Шояд имрўз ҳеҷ як дине дар доираҳои илмӣ ва таҳқиқотии ҷаҳон монанди ислом мавриди таваҷҷўҳ ва баҳсу мунозираҳои зиёд қарор нагирифта бошад. Исломро метавон аз динҳои пурқудрат ва қобилияти ҳаётӣ доштаи замони муосир қалам дод.
Аз асри XVI - XVII сар карда, суръати тараққиёти мамлакатҳои Шарқ хусусан кишварҳои мусулмонӣ хеле суст шуд. Дар илм (хусусан дар илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, фалсафа ва ғайра) ва техникаю технология мамлактҳои Шарқ аз Аврупои Ғарбӣ босуръат қафомониро сар карданд. Сабаби асосии ин зўроварии дин нисбат ба илм буда, илмҳои ғайридиннӣ аз мадрасаҳо пеш карда шуданд ва илм мўъҷиби таъқиби ҳам дин ва ҳам давлатҳои феодалӣ гашт