Дата: 2017-05-10
Риоя намудани талаботҳои интизоми меҳнат ҳис намудани ҷавобгарӣ, аз тарафи кормандони алоҳида ва умуман гурӯҳи меҳнатиро нигоҳ доштани мувозинатнокии фаъолияти корхонаро талаб менамоянд.
Ҷавобгарӣ – унсури зарурии интизоми меҳнатӣ шахсӣ, гурӯҳӣ, мианънавӣ, моддӣ ва хизматӣ мебошад. Шарти асосии усулҳои ташкили идоракунӣ аз истифодаи ҳама намуди ҷавобгариҳо иборат аст.
Агар ҳар як корманд ба вазифаи худ шуурнокона ва бо ҳиссиёти ҷавобгарӣ рафтор накунад дар ташкилот ягонхел қонун, қоида ё ки низомнома ба пуррагӣ риоя карда намешавад.
Ҷамъи воситаҳои таъсиррасонӣ ба муносибатҳои ҷамъиятӣ барои риоя накардани тартиб ва талаботи қонун ба андешидани чорабиниҳои ҷазодиҳӣ анҷом меёбанд. Ба ташкилот ва шахсони алоҳидаи масъул аз рӯи натиҷаи фаъолияти хоҷагидории онҳо ҷавобгарии моддӣ гузошта мешавад. Дар мавриди вайрон намудани вазифаҳои хизмати аз тарафи сохтори идоракунии дараҷаи болоии ё ки шахси саҳибмансаб ҷавобгарии интизоми гузошта мешавад. Воситаҳои таъсиррасонии ҳуқуқии шахсони соҳибмансаб дар расми 2 акси худро ёфтаанд:
Фаъолияти узвҳои махсуси Давлатӣ (суди иқтисодии давлатӣ, санэпидемстансия, Госстандарт ва ғайраҳо барои ба ҷавобгарии муаъмурӣ кашидани ташкилотҳо ва шахсони масъул ҳуқуқ доранд. Ҷавобгарии ҷиноӣ дар иҷро намудани амалиётҳои вазифагӣ ба миён меояд.
Интизом ва ҷавобгарӣ ҷамъи имкониятҳои таъсиррасонро дарбар намегиранд. Бинобар ин, дар замони ҳозира ба гурӯҳҳои меҳнатии корхонаҳо ва иттиҳодияҳо доир ба ҳалли ин масъалаҳо ваколатҳои калон дода шудааст. Дар амалиёти фаъолияти идоракунии ташкилот таъсиррасонии маъмурӣ одатан ба се навъи тобеъият алоқа дорад:
- тобеъияти маҷбурии ба муҳити беруни ташкилот вобастагӣ дошта (тобеъон ин ҳолатро бо ҳиссиёти ҷавобгарии нохуш мепазиранд ва ҳамчун фишори сохтори идоракунӣ дараҷаи болоии қабул менамоянд);
- тобеъияти беҳаракат, ин ҳолат ба кормандоне хос аст, ки аз қабул намудани қарор ва ҷавобгарӣ озод буданро хуш мебинанд.
- тобеъияти бошуурона, ингуна шахсон бо хоҳиши худ дар ҷараёни қабули қарорҳо ва иҷро намудани онҳо иштирок менамоянд.
Просмотр: 1978
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved