DURAHSHON.TJ Universal content of TJK

  • Обратная связь
  • Музыка
  • Для студентов
  • Видео
  • Стихи

ЛЕКЦИИ

    Маводхо, лексияхо аз фанни Андоз ва андозбандӣ
  • Андозбандии шахсони ҳуқуқӣ. Васоити таълимӣ
    Андозбандии шахсони ҳуқуқӣ. Васоити таълимӣ
    Андозбандии шахсони ҳуқуқӣ. Васоити таълимӣ.- Душанбе “Ирфон”, 2019.-163 с. Васоити таълимии мазкур дар заминаи муқаррароти Кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таълиф ёфта, ҳадафаш соддаву оммафаҳм гардонидани талаботи қонунгузории андоз барои шаҳрвандон мебошад. Васоити таълимӣ барои донишҷўёну магистрантони ихтисосҳои иқтисоду молия, омӯзгорон, аспирантон,соҳибкорон ва мутахассисони соҳаи молия тавсия мешавад. © Исломов Т.С.
    Дата: 2019-11-25 / Просмотры: 4166
  • Ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои  вайрон  намудани қонунгузории андоз
    Ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои вайрон намудани қонунгузории андоз

    Ҷавобга рии  ҳуқуқӣ барои  вайрон  намудани қонунгузории андоз ин таҳти маҷбурияти давлати иҷро намудани ўҳдадориҳои андозбанди аз ҷониби ҳуқуқвайронкунанда мебошад. Ҳуқуқвайронкунии андоз — ин амали ё беамалии зиддиқонунии (хилофиқонунгузории андоз) шахси воқеӣ ё ҳуқуқие мебошад, ки содир  намудани он боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонун мегардад. Ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузори шахсро барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз дар ҳолатҳои зайл ба ҷавобгари кашидан мумкин нест:

    Дата: 2017-12-21 / Просмотры: 3389
  • Имтиёзҳо дар бахши андоз
    Имтиёзҳо дар бахши андоз

    Имтиёзҳои дар бахши андоз  афзалиятҳое,  ки   мутобиқи Кодекси андоз   ё шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои муқаррароти вобаста  ба  андозбандӣ  мебошанд,  ба гурўҳҳои  алоҳидаи андозсупорандагон  нисбат  ба  дигар андозсупорандагон фароҳам оварда шудаанд,  аз ҷумла бе ягон таъсири манфи ба андозсупорандаи  имтиёздор додани  имконияти  напардохтан,  ё  дар  ҳаҷми камтар,  ё дар мўҳлати нисбатан дертар супоридани андоз, эътироф карда мешаванд.

    Дата: 2017-12-21 / Просмотры: 2482
  • Меъёри андоз ва  тарзу усули  андозбандӣ
    Меъёри андоз ва тарзу усули андозбандӣ

       Меъёри андоз ин бузургии ҳисобкардашудаи маблағи андозҳо мебошад, ки нисбати воҳиди ченаки манбаи андозбанди истифода бурда мешавад. Меъёри андоз  бо фоиз ё (ва) маблағи мутлақ нисбати воҳиди ченаки манбаи андозбанди муқаррар карда мешавад. Масалан,  бо  назардошти  қисмҳои 2 ва 3 моддаи 144 КА ҶТ фоидаи корхона,  ки тибқи муқаррароти моддаи 160 Кодекси андози ҶТ ба маблағи зарари ба  давраи дигар  гузаронидашуда  кам  карда  шудааст,  аз рўи  меъёри  25  фоиз андозбанди мегардад. Меъёри андоз аз арзиши  иловашуда,  ба истиснои  содирот,  20 фоизи   муомилоти  

    Дата: 2017-12-21 / Просмотры: 3267
  • Воҳиди андозбандӣ
    Воҳиди андозбандӣ

    Воҳиди андозбандӣ воҳиди миқёсиест, ки барои истифодаи миқдори манбаи андоз кор фармуда мешавад. Барои баҳисобгирии манбаи андоз воҳиди андозбандӣ истифода мешавад. Интихоби ин ва ё он воҳиди андозбандиро мулоҳизаи осону қулай будани он ва ҳамчунин анъанаҳо талаб мекунанд.

    Дата: 2017-12-21 / Просмотры: 1669
  • Тарзҳои ба ҳисоб гирифтани  манбаи  андоз
    Тарзҳои ба ҳисоб гирифтани манбаи андоз

     Тарзҳои баҳисобгирии манбаи андоз маҷмўи усулҳои муҳосиботи аст. Андозсупоранда   вазифадор   аст баҳисобгирии  даромадҳо  ва хароҷотҳоро дар асоси маълумотҳои  бо  ҳуҷҷатҳо асоснокшуда  аниқ  ва саривақт  пеш  барад ва даромадҳо ва хароҷотҳоро ба давраҳои ҳисоботии дахлдоре,  ки дар зарфи он онҳо гирифта ё пардохта шудаанд, вобаста ба усули баҳисобгирии тибқи боби 23 КА ҶТ истифодашаванда ҷиҳати дуруст нишон додани даромади (фоидаи) андозбандишаванда ба роҳ монад. 

    Дата: 2017-12-21 / Просмотры: 1601
  • Давраи андозсупорӣ
    Давраи андозсупорӣ

    Давраи андозсупорӣ муддате дар назар дошта шудааст  (соли тақвими,  семоҳа,  моҳ,  даҳрўза ё дигар мўҳлат), ки нисбати андозҳои алоҳида мутобиқи Кодекси андоз муқаррар гардидааст ва ҳангоми гузаштани он  (ба  охир  расидани  он)  манбаи андоз муайян ва маблағи андози ба буҷет супоридашаванда ҳисоб карда мешавад.

    Дата: 2017-12-21 / Просмотры: 1239
  • Объекти андозбандӣ.
    Объекти андозбандӣ.

    Объекти андозбанди объекте мебошад, ки дорои тавсифи арзишӣ, миқдорӣ ё физикӣ буда, ҳангоми    мавҷудияти   он   (объект) қонунгузории   андоз   нисбати андозсупоранда (субъект) ўҳдадориҳоро доир ба пардохти  андоз  муайян менамояд.

    Дата: 2017-12-21 / Просмотры: 1262
  • Андозсупоранда
    Андозсупоранда
    Шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ, ки ба зиммаашон мутобиқи Кодекси андози ўҳдадории пардохти андоз гузошта щудааст, андозсупоранда эътироф мешаванд. Аз ин мафҳум бармеояд, ки андозсупоранда ҳам шахси воқеӣ ва ҳам шахси ҳуқуқӣ мебошад. Шахси воқеӣ ин шаҳрванди Ҷумиҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандӣ мебошад. Шахси ҳуқуқи бошад ташкилоте дониста мешавад, ки дар моликият, пешбурди хоҷагидори ё идоракунии оперативии молу мулкро дошта, аз рўи ўҳдадориҳои худ бо ин молу мулк масъулият дорад, метавонад аз номи худ ҳуқуқҳои молу мулки ва шахсии ғайримолумулкиро ба даст оварда, татбиқ намояд, ўҳдадори гирад, дар суд даъвогар ва ҷавобгар бошад. Ашхоси ҳуқуқи бояд баланс ё сметаи мустақил дошта бошанд.
    Дата: 2017-12-21 / Просмотры: 2222
  • Мафҳум ва аҳамияти ҳукуқии таснифи унсурҳои андоз
    Мафҳум ва аҳамияти ҳукуқии таснифи унсурҳои андоз

    Унсурҳои андоз гуфта воҳидҳои функсионалии дохилии ифодаёбандаро меноманд, ки дар маҷмўъ сохтори ҳуқуқи андозро ташкил медиҳанд. Сохтори таркибӣ барои ҳамаи андоз ва пардохтҳо ягона мебошад ва аз ин рў ин сохтор унверсалӣ аст. Аммо ифодаёбии ин унсурҳо барои ҳар як андоз бо хусусияти хос пешбини шуда, дар натиҷа андоз намуди алоҳидаи фардиро касб намуда, имконияти фарқ намудани андозҳо ва прадохтҳоро пешбини менамояд.

    Дата: 2017-12-21 / Просмотры: 2177
  • Давраи андозсупорӣ
    Давраи андозсупорӣ

     Давраи андозсупорӣ муддате дар назар дошта шудааст  (соли тақвими,  семоҳа,  моҳ,  даҳрўза ё дигар мўҳлат), ки нисбати андозҳои алоҳида мутобиқи Кодекси андоз муқаррар гардидааст ва ҳангоми гузаштани он  (ба  охир  расидани  он)  манбаи андоз муайян ва маблағи андози ба буҷет супоридашаванда ҳисоб карда мешавад.  Аз сабабе, ки пардохти андоз ҳолати қатъи ўҳдадории андозро ифода менамояд бинобар ин муайян кардани лаҳзаи пардохти андоз бо мафҳуми он монанд аст. Давраи андоз метавонад  аз як  ё  якчанд давраҳои ҳисоботи (семоҳаҳо,  моҳҳо, даҳрўзаҳо ва дигар мўҳлатҳо) иборат бошад,  ки бо гузаштани (ҷамъбасти) онҳо пешпардохтҳо (пардохтҳои ҷори) сурат мегиранд.

    Дата: 2017-12-20 / Просмотры: 883
  • Объекти андозбандӣ
    Объекти андозбандӣ

    Объекти андозбанди объекте мебошад, ки дорои тавсифи арзишӣ, миқдорӣ ё физикӣ буда, ҳангоми    мавҷудияти   он   (объект) қонунгузории   андоз   нисбати андозсупоранда (субъект) ўҳдадориҳоро доир ба пардохти  андоз  муайян менамояд.

    Дата: 2017-12-20 / Просмотры: 900
  • 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | Следующая | Последняя

DURAHSHON.TJ

Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.

Рекемендуем

  • Главная
  • Музыка
  • Для студентов
  • Видео
  • Стихи

Информация

Номер тел.

+992 92 854 6699

whatsapp

Email Address

Email : info@durahshon.tj

Location

TAJIKISTAM

© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved