Барои гузаронидани мушоҳидаи оморӣ пеш аз ҳама зарур аст мақсад ва фарзияҳои асосии он муаяйн карда шуда, бо маълумотҳои ҷамъовардашуда муқоиса карда шаванд. Дар ин давраи татқиқот объект ва воҳидҳои мушоҳида муайян шуда, барномаи мушоҳида таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
Графики оморӣ ин тасвири шартии бузургҳои ададӣ ва муносиби онҳо дар намуди шаклхои гуногуни геометрӣ нуқтаҳо, хатҳо, фигураҳои ҳамвор ва ғайра мебошад. Ҳар як график аз симои графики ва элементҳои ёрирасон иборат аст.