|

Фирма ҳамчун шахсияти ҳуқуқӣ (ФИРМА ВА ШАКЛҲОИ ТАШКИЛИЮ ҲУҚУҚИИ ХОҶАГИДОРӢ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Тартибдиханда: adminАзизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-09-17

Ҳангоми гузариш ба иқтисоди бозорӣ таъсир ва бунёд гардидани бисёрукладӣ, масъалаи таъмин кардани ҳуқуқи соҳибкорӣ, шароити танзими муносибатҳои дохилӣ ва бурунмарзӣ, ташкили сохтори иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо ва тарзу услуби фаъолияти корхонаҳо дар низоми улуми иқтисод ба мадди аввал гузошта мешавад.
Шакли ҳуқуқии корхона дар қонунҳо дар бораи корхонаҳо, дар бораи ҷамъияти саҳҳомӣ, иттиҳодияҳои истеҳсолӣ, хоҷагиҳои фермерӣ (деҳқонӣ).
Барои он ки корхона ҳамчун шахсияти ҳуқуқӣ эътироф карда шавад, бояд дар маҷмӯъ дорои чунин хислатҳо бошад:
- миқдори молу маводи алоҳида дошта бошад;
- қобилияти ба гардиши хоҷагӣ ҳамроҳ шудан дошта бошад;
- қобилияти ба ӯҳдадориҳои худ ҷавоб гуфтан дошта бошад;
- имконияти пешкаш намудани даъво ва ба сифати даъвогар ба ташкилотҳои ҳуқуқӣ (суд, арбитраҷ) муроҷиат кардан дошта бошад.
Бояд тазаккур дод, ки корхона дар шароити сотсиализм ҳамчун звенои асосии хоҷагии халқ тасаввур карда мешуд. Он ҳамчун моликияти "умуми-халқӣ" пурра ба давлат тааллуқ дошт. Аз ин ҷиҳат муносибатҳои ҳуқуқӣ байни давлат ва корхона на ҳамчун муносибатҳои ҷудогона, балки муноси-батҳои ҳамҷоя, дар асоси қонунгузориҳои мутамарказ муайян карда ме-шуданд. Албатта, дар ин шароит шакли ҳуқуқии корхона, ки дар боло зикр карда шуд, маҳдуд гардонда мешавад.
Дар шароити бозор корхонаҳо дар асоси принсипи ҳисоби тиҷорат фаъолият мекунанд. Аз ин ҷиҳат барои амалӣ гардондани мақсади асосӣ (истеҳсолу фурӯши маҳсулот, адои хизмат...), ногузир ба субъектҳои гуногу-ни иқтисодӣ, чи дар доираи истеҳсолот ва чи тиҷорату молия ва бурунмарзӣ дучори мулоқоти ҳамдигарӣ мегарданд. Аз ин лиҳоз, фаъолияти ҳар як корхона аз нигоҳи шакли ҳуқуқ бояд асоснок (қонунӣ) гардонда шавад.
Дар ин асно набояд фаромӯш кард, ки дар шароити сотсиализм, муносибат ва алоқамандии корхонаҳо бо воситаи нақшаҳои панҷсола, шартномаҳои марказонидашудаи давлат ва меъёрҳои ҳуқуқӣ муайян карда мешавад. Аз ин сабаб барои таъмин кардани алоқаҳои иқтисодӣ, яъне ҳамдигарию ҳамбастагии фаъолияти онҳо, реҷаи ҳуқуқӣ талаб карда мешавад. Ин чизро "План" ва дигар директиваҳои ҳуқуқӣ иҷро мекунанд.
Корхона дар шароити бозор, нисбат ба корхонаҳои дар шароити иқти-соди амрӣ амалкунанда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бештар маҳсулот ва хизматҳоро ба анҷом расонад ва дар натиҷа дараҷаи баланди даромади фоидаро таъмин намояд.
Дар ин ҷода таҳсиси корхонаҳои нав истисно нестанд. Онҳо тибқи дархости созмондиҳандагон дар асоси шартнома ташкил дода мешаванд. Охирон, ҳамчун ҳуҷҷати ҳуқуқӣ нақш ва ҷои ҳар яке аз созмондиҳандагонро ҳамчун соҳиби корхона муайян мекунад.
Шартнома дар мояи Кодекси граҷданӣ ё худ қонуну қонунгузориҳои ҳуқуқӣ таҳсис дода мешавад. Дар он: шакли ташкилию ҳуқуқӣ; мақсад ва мақоми фаъолияти корхона; мавзеи ҷойгиронию суроға; ҳаҷми сармояи воқеии нақд (сармояи уставӣ); саҳми иштирокчиён ва қоидаи тақсиму истифодаи он; принсипҳои муҳимтарини фаъолияти фирма; ҳайати идора (менеҷеру менеҷмент); масоили тақсими фоида дар  байни саҳмгузорон; ҳаққу ҳуқуқи созмондиҳандагон нисбат ба худи корхона; маълумот дар хусуси созмондиҳандагон ва ғайра акс карда мешавад.

Дидан карданд: 103

Мавзӯъҳои монанд:

Сиёсати зиддисилсилавии давлат (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Навъ ва давраҳои силсила: мавҷҳои дароз, кӯтоҳ ва миёна (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Силсилаи саноатӣ ва давраҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи силсила: нигоҳ аз диди таърих ва хусусиятҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи кеӣнсгароии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи институтсионалии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи классикии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Тақозои кулл ва омилҳои муаӣянкунандаи он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Мувозинии макроиқтисодӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Иқтисоди ниҳон ва хусусиятҳои он (ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ВА САМАРАИ ОН)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: