи-ятӣ, ки аз ҷониби қонун манъ карда нашудааст, истифода кунанд.
Фаъолияти бо таври озод хоҷагидорӣ кардани корхона, мустақиман таҳти таъсири принсипи нархгузории озод қарор мегирад. Охирон, ҳамчун механизми баҳаракатдароварандаи фаъолияти соҳибкорию тичорат хизмат мекунад.
Принсипи худмаблағгузорӣ имконият ва сарчашмаҳои рӯпӯш кардани он дар шароити низомҳои гуногуни иқтисодӣ ҳархела сурат мегирад.
Дар татбиқи ин принсип нақш ва мақоми идоракунии ғайримарказ ва мустақилияти хоҷагидорӣ бениҳоят калон мебошад.
Фарқи байни иқтисоди амрӣ ва иқтисоди бозорӣ маҳз дар тарзу услуб ба нақшакашию идораи корхонаҳо ва муносибатҳои байни корхонаю давлат зоҳир мегардад.
Фаъолияти хоҷагидории корхона дар шароити бозор дар мояи услуби ғайримарказонии идора ба роҳ монда мешавад.
Исбот карда шудааст, ки иқтисоди бозорӣ бидуни танзими давлатии иқтисод вуҷуд дошта наметавонад.
Тибқи қонунгузориҳои давлатӣ, фаъолияти хоҷагидории давлатӣ, фаъо-лияти хоҷагидории корхона пурра дар шароити рақобати озод ва маҳдуд-гардонии амалиётҳои ғайриқонунии зараровар ба ҳаёти инсону ҷомеа сурат мегирад.

Дидан карданд: 252

Мавзӯъҳои монанд:

Бекорӣ: шаклҳо ва сабабҳои пайдоиши он. Мафҳуми шуғли пурра

Сиёсати зиддитаваррумии давлат (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Оқибатҳои иқтисодию иҷтимоии таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Хусусият ва омилҳои муайянкунандаи таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Шакл ва намудҳои таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Таваррум, моҳият ва сабабҳои пайдоиши он (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Сиёсати хазинадории давлат ва хусусиятҳои он дар шароити бозор (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Андоз, вазифа, шакл ва хусусиятҳои ташаккули он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Буҷети давлатӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои ташкили он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Молия, вазифа ва низоми он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: