>
Шумо дар ин қисм метаонед бо мавзӯъҳои фанни биология шинос шавед!:)))
Мавсими алоҳидаи кўҳсор буда, байни қаторкўҳҳои Ҳисору Зарафшон ва Помиру Олой ҷойгиранд. Дар ин қаторкўҳ диққати асосиро кўлҳои зебо ва ғайриоддӣ ба худ ҷалб мекунанд.Дар ин ҷо кўли пурасрор ва афсонавии Искандаркўл мавҷуд аст,ки ба шарофати Искандари Мақдунӣ ба ин кўл номи Искандаркўлро гузоштанд. Инчунин дар ин мавзеъ кўлҳои шафофу гуногунранги ба монанди Алоуддин ва Кўликалон, дар дарраи душворгузари Зиндон бошад, кўли Аллои бузург,Ҳафткўл дар дарраи зебоманзари Шинг мавҷуданд.
Дата: 2017-05-10 /
Просмотры: 2288
Шароит ва хусусияти сайёҳати туристӣ ба лавозимоту талабот эҳтиёҷи калон дорад. Лавозимот бояд сабук, боқувват, боваринок ва барои истифода бурдан дар шароити сард на он қадар калон бошад. Ба гармӣ ва намнокии зиёд мувофиқ биёяд. Аз рўи қоида бояд либоси зимистонаи турист гарм бошад, аз шамол муҳофизат карда тавонад ва ба ҳаракат кардан халал нарасонад. Дар ҳолати намнокӣ дар дохилаш гармиро нигоҳ дошта тавонад. Хаймаи туристӣ бояд намнокиро ба худ накашад, ба зудӣ мондан ва ғундоштанаш осон бошад, аз хомўшакҳо ва дигар ҳашарот муҳофизат карда тавонад. Шароити мусоидро барои ғунҷоиши сайёҳон дошта бошад.
Дата: 2017-05-10 /
Просмотры: 1393
Таснифот дар соҳаи туризм, чун дар дигар соҳаҳо талаботи ягонаи аломатҳоро дар як меъёри муқаррар нигоҳ медорад. Мақсади таснифоти туризми замонавӣ ин омўзиши аломатҳои асосии таснифотии он мебошад.
Аломатҳои таснифот дар туризм инҳо ба ҳисоб мераванд: аломатхои географӣ, роҳхати гуруҳи туристон, мақсад, маблағгузорӣ, нақлиёт, ҷойгиркунонӣ, шумораи иштирокчиён ва шакли ташкилкунӣ. Стандарти ягонаи таснифоти туризм дар адабиётҳои илмӣ вуҷуд надорад, лекин тафриқаи (диференция) фаъолиятҳои туристиро дар нақшаҳои алоҳида дидан мумкин аст.
Дата: 2017-05-10 /
Просмотры: 1379
Туризми кўҳсор бо паҳншавии географии системаҳои кўҳӣ алоқаманд аст. Кўҳҳо шароити мусоидро барои ба вуҷуд овардан ва тараққӣ додани туризми кўҳсор фароҳам месозанд. Хусусияти онҳо аз он иборат аст, ки сайёҳат ба кўҳоро дар шароити баландкўҳҳо ташкил намоянд.
Минтақаҳои асосии кўҳӣ дар курраи замин чун рахҳои чиндор ҷойгиранд. Ин минтақаҳои чиндор миқёси глобалӣ доранд. Дар Америка инҳо – Анду Корлдилеранд, дар Евроосиё – Алп, Пиреней, Кавказ, Помир, Тиёншон, Ҳимолой ва ғайра, дар Африка минтақаҳои кўҳӣ дар шимолу ҷануб – кўҳҳои Атлас ва Карск, дар маркази материк вулкани кўҳӣ ва нуқтаи баландтарини Калиманжаро мебошанд.
Дата: 2017-05-10 /
Просмотры: 2266
Мардум аз замонҳои қадим дар кўҳсор маскан гирифтаанд. Тақрибан, 3 млн. сол қабл аҷдодони мо на он қадар дур аз кўҳҳои Килиманҷар дар ноҳияи Афара дар шимолу шарқии доманакўҳҳои Эфиопия зиндагӣ мекарданд. Ҳамаи бозёфтҳои аҷдодони одам дар зери боқимондаҳои хокистари оташфишониҳои вулканӣ ёфт шудаанд. Онҳо дар наздикии тарқишҳои тектоникии фаъол ҷойгир шудаанд. Аз сенздаҳ бозёфтҳои архантропикии асосии ҷаҳонӣ, даҳтояш ба кўҳсор ва ҳудудҳои наздикўҳӣ дахолат мекунанд. Ба онҳо қариб тамоми бозёфтҳои тараққиёфтаи аҷдодони одам ҷалб карда мешуданд.
Дата: 2017-05-10 /
Просмотры: 1530
Туризм яке аз соҳаи муҳим ва тараққиёфтаи хоҷагии ҷаҳонӣ буда, он дар афзоиши ҳаҷми даромаднокӣ саҳми бузург дорад. Ҳоло ба ҳиссаи он қариб 7% сармоягузориҳои ҷаҳонӣ рост омада, дар навбати худ барои бештар ташкил намудани ҷойи кор шароит фароҳам меоварад. Туризм сектори асосии инкишофи иқтисодиёти давлатҳои ҷаҳон ба шумор рафта, тамоми паҳлўҳои ҳаёти фарҳангиро ривоҷу равнақ медиҳад. Туризм аз тарафи дигар функсияи хело зиёди иқтисодиро ба ўҳда дошта, дар баробари тараққиёти худаш боз имконияти ҳали чандин масъалаҳои гуногуни иқтисодиро низ дорад.
Ҳамаи намудҳои туризм аҳамияти калон дошта, ҳар кадоме дорои хусусиятҳои фоидаовари худ мебошанд,вале дар байни онҳо туризми кўҳсор мавқеи хос дорад.
Дата: 2017-05-10 /
Просмотры: 1362
1. Сохт ва аҳамияти ҳашарот аз қаторҳои якрeзаҳо, сeзанакҳо,
нонхeракҳо, гавҳораҷунбонҳо, термитҳо, ростболон, баробарболон, сахтболон, пулакчаболон, пардаболон, дуболон.
Зерсинфи ҳашароти болдор ба ду шўъба: ҳашарот бо табдили нокомил ва ҳашарот бо табдили комил тақсим мешавад.
Шўъбаи ҳашарот бо табдили нокомил
Қатори якрўзаҳо
1.Характеристикаи умумии хорпeстон (пeшиши танагӣ,системаҳоиҳозима, хунгард, нафаскашӣ, ихроx, асаб, xинсӣ ва ғайра).
1. Характеристикаи умумии зертипи хелисерадорон.
2. Классификатсия ва экологияи хелисерадорон.
3.Характеристикаи умумии синфҳо ва қаторҳои
хелисерадорон.
4. Аҳамияти хелисерадорон.
1. Сохт ва физиологияи ҳашарот
2.Сохти сар, сина ва шикам.
3.Системаҳои мушакӣ, ҳозима, ихроҷ, асаб, узвҳои ҳис, нафаскашӣ, xинсӣ ва ғайра.
4.Афзоиш ва тараққиёт.
5.Таснифоти синфи ҳашарот.
1. Хусусиятҳои хоси зертипи трахеядорон
2. Характеристикаи умумии болосинфи бисёрпойҳо.
3.Синфи дуxуфтпойдорҳо.
4. Синфи лабпойҳо.
5. Аҳамият ва паҳншавии бисёрпойҳо.
1. Хусусиятҳои хоси зертипи ғалсаманафаскашон
Сохти беруна ва дарунаи онҳо. Синфи харчангшаклон.
2. Афзоиш ва тараққиёт.
3.Зерсинфи харчангшаклони дараxаи олӣ дар мисоли харчанги дарёӣ.
4. Зерсинфи харчангшаклони ғалсамапой. Намудҳои асосӣ.
5. Аҳамияти харчангшаклон.
Дата: 2017-02-08 /
Просмотры: 1604
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved