|

Муносибатҳои кишоварзӣ, моҳият ва хусусиятҳои он (МУНОСИБАТҲОИ КИШОВАРЗӢ ВА ИНКИШОФИ КОМПЛЕКСИ АГРАРИЮ САНОАТӢ)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-10-01

Таҳаввули назарияи кишоварзӣ. Муносибатҳои кишоварзӣ, моҳият ва хусусиятҳои он. Моликият ва шаклҳои хоҷагидорӣ дар иқтисодиёти кишоварзӣ. Роҳҳои ба вуҷуд омадани моликияти хусусӣ ба замин. Шаклҳои гуногуни истифодаи моликият ба замин. Ҳамгироии агросаноатӣ ва ком-плекси аграрию саноатӣ. Хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), кооперативҳои кишоварзӣ ва дигар намудҳои корхонаҳои хурди соҳаҳои кишоварзӣ, тамоюл ва хусусиятҳои ташкили он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ислоҳоти хоҷагии қишлоқ: хусусиятҳои ташкил ва таъмини рушд дар соҳаи кишоварзӣ.

Мезоиқтисод аз воҷаи лотинӣ гирифта шуда, маънои "баъд", "пас аз ё худ баъд аз" ягон ҳодисаро ифода мекунад. Вай равиш ва сирати зуҳурии ҳодиса, мазмун ва моҳияти мутавассит (миёна)-и зернизоми иқтисоди миллиро инъикос менамояд.
Дар адабиёти кунунии иқтисодӣ ба сифати ҷанбаҳои муҳимтарини мезоиқтисод инҳо мавриди таҳлил ва таҳқиқ қарор дода мешаванд: КАС (комплекси аграрию саноатӣ), КҲС (комплекси ҳарбию саноатӣ), иқтисодиёти сохтмон, савдо, нақлиёт, маориф, зерсохтор (инфраструктура)-и соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқ, нақш ва мақоми онҳо дар иқтисоди миллӣ (низоми иқтисодӣ), иқтисоди ноҳия, шаҳр, соҳа ва ғайра.
Аз сабаби маҳдуд будани доираи таҳқиқ мо фақат ба яке аз унсурҳои он - комплекси аграрию саноатӣ, махсусан, муносибатҳои кишоварзӣ беш-тар аҳамият хоҳем дод. Соҳаи кишоварзӣ аз давраи эҳёи ҷомеаи инсонӣ то кунун дар ҳаёти ҷомеа нақш ва мақоми хоса дорад. Он сарчашмаи бо неъматҳои истеъмолӣ қонеъ гардондани талаботи инсон ва баланд бардош-тани дараҷаи беҳбудии ҳаёти ҷомеа ҳисобида мешавад.
Соҳаи кишоварзӣ ҳамчун узви пайвастаи иқтисоди миллӣ дар ҳамбаста-гӣ бо дигар соҳаҳо (саноат, нақлиёт, савдо, сохтмон...) ба вуқӯъ пайваста, ботадриҷ ташаккул ва инкишоф меёбад.
Дар ташаккул ва таҳаввули назарияи кишоварзӣ мутафаккирони зиёде саҳмгузорӣ карда, муайян кардаанд, ки :
-дар соҳаи зироаткорӣ қонуни бартарии хоҷагиҳои калон нисбат ба хоҷагиҳои хурд амал мекунад. Афзалияти корхонаҳои калон дар дараҷаи баланди таъмин будан бо техника, ташкили беҳтарини агротехникаю агро-бизнес, сарфаи воситаҳои истеҳсолот, ташкили шакли қулайтарини меҳнату истеҳсолот, афзалият ҳангоми фурӯш ва хариди маҳсулот, воситаҳои истеҳ-солот ва гирифтани қарз мушоҳида карда мешавад;
- қонуни таҳсис (махсусгардонӣ) ва мутамарказ (консентратсия)-и истеҳсолот дар соҳаи кишоварзӣ махсусияти худро дошта, доира ва ҳадду ҳудуди амали онҳо дар ин соҳа нисбат ба саноат маҳдуд мебошад;
- муносибатҳои кишоварзӣ вобаста ба истифодаи замин ҳамчун объекти хоҷагидорӣ ва ҳамчун объекти моликият, ки мустақиман дар муносибатҳои рентавӣ таҷассум меёбанд, дорои хусусиятҳои хос мебошанд ва он ҳамчун муносибати байни субъектҳои иқтисодӣ оид ба истеҳсол, тақсим ва истифо-даи даромад (рента) аз замин сурат мегирад;
- замин бидуни меҳнат "бордор" шуда, неъмат тавлид намекунад. Он ба худ хос қиммат дошта, ба объекти мубодила табдил меёбад. Ҷисман маҳдуд ва таҷдиднашаванда мебошад;
- аз нигоҳи таърих, соҳаи кишоварзӣ гарчанде соҳаи нахуст дар ҳалкаи хоҷагии халқ ба шумор меравад ва ҳазорсолаҳо пештар аз саноат эҳё гардида бошад ҳам, он нисбат ба охирон (саноат ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ) тамоюли ақибмонӣ дорад ва онро бо ду роҳ; экстенсивӣ (мунбасит) ва интенсивӣ (ташдид, шиддат) пеш бурдан имконпазир мебошад;
- муносибатҳои кишоварзӣ ва рентавӣ дар чорчӯбаи муносибатҳои хос, қонуниятҳои иқтисодӣ ва қонуни асосии иқтисодии ҳар як низоми иқтисодӣ ва тарзу услуби истифодаи "дастаи ҳуқуқӣ" моликият ташкил карда мешавад;
- меҳвари асосии таҳрикдиҳандаи муносибатҳои кишоварзиро манфи-атҳои иқтисодӣ, ангезаи меҳнатӣ, шавқу ҳавас ва фаъолияти соҳибкорию корчаллонӣ ташкил медиҳад;
- муносибатҳои кишоварзӣ таҳти таъсири сиёсати иқтисодии давлат қарор гирифта, рушд ва такмил меёбанд.
Ташаккули муносибатҳои кишоварзӣ аз давраи тағйир ва дигаргунсозии ашёҳои табиат (ғун кардани ғалладона, кишт кардану гирифтани ҳосил, ром кардани ҳайвонҳо...) ва бавуҷуд омадани соҳаҳои махсуси истеҳсолоти ҷамъиятӣ (заминдорӣ, чорводорӣ, ҳунармандӣ, боғдорию токпарварӣ...) оғоз ёфта, то ба дараҷаи инкишофи индустриалии муосир расидааст.
Масалан, тибқи назардошти "иқтисоди сиёсии марксистӣ", дар давраи феодализм, замин ба заминдорон (феодалҳо, бойҳои заминдор...) тааллуқ дошта, муносибатҳои байни ду синф – феодал (соҳиби замин) ва деҳқон (истифодабаранда, иҷорагир) сурат мегирад.
Дар шароити капитализм муносибатҳои аграрӣ дорои муносибатҳои хос мебошанд. Замин ҳамчун омили истеҳсолот ва унсури муҳимтарини захи-раҳои иқтисодӣ моликияти хусусӣ буда, ба заминдорони калон тааллуқ дорад ва ба капиталистони иҷорагир ба иҷора дода мешавад. Дар ин асно ҳуқуқи соҳиби замин ба иҷорагир гузашт карда мешавад. Замин ҳамчун мол ба объекти харидуфурӯш табдил меёбад.
Муносибатҳои аграрӣ дар шароити капитализми давлатии монополистӣ дорои хусусиятҳои хос мебошад. Прогресси техникӣ бо таври оммавӣ ба муфлисшавии фирмаҳои хурд ва деҳқонон оварда мерасонад. Дар хоҷагии қишлоқ раванди тамарказ ва марказияти моликият ба замин ривоҷ меёбад. Охирон, торафт ба монополияҳо тобеъ мегардад.
Бо боварии том метавон гуфт, ки барои муносибатҳои кишоварзии капиталистӣ чунин хислатҳо хос мебошанд:
- мавҷуд будани моликияти хусусӣ ба замин. Қисми асосии замин дар ихтиёри заминдорони калон буда, онро ба капиталистони иҷорагир ба иҷора медиҳанд ва даромад (рента)-и ба вуҷудомадаро байни худ тақсим мекунанд;
- замин ба объекти харидуфурӯш (ҳамчун мол) табдил ёфта, таҳти таъсири омилҳои гуногун (тақозо ва арзаи замин, рента, фоизи қарз) қарор мегирад;
- истисмор кардани деҳқонон ва коргарони соҳаи кишоварзӣ аз ҷониби заминдорони калон ва капиталистони иҷорагир ва ҳоказо).
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маҳз ба шарофат ва туфайли ин ҷаҳон эҳё ва густариш ёфтааст, ҳамчун ҷузъи муносибатҳои истеҳсолии сотсиалистӣ дар ин ҷода саҳми муайяне гузоштааст.
Масалан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 85 фоиз аҳолӣ дар ҷойҳои пастию ҳамвор ва 15 фоизи боқимонда дар мавзеъҳои кӯҳӣ ҷойгиранд. 7 фоизи ҳам-ворие, ки дар сарзамини тоҷикон мавҷуд аст, пурра аз худ карда шуда, пур аз аҳолӣ мебошад. Зичии аҳолӣ дар ин минтақаҳо 200-300 нафарро дар ҳар як км2 ташкил медиҳад. Ин ракамҳо дар ноҳия ва мавзеъҳои кӯҳӣ ба 15-20 нафар ва вилояти Бадахшони Кӯҳӣ 4-5 нафар ба ҳар як км2 рост меояд:
- дар хоҷагии қишлоқ омилҳои иқтисодӣ ва омилҳои табиӣ дар алоқамандӣ баромад мекунанд. Дар ин ягонагӣ нақш ва мақоми омилҳои табиӣ, яъне шароитҳои табиию иқлим бартарӣ доранд. Масалан, иқлими Тоҷикистон континенталӣ буда, тобистон ҳаво то 50 дараҷа гарм ва зимистон то 50 дараҷа хунук мешавад;
- ба хоҷагии қишлоқ сирати хосаи тақсими ҷамъиятии меҳнат ва таҳсиси истеҳсолот хос мебошад. Дар ин ҷо як ё ду соҳаи асосие вуҷуд дорад, ки бо дигар соҳаҳо алоқаманд шуда, раванди ягонаи кишоварзиро ташкил медиҳад.

Дидан карданд: 57

Мавзӯъҳои монанд:

Бекорӣ: шаклҳо ва сабабҳои пайдоиши он. Мафҳуми шуғли пурра

Сиёсати зиддитаваррумии давлат (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Оқибатҳои иқтисодию иҷтимоии таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Хусусият ва омилҳои муайянкунандаи таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Шакл ва намудҳои таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Таваррум, моҳият ва сабабҳои пайдоиши он (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Сиёсати хазинадории давлат ва хусусиятҳои он дар шароити бозор (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Андоз, вазифа, шакл ва хусусиятҳои ташаккули он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Буҷети давлатӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои ташкили он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Молия, вазифа ва низоми он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: