Падар Модар


Агар хайре кунӣ вақти саҳар кун,
Забони худ ҳамеша чун шакар кун.
Дилозорӣ макун дар зиндагонӣ,
Ятимону ғарибонро назар кун.

Падар модар Худои зиндагиянд,
Барошон ганҷу зарро хоки дар кун.
Падар розӣ, Худо розӣ бародар,
Худо розӣ, падарро тоҷи сар кун.

Сухан ҳарҷо магӯву эҳтиёт бош,
Агар аз кас шунидӣ, гӯш кар кун.
Бароят Ҳоҷӣ аз дил месарояд,
Сурудат Ҳоҷӣ аз банди ҷигар кун.

Муаллиф:
Дохил кард: Фозлов Алишер
Санаи дохилгардида: 2013-04-02

Дидан кард: 718

Маводҳои монанд

Падар Модар


Дасти Модар


"Фаввора мезанад хун аз дидагони модар"


МУНОҶОТ БА МОДАР


МОДАР


Ба модарам


Каментари ба ин мавод

Коментарии худро дохил кунед:

Суммаи ададҳоро нависед!

Меню

Статистика

Ҳоло дар сайт: 41