Дата: 2016-01-09
Максад: Донишчуёнро бо маханизмхои тафаккур ва намудхои он шинос намуда, мавкеи онро дар фаъолияти маърифати ва вазъиятхои муаммоги нишон додан.
Мафхумхои асоси: тафаккур, шаклхои мантикии тафаккур, мафхум, мухокима, хулосабарори, таьлил (анализ), таркиб (синтез), мукоиса, чамъбасткуни, мушаххаскуни, аёни-образи, аёни-амали, абстракти.
НАКША:
Тафаккур раванди олитарини маърифати буда, хосияти мухими ашё ва ходисахои хакикати ихотакарда, алока ва муносибати байни онхоро нишон медихад.
Тафаккур бо нутк алокаи чудонашаванда дошта, хусусияти ичтимои дорад. Вай раванди чустучу ва кашфиёт, раванди алокамандкуни ва чамъбасткунии инъикоси хакикат дар рафти таьлили он аст.
Тафаккур дар асоси пайдошави дониши хисси аз равандхои эхсосу идрок сар зада, дар рафти фаъолияти амали чун раванди олитарини маърифати ташаккул меёбад.
Тафаккур бо нутк алокаи зич дорад. Тафаккури инсон дар нутки у зохир мегардад.
Тафаккур мавзуи омузиши фанни мантик низ аст.
Мантик шаклхои мантикии тафаккур – мафхум, мухокима ва хулосабарориро меомузад.
Мафхум чунин шакли тафаккур аст, ки дар он хосиятхои умуми ва мухими ашёву ходисахо инъикос меёбад.
Мазмуни мафхум дар мухокима ошкор мешавад. Мухокимаи инъикоси алокаи байни ашёхо ва хакикати ихотакарда ё хусусиятхо ва аломатхои онхо аст. Алока ва муносибати байни мафхумхоро ифода карда, мухокима онро тасдик ё инкор мекунад. Донистани ягон ашё чунин маъно дорад, ки одам дар бораи он мухокимаи дуруст ва пурмазмун баён карда метавонад, яъне у барои баён кардани фикре кодир аст. Мухокима хакики, нодуруст (бардуруг), умуми, хусуси ва чузъи шуда метавонад.
Рохи мантикии санчиши дуруст ё нодуруст будани мухокима хулосабарори аст.
Хулосабарори чунин фаъолияти мураккаби фикри мебошад, ки одам дар рафти он мухокимаи гуногунро мукоиса ва тахлил намуда, ба хулосахои нави умуми ё хусуси меояд.
Хулосабарории индуктиви чунин тарзи мухокимарони мебошад, ки дар он аз мухокимахои хусуси ба хулосаи умуми меоянд.
Мухокимароние, ки дар он аз мухокимаи умуми ба хусуси меоянд, мухокимаронии дедуктиви меноманд.
Хамин тавр, мантик конунияти зохиршави ва шаклхои амалии тафаккурро меомузад.
Психология бошад, равандхои тафаккурро меомузад, яъне тафаккурро хамчун фаъолият нишон медихад.
Равандхои тафаккур инхоанд: тахлил (анализ), таркиб (синтез), мукоиса, чамъбасткуни, абстраксия, мушаххаскуни.
Тахлили раванди дар кисмхои алохида чудо кардани хусусиятхо, чиьатхо, чузъиёт, алока ва муносибати ашёхо ё ходисахо мебошад.
Таркиб раванди ба шакли яклухту том якчоя кардани кисм ва аломатхои алохида мебошад.
Бе тахлилу таркиб ягон раванди маърифати амал карда наметавонад.
Тахлил ва таркиб алокаи чудонашаванда дошта, ин алокаманди дар раванди мукоиса равшан зохир мегардад.
Раванди аз аломатхои мохият дошта дур шудан ва фикран нигох доштани аломатхои барои гурухи муайяни ашёхо мухим ва умуми абстраксия номида мешавад.
Чамъбасткуни аз руи аломатхои монанди дар абстраксия чудокардашуда, ба гуруххо якчоя кардани ашёхо мебошад.
Мушаххаскуни чунин амали фикрие мебошад, ки дар рафти он ба ягон фикри абстрактию чамъбасткардашуда хусусияти ашёию – аёни дода мешавад.
Тафаккур – раванди чустучу ва дарёфти чизи нав (рохи нави халли масъала, дарёфти хосияти нави ашё ё ходиса…) буда, он раванди максаднок аст. Ин хусусияти тафаккур дар халли масъалахои фикри ва вазъиятхои муаммоги зарур аст. Дар холати кифояги кардани донишхои пештара дар халли масъала барои амал кардани тафаккур зарурият пайдо намешавад. Вазъияти муаммоги холатест, ки одам дар рафти фаъолият ба ягон вазъияти фавкулода, нофаьмою номаълум дучор мешавад.
Дархол тафаккур хамчун фаъолият амал карда, ба халли вазъияти ба амал омада ва ёфтани рохи аз он баромадан сар мекунад. Хамин тавр вазъияти муаммоги ба масъалае, ки бояд хал карда шавад табдил меёбад. Халли масъала аз гузоштани савол (раванди таьлил ва таркиб) сар шуда, дар он хамаи равандхои тафаккур амал мекунанд.
Тафаккур намудхои зеринро дорад:
а) тафаккури аёни-амали
б) тафаккури аёни-образи
в) тафаккури назарияви (абстракти)
Ба тафаккур хамчун раванди маърифатнок чунин хусусиятхо мансубанд: мустакилии тафаккур, зиддии акл, амикии тафаккур, васеъгии акл, танкидии акл, дарки чукур, ташаббускори ва кунчкоби.
Тамоми чараёни тафаккур бо талабот, вачх, шавку ращбати шахс, максадхои у вобаста аст.
Саволхо барои мустахкамкуни.
Просмотр: 13202
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved